Як рӯи адабиёт дар таърихи башар. 24 – уми май
Соли 15 то милод дар шаҳри Рум шоир, фармондеҳи низомӣ ва ходими давлатии Руми бостон Германик ба дунё омад. Номи пурраи ӯ Германик Юлий Сезар Клавдиан (лот. Germanicus Iulius Caesar Claudianus) буд. Ҳамчунин бо нои Тиберий Клавдий Нерон Германик ва Нерон Клавдий Друз Германик (лот. Nero Claudius Drusus Germanicus) шинохта мешавад. Вале дар аксари манобеъи хаттӣ бо номи Германик ёд шудааст.
Соли 1848 дар кохи Мерсбург дар синни 51-солагӣ бар асари илтиҳоб шоир, насрнавис ва бастакори олмонӣ хонум Аннетте фон Дросте-Хюлсхофф аз дунё гузашт. Вай 10-уми январи соли 1797 дар ҳамин қалъа ба дунё омада буд.
Аннетте дар хона таҳсил мекард, дар ҳоле ки барномаи таълимӣ ҳафт забони хориҷӣ (аз ҷумла лотинӣ ва юнонӣ), илмҳои риёзӣ, таърих ва табиатшиносиро дар бар мегирад. Илова бар ин, амаки Аннетте, ки бастакори машҳур буд, ба ӯ асосҳои назарияи мусиқӣ ва эҷодро меомӯхт.
Асарҳои лирикии ў («Dichtungen», 1837, «Gedichte», 1844 ва сурудҳои динии Das Geistliche Jahr, 1852) ба беҳтарин асарҳое мансубанд, ки ба забони олмонӣ офарида шудаанд.
Повести «Judenbuche» (1842) ва асари калони эпикии ӯ бо сужаи таърихии хаёти шаҳри Мюнстер, ватани Дросте-Хулшоф «Ҷанги Ленербрух» («Die Schlacht am Loener-Bruch», 1838), низ хеле машҳур буданд.
Соли 1892 шоири латиш Эдуард Вейденбаум вафот кард. Вай 3 октябри соли 1867 дар работи «Глазниеки» дар хонаводаи деҳқон ба дунё омада буд. Падараш бо вуҷуди он ки як марди кишоварз буд, вале шахси таҳсилдидаву китобхон ба шумор мерафт. Талошҳо ва майлу рағбати китобхонии падарро Эдуарди ҷавон ба мерос гирифт.
Моҳи декабри соли 1871 вақте ба меҳмонии бародараш мерафт, сармо хӯрд ва бемор шуд. Як сармохӯрдагии одии зимистонӣ батариҷ ба бемории муолиҷанашавандаи сил табдил шуд. Ҳамагӣ баъди ним соли ин сафари нофарҷомаш бар асари хуруҷи сил аз олам рафт.
Солҳои 1953 ва 1961 маҷмуаи ашъораш ба забони русӣ ҳам траҷума ва нашр шуд. Соли 1958 дар работи “Калачи”, ки солҳои охири умри шоир он ҷо гузашта буд, хона-осорхонаи ӯ ифтитоҳ шуд. Соли 1994 як кӯчаи марказии шаҳри Рига ба исми ӯ номгузорӣ шуд.
Соли 1905 дар работи Кружилин яке аз бузургтарин адибони даврони Шӯравӣ, барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт Михаил Шолохов ба дунё омад.
Машҳуртарин асари ӯ “Дони ором” буд, ки аз рӯи он филми хуби ҳунарӣ ҳам бардошта шудааст. Романҳои “Онҳо барои Ватан ҷангиданд”, “Замини навобод”, “Ҷабҳаи ҷануб” аз ҷумлаи дигар асарҳои Шолохов мебошад, ки бо кулли забонҳои халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷума ва нашр шудаанд.
Михаил Шолохов 21-уми феврали соли 1984 дар Вешенскии вилояти Ростов дар синни 78-солагӣ тарки олам кард.
Соли 1912 нависанда ва намоишноманависи украинтабори Шӯравӣ Михайло Стелмах ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаҳои давлатии Ленин (1961), дараҷаи 3 Сталин (1951), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, дорандаи се ордени Ленин, академики Академияи илмҳои Украина буд.
Аз соли 1936 ба навиштани асарҳояш оғоз кардааст. Муаллифи як романи сегона бо номҳои “Зодгоҳи бузург”, “Хуни инсон об нест”, “Нону навак” мебошад. Аз рӯи трилогияи ёдшуда киностудияи ба номи В.П.Довженко филмҳо бардошта буд.
“Рост ва дурӯғ”, “Қозҳо парвоз мекунанд”, “Шоми босаховат” низ аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.
Соли 1940 дар шаҳри Ленинград шоир, эссенавис, намоишноманавис ва тарҷумони рустабори ИМА Иосиф Бродский ба дунё омад. Дар замони шўрави ў аз кишвар ронда шуд ва Амрикоро макони зист қарор дод. Бродский дар соли 1987 барои «эҷодиёти ҳамаҷонибаи саршор аз покии андеша ва равшании шеър» барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт гардид. Ҳангоми ҷоизасупорӣ ба суоли «Шумо худро рус мешуморед ё амрикоӣ?», Бродский ҷавоб дод: “Ман яҳудӣ, шоири рус ва эссенависи англис ҳастам“. Дар оғози бозсозӣ дар Иттиҳоди Шуравӣ шеърҳои Бродский, мақолаҳо дар бораи ў ва ҳатто китобҳо рўйи чоп омаданд. Соли 1995 ба ӯ унвони «Шаҳрванди фахрии Санкт–Петербург» дода шуд ва дар соли 2005 нахустин муҷассамаи шоири бузург дар шаҳри Неваи Русия пайдо шуд…
28 январи соли 1996 дар Ню-Йорк, дар синни 55-солагӣ дар дафтари кории худ вафот кард.
Соли 1941 дар Дулут, иёлати Миннесотаи ИМА нависанда, иҷрогар, наққош ва ҳунарманди синамо Боб Дилан (Bob Dylan) таваллуд шуд. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 2016 мебошад. Номи аслии ӯ Роберт Дилан буда, яке аз ситораҳои дурахшони мусиқии поп дар шаст соли охир мебошад.
Боб Дилан борҳо барои дарёфти ҷоизаи Нобели адабиёт пешниҳод шуд, вале танҳо соли 2016 ин шараф насибаш шуд. 13-уми октябри соли 2016 Кумитаи ҷоизаи Нобел эълон кард, ки “Боб Дилан барои офариниши ифодаҳои шоирона дар анъанаҳои таронасароии бузурги амрикоӣ” сазовори ҷоиза шуд. Нашрияи The New York Times зикр намуд: “Ҷаноби Дилани 75-сола аввалин мусиқинавозест, ки шоистаи ҷоизаи Нобел шудааст ва қарор дар бораи эътои ҷоиза эҳтимолан қарори бунёдӣ дар таърихи ҷоизаи Нобел бошад”.
То ин замон ягона шахсе, ки соҳиби ҷоизаҳои “Оскар” ва Нобел шуда буд, Ҷорҷ Бернард Шоу буд.
7 ноябр Академияи Нобел эълон кард, ки Дилан наметавонад дар маросими эътои ҷоиза ширкат кунад. Дар маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ҷойи ӯ Сафири ИМА дар Шветсия Азита Раджи суханронӣ кард. Дар ин суханронӣ гуфта мешуд, ки “Ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ман асарҳои касонеро мехонадам ва азхуд мекардам, ки шоистаи ин ҷоиза шуда буданд: Инҳо Килинг, Шоу, Томан Манн, Перл Бак, Алберт Камю, Хеменгуей. Ин бузургони адабиёт, ки ҳоло китобҳои онҳоро дар мактабҳо меомӯзанд, дар китобхонаи олам нигоҳ медоранд ва мехонанду атрофашон баҳсҳо меороянд, ҳамеша ба ман таассуроти амиқ мебахшиданд. Он ки ҳоло исми ман ҳам дар радифи онҳо навишта мешавад, худ як рӯйдодест, ки ба тасвир намеояд”.
Ба ҷойи Дилан ҷоизаро ҳунарманд ва сароянда Патти Смит гирифт ва таронаи машҳури ӯ «A Hard Rain’s a-Gonna Fall» бо як ҳаяҷони фавқулода сароид.
Соли 1963 дар Вашингтон нависанда ва намоишноманависи амрикоӣ Майкл Шейбон (Michael Chabon) ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаи адабии “Ҳюго” мебошад. “Асрори Питтсбург”, “Вундеркиндҳо”, “Иттиҳоди пулисҳои яҳудӣ” машҳуртарин асарҳои ӯянд.
Таҳияи Б.Шафеъ