Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 1 – уми декабр

Як-рузи-таърих-1Соли 1825 дар Санкт-Петербург, дар синни 17-солагӣ, шоираи рус Елизавета Кулман аз аз бемории сили гулӯ даргузашт. Ў ба забонҳои олмонӣ, русӣ, итолиёвӣ ва фаронсавӣ шеърҳо навишт. Қасидаҳои ғаноии Анакреонро ба забони русӣ, олмонӣ ва итолиёвӣ, намоишномаҳои В.Озеров, ки Осип Манделштам «охирин нури субҳи фоҷиавӣ» номидааст, ба олмонӣ тарҷума кардааст.

Соли 1860 дар ҳафтаномаи бритониёӣ «Тамоми сол» (анг. All the Year Round), қисми якуми романи «Орзуҳои бузург»-и Чарлз Диккенс нашр шуд. Аслан ин маҷаллаи адабиро Чарлз Диккес таъсис карда буд ва аз соли 1859 то соли 1870 худаш интишор медод. Баъди марги ӯ сарпарастии маҷалла ба писараш гузашт. Дар ҳамин маҷалла бори аввал романи Диккенс “Зани сафедпӯш” ва асари Уилки Коллинз “Моҳалмос” чоп шудаанд.

Мирра-ЛохвитскаяСоли 1869 шоираи рус Мирра Лохвитская, асосгузори «Шеъри занон»-и асри 20 дар Санкт-Петербург таваллуд шудааст. Охири солҳои 1880 авҷи шуҳрати ӯ дар шеър дониста мешавад, вале баъди вафоташ ба якборагӣ фаромӯш шуд. Тақрибан як аср аср пас, солҳои 1980-1990 дубора аз ӯ ёд карданд. Баъзе мунаққидон ӯро поягузори “шеъри занон” медонанд, ки барои Анна Ахматова ва Мария Светаева роҳ кушодааст. Нахустнамоиши адабии шоира соли 1889 бо нашри ашъор дар маҷаллаи Петербурги “Север” сурат гирифтааст.

Соли 1886 нависандаи амрикоӣ Рекс Стаут, муаллифи романҳои детективӣ дар Ноблсвилл, иёлати Индиана таваллуд шудааст. Аввалин романи худро Стаут соли 1913 бо номи «Ритсари манъшудаи вай», ки дар жанри детектив навишта шудааст, нашр кард. Дигар романҳои ў «Лигаи мардони тарсу», «Агар марг хуфта бошад», «Сӯхтори ҷангал”, “Гурбаи кӯҳӣ”, “Ва фардо хоҳем мурд”, “Афсонаи бузург» буд. Нависанда 27 октябри соли 1975 вафот кард.

Соли 1887 нахустнамоиши песаи Антон Чехов «Иванов» дар театри ба номи Фёдор Корш дар Маскав сурат гирифт. Ин аввалин намоишномае буд, ки Чехов бо он кори худро дар театр оғоз кард. Бо ин намоишнома Атон Чехов театри навинро дар кишвари Русия поягузорӣ намуд. Намоишномаи “Иванов” яке аз панҷ намоишномаи баланди Чехов ба ҳисоб меравад.

Артур-Конан-ДойлСоли 1887 аввалин романи Артур Конан Дойл бо номи “Мушоҳидаи сурх” нашр шуд. Ин достон нахустин достон аз силсилаасарҳои Конан Дойл дар бораи корномаҳои Шерлок Холмс буд.

Соли 1913 нависандаи шӯравии рус Виктор Драгунский, классики адабиёти бачагонаи шӯравӣ дар Ню-Йорк таваллуд шудааст. Аз соли 1959 инҷониб Драгунский дар бораи писарбача Денис Кораблев ва дӯсташ Мишка Слонов тахти унвони «Ҳикояҳои Дениска» достонҳои хандаовар менавишт. Ӯ муаллифи асарҳое чун «Духтар дар болои тӯб», «Мактуби ҷодугар», «Дӯсти кӯдакӣ», «Сагдузд», «Бист сол дар зери кат», «Неруи ҷодуии ҳунар” ва ғайра мебошад, ки солҳои 1960-ум ба теъдоди зиёд нашр шуданд.

Соли 1964 Ҷо Уолтон нависанда ва шоири асарҳои илмӣ-таҳайюлӣ, барандаи ҷоизаҳои «Небула ва Ҳюго», дар Абердаре таваллуд шудааст.

Ҷеймс-Артур-БолдуинСоли 1987 романнавис, мақоланавис ва намоишноманависи амрикоӣ Ҷеймс Артур Болдуин дар Фаронса даргузашт. Болдуин аз муборизони матини ҳуқуқи инсон ва аз пайравони ростини Мартин Лютер Кинг – кашиши баптист ва фаъоли мадании аҳли Амрико буд. Ӯ дар оилаи падарандар, ки як кашиши масеҳӣ буд,  ба воя расидааст. Ӯ ҳеҷ гоҳ падари худро намешинохт ва қисман аз ин ранҷ мекашид. Ва ин қисмат дар баъзе асарҳои ӯ инъикос ёфтааст. Ӯ 30 ноябри соли 1987 вафот кардаст.

Таҳияи Мадина Ҳамидова