Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 13-уми октябр
Соли 1880 дар Одесса нависанда, шоир ва рӯзноманигори рус Саша Чёрный ба дунё омад. Ӯро аз шинохтатарин шоирони Асри нуқа меноманд, ки бештар бо шеърҳои лирикиву фелетонҳои танзӣ машҳур шудааст.
Вай бар асари бемории қалбӣ рӯзи 5 августи соли 1932 дар синни 51-солагӣ аз олам гузашт. Мегӯянд ҷони худро дар хатар гузошт ва оташро дар фермаи ҳамсоя хомӯш намуд. Ва чун баргашт, хобид ва дигар аз ҷо барнахост.
Ду китоби ӯ баъди мрагаш соли 1933 чоп шуд, ки яке “Афсонаҳои сарбозӣ” ва дуюмӣ “Санҷоби баҳрнавард” ном дошт.
Соли 1900 китоби Зигмунд Фрейд “Тафсири хобҳо” нашр шуд.
Соли 1919 дар Клоч дар синни 62-солагӣ шоир ва нависандаи аҳли Дания Карл Геллеруп вафот кард. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1917 буд. Карл Геллеруп 2 июни соли 1857 зода шуда буд.
Аввалин романи ӯ бо номи “Иделаист” соли 1878 чоп шуд. Ин роман дар бораи як ҷавонест, ки калисо ва умуман динро рад мекунад. Вай ба он бовар аст, ки рӯҳи инсон ба кайҳон меравад, чун ба он мутааллиқ аст. Ин асарашро вай бо тахаллуси Эпигон нашр кард. Дар ин солҳо адиб боз чанд асари дигар ҳам меофарад, ки ришханде ба илоҳиёт ба фоидаи дарвинизм буд.
Романи “Шогирди олмониён”, ҳарчанд як асари бадеӣ буд, вале тарҷумаиҳолӣ маҳсуб мешуд. Вай аз ҳаёти ҷавони илоҳиётшиносе нақл мекунад, ки ба буҳрони эътиқод гирифтор шудааст. Ва дар ниҳоят ин қаҳрамон мехоҳад аз ҳама худро бибурад, ҳамаи ақоиди диниро як сӯ гузорад ва як файласуфи озоде шавад.
“Идеалист”, “Мерос ва ахлоқ”, “Шогирди олмониён”, “Ромул”, “Солҳои оворагӣ”, “Китоби ишқи ман”, “Герман Бандел”, “Кашиш Морс”, “Оворагарди ҳамешагӣ” номгӯи баъзе асарҳои ӯст.
Соли 1938 шоир, нависанда, эссенавис, тарҷумон ва мунаққиди адабии аҳли Русия ба урдугоҳи бадарғашудагон интиқол дода шуд. Ва 27 декабри ҳамон сол дар бадарға ҷон бохт.
Манделштам аз бемории домана тарки олам кард. Ӯро аз бузургтарин шоирони аввали садаи бистуми рус меноманд. Аз қурбониёни режими истолинӣ буд.
Моҳи ноябри соли 1933 шеъри зиддисталинии «Мы живём, под собою не чуя страны»–ро навишт, ки дар кутоҳмуддат ҳазорон нафар онро хонданд. Ин шеъре буд, ки сурудани он дар он замон аз ҷасорати беҳамтои муаллифаш дарак медод. Ҳатто Борис Пастернак онро худкушӣ номида буд.
Шаби 16 ба 17-уми майи соли 1934 бо хабари махфии як хабарчини махфӣ аз доираҳои адабӣ боздошт шуд. 26-уми моҳи майи ҳамон сол ба муҳлати 3 сол ба Чердин (кишвари Перм) бадарға карданд.
Қиссаи бадарға шудани шоири маъруф ва талошҳои Бухарину Пастернак ва муколамаи онҳо бо Сталин худ як достони ҷолибест. Билохира, Сталин Пастернакро бовар кунонд, ки парвандаи Манделштам бозбинӣ мешавад. Аммо ин парванда аслан дигар бозбинӣ нашуд. Шоир се соли бадарғаро пушти сар гузошт ва баъди ҷавоб шудан, дубора бо туҳматномаҳои дигар боздошт гардид ва ин бор ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Дар зиндон ҷон бохт. Қабраш то ҳанӯз маълум нест. Соли 1987 сафед шуд.
Соли 1957 дар як Ҷаласаи сатҳи давлатӣ сарвари вақти Чин Мао Тседун гуфт: “Набояд китоби зиёд хонд”. Мао Тседун як сиёсатмадори инқилоби коммунистӣ, идомадиҳандаву пайрави ашадии марксизм-ленинизм буд. Вай Ҷумҳурии халқии Чинро дар соли 1949 бо шикаст додани неруҳои Чан Кайши, сарвари вақти Чин бунёд гузошт. Мао ба марксизм ва нақши деҳқонон ва рустоиён дар инқилоби сотсиалистӣ имон дошт ва бар аҳаммияти фарҳанг ба унвони унсури таъсиргузор дар иқтисоди сотсиалистӣ таъкид мекард. Ва ҳамин буд фалсафаи маоизм, ки баъдан сиёсат дар Чини коммунистӣ шуд.
Соли 1962 дар деҳаи Сурхакчашмаи ноҳияи Ҳисор шоир ва рӯзноманигори тоҷик Ворис (Ӯрун Калонов) зода шуд.
Чанде дар ҳафтаномаи «Наврӯзи Ватан» ҳам кор кардааст. Сипас ба радио гузашта, солиёне сармуҳарририи идораи «Адабиёт ва ҳунар»-ро бар уҳда доштааст.
Аз аввали солҳои навадуми асри гузашта ба майдони адабиёт ворид омада, нахустин маҷмӯаи шеърҳояш «Рози бараҳнагӣ» соли 1998 ба чоп расидааст.
Дувумин маҷмӯаи ашъораш «Ҷоми гӯё» соли 2001 манзури хонандагон гаштааст.
Китобе, ки шоирро густардатар муаррифӣ кардааст, «Дар чор фасли лаҳзаҳо» мебошад, ки соли 2008 чоп шудааст.
Шоирест, ки дар баробари таҷриба кардани шеъри суннатӣ майли бештаре ба шеъри сапеду озод дорад ва дар ин самт аз шоирони муваффақ ба ҳисоб меравад.
Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 1989 нависанда, филмноманавис ва коргардони аҳли Италия Чезаре Дзаваттини аз олам гузашт. “Рақси ақрабаки соат”, “Ҳафт гуноҳ”, “Дон Сезар де Базан”, “Чор қадам ба сӯи абрҳо”, “Бачаҳо ба мо менигаранд”, “Марди фақир”, “Субҳи бузург”, “Рӯзе аз ҳаёт”, “Ношинос аз Сан-Марино”, “Шоҳид”, “Шикори фоҷеавӣ”, “Рабояндаи дучарха”, “Баҳор”, “Бист сол” номи чанд филмномаи машҳури ӯст.
Соли 2016 дар Милан дар синни 90-солагӣ бар асари бемории шуш намоишноманавис, назарияпардози саҳнаҳои театрӣ Дарио Фо аз олам гузашт. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1997 буд.
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ