Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 15 – уми август

Рузи-адабиётСоли 1771 дар Эдинбург (пойтахти Шотландия) насрнавис, шоир, муаррих, вакили мудофеаи шотландӣ Волтер Скот ба дунё омад. Ӯро бисёриҳо падараи романҳои таърихӣ меноманд. Вай қолаберо барои ин сабк аз адабиёти достонӣ ба кор баст, ки то имрӯз аз он пайравӣ шудааст.

Моҳи январи соли 1772 ба бемории фалаҷи атфол гирифтор шуд, пойи росташ аз фаъолият монд ва дигар табобат нашуд ва умре ланг монд.

Солҳои бачагиаш дар навоҳии марзии Шоттландия гузашт ва соли 1778 ба Эдинбург баргашт ва дар мактаби он таҳсил кард. Вай аз хурдӣ зиёд мехонд, бештар адабиёти қадимро мутолиа мекард. Дар ҳамон хурдӣ забони олмонӣ ҳам омӯхт.

Роҳи эҷодии ӯ аз навиштани шеър оғоз шудааст. Соли 1796 тарҷумаи ду балладаи шири олмонӣ Г.Бюргер “Ленора” ва “Шикорчии ваҳшӣ” чоп шуд, соли 1799 бошад тарҷумаи драмаи Ҳуте “Гетс фон Берлихинген” нашр гардид.

“Паканаи сиёҳ”, “Роб Рой”, “Айвенго”, “Ривоят дар бораи Монтроз”, “Дайр”, “Роҳзан”, “Квентин Дорвард”, “Беваи кӯҳистонӣ”, “Қалъаи хатарнок”, “Граф Роберти Порисӣ”, “Саргузаштҳои Найджел”, “Аббат” аз ҷумлаи асарҳои насрии ӯ мебошанд.

Волтер Скот 21 сеттябри соли 1832 дар синни 61-солагӣ тарки олам кард.

tomas-de-kvinsiСоли 1785 дар Манчестер нависанда ва очеркнависи англис Томас де Квинси таваллуд шуд.  Се сол пас аз марги падари Томас оила номи Квинсиро ба де Квинси иваз карданд.

Баъд аз хатми мактаб Де Квинси барои дохил шудан ба Донишгоҳи Оксфорд омодагӣ медид, аммо ба ҷойи он аз хона гурехт. Дар соли 1802 ӯ дар Лондон, бе пул, амалан гурусна монд, аммо ҳарчанд дар ҳолати рӯҳафтодагӣ қарор дошт, ба хона барнагашт.

Томас ба шеър шавқ пайдо кард, алахусус ба матни Уилям Ворсворт. Соли 1803 Томас Де Квинси ба Донишгоҳи Оксфорд дохил шуд ва ҷиддӣ кор кард.

“Муколамаҳо дар бораи Рикардо”, “Мантиқи иқтисоди сиёсӣ”, “Сарнавишти Жанна Д’Арк”, “Юнон зери асорати Рум”, “Муқоясаи Карли Бузург бо Наполеон”, “Шаҳодати муъҷизаҳо”, “Назарияи фоҷеаҳои юнонӣ”, “Хислатномаи Ҳеродот” ва ғайра аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Томас де Квинси 8 декабри соли 1859, замоне, ки 74 сол дошт, аз олам гузашт.

Соли 1878 дар шаҳри Москав шоир ва насрнависи Шӯравии рус  Раиса Кудашева тавалуд шуд. Вай муаллифи машҳуртарин шеър барои бачаҳо бо номи “Дар ҷангал арчаҳаке зода шуд” мебошад.

Дар бораи зиндагии ӯ маълумот зиёд нест. Муддати хеле кутоҳе ҳамсари княз Алексей Кудашев будааст.

Аз кӯдакӣ шеър менавиштаву аввалин чакидаҳои хомааш соли 1896 дар маҷаллаи “Малютка” чоп шудааст.

4 ноябри соли 1964 дар  синни 86-солагӣ дар шаҳри Москав аз олам гузашт.

Соли 1936 дар шаҳри Рум дар синни 64-солагӣ нависандаи итолёвӣ Гратсия Деледда аз олам гузашт. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1926 буд.

grazia-deleddaХонум Гратсия Деледда 27 сентябри соли 1871 дар шаҳри Нуоро, ҷазираи Сардиния дар хонаводае аз табақаи миёнаҳол ба дунё омад. Занон дар ҷомеаи ақибмондаи Сардинияи қарни нуздаҳум вазъияти муносибе барои таҳсил ва фаъолияти иҷтимоӣ надоштанд. Аз ин рӯ, Гратсия дар аввал аз таҳсил маҳрум буд. Аммо аз он ҷо, ки дар хонаи аммааш китобхонаи бузурге вуҷуд дошт, ӯ тавонист дар он ҷо ва таҳти таълимоти хусусие маълумоти худро афзоиш диҳад. Ҳамзамон бо мутолиаи осори адибони Итолиё асарҳои нависандагони Фаронса ва рус бипардозад.

Ӯ хеле зуд ба нависандаи пуркор табдил шуд ва дар фосилаи солҳои 1912 то 1919 тақрибан ҳар сол як китоб мунташир мекард. То ин ки дар соли 1926 барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт шуд ва то кунун ҳеч зани нависандаи итолёвӣ натавонистааст ба ин ҷоиза даст ёбад.

Охирин китобе, ки дар замони ҳаёташ мунташир шуд “Калисои Марями мунзавӣ” дар бораи зани ҷавоне аст, ки саратон дорад.

Гратсия Деледда  худ низ 15 августи соли 1936 бар асари мубталоӣ ба бемории саратон аз олам гузашт. Чанде пас аз маргаш яке паси ҳам ду писараш низ тарки дунё карданд. Аммо ба ҳар ҳол наберагонаш дастнависҳо ва номаҳои ӯро ҳифз карданд ва ҳамакнун нусхаҳои дастнависи оссори ӯ дар осорхона нигаҳдорӣ мешавад.

Муҳимтарин осори ӯ: “Калисои Марями мунзавӣ”, “Ганҷ”, “Адолат”, “Пас аз талоқ”, “Хокистар”, “Печак”, “Дар саҳро”, “Найзор дар бод”, “Роҳи хато”, “Чамшмҳои Симона”, “Модар”, “Рози марди гӯшагир”, “Рақси гарданбанд”, “Сарзамини бод” ва ғайра.

stieg_larssonСоли 1954 дар Шеллефтео нависанда ва рӯзноманигори фақиди швед, халлоқи сегонаи “ҲазораСтиг Ларссон дида ба олам кушод. Ин китоб зарф чанд соли охир аз пурфурӯштарин китобҳои олам ба шумор мерафт. 9 ноябри соли 2004, замоне, ки нав панҷоҳсола шуда буд, ба таври ногаҳон бар асари сактаи қалбӣ ҷони худро аз даст дод.

Ду сол пас аз маргаш баъди Холид Ҳусайнӣ, нависандаи аҳли Афғонистон дуюмин нависандае эътироф шуд, ки асарҳояш пурфурӯштарин буданд.

Китоби сегонаи “Ҳазора”, ки пас аз марги вай мунташир шуд, то моҳи декабри соли 2011 ба 50 забони олам тарҷума шуда ва наздик ба 65 миллион нусхаи он ба фурӯш рафтааст.

Ҷилди аввали ин китоб бо номи “Духтаре бо холкӯбии аждаҳо” аз ҷониби Ҳоливуд филмбардорӣ шудааст.

Номи асарҳои ин сегона: “Духтаре бо холкӯбии аждаҳо”, “Духтаре, ки бо оташ бозӣ кард”, “Духтаре, ки ба лонаи занбӯр лагад зад” мебошад.

viktor-cojСоли 1990 дар 35-умин километри шоҳроҳи “Слока-Талси” бар асари сонеҳаи мудҳиш таронанавис ва сарояндаи машҳури мусиқии рок Виктор Сой ба ҳалокат расид. Гитарнавози мумтоз ва муаллифи беҳтарин таронаҳо барои сарояндагони мусиқии поп буд. Роҳбарии гурӯҳи роки “Кино”-ро ба уҳда дошт.

Виктор Сой ҳунарманди синамо ҳам буд ва дар чанд филм нақшҳои хотирмон бозидааст, вале номи худро дар таронасароӣ ва мусиқинавозӣ абадӣ кард.

Сой умри дароз надид, ҳамагӣ 28 сол дошт, ки риштаи умраш фоҷеавӣ канда шуд.

Аз ӯ фарзанде бо номи Александр боқӣ монда, ки барномасоз аст ва аз хурдӣ машқи шеър мекунад ва таронаҳо менависад.

hasan-gojibСоли 2007 дар синни 39-солагӣ шоир ва тарҷумони узбекзабони Тоҷикистон Ҳасан Ғоиб аз олам даргузашт. Вай 1 январи соли 1968 дар шаҳри Турсунзода таваллуд шуда буд. Баъдан соҳиби дипломи Донишгоҳи политехникии Алмаато гардида, соли 1993 дар Ширкати «Алюмини тоҷик» ба кор пардохтааст.

Аз овони мактабхонӣ ба шеърнависӣ шуғл варзидааст.

Соҳиби маҷмӯаҳои «Висол» (2001), «Шабҳои дил»; (2002), «Рӯҳим ранглари» (2003), «Ӯйғониш фасли» (2004), «Кӯнглим гуллари» «Юракнинг маҳзун тунглари” (2012) мебошад.

Силсилаи ашъори шоирони тоҷикро ба ӯзбекӣ гардонда, дар нашрияҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба чоп расондааст.

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 2014 ба узвияти Иттифоқи нависандагон Тоҷикистон пазируфта шуда буд.

Таҳияи Б.Шафеъ