Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 16-уми декабр

Як-рузи-таърих-16-12-2022Соли 1775 дар Стивентон нависандаи англис, ҳаҷвнигор, пешвои реализм дар адабиёти Бритониё Ҷейн Остин (Jane Austen) таваллуд шудааст. Шинохти ӯ аз зиндагии занон ва маҳораташ дар нишон додани воқеъияти зиндагӣ ӯро ба яке аз машҳуртарин романнависони асри худаш табдил додааст.

Шоҳасарҳои ў бо содагии сужет ва ҳаҷвҳои воқеан «англисӣ»  миёни хонандагон эътироф шудаанд. Ашъори машҳури ў «Ифтихор ва таассуб», «Ақл ва эҳсос», “Ғурур ва таассуб” «Эмма» ва ғайраҳо ба шумор мераванд. Инҳо асарҳое буданд, ҳангоми зинда будани Ҷейн Остин ба ӯ шуҳрат оварданд.

Соли 1897 дар Порис нависанда ва намоишноманавси фаронсавӣ Алфонс Доде дар синни 57-солагӣ вафот кард.

Алфонс Доде дар синни 30-солагӣ аллакай ба яке аз маъруфтарин адибони фаронсавӣ табдил ёфт ва бо адибони пешқадами он замон наздикӣ пайдо карда, бо  Флобер, Эмил Золя, бародарон Гонкур ва Иван Тургенев, ки он вақт дар Порис зиндагӣ мекард, дӯстӣ пайдо намуд.

Романҳои “Подшоҳон дар табъид”, “Нума руместан”, “Абадзинда”  ва «Ҷек» (1876) ўро боз машҳуртар ва маъруфтар гардонаданд.

Асарҳои асосии нависанда, ки ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ овардаанд, дар давоми як даҳсола (1866-1876) навишта шудаанд, вале ӯ баъд аз ин маъруфият  20 соли дигар умр дидааст  ва қариб ҳар сол як романе ба табъ мерасонд, ки аксари онҳо ҳарчанд ба дараҷаи китобҳои аввалини ў боло нарафта бошанд ҳам, вале  пурхонанда буданд. Дар охири асри ХIХ ба «панҷгона»-и аввалини адибони калонтарини Фаронса дохил карда шуд.

Артур КларкСоли 1917  дар Майнхед нависанда, олим, футуристи англис Артур Кларк таваллуд шудааст.

Артур Кларк дар кинематографияи тахайюлӣ  саҳми арзанда гузошта, яке аз муаллифони филмномаи машҳури “A Space Odyssey 2001” (1968), ки коргардонаш Стэнли Кубрик буд, гардид. Чанде пас, Кларк романеро дар асоси филмномаи «2001: Одиссеяи кайҳонӣ» нашр кард, ки силсилаи аввалини чаҳор китоби ў ба ҳисоб меравад.

Ӯ ҳамчунин охирин узви бозмонда аз гурӯҳе буд, ки “Бузургони сегонаи илмӣ-тахайюлӣ” номида мешуд.

Дар байни асарҳои Артур Кларк машҳуртаринашон романҳои «Поёни кӯдакӣ” (1953), “Нури замин” (1955), «Шаҳр ва ситораҳо» (1956), “Резиши ғубори моҳ” (1961), «Вохўрӣ бо Ромо» (1973), “Императори замин” (1975), «Фаввораҳои биҳишт» (1979) мебошанд.

Соли 1928 дар Чикаго нависандаи амрикоии асарҳои илмӣ-тахайюлӣ  Филип Дик ба дунё омадааст. Филип Дик чил роман ва беш аз сад ҳикояи кӯтоҳ навиштааст, ки онҳо ба 25 забон тарҷума шудаанд. Дар тӯли ҳаёташ ў бо асарҳои илмӣ-тахайюлиаш машҳур буд, барои романи “Одам дар қалъаи баланд” ҷоизаи олии “Ҳюго”-ро сазовор шуд. Бар пояи асарҳои Дик як қатор филмномаҳо навишта шуданд, танҳо баъди маргаш ўро машҳур гардониданд. Нависанда аксар вақт ҳамчун мунаққиди капитализми Амрико ва як шахсияти барҷаста дар муқобили фарҳанги солҳои 1960 ба назар мерасид

Соли 1960  дар Ленинград нависанда Сергей Переслегин таваллуд шудааст. Ў барандаи мукофоти «Странник-96» барои китоби танқидии «Чашми туфон: дахсолаи охирини тахайюлоти илмии Шўравӣ» ба шумор меравад.

Уильям Сомерсет МоэмСоли 1965 дар Нитса нависандаи инглис Сомерсет Моэм  дар синни 91-солагӣ аз бемории илтиҳоби шуш даргузашт. Таҷрибаи Моэм ҳамчун намоишноманависи муваффақ дар насри ӯ низ осори худро гузоштааст: дар романҳои ӯ муколамаҳои зиёде мавҷуданд, ки аз рӯи қоидаҳои театр эҷод шудаанд.

Дар охири асри ХХ, навиштаҷоти Моэм ҳадди аққал дар кишварҳои инглисизабон аз мӯд баромад, ки дар он ҷо ҳоло шумораи ками одамон эҷодиёти ўро мехонанд. Махсусан песаҳои ў, ки ба даврони ҳукмронии Эдварди VII (1901-1910) хосанд, куҳна шудаанд.

Соли 1966 дар Севастопол  нависанда, рўзноманигор ва тарҷумони украин ва рус Сергей Бережной таваллуд шудааст.

Соли 1971 дар Харков нависандаи украинӣ, яке аз муаллифони барҷастаи асарҳои тахайюлии кайҳонӣ, Алексей Бессонов ба дунё омадааст.

Питер-ДикинсонАлексей Игоревич Бессонов устоди насри муосир, муаллифи ҳикояҳо, повестҳо ва романҳои дар жанри тахайюлӣ навишташуда мебошад. Падару модараш пизишканд. Вай аллакай дар мактаб бо таассуроти мутолиаи асарҳои нависандагони маъруфи тахайюлӣ ба навиштани ҳикояҳои тахайюлӣ шурӯъ кард. Соли 1998 нахустин маҷмӯаи муаллиф «Бод ва пӯлод» аз чоп баромад. Баъдан, муаллиф як қатор романҳоро эҷод кард, ки машҳуртаринашон романи “Дунёи Алекс Королев” мебошад, ки ба ҳаёти пурхатари афсари артиши империяи кайҳонӣ бахшида шудааст. Яке аз охирин романҳои ин силсила “Гаравгони гург” аст. Дар қатори дигар силсилаҳои машҳури муаллиф «Дар бораи Барон ва аждаҳо», «Дар болои Гермес», «Ҷаноби миёнарав» ва ғайра мебошанд.

 

Соли 2015 дар Винчестер нависанда ва шоири инглис Питер Дикинсон аз дунё гузашт. Ў яке аз нависандагони маъруф дар жанри асарҳои тахайюлӣ барои кӯдакону навҷавонон ва детективи тахайюлӣ ба шумор меравад.

Ӯ соли 1979 барои навиштани романи «Тулку» ва соли 1980 романи “Шаҳри тиллоӣ” бо медали Карнегӣ сарфароз шудааст. Ҳарду китоб ҳамчун асари барҷастаи Адабиёти бачагонаи Британия пазируфта шудаанд. Ҳамзамон, то соли 2012 ҳамагӣ 7 нависанда ду бор барандаи ин ҷоиза шуданд (аз ҷумла Питер Дикинсон), то соли 2012 касе се бор соҳиби ин ҷоиза нагаштааст.

Таҳияи Сафаргул Ҳусайнова