Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 16 – уми январ

6Рузи адабиёт_16_01_2023Соли 1749 шоири итолиёвӣ Витторио Алфиери ба дунё омадааст.

Алфиери дорои шаш мазҳакаи назмӣ (1800-1802), тақрибан 200 сонет (як навъи жанри лирика буда, хусусияти асосии он ҳаҷми матн аст: сонет ҳамеша аз чордаҳ сатр иборат аст), шеъри Этрурияи интиқомшуда“, 16 ҳаҷвия, китобчаҳои зидди фаронсавӣ (бо сафарҳои ҷангии Наполеон ба Италия алоқаманд аст), мазҳакаи «Мизогалл» (1799), ҳаҷвияҳо, панҷ қасида, тарҷумаҳо аз муаллифони қадим, инчунин рисолаҳои назариявӣ мебошад.

 Соли 1829 дар Уфа нависанда ва мутарҷими рус Михаил Михайлов корманди нашрияҳои «Современник» ва «Отечественные записки» таваллуд шудааст.

Михайлов шеърҳо, мақолаҳои адабию публитсистӣ, роману повестҳои «Муҳоҷират», «Паррандаҳои муҳоҷир», «Адам Адамич», «Ҳошиябоф», «Африқоӣ», «Ў», «Чашмони кабуд» ва ғайраро эҷод кардааст. Аз асарҳои бадеиаш повести «Адам Адамич» ва романи «Паррандаҳои муҳоҷир», ки ҳаёти санъаткорони саргардони музофотҳоро тасвир мекунанд, машҳуранд. Михайлов ҷамъияти русро бо Гейне замоне шинос кард, ки шоирро дар Русия ҳанўз қариб намешинохтанд.

Ў ҷонибдори озодии занон буд, яке аз аввалинҳо шуда дар бораи баробарии сиёсӣ ва ҳуқуқи интихоботии занон сухан рондааст.

Соли 1838  нависандаи лаҳистонӣ Ян Лам таваллуд шудааст.

Достони таърихии «Zawichost» ва повестҳои «Pan Komisarz Woyenny», «Panna Emilja» ва «Koroniarz w Galicyi» (1869) мансуб ба ӯ мебошанд. Аз соли 1869 муҳаррири рўзномаи «Dziennika Polskiego» буд, ки худи ӯ таъсис дода буд. Асарҳои Лам барои омўхтани ҷамъияти Галисияи Лаҳистони он давра хидмат мекунанд.

Соли 1955 дар деҳаи Хоҷабулоқи ҷамоати деҳоти Хоҷабулоқи ноҳияи Орҷиникидзобод (ҳозира Ваҳдат) шоири тоҷик  Абдусаттори Раҳ­мон ба дунё омад.  Соли 1977 факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро ба итмом расондааст.   Маҷмӯаи аввалини сурудаҳояш «Амак шудем» соли 1984 аз чоп баромадааст. Баъдан маҷмӯаҳои «Тағо ҷиян шуд» (1989), «Бибию бобои ман» (1989), «Шакаррез» (1992), «Балои ҷон» (Ваҳдат, 1993), «Чорбоғ» (2000), «Обрӯямро марез!» (2003), «Ман аз кӣ калон?» (2006), «Меҳрпайванд» (2008), «Тавба» (2009), «Пайки шодию алам» (2011) манзури хонандагон гардидаанд.

Мураттиби маҷмӯаҳои дастҷамъии «Ҳеҷ коре нест бе зан хуб шуд….» (2009) ва «Баёзи меҳр» (мақолаву шеърҳои ҳамқаламону дӯстон дар ситоиши Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ) мебошад.

Иддае аз шеърҳои Абдусаттори Раҳмон ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Соли 1987 бо нишони фахрии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.

Барандаи  ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2019).

Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

 Соли 1867 дар Тула нависанда, мутарҷим, адабиётшиноси рус Викентий Вересаев ба дунё омадааст. Ў барандаи Ҷоизаи ба номи Пушкин (1919) ва ҷоизаи Сталин дараҷаи якум (1943) ба шумор меравад.

Дар солҳои 1928-1929 нависанда маҷмуаи мукаммали асарҳо ва тарҷумаҳоро дар 12 ҷилд нашр кард. Дар ҷилди 10-ум тарҷумаҳо аз шоирони эллинии Юнони қадим (ба истиснои Гомер), аз ҷумла «Асарҳо ва рўзҳо»-и Гесиод ва «Теогония» дохил карда шудаанд, ки баъдтар чандин маротиба такроран нашр шудаанд.

Махсусан дар эҷодиёти нависанда ҳақиқатнигории ў дар тасвири чеҳра, муҳити зист ва муҳаббат ба ҳама чиз, ҳалли «суолҳои абадӣ» аз нигоҳи ишқу ҳақиқат аҳамияти беандоза дорад. Қаҳрамонони ў асосан на дар ҷараёни мубориза ё кор, балки бештар дар ҷустуҷўи роҳи ҳаёт тасвир шудаанд.

oktav-kremaziСоли 1879 шоири аҳли Канада Октав Кремази ҷаҳонро падруд гуфт.

Ӯро ба унвони падари шеъри фаронсавии Канада мешиносанд. Кремази дар эҷодиёти худ ба анъанаҳои романтикҳои Фаронса такя карда, тарафдори мустаҳкам намудани алоқаҳои маданӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Фаронса буд. Ӯро ҳамчун аввалин шоир-романтики Квебек (шаҳре дар Канада) мешиносанд, ки дар таблиғи ин равия дар ватанаш саҳми арзанда гузоштааст. Пас аз интишори шеъри ватандӯстонаи «Парчами Кариллон» (1858) ба ӯ унвони «Шоири миллӣ»-и Квебек дода шуд.

Соли 1928 дар Ленинград нависанда ва тарҷумони шӯравӣ, муҳаррири маҷаллаи «Химия и жизнь» Борис Хазанов, таваллуд шудааст.

Дар Русия, ИМА, Олмон ва Исроил ҳафт китоби насрию очеркҳояшро ба табъ расонидааст. Романҳои “Зидди вақт” (1985) ва “Наглфар дар уқёнуси вақт” (1993) аз ҷониби ноширон иштибоҳан ба жанри асарҳои тахайюлӣ тасниф шудаанд. Дар эҷодиёти нависанда мавзӯи яҳудиён мавқеи калонро ишғол мекунад. Яке аз асарҳои машҳури Хазанов романи кўтоҳи «Соати шоҳ» (1978) дар асоси ривояте буд, ки шоҳи Дания Кристиан X дар якдилӣ бо яҳудиёне, ки ҳангоми ишғоли Дания дар зери хатар буданд, бандинаи ситораи шашгўшадор мебаст.

sjuzan-sontagСоли 1933 дар Ню Йорк нависандаи амрикоӣ, мунаққиди адабиёт, санъат, театр ва синамо, файласуф, филмноманавис, коргардони театр ва синамо, барандаи ҷоизаҳои миллӣ ва байналмилалӣ Сюзен Сонтаг ба дунё омадааст.

Фаъолияти ӯ ҳамчун нависанда бо ҷоизаи Миллии Китоби ИМА барои романи таърихии «Дар Амрико» (1992) дар соли 2000 ба авҷи аъло расид. Охирин асари ӯ китоби тадқиқотӣ бо номи  “Назаре ба дарди дигарон” (Regarding the Pain of Others) мебошад.

beksulton-zhakievСоли 1936 дар ноҳияи Боконбоев нависандаи шӯравӣ ва қирғиз, муҳаррир, мутарҷим, филмноманавис, нависандаи халқии Ҷумҳурии Қирғизистон, Қаҳрамони Ҷумҳурии Қирғизистон (2011) Бексултон Жакиев ба дунё омадааст.

Аввалин бор пас аз ба саҳна гузоштани песаи «Қисмати падар» (1958), ки боиси вокуниши зиёди аҳли ҷамъият гардид, дар ҷодаи адабиёт ва театр машҳур гашт. Дар саҳнаи Театри академии драмавии Қирғизистон ба номи Т Абдумомунов ин намоишнома зиёда аз 500 маротиба ва дар театрҳои Қазоқистони Алмаато, Чимкент, Чамбул, Семей зиёда аз 300 маротиба ба намоиш гузошта шудааст.

Асарҳояш ба забонҳои русӣ, ёқутӣ, қазоқӣ ва дигар забонҳо тарҷума шудаанд.

Асарҳои «Тақдири падар», «Косаи тиллоӣ», «Ва баҳори деринтизор меояд» мансуби ўянд.

Соли 1954 дар Маскав нависандаи рус Михаил Пришвин дар синни 80-солагӣ аз саратони меъда вафот кард.

Қариб ҳамаи асарҳои замони зинда буданаш чопшуда, ба тасвири таассуроташ аз табиат бахшида шудаанд; ин тавсифҳо бо зебоии фавқулоддаи забон фарқ мекунанд.

Худи Пришвин китоби асосии худро «Рӯзномаҳо» медонист, ки дар он қариб ним аср (1905-1954) қайдҳои худро навиштааст ва ҳаҷми он аз мукаммалтарин маҷмӯаи 8-ҷилдаи осори ӯ чанд маротиба бузургтар аст. Аллакай аз нашри 8-ҷилдӣ (1982-1986), ки ду ҷилд пурра ба рӯзномаҳои нависанда бахшида шудааст, дар бораи фаъолияти пуршиддати маънавии нависанда, андешаҳои беғаразонаи ӯ дар бораи ҳаёти муосир, андешаҳо дар бораи марг ва ҳаёти ҷовидона таассуроти кофӣ пайдо кардан мумкин аст.

jurij-pavlovich-germanСоли 1967 нависандаи шӯравии рус Юрий Павлович Герман вафот кард. Юрий Герман соли 1952 романи «Русияи ҷавон»-ро навиштааст, ки аз рўи ин роман баъдан силсилафилми бадеӣ  таҳия гардид. Баъдан, ӯ романи сегонаи “Касбе, ки ту интихоб кардӣ” -ро, ки ба сарнавишти табиб Владимир Устименко, ҳамкорон ва наздиконаш дар пасманзари рӯйдодҳои солҳои 1930-1950 бахшида шудааст, эҷод кард. Сужаи мухтасари трилогияи оянда асоси филми ҳунарии «Одами азизи ман»ро ташкил дод. Дар трилогия таҷрибаи муаллиф, ки дар солҳои ҷанг дар Флоти Шимолӣ хидмат кард буд, таҷассуми бадеӣ пайдо кард. Яке аз ҳодисаҳои дурахшони китоб, ки дар асоси воқеаҳои ҳақиқӣ офарида шудааст, рӯйдоди марги халабони англис мебошад. Қисми хотимавии трилогия «Ман барои ҳама ҷавобгарам» соли 1964 аз чоп баромад. Юрий Герман  онро ҳангоме ба охир расонд, ки худ мубталои бемории марговар буд.

Соли 2005 дар Киев, дар синни 71-солагӣ, нависандаи асарҳои тахайюлии шӯравӣ ВладимирСавченко даргузашт. Ў барандаи ҷоизаи адабию бадеии «Аэлита» дар соли 2003 ба шумор меравад.

Нашри аввалини «Ба истиқболи ситораҳо» (1955) дар муаллиф ҷонибдори тахайюлоти илмиро нишон дод. Дар соли 1956 достони «Бедории профессор Берн»-ро нашр мекунад, ки онро барои романи хаёлии «Аз болои ағба» (1984) ба таври куллӣ тағйир медиҳад. Аз эҷодиёташ ба забони украинӣ достони «Арвоҳи замон» (1964) машҳур аст.

Асарҳои «Ситораҳои сиёҳ», «Кашфи худ», «Баъди ағба» низ мансуби ўянд.

Соли 2018 дар маркази Бангор, дар натиҷаи рахнашавии роҳи об, мағоза-осорхонаи «Ҷералд Винтерс ва писар. Китобҳои нодир» даҳҳо нашри аввалини китобҳои нодир, инчунин ҳафт дастнависи аслии Стивен Кинг осеб диданд.

 kristofer-tolkinСоли 2020 дар ҷанубу шарқи Фаронса, дар Маркази беморхонаҳои ҳарбии де ла Драсен, забоншинос, профессори Донишгоҳи Оксфорд Кристофер Толкин, писари Ҷон Роналд Руэл Толкиен дар синни 95-солагӣ вафот кард. Ӯ бештар бо корҳои худ дар бораи ҷаҳони афсонавии Миёназамин, ки аз рўйи мусаввадаҳои падараш таҳрир шудааст, маъруф аст.

Пас аз марги падараш Кристофер ҳамроҳ бо Гай Габриэл Кей китоби нотамоми ў “Силмариллион”-ро ба итмом расонида, нашр кард. Солҳои 1983-1996 ӯ силсилаи 12 ҷилдаи «Таърихи Миёназамин»-ро нашр намуд, ки аз мусаввадаҳои Ҷон ва тафсирҳои Кристофер иборат аст. Дар асоси яке аз ин мусаввадаҳо соли 2007 ба ҳаҷми достон порчаи «Фарзандони Ҳурин»-ро илова кардааст. Моҳи июни соли 2017, «Қиссаи Берен ва Лютиэн» аз ҷониби HarperCollins нашр шуд. Ба гуфтаи Кристофер, ин охирин асари падараш аст, ки зери таҳрири ӯ нашр шудааст.

Таҳияи Сафаргул  ҲУСАЙНОВА