Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 17 – уми декабр
Соли 908 дар Бағдод дар синни 47-солагӣ халифа, шоир ва филологи араб Абдуллоҳ ибна-л-Муътазз ба қатл расонида шуд. («Китоб-ул-Бадӣ»). Вай аз ҷумлаи халифаҳои Аббосиён буд,ки ҳамагӣ як шабонарӯз хилофат дошт. Вай ҳамчунин аз ҷумлаи шоирон ва нависандагони замонаш буд.
Абдуллоҳ ибна-л-Муътазз писари халифа Ал-Муътазз буд. Халифа Ал-Муътоззро аз тахт барканор карда, зиндонӣ карданд, ки дар натиҷа дар зиндон вафот кард. Вай дар бўстонсарои халифа ба дунё омада, таҳсилоти аъло гирифта буд ва мисли дигар шоҳзодаҳои Аббосӣ, ки ҳуқуқи ворисӣ надоштанд, аксаран тарзи зиндагии бепарвоёна дошт.
Бо ба сари қудрат омадани халифаи навбатӣ Алӣ Муқтафӣ дар соли 902 Ибни Муътазз дарборро тарк мекунад, аммо дар замони мусибатҳое, ки пас аз марги ал-Муқтафӣ омада буд, ба муборизаи сулолавӣ тўли як руз (17 декабри 908) тахти халифаро ишғол намуд. Аммо рўзи дигар ўро посбонони дарбор бо роҳбарии бародарзодааш сарнагун карданд ва рўз ба қатл расониданд.
Ибна-л-Муътазз дар синни ҷавонӣ ба шеърнависӣ шурўъ намудааст. Жанрҳои дӯстдоштаи ӯ ғазал, тасвири табиат ва таронаҳои ишқӣ буданд.
Ибни Муътазз дар ҳақиқат донишманди назми қадими араб буда, усулҳои анъанавии онро пайваста инкишоф медод, ки ин усулҳо дар асрҳои миёна ба як қонуни муайян табдил ёфтанд. Дар баробари ин ба услуби наве, ки шоирони асрҳои VIII—IX ба назми араб ворид кардаанд, таваҷҷуҳ мекард.
Услуби шеърии Ибни Муътоз аз ҷиҳати завқ ва назокат бенуқсон буда, забонаш дорои тахайюлоти ғанитарин аст. Эҷодиёти ин шоирро аз замони худаш то ба имрўз дар назми араб волотарин арзёбӣ кардаанд.
Соли 1273 дар Қуния дар синни 66-солагӣ Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ вафот кард. Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ (1207 – 1273) аз абармардони фарҳанги бостони тамоми форсизабону ориёнажодони ҷаҳон ва ҳамтабору ҳамқатори сазовори нобиғагони шеъри форсӣ- тоҷикӣ буда, ба ҳайси бузургтарин суханвари мутасаввифи адабиёти деринасоли мардумамон, дар радифи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалии Сино, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Иқболи Лоҳурӣ шӯҳрати фарҳангу адаби моро беназиру оламгир гардонидааст.
Соли 1830 нависандаи фаронсавӣ Жюл де Гонкур, бародари хурдии Эдмон де Гонкур дар Порис ба дунё омадааст.
Соли 1844 шоири рус Иван Данков вафот кард.
Соли 1903 нависандаи амрикоӣ Эрскин Колдуэлл таваллуд шудааст. Вай дар ҷавони ба шуғлҳои мутафовите даст зада, вале муваффақ нашуда, то ин ки оқибат нависанда нашавад. Осори муҳими вай дар китобҳои “Ҳаромзода”, “Сарзамини Амрико”, “Ҷодаи танбоку”, “Як ваҷаб хоки Худо”, “Таъзим ба хуршеди фурӯзон”, “Роҳҳои ҷануб”, “Хонае дар кӯҳистон” ва ғайра ба нашр расидааст.
Соли 1921 нависанда, рӯзноманигор ва филмноманависи фаронсавӣ Энн Голон таваллуд шудааст. Энн Голон бештар барои силсилароманҳояш дар бораи Анжелика маъруф аст.
Соли 1925 дар Маскав шоири шӯравӣ ва рус, дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР (1985) ва Ҷоизаи давлатии Федератсияи Русия (2001) Константин Ваншенкин ба дунё омадааст. Ваншенкин муаллифи машҳуртарин таронаҳо, аз қабили «Ман туро дӯст медорам, ҳаёт», «Алёша» мебошад.
Соли 1928 адабиётшиноси рус Юлий Исаевич Айхенвалд вафот кард.
Соли 1929 дар Нойли-сюр-Сен, дар синни 29-солагӣ, дар рӯзи 10-уми баъди ҷарроҳии куррӯда шоир, насрнавис, тарҷумон Владимир Диксон аз олам гузашт.
Соли 1945 дар Бат нависандаи кӯдакнависи инглис, барандаи ҷоизаҳои зиёд, Жаклин Уилсон таваллуд шудааст. Вай нависандаи маъруфи кӯдак ва навҷавон буд. Соли 2014 барои дарёфти ҷоизаи адабии Андерсон номзад шуда буд.
Асарҳои ӯ аксар вақт ба мавзӯъҳое дахл доранд, ки аслан кӯдакона нестанд – аз қабили талоқ, фарзандхонӣ, зиндагӣ дар ятимхона, бемории рӯҳии наздикон ва хиёнат.
Танҳо соли 1991 нашри китоби “Рӯзномаи Трейси Бекер“-аш ба ӯ шӯҳрат овард -, ҳарчанд то он замон (аз солҳои 60-ум) Жаклин барои кӯдакон аллакай тақрибан 40 китоб навишта буд.Соли 2008 маликаи Британия ӯро бо Нишони Империяи Британия мушарраф гардонда буд. Дар рӯйхати 200 китоби беҳтарине, ки соли 2003 ВВС тартиб дод, 14 китоби Уилсон низ дохил шуда буд.
Соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод) дар оилаи хизматчии давлатӣ шоир, нависанда, тарҷумон, муҳаққиқ, Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор ба дунё омад. Ҳеч шоирабонуи дигари тоҷик дар асри 20 ва 21 ба сатҳи Гулрухсор нарасид. Аз маъруфтарин чеҳраҳои адабии солҳои 70-и асри гузашта то ба имрӯз аст.
Соли 1968 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба поён расонда, фаъолияти меҳнатиро ба сифати мухбири шуъбаи адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон») оғоз кардааст.
Баъдан мудири бахши матбуоти КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1969), муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» (1970-1972), муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (1972-1981), котиби Садорати ИН Тоҷикистон (1981-1986), раиси Хазинаи маданияти Тоҷикистон (Бунёди фарҳанги Тоҷикистон, 1987-1993) ва раиси Фарҳангистони байналмилалии «Евро-Осиё»-и Русия (1994-2002) будааст.
Ҳамчунин, муассиси созмони фарҳангӣ ва ҷамъиятии Фарҳангистони байналмилалии Шеъри Ҷаҳон мебошад, ки аз соли 1998 раисии онро бар уҳда дорад.
Гулрухсор аз айёми мактабхонӣ машқи шеър карда, шеъри нахусташ соли 1962 дар рӯзномаи «Қаротегини Советӣ» мунташир гардидааст.
Минбаъд ашъораш дар маҷмӯаҳои «Бунафша» (1970), «Хонаи падар» (1973), «Шабдарав» (1975), «Афсонаи кӯҳӣ» (1975), «Дунёи дил» (1977), «Ихлос» (1981), «Гаҳвораи сабз» (1984), «Сипар» (1990, ба ҳуруфи форсӣ), «Оинаи рӯз» (1984), «Оташи Суғд» (1986), «Рӯҳи Бохтар» (1987), «Қасидаи кӯҳистон» (1988), «Тахти сангин» (1992), «Зодрӯзи дард» (1995), «Дар паноҳи сояи худ» (1998), «Паймонаи ғазал» (2007), «Ҷовидона» (2009), «Шӯъла дар санг» (2010), «Сад оҳи як нафас» (2012), «Дигар ишқ!» (2014) ва ғ. чоп шудаанд.
Рисолаву маҷмӯаҳои манзуму мансури Гулрухсор дар бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла, дар аксари ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики хориҷӣ тарҷума ва чоп шудаанд, ки «Ояти ишқ» (1992; Олмон-Люксембург), «Гулчини ашъори Гулрухсор» (1993), «Зодрӯзи дард» (1996), «Ашки тӯфон» (2000), «Ривоятҳои ногуфта» (2001), «Танҳотар аз танҳоӣ» (2009), «Сакарот» (2011), «Гузидаи ашъор» (2014) ва ғ. аз он ҷумлаанд.
Гулрухсор солҳои 1993-1997-ро дар муҳоҷират ба сар бурда, бисёре аз шеърҳои дар он замон сурудаи ӯ шеъри ҳолатанд, ки вазъи рӯҳониву равонии гӯяндаро намудор мекунанд.
Ашъори ошиқонаи Гулрухсор моломоли ҳиссиёти эҳъирозу эҳтирос ва хоҳишу коҳишҳост.
Гулрухсор на танҳо эҳсосоти ошиқонаи шахси худ, балки ҳолату рӯҳияи ошиқонаи ҳамнаслону ҳамзамононашро сурудааст.
Достонҳои «Сипар» (1983), «Рӯҳи урён ё ҳафт суруди носурудаи Робия» (1986), «Жакон» (1990), «Сиёҳу сафед», (1993), «Ману шаб» (1995) «Озарахш» (2006), «Мурофиаи баҳор» (2006), «Таърих гувоҳ аст…» (2011), «Муждаи аржушти як ҷуфти парасту» (2012), «Қандил» (2014) аз офаридаи солҳои охири шоира мебошанд.
Дар ашъори Гулрухсор ангезаи лиризми эҳсосписанд мавқеи муҳим дошта, офаридаҳояш аз сарчашмаи ғановатманди эҷодиёти шифоҳии мардум об хӯрданд.
Намунаҳои «Фолклори водии Қаротегин», ки соли 1984 дар таҳияи ӯ дастраси умум гардид, зодаи ҳамин алоқамандиву муҳаббат аст.
Рисолаҳои пажӯҳишии Гулрухсор «Шинохти рубоиёти Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ» (2000), «Китоби гӯё» ва дувоздаҳ барномаи таҳқиқии родиёии «Атри Ҷӯи Мӯлиён» (2011) ва ғ. паҳлӯйи дигари эҷодиёти шоираро намудор месозанд.
Шоир барои бачаҳо низ шеъру достонҳо ва намоишномаҳои ҷолибе навиштааст, ки маҷмӯаи «Афсонаи кӯҳӣ» ва намоишномаҳои «Зилзила», «Ба мо бовар кунед!», «Озода» ва «Ғори аҷинаҳо» дар он шумуланд, ки охириро Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмуди Воҳид беш аз ҳазор маротиба намоиш додааст.
Гулрухсор муаллифи чандин асари насрист.
Аз ҷумла, дар романи «Занони Сабзбаҳор» (1988)-и ӯ лаҳзаҳои мудҳиши замони ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва бори сангине, ки бар дӯши занону духтарони тоҷик дар ақибгоҳ афтода буд, мавриди тасвир қарор гирифтаанд.
Ҳадафи асосии нависанда дар ин роман таъйиду таъкиди муътамади далериву сабурӣ, садоқату дурандешӣ ва порсойии зани тоҷик аст.
Намунаҳое аз ашъори адибони ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ва хориҷиро ба тоҷикӣ гардондааст, ки «Ишқи зиндагӣ»-и О.Бергголтс (1977), «Гулистони гӯё» (1978; намунаҳои ашъори шоираҳои Иттиҳоди Шӯравӣ), осори алоҳидаи Г.Лорка, Г.Мистрас, М.Булгаков, А.Камю, М.Бойҷиев, ашъори гуногуни М.Ю. Лермонтов, Леся Украинка, Римма Казакова, Татяна Кузовлева, Андрей Дементйев, Файз Аҳмади Файз, Йордан Милев, Силва Капутикян ва ғ. аз он ҷумлаанд.
Аз соли 1989 то пошхӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ вакили мардумӣ, узви Шӯрои Олии ИҶШС буд.
Бо нишони «Барои меҳнати шуҷоатнок» (ба муносибати 100-солагии В.И.Ленин) мукофотонида шудааст.
Дорандаи Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон (1976), Комсомоли ленинии умумииттифоқ (1978), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2003), Ҷоизаи адабии ба номи Ҳелмут Ҳаммет (ИМА, 1994).
Шоири халқии Тоҷикистон (1999).
Аз соли 1971 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 1957 дар Витам нависанда, адабиётшинос, намоишноманавис, филмноманавис ва тарҷумони англис Дороти Ли Сайерс дар синни 64-солагӣ аз сактаи қалб даргузашт. Вай бештар асарҳои пулисӣ навиштааст. Асарҳояш бо номҳои “Заҳри қавӣ”, “Шаби ҷашн”, “Таблиғ барои ҷиноят”, “Шоҳид” дар солҳои гуногун нашр шудаанд.
Фаъолияти адабии Дороти Сайерс дар соли 1916 бо нашри маҷмӯаи шеърҳо бо номи Оп I оғоз ёфт. Соли 1923 вай аввалин романи тахайюлии худро бо номи «Бадани кист?»-ро нашр кард, ки дар он аввалин бор қаҳрамони ёздаҳ романи тахайюлӣ ва ҳикояҳои сершумораш, детективи ҳаваскори ашрофзода лорд Питер Вимсиро муаррифӣ мекунад. Роман ба ӯ муваффақият овард ва дар солҳои 20-ум китобҳои «Абрҳои шоҳид» (1926), Марги ғайритабиӣ» (1927), «Нохушиҳо дар клуби Беллона», 1928 пайи ҳам рўйи чоп омаданд.
Соли 2001 дар Санкт-Петербург намоишноманавис, филмноманавис ва шоири рус Александр Володин дар синни 82-солагӣ даргузашт. Филмномаҳои «Панҷ шабнишинӣ» ва «Марафони тирамоҳӣ» мансуби ўянд.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА.