Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 17-уми феврал

Соли 1673 дар шаҳри Порис дар синни 51-солагӣ намоишноманависи маъруфи фаронсавӣ Жан-Батист Молйер аз олам гузашт. Ӯро яке аз се намошноманависони бартари қарни ҳабдаҳуми Фаронса ва яке аз бузургтарин мазҳаканависон дар Аврупо медонанд.

Бемори хаёлӣ”, “Хасис”, “Тартюф”, “Мардумгурез”, “Дон Жуан”, “Мактаби занон”, “Нақди  мактаби занон”, “Арӯсии иҷборӣ”, “Занони донишманд”, “Табиби иҷборӣ”, “Издивоҷи ихтиёрӣ” аз ҷумлаи беҳтарин офаридаҳои ӯ мебошанд. Чанде аз ин намоишномаҳо, бахусус “Тартюф” ва “Табиби иҷборӣ” дар театрҳои Тоҷикистон солҳои гуногун гузошта шуда буданд.

Соли 1906 дар Ковно нависанда ва шоираи бачагонаи рус Агния Барто ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаи ба номи Сталин, дараҷаи 2 ва ҷоизаи Ленин дар соли 1972 буд. Вай асосан барои кӯдакону наврасон эҷод кардааст ва дар Иттиҳоди Шӯравӣ низ чун беҳтарин адиби кӯдакнавис шинохта мешуд.

1-уми апрели соли 1981 дар синни 80-солагӣ дар шаҳри Москав тарки олам кардааст.

Соли 1912 дар Кливленд, иёлати Огайо нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ  Андрэ Нортон ба дунё омад. Нортон барандаи ҷоизаи Ҳюго буд.

Соли 1955 дар вилояти Шандуни Чин нависандаи машҳури чинӣ Мо Ян таваллуд шуд. Вай барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 2012 мебошад. Мо Ян номи мустаори адиб аст, ба маънои “ҳарф назан”. Номи ҳақиқии ва Гуан Мое. Дар хориҷ аз марзҳои Чин ӯро бештар чун як нависандаи романҳои хуб мешиносанд. Осори ӯ бо беш аз даҳ забони хориҷӣ, аз ҷумла, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва норвежӣ тарҷума шудаанд.

Борон дар шаби баҳорӣ”,  “Ҷумҳурии шароб”, “Марги сандал”, “Марг ва зиндагӣ дар интизори ман” аз ҷумлаи романҳои ӯ мебошанд.

Соли 1994 дар шаҳри Москав дар синни 80-солагӣ нависанда, мунаққид, намоишноманавис ва рӯзноманигори маъруфи Шӯравӣ Александр Чаковский аз олам рафт. Вай солҳои 1955-1963 сардабири маҷалли «Иностранная литература» ва солҳои 1962 – 1988 сармуҳаррири «Литературная газета» буд.

Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, барандаи ҷоизаҳои Сталин, Ленин ва ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Соли 1940 дар деҳаи Шӯркаҳаки ноҳияи Сарихосори вилояти Хатлон  Шоираи халқии Тоҷикистон ҲАДИСА  (Ҳадиса Қурбонова) ба дунё омад.  Муаллифи китобҳои шеърии «Паймон» (1972), «Шукрона» (1980), «Нури Октябр» (1981), «Сомон» (1984), «Даргоҳи Офтоб» (1986), «Дунёи ҷавонӣ» (1987), «Эҳсон» (2000), «Лоиқ намеояд дигар» (2001), «Мадина» (2003), «Чакомаи Душанбе» (2003), «Сояи миҷгон» (2006), «Ҳилолӣ» (2008), «Хатлон» (2008), «Меҳвари ишқ» (2008), «Соҳати дил» (2010), «Тӯфон» (2010), «Хаймаи Хайём (2012), «Саддом Ҳусейн» (2014), «Шоҳин» (2014), «Сарир», (2014), «Девон» (дар ду ҷилд, 2014), «Шоҳин» (2015) ва ғайра мебошад.

Дар бораи Ҳадиса матлаби дигар дар сомона дорем, ки лутфан таваҷҷуҳ кунед.

Таҳияи Б.Шафеъ