Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 17-уми июл
Соли 1785 нависандаи асарҳои бачагона Анна Петровна Зонтаг ба дунё омад. Дар тарҷумаи ҳолаш омадааст, ки 17 июли соли 1785 ҳангоме, ки хонаводаи онҳо ба Москав равон шуд, норасид дар роҳ таваллуд шуд.
Тарҷумаи китоби Волтер Скот “Зиндони Эдинбург” ба забони русӣ маҳсули қалами ӯст.
Анна Зонтак муаллифи беҳтарин китобҳо барои кӯдакон мебошад.
Соли 1808 дар шаҳри Санкт-Петербург шоир, тарҷумон ва донандаи чандин забон Елизавета Кулман зода шуд. Ӯро шоири рус, олмонӣ ва итолёвӣ ҳам меноманд.
Кулман дар як хонаводаи бисёрфарзандаи олмонӣ аз насли афсар Борис Фёдрович ва Мария Кулмановҳо ба дунё омад. Падараш дар артиши руси замони салтанати малика Екатеринаи дуюм хидмат мекард ва то рутбаи капитан расид. Барои ҷароҳатҳои ҷангиаш ба истеъфо аз хидмат дар артиш маҷбур шуд. Елизавета ҳанӯз хеле хурдсол буд, ки падараш аз олам рафт. Оилаи онҳо дар як ҳавлии хеле хурдакак, ки боғи кӯчаке ҳам дошт, фақирона ҳаёт ба сар мебурд.
Елизавета охирин тифли ин хонадон буд: ҳафт бародар ва хоҳарашро тақрибан намешинохт. Бародаронаш дар Ҷанги Ватании соли 1812 ва ҷангҳои Наполеонӣ иштирок ва дар майдони ҷанг ё кушта шуданд ва ё захмӣ гаштанд. Як бародари маҷруҳашро медонист, ки зиндагии хеле камбағалона дошт. Хоҳараш ба шавҳар баромада буд, вале умри дароз надид.
Елизаветта аз хурдӣ қобилияти дарки адабиёт дошт ва чун як шахси диндору худопараст ба камол расида буд, дар ашъораш вуҷуди Худованду муҳаббат ба Офаридгор бештар таҷассум ёфтааст. Вай ба адолати худовандӣ пойбанд аст, бовар дорад. Аммо бо ҳамсолонаш аз хонаводаҳои сарватманд дӯстӣ надошт, чун ошкоро ҳамгоми баҳсҳо ба фақириву нодории оилаи ӯ ишора мекарданд.
Елизаввета танҳо шуғли шоириро пеша накарда буд, балки чун садои хуб дошт, хуб ҳам месуруд.
Соли 1824 ҳангоми обхезӣ сармо хӯрд ва гирифтори бемории сил шуд. Ва соле баъд, замоне, ки ҳамагӣ 17 сол дошт, вафот кард.
Муаллими ӯ Карл Гросгейнрих баъди марги шогирдаш навиштаҳои ӯро гирдоварӣ кард ва муваффақ шуд, ки академияи салтанатии илмҳо китоби Елизавета Кулмонро чоп кунад.
Соли 1849 нависанда, мақоланавис, мардумшиноси аҳли Украина Олена Пчилка зода шуд. Номи аслии ӯ Олга Петровна Косач ва тахаллусаш Олена (Елена) Пчилка буд. Вай хоҳари олим, мунаққид, таърихшинос ва файласуфи украин Михаил Драгоманов ва модари адиби машҳури украин Леся Украинка буд.
Соли 1866 Донишкадаи духтаронаро дар шаҳри Киев хатм кард. Ду сол баъд ба ҳуқуқшиноси украинӣ Пётр Косач ба шавҳар баромад. Аз ин издивоҷ ду писару чор духтар ба дунё омаданд, ки яке аз онҳо бо номи Лариса аз машҳуртарин шоирони Украина шуд.
Аввалин китобаш бо номи “Орнаменти халқии украин” соли 1876 дар Киев нашр шуд. Аз соли 1883 шеъру ҳикояҳояш дар маҷаллаи “Зоря” нашр мешуданд ва нахустин маҷмуаи осораш бо номи “Риштаандешаҳо”соли 1886 ба чоп расид. Бо забонҳои русиву украинӣ менавишт.
4 октябри соли 1930 дар синни 81-солагӣ аз олам гузашт ва дар паҳлуи духтараш Леся Украинка ба хо хок супурданд.
Соли 1867 шоири худомӯз ва ношири рус Сергей Егорович Бодрягин таваллуд шуд.
Соли 1878 дар Верон дар синни 65-солагӣ шоири итолявии пайрави романтизм Алеардо Алеарди аз олам гузашт. Вай дар соли 1812 дар Верон дида ба олам кушод. Ба далели ҳузури фаъол дар ҷунбиши Италия шинохта шуда буд. Дар соли 1848 ӯро тартиб додани қонуни интихобот ҷалб карданд.
Соли 1864 профессори эстетикаи Академияи санъат таъин шуд ва баъдтар дар вазифаҳои узви шӯрои вазорати маориф ва сенатор кор кард.
Дар асарҳояш бештар озодиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Италия васф шудаанд.
Соли 1888 дар Бучач нависанда, шоир, романнависи яҳудӣ Шмуэл Агнон зода шуд. Ӯ яке аз чеҳраҳои аслии достонҳои ибрии нав ба шумор мерафт. Дар забони ибрӣ бо тахаллуси Shai Agnon шунохта шудааст. Асарҳояш бо забони англисиро бо тахаллуси SY Agnon навиштааст.
Вай дар қаламрави Украинаи имрӯза ба дунё омад ва баъдҳо ба Исроил муҳоҷират кард ва дар ҳамон ҷо даргузашт.
Шмуэл Агнон соли 1966 барои романҳои “Шомиёнаи тӯй” ва “Меҳмони шабона” барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт шуда буд. Ин ҳамон соле буд, ки Нелли Закс-шоир, нависанда ва намоишноманависи машҳури олмонӣ низ ба дарёфти ҷоизаи Нобели адабиёт мушарраф шуда буд.
“Бевазанҳои зиндаҷудо”, “Таърихи муқаррарӣ”, “Чанде пеш”, “Идо ва Эйнам”, “Дарзаҳо” номи чанд асари ӯ мебошад.
Соли 1894 дар Лувесен дар синни 75-солагӣ бар асраи бемории илтиҳоби шуш шоири фаронсавӣ Леконт де Лил аз олам гузашт. Номи пурраи ӯ Шарл Мари Рене Леконт де Лил (фар. Charles Marie René Leconte de Lisle)ва сарвари мактаби Парнос буд. Парнос ё парносиҳономи як матаби адабӣ аст, ки дар қарни нуздаҳум дар Фаронса шакл гирифт.
Осори Леконт де Лил дар се маҷмуаи шеърие, гирд омада, ки дар замони дар қайди ҳаёт буданаш чоп шуда буд. Инҳо: “Шеърҳои антиқӣ”, “Шеърҳои барбарӣ” ва “Ашъори фоҷеавӣ” мебошанд. Китоби дигаре, ки тарҷумаи шоирони қадимро дар бар мегирифт, баъди маргаш бо номи “Шеърҳои вопасин” чоп шуд.
Соли 1901 нависанда, шоир ва намоишноманависи лаҳистониву Шӯравӣ Бруно Ясенский таваллуд шуд. Вай ба забонҳои русӣ, лаҳистонӣ ва фаронсавӣ менавишт.
Ясенский дар хонаводаи як марди яҳудии машҳур бо номи Яъқуб Зисман, ки духтури шинохтае буд, дида ба олам кушод.
Соли 1922 Донишгоҳи Краковро хатм кард. Намунаҳо аз осораш ҳанӯз аз соли 1918 чоп мешуданд. Аз соли 1923, ки шӯриши Краков ба ҳамин сана рост меояд, бо коммунистон пайваст ва дигар то охири умр дидгоҳи коммунистӣ дошт.
Соли 1929 аз Фаронса хориҷ карданд ва ноилоҷ ба Иттиҳоди Шӯравӣ омад. Дар вазифаҳои гуногуни ҳизбӣ ва дар Иттиҳоди нависандагон кор кардааст.
Соли 1935 бо даъвати роҳбарияти корхонаи “Уралмаш” ба шаҳри Свердловск рафт. Тибқи баъзе маълумот мехост роман дар бораи ин корхона ва аз дидаву шунидаҳояш бинвисад, вале ба зудӣ боздошт шуд ва ба ин кор фурсат наёфт.
Соли 1937 аз ҳама мансабҳо сабукдӯш шуд, аз узвияти Иттифоқи нависандагон хориҷ карданд ва бо аризаи П.Юдин- Катиби КМ ВКП(б) дар бораи намоишноманавис Киршон Владимир Михайлович ба фаъолиятҳои зиддиинқилобӣ муттаҳам шуд.
Дар бораи таърихи кушта шуданаш маълумоти дақиқ нест. Бино ба баъзе маълумот соли 1941 ба ҳалокат расид. Аммо ҷамъияти “Мемориал” таҳқиқ кард, ки ӯро дар машқгоҳи Коммунарко парронда буданд.
Соли 1955 сафед шуд ва ба чопи асарҳояш иҷозат доданд.
Романи “Одам пӯсташро иваз мекунад” машҳуртарин асари ӯст.
Роман ҳосили ду сафари нависанда ба Тоҷикистон (солҳои 1930, 1931) мебошад, ки то замоне, ки зинда буд, борҳо ба такрор чоп шуд. Баъди соли 1955 низ чандин бор мунташир гашт.
Аз рӯи ин роман ду маротиба дар “Тоҷикфилм” филм бардоштанд. Бори аввал соли 1959 коргардон Рафаил Перелштейн ба навор гирифт ва ҳунармандони машҳуре чун Гурминҷ Завқибеков, Сергей Курилов, Изолда Извитская, Ҷаҳон Саидмуродов, Аслӣ Бурҳонов, Наталя Медведева, Абулхайр Қосимов ва дигарон нақш офариданд. Нахустнамоиши он соли 1960 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Бори дуюм соли 1979 боз ҳам дар “Тоҷикфилм” ба навор гирифта шуд, ки коргардони он Борис Кимёгарови машҳур буд. Ин филм аз 5 серия иборат буд ва бо ширкати машҳуртарин ҳунармандони Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Игор Костолевский, Борис Хмелнитский, Лариса Удовиченко ва дигарон таҳия шуд. Оператори он Заур Дахте буд.
Соли 1942 дар рустои Ялдамичи ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) шоир ва рӯзноманигори тоҷик Ҳоҷӣ Мурод (Муродалӣ Хоҷаев) таваллуд ёфта, пас аз хатми мактаби ҳафтсолаву миёнаи махсус вориди факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин гардида, таҳсилро соли 1967 муваффақона ба итмом расондааст. Ҳамон сол дар нашрияи «Қаротегини Советӣ» ба фаъолият пардохта, баъдан дар Кумитаи радиову телевизиони ҷумҳурӣ ба сифати муҳаррир, дар рӯзномаҳои «Маориф ва маданият», «Маданияти Тоҷикистон» ва ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ба ҳайси ходим ва мудири шуъба ифои вазифа доштааст. Аз соли 1987 дар нашриёти «Адиб» ба кор пардохта, дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурдааст. Аз соли 2013 машғули фаъолияти эҷодист.
Муддате дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон ва котиби Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ кор кардааст, ки заҳматҳояш бо ифтихорномаҳо ва ду нишони он кишвар қадрдонӣ шудаанд.
Нахустин шеъри ӯ соли 1960 дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ба табъ расидааст. Баъдан ашъори гуногунаш дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва нашрияҳои мухталифи ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд. Ҳамчунин, намунаҳои ашъораш дар авроқи маҷмӯаҳои «Суроғ» (1989), «Хӯшабанд» (1992), «Хокистари сиришк» (1996), «Исёни сукут» (2000), «Қаламрави таманно» (2003), «Бомдоди нилуфар» (2007) ва «Сувари фитрат» (2012) манзури алоқамандони каломи мавзун гардидаанд.
Китоби «Хокистари сиришк»-и ӯ соли 1997 сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.
Бо ордени «Шараф» (1999) мукофотонида шудааст.
Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 1957 дар вилояти Владимир рӯзноманигор, шоир, нависанда, муҷрӣ, филмноманавис, феминист ва мутарҷими аҳли Иттиҳоди Шӯравӣ Мария Арбатова таваллуд шуд.
Ӯ дар Донишгоҳи давлатии Москав дар риштаи рӯзноманигорӣ таҳсил кард ва баъд ба Донишкадаи фалсафа рафт. Ӯ нависандаи ҳудудан 20 китоб ва мақолоти зиёд аст, ки дар маҷаллаҳо ва рӯзномаҳои машҳур дар Русия ва Аврупо мунташир шудааст.
Соли 2005 вай дар радио як барномаеро бо номи “Ҳақи доштани худ” ташкил кардааст.
14 намоишномаи ӯро театрҳои Русия ва кишварҳои дигари хориҷ аз он ба саҳна гузоштаанд.
Соли 1958 дар Орск нависандаи рус Игор Сахновский зода шуд. “Ниёзҳои муҳими мурдагон”, “Одаме, ки ҳама чиро медонист”, “Сӯиқасди фариштаҳо”, “Озодии хомӯшӣ” номи чанд асари ӯ мебошад.
Соли 1961 нависанда ва намоишноманависи руси Иттиҳоди Шӯравӣ Олга Дмитриевна Форш аз дунё гузашт. Ӯ ба хотири романҳои таърихиаш аз ҳаёти инқилобгарони машҳури Русия машҳур шуд.
Романҳои “Богдан Суховский”, “Сехи гарм”, “Муосирон”, “Радишев”, “Деҳқони Қазон”, “Китоби ҳалокшуда”, “Кохи Михайловск” маҳсули қалами ӯ мебошанд.
Соли 1975 нависанда, адабиётшинос, муаррихи гурҷӣ Константин Симонович Гамсахурдия аз олам рафт. Вай 15 майи соли 1891 таваллуд шуда буд.
Ӯро яке аз шинохтатарин насрнависони Гурҷистони асри ХХ медонанд. Падари аввалин президенти Гурҷистон Звиад Гамсахурдия буд.
Романҳои “Табассуми Дионис”, “Саҳифаҳо аз ҳаёти Ҳуте”, “Рабудани моҳ”, “Доҳӣ”, “Навдаҳои гул” ба ӯ мансубанд.
Соли 1981 шоир, намоишноманавис ва коргардони аҳли Италия Сергей Сергеевич Наровчатов дар синни 93-солагӣ тарки олам кард.
Соли 2019 дар синни 94-солагӣ нависандаи машҳури итолёвӣ, устоди жанри детектив Андреа Камиллери вафот кард.
Соли 2022 дар Чикагои иёлати Индиана дар синни 75-солагӣ нависандаи тахайюлнависи амрикоӣ Эрик Флинт аз олам гузашт.