Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 17-уми ноябр

Як-рузи-таърих-17Соли 1747  Ален Рене Лесаж нависандаи қарни ҳабдаҳуми милодии Фаронса дар Булон-сюр-Мер дар синни 79-солагӣ вафот кард. Лесаж тамоми умр дар Порис зистааст, вале ба ягон маҳфилҳои адабии ин шаҳри бузурги Фаронса иртибот надоштааст. Дар осораш ба шиддат аз вазъи иҷтимоии замонаш интиқод кардааст. Ҳарчанд Лесаж мавзӯъи бештари достонҳои хешро аз романҳои испаниёӣ иқтибос кардааст, вале бо ҳунармандии хеш онҳоро ба таври ҷолибтар ва зеботаре даровард, ки ҳамакнун аз беҳтарин осори адабии Фаронса маҳсуб мешаванд.

Соли 1807  шоир ва тарҷумони рус Владимир Григоревич Бенедиктов дар Санкт-Петербург таваллуд шудааст. Соли 1835 аввалин китоби ашъори ӯ — маҷмуаи «Шеърҳо» аз чоп баромад, ки хонандагон онро хеле гарму хӯш кабул карданд.

Соли 1872  шоири итолиёвӣ Луиджи Меркантини, муаллифи гимни Гарибалдӣ вафот кард.

Соли 1904 шоираи халқии Литва Саломея Нерис таваллуд шудааст. Нерис барандаи ҷоизаи Сталин дараҷаи аввал (баъди маргаш) буд. Дар ашъораш бештар Сталин, Ленин, ҳизби коммунистро васф кардааст. Нерис июли соли 1945 бар асари саратони ҷигар дар бемористони Маскав вафот кард.

Соли 1927  Дмитрий Михайлович Балашов нависанда, фолклоршинос, ходими ҷамъиятии рус таваллуд шудааст. Муҳимтарин осори ӯ силсилароманҳояш бо номи “Ҳокимони Москав” мебошад. Муаллиф ин романҳоро аз соли 1975 то соли 2000, яъне муддати  25 сол эҷод кардаву таърихи Русия дар давраи солҳои 1263 то 1425-ро ба риштаи тасвир кашидааст. Аммо марг амонаш надодааст, ки ин силсиларо ба поён барад. 17-уми июли соли 2000 дар синни 72 солагӣ вафот кардааст.

Соли 1970 нависанда, шоир, ҳаҷвнигор ва намоишноманависи латиш Андрей Упит даргузашт. Нависандаи халқии Латвия буд. Барандаи ҷоизаи Сталин, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, академики АИ Латвия. Аз сермаҳсултарин адибони Ҷумҳурии Сотсиалистии Латвия ба шум ор мерафт.

Соли 1982  Кира Измайлова нависандаи рус дар Маскав таваллуд шудааст. Машхуртарин асарҳои Кира Измайлова «Дарвешон”, «Рӯйдоде аз таҷриба”  мебошанд.

Дорис-Лессинг

Соли 2013 нависандаи асарҳои илмӣ-таҳайюлии инглисӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт Дорис Лессинг дар синни 94-солагӣ дар Лондон даргузашт. Лессинг ёздаҳумин зани барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт дониста мешавад.

Ӯ аз падар ва модари англис соли 1919 дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон ба дунё омадааст. Падараш Алфред Тайлер, ки дар Ҷанги ҷаҳонии аввал маълул шуда буд, дар Бонки шоҳаншоҳии Эрон ва модараш парастор буд. Шашсола буд, ки хонаводаи онҳо аз Кирмоншоҳ ба мустаъмараи Англия Родезияи Ҷанубӣ, ки ҳоло Зимбабве номида мешавад, кӯч бастанд.

Узви ҳизби коммунист ва яке аз фаъолони ҷунбиши зидди силоҳи ҳастаӣ буд. Аммо соли 1956 пас аз саркӯбии қиёми мардуми Маҷористон аз ҷониби Кремл зидди коммунист шуд.

Барои интиқоди нажодпарастӣ аз ҳақи вурудаш ба Африқои Ҷанубӣ ва Родезия маҳрум шуда буд.

Лессин нависандаи сӯфӣ ва феминист буд.

Таҳияи Мадина Ҳамидова