Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 17 – уми сентябр

Соли 1791 дар Мадрид шоир ва масалнависи испанӣ Томас Ириарте дар синни 40-солагӣ даргузашт. Томас де Ириарте дар синни 18-солагӣ ба тарҷумаи песаҳои фаронсавӣ барои театри шоҳӣ шурӯъ кард.

Вай аввалин мазҳакаи аслии худро соли 1770 навишт. Баъдтар асари «Ars poetica»-и Горатсий, чор китоби аввали «Энеида»-и Вергилий, «Робинзон Крузо»-и Д. Дефо, Волтерро тарҷума кард ва шеъру драмаҳо навиштааст. Шӯҳрати адабии ӯ ба шеъри насиҳатомези «Мусиқӣ» (испанӣ: La Música, 1780) ва афсонаҳои ӯ (Fábulas literarias, 1781) асос ёфтааст. Афсонаҳои Ириарте (тақрибан 80 адад) бо гуногунии ниҳоят ҳаҷм ва ихтироъкории бой фарқ мекунанд. Ириарте инчунин барои кӯдакон китобҳои пандомез навиштааст.

Соли 1841 дар Екатеринбург нависандаи халқии рус fedor-mihajlovich-reshetnikov ба олам омад.

Федор Михайлович Решетников нависандаи халқии рус, намояндаи мактаби табиатшиносӣ буд, ки бо очерку ҳикояҳои худ дар бораи ҳаёти конканҳо ва боркашонҳои Урал маъруф аст. Ў дар адабиёти рус яке аз аввалинҳо шуда коршикании коргаронро тасвир намуда, дар асарҳои худ ба монанди романи «Нони ман» ба мавзуи озодкунии занон дахл кардааст. Нависанда аввалин бор дар нашрия дар соли 1862 бо очеркҳо дар “Рўзномаи музофоти Перм” баромад кард.

Вай бо очеркҳои этнографии худ машҳур аст, ки дар онҳо ҳаёт ва мушкилоти иҷтимоии синфи коргар, махсусан, коргарони маъданҳо ва киштиронҳоро яке аз аввалинҳо шуда дар адабиёт муфассал тасвир кардааст.

Асарҳои «Подлиповҳо» (1864), «Конканҳо» (1866) ва «Глумовҳо» (1866-1867) «Аспҳои корӣ», «Дар роҳи калон» (1866), “Миёни одамон” (1865), “Нони худам” (1870) мансуби ўянд.

Федор Решетников 9 марти соли 1871 дар Петербург вафот кард.

Соли 1864 дар Виннитса нависандаи украинӣ Михайло Котсюбинский классики адабиёти Украина чашм ба олами ҳастӣ кушод.

Михайло Михайлович Котсюбинский нависанда ва ходими барҷастаи ҷамъиятии Украина буд, ки бо асарҳои худ аз қабили Сояи гузаштагони азёдрафта” ва ” Fata Morgana ” маъруф буд. Соли 1864 дар Виннитса ба дунё омада, мактаби динии Шаргородро хатм кард ва баъд дар комиссияи филлоксераи Одесса ва дар Қрим фаъолият мекард, ки барои кори ӯ мавод медод. Соли 1898 ба Чернигов мекўчад. Он ҷо ҳамчун ходими намоёни маданият ба ҷамъияти маҳаллии «Просвита» роҳбарӣ мекард. Ӯ гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва сил буд ва новобаста аз ин фаъолона эҷод мекард ва сафар карданро идома медод.

Соли 1913 дар Чернигов вафот кардааст.

Соли 1867 дар Матсуяма шоир, нависанда, адабиётшинос ва назмшиноси ҷопонӣ Масаока Сики ба олам омад.

Масаока Сики дар Матсуямаи музофоти Иё дар оилаи камбизоат ба воя расидааст. Ӯ дар синни дувоздаҳсолагӣ ба навиштани шеъру наср шурӯъ кардааст. Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1883 ба Токио рафт ва дар он ҷо тахаллуси адабии Сикиро (паррандае, ки аз рўйи ривоятҳо ҳангоми нағмасароӣ аз гулуяш хун меравад) гирифт. Он замон ӯ 4 сол буд, ки бо бемории сил мубориза мебурд. Соли 1890 вай ба шӯъбаи адабиёт дар Донишгоҳи Императории Токио дохил шуд.

Аз соли 1892 Сики худро комилан ба эҷоди ҳойку бахшид ва инчунин ба навиштани мақолаҳо дар бораи шеъри анъанавӣ шурӯъ кард. Баҳори соли 1895 Сики ҳамчун мухбири ҷанги Чину Ҷопон ба Чин рафт.

Сики ба Матсуяма баргашта, доираи ҳамфикрон ва инчунин мактаби ҳойкусароии худро таъсис дод. Минбаъд ҷомеаи назмӣ номи «Хототогису» (куку)-ро қабул намуда, дар олами ҳойку мавқеи бартаридоштаро ишғол намуд, ки то имрўз онро нигоҳ доштааст.

Масаока Сики аксар замон бемор буду аз касалиҳоигуногун ранҷ мекашид, ба ҳадде, ки чанд соли охири умраш дар бистари беморӣ пушти сар шудааст. Масаока 19 сентябри соли 1902 дар синни 35-солагӣ аз бемории сил вафот кард. Шахсият ва эҷодиёти ў ба шоирони танка ва ҳойкусарои асри ХХ таъсири бузург расонд.

jonn-kriziСоли 1908 дар Саутфилд нависандаи бритониёӣ Ҷон Кризи, устоди бадеии корогоҳӣ ба олам омад.

Ҷон Кризи зиёда аз 600 асарро бо 28 тахаллус нашр кардааст. Нависанда дар оилаи коргар ба воя расида ва мактаби ибтидоии Фулан ва мактаби миёнаи Слоунро дар Лондон хатм кардааст. Аввалин китоби ӯ, романи ҷиноӣ дар бораи як гурӯҳи ҷинояткорон «Seven Times Seven» соли 1930, пас аз нуҳ кӯшиши бебарор нашр шуд. Дар соли 1935 Ҷон Кризи нависандаи касбӣ гардид. Танҳо дар соли 1937 29 китоби ў аз чоп баромад. Соли 1953 Ҷон Кризи Ассотсиатсияи нависандагони криминалист (CWA)-и Британияи Кабирро таъсис дод. Яке аз ҷоизаҳои (ханҷар) Ассотсиатсияи нависандагони криминалист «Ханҷари нави хунин» ба хотираи муассиси Ассотсиатсияи нависандагони криминалист Ҷон Кризи барои китоби аввали нависандаи қаблан нашрнашуда дода мешавад.  Аз ҷониби «BBC Audiobooks» бо ҷоизаи 1000 фунт стерлинг сарпарастӣ мешавад. Ин ҷоиза қаблан «Ханҷари ёдгории Ҷон Кризи» ном дошт. Вай ду маротиба (ба воситаи баҳр ва хушкӣ) дар саросари ҷаҳон сайр карда, аксар вақт дар Англия ва Иёлоти Муттаҳида, ба 49 иёлат сафар карда, 47-тои онро хеле хуб медонист. Ў Аврупоро ҳам нағз медонист ва боре ба воситаи Лаҳистон, Олмони Шарқӣ, Чехословакия ва Маҷористон ба Маскав сафар карда буд.

Ҷон Кризи 9 июни соли 1973 дар Солсбери (Уилтшир, Англия) даргузашт.

Соли 1935 дар Ла Хунта нависандаи амрикоӣ Кен Кизи ба олам омад.

Кен дар оилаи деҳқон ба воя расидааст. Вақте ки ў 10-сола буд, оила ба Спрингфилд, Орегон кӯчид. Ҳангоми таҳсил дар бахши рўзноманигорӣ дар Донишгоҳи Орегон, Кизи бо дӯстдухтари мактабиаш Норма Фэй” Хэксби гурехт. Вай баъдтар ҳамсафари абадии содиқи Кизи шуд ва аз ў се фарзанд таваллуд кард.

Романи «Парвоз аз болои лонаи фохтак» соли 1962 чоп шуда, дарҳол муваффақият пайдо кард.

Соли 1964 баъд аз нашри романи «Баъзан беақлии бузург» Кизи ҳамроҳ бо дӯстони ҳамфикр коммунаи «Весёлые проказники»-ро ташкил карда, бо автобус ба сайр баромад. Коммуна «озмоишҳои ҳомуз» ташкил карда, маводи мухаддирро ба ҳар касе, ки мехост, паҳн мекард ва аксар вақт бо воситаи равшанӣ ва мусиқии рок дар иҷрои The Grateful Dead ҳамроҳ мешуданд.

Вақте ки ЛСД дар Иёлоти Муттаҳида ғайриқонунӣ эълон карда шуд, «Весёлые проказники» ба Мексика кӯчиданд. Гарчанде ки Кизи кӯшиши худкушии қалбакӣ кард, пас аз бозгашт ба Иёлоти Муттаҳида боздошт ва ба панҷ моҳи зиндон маҳкум гардид. Пас аз озод шудан, Кизи ба Плезант Ҳилл, Орегон кӯчид ва дар он ҷо мақолаҳои сершумор ва романи сеюми худ Суруди маллоҳ“-ро (1992) навишт.

Кизи солхои охири умраш аз бемориҳои зиёд азоб мекашид: ба сактаи дил гирифтор шуд, диабети қанд ва саратони ҷигар дошт. Нависанда 10 ноябри соли 2001 дар Юдҷина иёлати Орегон даргузашт.

Бруно ЯсенскийСоли 1938 дар Коммунарка нависандаи лаҳистонӣ ва шӯравӣ Бруно Ясенский дар синни 37-солагӣ парронда шуд.

Бруно Ясие Ясенский ба забонҳои русӣ, лаҳистонӣ ва фаронсавӣ эҷод кардааст. Вай дар Климонтови музофоти Сандомие, губернаторияи Радом (Лаҳистогни ҳозира, он вақт империяи Русия) дар оилаи табиби маъруф Якуб Зисман ба олам омадааст. Соли 1922 Донишгоҳи Краковро хатм кард. Аз соли 1918 шеърҳояш нашр мешуданд.

Баъдан ба гурўҳи футуристони Лаҳистон ҳамроҳ шуд. Зери таъсири шўриши соли 1923 дар Краков, ки бо ҳаракати коммунистӣ алоқаманд буд ва торафт ба фаъолияти сиёсӣ бештар машғул шуд. Соли 1925 маҷбур шуд, ки ба Фаронса муҳоҷират кунад,  онҷо дар Порис зиндагӣ мекард ва ду маротиба барои нашрия ва таблиғоти коммунистӣ аз онҷо ронда шуд. Дар он ҷо ба сафи ҳизби коммунистии Фаронса дохил шуд. Соли 1927 бошад театри коргарон ташкил кард.

Аз Фаронса соли 1929 бадарға шуда, ба ИҶШС кўчид.  Он ҷо Котиби Иттифоқи байналхалқии нависандагони коргар интихоб гардида, сармуҳаррири маҷаллаи «Интернациональная литература» шуд. Аз соли 1934 – узви раёсати Иттифоқи нависандагони ИҶШС буд. Яке аз муаллифони китоби «Канали Сталин» (1934) ба шумор меравад.  Тобистони соли 1937 ўро «барои фаъолияти контрреволютсионӣ» аз тамоми вазифаҳо озод карда, аз Иттифоқи нависандагон хориҷ карданд.

БРУНО ЯСЕНСКИЙ – дӯсти содиқи Тоҷикистон

Бруно Ясенский. Адибе, ки аз ду сафараш ба Тоҷикистон роман навишт

Ӯ дар замони ҷазоҳои сталинӣ парронда шуд; баъд аз марг соли 1956 ўро сафед карда, баъдан асарҳояш дубора нашр шуданд. Мисли як зумра қурбониёни дигари ҷазоҳо, сана ва сабаби марги ӯ дар солҳои 1950-1980 сохтакорӣ карда шуд (гуфта мешавад, ки ӯ соли 1941 дар ғурбат фавтидааст). Дар китоби Евгения Гинзбург «Роҳи нишеб» омадааст, ки нависанда соли 1938 дар як қатора аз Маскав ба марҳилаи Колима даргузашт.

Соли 1953 дар Минск нависандаи белорус Сергей Булига, муовини сардабири маҷаллаи тахайюлии “Космопорт” (2013-2015) ба дунё омад.

Сергей Алексеевич аз руи ихтисос муҳандиси барқ соли 1975 Донишкадаи политехникии Белоруссияро хатм кардааст. Соли 1981 ­курсҳои олии филмноманависии назди Сарраёсати давлатии кинематографияи ИҶШС аз руи ихтисоси филмноманавис хат кардааст. Муаллифи асарҳои тахайюлӣ, қиссаҳо ва афсонаҳо барои кӯдакон ва калонсолон, филмномаҳо, романҳо ва ҳикояҳо дар жанри бадеии таърихӣ мебошад. Ба забонҳои русӣ, белорусӣ, украинӣ, лаҳистонӣ ва англисӣ нашр шудааст. Аз соли 2013 то 2015 муовини сардабири маҷаллаи тахайюлии «Cosmoport» буд.

Бори нахуст соли 1980 бо достони «Туман» вориди майдони адабиёт шудааст. Дар соли 1985 ӯ инчунин аввалин асари тахайюлӣ – достони “Ҷазираи дуздидашуда“-ро нашр кард. Солҳои охири умрашро дар Минск гузарондааст.

Нависанда 24 октябри соли 2021 даргузашт.

Соли 1954 дар шаҳри Лвов  нависанда, рӯзноманигор ва ношири русзабони исроилӣ Майкл Дорфман ба дунё омад.

Соли 1956 дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон шоир ва омӯзгори тоҷик Тӯлқин Хоҷа ба олам омад.

Маълумоти миёнаро дар мактаби зодгоҳаш гирифта, соли 1973 шомили ҳунаристони киномеханикҳо шудааст. Пас аз итмоми он муддате дар идораи кинонамоишдиҳӣ кор кардааст. Соли 1974 вориди шуъбаи шабонаи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, ҳамзамон, то хатми он, дар заводҳои хишту семент ва мактаби №59 пойтахт коргариву омӯзгорӣ кардааст.

Солҳои 1979-2000 дар макотиби гуногуни ноҳияи Данғара аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст. Баъдан дар Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон хабарнигор будааст.

Аз овони кӯдакӣ шеър мегуфт. Маҷмӯаи нахустини ашъораш «Шамолдара» соли 1989 чоп шудааст. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Озар» (2000), «Ниёиш» (2002), «Захми нигоҳ» (2004) ва «Хоки баланд» (2014) аст.

Аълочии маорифи Тоҷикистон. Аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

4 апрели 2012 аз олам даргузашт.

pulod-tolisСоли 1961 дар синни 32-солагӣ адиб, рӯзноманигор ва тарҷумони тоҷик Пӯлод Толис аз олам гузашт. Вай 24-уми августи соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфта буд. Баъди хатми мактаби миёна ҳуруфчини матбааи шаҳри Ленинобод, ҳунарпешаи театри драмавӣ, ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», котиби масъули маҷаллаи «Пионер» (дар Душанбе), муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон будааст. Дар факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Соли 1953 котиби масъул, баъдан сармуҳаррири маҷаллаи «Шарқи Сурх» будааст ва дар пешрафти насри тоҷик ҳиссаи калон гузоштааст.

Ҳикояи аввалинашро соли 1946 навиштааст. Ба эҷодиёти нависандаи ҷавон Устод Айнӣ баҳои баланд додааст. Қаҳрамонони асарҳояш коргарони ҷавон, деҳқонон, зиёиёни шаҳру деҳот, толибилмон мебошанд. Китоби «Чароғҳо» (1948), «Ҳикояҳо» (1952), «Дар сари роҳи калон» (1954), «Ҳикояҳои даҳ сол» (1957)-аш пайиҳам интишор ёфтаанд.

Соли 1950 аввалин қиссаи Пӯлод Толис «Ҷавонӣ» ба табъ расида, сазовори истиқболи гарми хонандагон гардидааст. Беҳтарин асари тарҷумаиҳолии ӯ «Тобистон» аст, ки аз рӯзгори талхи тоҷикбачагони солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳикоя мекунад.

Пӯлод Толис аз зумраи нависандагонест, ки дар тасвири олами ботинии насли ҷавон, офаридани образу характери хурдсолон ва бозгӯйи рози ниҳони кӯдакон пешдастанд. Қиссаи «Тобистон» ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, литвонӣ, эстонӣ, қирғизӣ тарҷума ва чоп шудааст. Дар заминаи он филми ҳунарии «Тобистони соли 1943» таҳия ва пешкаши умум гардидааст.

Китобҳои «Бузичаи ман» (1950-1970), «Бачагони қишлоқи мо» (1950), «Мӯрчаяк» (1952,1961,1972), «Ҳикояҳо барои бачагон» (1957)-ро барои бачагон навиштааст.

Офаридаҳои ӯ дар авроқи маҷмӯаи «Повесту ҳикояҳо» (1966) ва дуҷилдаи осораш (1975-1976) дарҷ ёфтаанд.

Намунаҳоеро аз осори А.Герсен, А.Чехов, М.Горкий ва дигарон ба тоҷикӣ гардондааст.

Бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шудааст.

Аз соли 1954 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

lev-ginzburgСоли 1980 дар Маскав шоир, тарҷумон ва публитсисти шӯравии рус Лев Гинзбург дар синни 58-солагӣ даргузашт.

Лев Владимирович Гинзбург дар Маскав дар оилаи ҳуқуқшинос ба дунё омада, дар мактаби 240-и хиёбони «Рождественский» таҳсил кардааст, аз хурдӣ шеър менавишт ва забони олмониро меомӯхт. Тирамоҳи соли 1939 Гинзбург донишҷӯи Донишкадаи таърих, фалсафа ва адабиёт шуд. 27 сентябр ўро ба сафи артиш даъват карданд ва ба фронти Шарқи Дур фиристоданд ва дар он ҷо шашуним сол то охири ҷанги дуюми ҷаҳон хизмат кард. Пас аз он солҳои таҳсил дар Донишгоҳи Маскав дар шӯъбаи филология, аввалин тарҷумаҳо ва нахустин самараи эҷодаш рўи чоп омаданд.

Асарҳои «Най», «Баҳои хокистар», «Бетаг», «Дар сатри тарҷума», «Танҳо дилам шикаст…», «Вохўриҳои олами дигар» мансўби ўянд.

Соли 1984 дар Маскав овозхон, шоир, ҳунарманди синамо, нависанда ва рӯзноманигори шӯравӣ Юрий Визбор, яке аз поягузорони жанри суруди бадеӣ дар синни 50-солагӣ даргузашт.

Юрий Иосифович Визбор яке аз асосгузорони жанри сурудҳои муаллифӣ ва туристӣ, офарандаи «репортажи суруд» буд. Ӯ дар Маскав ба дунё омада, факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Маскавро хатм карда, дар артиш ба ҳайси радиочӣ хизмат кардааст, баъдан рӯзноманигор ва барандаи радио шуд. Фаъолияти ӯ бо сайёҳӣ ва кӯҳнавардӣ зич алоқаманд аст, ки ин дар сурудҳои машҳураш инъикос ёфтааст. Визбор муаллифи зиёда аз 300 суруд аст, ки аз ҷумла «Кўҳҳои кабуд», «Лижаҳо дар назди оташдон» («Домбай вальс»), «Дилро саршори мусиқӣ кунед». Инчунин дар як қатор филмҳои машҳур, аз қабили «Борони июл», «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор», «Истгоҳи Белоруссия» нақш бозида, инчунин барои филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ филмномаҳо навиштааст.

Соли 2011 дар Ҳайфо шоири русзабони исроилӣ Иосиф Бейн, барандаи дукаратаи ҷоизаи адабии Голда Меир, дар синни 77-солагӣ даргузашт.

Соли 2020 нависандаи асарҳои жанри тахайюлии амрикоӣ Терри  Гудкайнд  дар Боулдер Сити дар синни 74-солагӣ даргузашт.

Терри Гудкайнд муаллифи силсилаи бестселлери тахайюлии “Шамшери ҳақиқат” аст, ки китобҳои он, ки аз ҷониби «Tor Books» нашр шудааст, зиёда аз 10 миллион нусха фурӯхта шуда, ба 20 забони гуногун тарҷума шудааст. Дар бораи Терри  Гудкайнд  хеле кам маълумот дар даст дорем. Нависанда соли 1948 дар Омаха иёлати Небраска ба олам омада, он ҷо мактаби рассомиро хатм кардааст. Соли 1983 ӯ бо ҳамсараш Ҷерри ба кӯҳҳои Амрикои Шимолӣ кӯчид ва дар ҷангал дар наздикии уқёнус хонае сохта, то дами марг он ҷо зиндагӣ мекард. Ғояи китоби аввал дар силсилаи «Шамшери ҳақиқат» маҳз ҳамон вақт, дар биёбон, ҳангоми сохтмони хона ба вуҷуд омадааст. Терри  Гудкайнд  соли 1994 ба орзуи худро амалӣ кардан шурӯъ кард. Сипас ӯ китоби якуми силсиларо бо номи “Қоидаи аввали ҷодугарнавишта, нашр кард. Китоб ба муваффақияти аҷибе ноил шуд. Терри  Гудкайнд  на танҳо дар Амрико, балки дар бисёр кишварҳои дигар офаринандаи эътирофшудаи асарҳои жанри тахайюлӣ мебошад. Ҳоло дар силсилаи «Шамшери ҳақиқат» ёздах китоб мавҷуд буда, ин силсила пурра ба охир мерасад. Моҳи апрели соли 2010  Гудкайнд  бо «Tor Books» барои нашри се романи нав шартнома баст. Аввалин китоб роман дар бораи Ричард ва Каллан – «Мошини ғайбгўй» буд. Моҳи июли соли 2012 китоби нав бо номи «Эътирофкунандаи аввал» нашр шуд, ки силсилаи нави китобҳои «Ривояти Магда Сирус»-ро оғоз кард. 20 августи соли 2013 китоби дуюми силсилаи Ричард ва Кахлан бо номи Шоҳигарии сеюм” нашр шуд, ки идомаи китоби «Мошини ғайбгӯй» гардид. 5 августи соли 2014 китоби «Рӯҳҳои ҷудошуда» аз чоп баромад. 17 ноябри соли 2015 романи ниҳоии силсилаи Ричард ва Каллан бо номи “Дили ҷанг нашр шуд.

Таҳияи Сафаргул Ҳусайнова