Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 17 – уми январ
Соли 1820 дар Торнтон нависанда ва шоири англис Энн ё Анна Бронте таваллуд шудаастЭнн Бронте муаллифи романҳои «Агнес Грей» ва «Бонуи ношинос аз Уайлдфелл-Холла» буд.
Энн Бронте духтари хурдии коҳини ирландӣ Патрик Бронте ва ҳамсараш Марии Бренуэлл буд. Модараш вақте тарки олам кард, ки Анна ҳатто дусола набуд. Вайро холаи хоҳарони Бронте Элизабет Бренуэлл ба воя расонидааст.
Соли 1884 дар Санкт-Петербург шоири шӯравии рус Сергей Городетский таваллуд шудааст. Вай муаллифи китобҳои , «Перун» (1907), «Иродаи ваҳшӣ”(1908), «Рус» (1910), «Ива» (1914) буд.
Минбаъд ашъораш дар маҷмӯаҳои «Бунафша» (1970), «Хонаи падар» (1973), «Шабдарав» (1975), «Афсонаи кӯҳӣ» (1975), «Дунёи дил» (1977), «Ихлос» (1981), «Гаҳвораи сабз» (1984), «Сипар» (1990, ба ҳуруфи форсӣ), «Оинаи рӯз» (1984), «Оташи Суғд» (1986), «Рӯҳи Бохтар» (1987), «Қасидаи кӯҳистон» (1988), «Тахти сангин» (1992), «Зодрӯзи дард» (1995), «Дар паноҳи сояи худ» (1998), «Паймонаи ғазал» (2007), «Ҷовидона» (2009), «Шӯъла дар санг» (2010), «Сад оҳи як нафас» (2012), «Дигар ишқ!» (2014) ва ғ. чоп шудаанд.
Соли 1964 нависандаи инглис Теренс Уайт дар синни 57-солагӣ бар асари сактаи дил дар як киштӣ дар Пирей даргузашт. Уайт барои навиштани силсилакитобҳо дар бораи шоҳ Артур машҳур шуд. Аввалин бор дар соли 1958 дар қолаби китобе ба унвони “Подшоҳи пешин ва оянда” мунташир шуд.
Яке аз ба ёдмондатарин достонҳояш аввалин қисмат аз ҳамин маҷмуа бо номи “Шамшер дар санг аст”, ки дар соли 1938 дар қолаби китоби ҷудогона чоп шуда буд.
Соли 1977 Лев (Лин) Лобарев, нависанда ва навозанда, ношири антологияи «Анҷоми як давру замон» таваллуд шудааст. аз соли 2012 то 2015 сардабири маҷаллаи “Мир фантастики”буд. Шеър ва насри илмӣ-таҳайюлӣ менависад.
Ду маҷмӯаи ашъори ӯ бо номҳои «Сайёди парандагон” (1997) ва «Омодагӣ ба зиндагӣ» (2003) ба табъ расидааст.
Соли 2002 нависанда ва публицисти испанӣ Камило Хосе Села дар синни 85-солагӣ дар беморхонаи Centro дар Мадрид даргузашт. Вай барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1989 буд.
Романҳои “Хонаводаи Паскуаля Дуарте”, “Канду”, “Афлесунҳо меваҳои зимистонӣ” мутааллиқ ба ӯ мебошанд.
Соли 2010 нависанда ва филмноманависи амрикоӣ, муҳаққиқи адабиёти қадим, профессор Эрик Сигал дар синни 72-солагӣ дар Лондон бар асари сактаи дил даргузашт. Яке аз машҳуртарин романҳои ӯ «Ҳикояи муҳаббат» ба 40 забони олам тарҷума ва ба теъдоди 20 миллион нашр ва ба фурӯш рафтааст. «Мард, зан ва кўдак», «Ҳамсинфон», «Муҳаббати шифобахш» романҳои дигари ӯ мебошанд.
Соли 2011 нависандаи рус, сардабири маҷаллаи “Нева” (1984-2006) дар синни 79-солагӣ даргузашт. Николский аввалин хикояи худро дар рузномаи «Ленинские искра» чоп кардааст.
Солхои 1963—1964 аввалин китобхои ў «Масири монеъ”ва «Сесад рузи интизорӣ» аз чоп баромад. Аз он вақт инҷониб Борис Николский зиёда аз 20 китоб навишта ва нашр кардааст.
Таҳияи Мадина ҲАМИДОВА