Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 18-уми июл
Соли 1811 дар шаҳри Калкутта нависанда, шоир ва танзпардози англис Уилям Теккерей ба дунё омад. Ӯро устоди романҳои реалистии англис меноманд.
“Бозори худфурӯшӣ”, “Ребекка ва Ровена”, “Сарнавишти Ҳенри Эсмонд”, “Шуҳрати Барри Линдон” аз ҷумлаи асарҳои ӯянд
24 декабри соли 1863 дар синни 52-солагӣ дар шаҳри Лондон аз дунё гузашт.
Соли 1817 дар Уинчестер дар синни 41-солагӣ бар асари бемории линфоми Ҳоҷкин нависанда, ҳаҷвнигор ва пешвои равияи реализим дар адабиёти англис хонум Ҷейн Остин (Jane Austen) тарки олам кард.
Вай 16 декабри соли 1775 дар Стивенгтон таваллуд шуда буд. Дар бораи зиндагии ӯ маълумот хеле кам аст, магар чанд номае, ки ба аъзои хонаводаи худ дар вақтҳои гуногун навиштааст ва дар ин номаҳо баъзе ҷузъиёти ҳаёташро ҳам зикр кардааст. Мегӯянд тӯли ҳаёташ Остин шояд ҳудуди 3 ҳазор нома навишта бошад, вале то замони мо 161 мактуби ӯ омада расидааст. Қисмати бештари номаҳояшро вай ба хоҳараш Кассандра навиштааст. Вале хоҳараш аксари ин мактубҳоро бо дастони худ нобуд кардааст. Шояд ин корро баъди марги ҳамширааш анҷом додааст, то баъзе шикваву шикоятҳо дар бораи аъзои оила ба дасти дигарон наафтад.
Аслан пажӯҳишгарони осори Остин дар бораи номаҳои ӯ нуқтаи назарҳои гуногун доранд ва ин бахш худ шоистаи як мақолаи ҷудогона аст.
Шинохти Ҷейн Остин аз зиндагии занон ва маҳораташ дар нишон додани воқеъияти зиндагӣ ӯро ба яке аз машҳуртарин романнависони асри худаш табдил додааст.
Шоҳасарҳои ў бо содагии сужет ва ҳаҷвҳои воқеан «англисӣ» миёни хонандагон эътироф шудаанд. Ашъори машҳури ў «Ифтихор ва таассуб», «Ақл ва эҳсос», “Ғурур ва таассуб” «Эмма» ва ғайраҳо ба шумор мераванд. Инҳо асарҳое буданд, ҳангоми зинда будани Ҷейн Остин ба ӯ шуҳрат оварданд.
Романи “Сэндитон” охирин асари ӯст, ки каме пештар аз маргаш гӯё ба анҷом расондааст, аммо муҳаққиқон гуфтаанд, ки роман нотамом мондааст. Муҳаққиқони осораш гуфтааст, ки Остин аввал ин романро “Бародарон” номида буд ва онро моҳи январи соли 1817 оғоз кард, ёздаҳ фаслашро такмил кард ва миёнаҳои моҳи март ба далели беморӣ корро қатъ намуд.
Ҳарчанд дар зиндагӣ асарҳояш рӯи чоп диданд, вале ӯ бештар баъди маргаш машҳур шуд.
Соли 1864 шоир, нависанда, файласуф ва муаррихи олмонӣ хонум Рикарда Хух ба олам омад. Ӯро пешвои мактаби неоромантикӣ дар адабиёти Олмон медонанд.
Аз ҷумлаи касоне буд, ки сари қудрат омадани миллигароён дар Олмонро шадидан маҳкум намуд. Ҷавобан ба ихроҷаш аз Академияи санъати Пруссия дар соли 1933 намоишкорона худ аз ҳайати он мебарояд.
Хух аввалин академике буд, ки бо хоҳиши худ ба нишони эътироз аз амалкардҳои натсистон аз унвонаш даст кашид. Вале ҳаргиз бо ҳукуматдорони замони фашистӣ ба рӯёрӯии ошкор барнахост, ҳамеша як тавозунро нигоҳ дошт. Ба ҳадде, ки соли 1944 ба муносибати 80-солагиаш шахсан аз номи Ҳитлер ва Геббелс табрикнома дарёфт кард. Вале ба чопи китобҳояш иҷозат надоданд.
Вай “Таърихи Олмон”-ро дар се ҷилд навишт. Ҷилди аввал соли 1934 чоп шуд ва мавриди интиқоди шадиди миллигароёни Олмон қарор гирифт. Ҷилди дуюм бо ҳазорон мушкил ва сахтиҳо соли 1937 интишор ёфт. Аммо ҷилди сеюм, ки соли 1941 пурра ба анҷом расида буд, танҳо баъди марги адиб дар соли 1949 дар Сюрих чоп шуд.
Рикарда Хух 17 ноябри соли 1947 дар синни 83-солагӣ дар Шёнберг (Олмон) вафот кард.
Аввалин маҷмуаи шеърҳояш соли 1891 мунташир шуд.
“Хотираҳо дар бораи Людолф Урсле” (роман), новеллаҳои “Қабри яҳудӣ”, “Романтика”, “Хурӯси Квакенбрюкс”, “Валленштейн”, “Шабҳои сафед”, повести “Тобистони охирин”, асари таҳқиқии “Ҷанги калон дар Олмон” ва ғайра мутааллиқ ба ӯ мебошанд.
Соли 1907 дар Фонтене – су – Буа (департаменти Сена воқеъ дар Фаронса) навсанда ва мунаққиди адабии фаронсавӣ, муаллифи китобҳо барои кӯдакон ва ҷавонон Гектор Мало аз олам гузашт.
Ӯ 20 майи соли 1830 таваллуд шуд.
Гектор Мало фаъолияти адабии худро ҳамчун корманди маҷаллаи «Тарбия ва фароғат», ки муҳарриронаш Пиер Этзел ва Ҷул Верн буданд, оғоз кардааст. Мало ба анъанаи «таълиму тарбия бо дилхушӣ» дар маҷалла пайравӣ карда, китоби аввалини бачагонаи худ «Ромен Калбри»-ро дар бораи саргузашти писараки ёздаҳсола эҷод кард.
Повест ба муваффақияти калон ноил шуд ва Этсел ба муаллиф китоби дуюмро «фармоиш» дод, ки он на танҳо шавқовар, балки маърифатӣ ҳам буд. Ҳамин тавр ҳикояи беҳтарини Гектор Мало «Бепарастор» рўйи чоп омад. Саргузашти сарсониҳову саргардониҳои писари оворагард Реми, ки замоне ўро аз падару модараш рабуда буданд ва ба ҳунарманди оворагард ва навозанда Виталис фурӯхтанд, ки дар натиҷа ў дӯст ва мураббии Реми шуд. Тамоми ҳаёти қаҳрамони ҷавон бо асрор фаро гирифта шудааст, ки ин шиддати сужаро зиёд мекунад, вале пас аз саргардонии тулонӣ дар интиҳо писарак оилаашро пайдо карда, бахту саодат ва муҳаббати худро меёбад.
Повести сеюми Мало – «Дар оила» дар бораи ятимдухтари меҳрубон ва далер Перрин, ки барои пайдо кардани хешу табораш ба сафари дуру дароз ва хавфнок мебарояд, нақл мекунад.
Китобҳои нависанда моли адабиёти Аврупо гардида, ба забони русӣ тарҷума шуданд ва дар Фаронса достони «Бепарастор» ба китоби классикии бачагона табдил ёфтааст, ки тибқи он дар мактабҳо забони модарии худро меомӯзанд.
Ҳамчунин ин китоб бо забони тоҷикӣ тарҷума шудааст ва хонадагон метаонанд онро аз Китобхонаи миллӣ дастрас кунанд.
Аз рӯи асари Гектор Мало «Бепарстор» якчанд филм ба навор гирифтаанд ва филмҳои тасвирӣ ҳам таҳия гардидаанд.
“Қурбонии ишқ”, “Ошиқ”, “Ҳамсарон”, “Бачаҳо”, “Ишқҳои Чак”, “Як бародари зан”, “Як муомилаи хуб”, “Хотироти як захмӣ”, “Кашише аз шаҳристон”, “Як модари зан”, “Ҳамсари Шорлут”, “Меҳмонхонаи дунё”, “Набардҳои издивоҷ”, “Як зани нуқраӣ”, “Фиребандагӣ”, “Хоҳари кӯчак”, “Ниёзмандон”, “Хуни обӣ”, “Издивоҷи сарватманд”, “Ишқи ҷавонон, ишқи пирон” номи чанде аз асарҳои ӯст.
Соли 1926 дар Нипаве нависандаи англисзабони канадиёӣ хонум Маргарет Лоренс таваллуд шуд. 60 сол умр дид ва поёни умраш фоҷеавӣ буд. 5 январи соли 1987 даст ба худкушӣ зад. Сабаб бемории саратон буд, ки ҷисму ҷонашро абгор карда буд ва он рӯзҳо марҳилаҳои охирини ин бемориро аз сар мегузаронд.
Падараш вакили мудофеа буд. Ҳамагӣ чор сол дошт, ки модараш аз олам рафт ва падараш ба хоҳари ӯ Маргарет Кэмпбелл Симпсон, ки аввал муаллим ва баъд китобдор шуд, издивоҷ кард. Панҷ сол баъди марги модар падараш низ тарки олам кард.
Аммо моиндар барояш зиёд кумак кард, зери назорату тавсияҳои ӯ аввалин мақолаҳои худро навишт.
Баъди хатми мактаб ба донишгоҳ дохил мешавад ва соли 1947 дараҷаи бакалаврро соҳиб мегардад. Ҳамон сол ба шавҳар баромад ва ҳамроҳ бо ҳамсараш муддате ба Африқову Англия рафт, аммо ба зудӣ ба Канада баргашт.
Дар асарҳояш мавзуи ҷойгоҳи инсон, бахусус занон дар ҷомеаи англоканадиро ба риштаи тасвир кашидааст.
Соли 1932 дар Зима ном шаҳри Русия шоир, нависанда, филмноманавис, коргардон, мақоланавис, нотиқ ва ҳунарманди аҳли Иттиҳоди Шӯравӣ Евгений Евтушенко таваллуд шуд. Евтушенко аз пуровозатарин шоирони замони Шӯравии солҳои 60-80 буд. Соли 1963, замоне, ки ҳамагӣ 30 сол дошт, ба дарёфти Ҷоизаи Нобели адабиёт пешниҳод шуда буд, аммо пазируфта нашуд.
Аввалин шеърашро дар 16-солагӣ суруд. Дар замони ҳукумати Никита Хрушев дар ҷавонӣ ба авҷи шуҳрат расид. Дар ибтидо таҳти таъсири Владимир Маяковский буд, аммо батадриҷ сабк ва лаҳни хоси худро пайдо кард.
Дар Институти адабии ба номи Горкий ҳам таҳсил карда буд.
Соли 1962 дар рӯзномаи “Правда” шеъри “Меросбарони Сталин” чоп шуд, ки дар кутоҳмуддат шуҳрат ёфт. Дар он муаллиф аз берун андохтани ҷасади Сталин аз Мавзолей ҷонибдорӣ мекард. Асарҳои дигар Евтушенко “Бобий яр”, “Нома ба Есенин”, “Тонкҳо дар Прог” ӯро бештар машҳур карданд. Аммо барои шеъраш дар бораи ворид кардани сарбозон ба Варшава ба иқрори худаш ӯро зиёд шустушӯи мағзӣ карданд, баромадҳояшро манъ намуданд, чопи ашъораш низ маҳдуд шуд. Ҳатто тавлиди филмеро, ки Элдор Рязонов аз рӯи пйесаи Эдмон Ростан “Сирано де Бержерак” ба навор мегирифт, танҳо ба хотири он ки Евтушенко дар он нақши асосӣ мебозид, манъ шуд.
Як муддат сафарҳои хориҷиро низ барои Евтушенко манъ карданд.
Зери таъсири табаддулоти ҳарбӣ дар Чилии соли 1973 ва ҳалокати президент Салвадор Аленде, ки Евтушенко шахсан бо ӯ боре мулоқот ҳам карда буд, достони “Кабутарҳо дар Сантяго”-ро навишт. Баъди суқути режими генерал Пиночет соли 2009 президенти Чили Мишел Бачелет Евтушенкоро бо ҷоизаи олии кишвараш барои хориҷиён сарфароз кард. Евтушенко борҳо ин достонро аз беҳтарин офаридаҳои худ номида буд.
Евгений Евтушенко 1 апрели соли 2017 дар хобаш бар асари аз кор мондани дил тарки олам кард. Он замон ӯ дар Маркази тиббии Ҳиллкрести Талс (иёлати Оклахомаи ИМА) таҳти муолиҷа аз бемории саратон қарор дошт.
11 апрел ӯро дар Москав ба хок супурданд.
84 сол дошт.
Соли 1937 дар Луисвилл, иёлати Кентукки нависанда ва рӯзноманигори амрикоӣ Ҳонтер Томпсон зода шуд. Ӯро поягузори рӯзноманигории гонзо меноманд. Гонзо-рӯзноманигорӣ сабкест, ки дар он ахбор ва матолиб бидуни ҳадаф, иддио ва ғарази хосе мунташир мешавад.
Ӯ бо интишори китоби “Фариштагони ҷаҳаннам: ҳамосаи аҷибу ғариби мутурсаворони тоғӣ” ба шуҳрат расид. Барои навиштани ин китоб вай соли дароз бо муторсаворони бошгоҳи “Фариштаҳои ҷаҳаннам” зиндагӣ кард ва омӯхт.
Романи “Тарс ва ваҳшат дар Лас-Вегас” яке аз беҳтарин офаридаҳои ӯст, ки аз рӯи он дар ИМА ду маротиба филм сохтаанд.
“Насли хукҳо”, “Беҳтар аз шаҳват”, “Рӯзномаи ромомехта”, “Тарс ва ваҳшат”, “Ҳокимияти тарс”, “Тавлиди мубораки Никсон”, “Тарсу ваҳм дар Амрико”, “Ҷойе, ки бизонҳо дар ҳаракатанд” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ мебошанд.
Аммо фарҷоми умри адиби маъруф фоҷеавӣ буд. Ӯ 20 феврали соли 2005 соати 17:42 дақиқаи вақти маҳаллӣ худро бо тири туфангча ба ҳалокат расонд. Ин ҳодиса дар манзили истиқоматиаш рух дод ва тафсилоташ ҳам басо ҷолиб. Писари ӯ ҳамроҳ бо ҳамсараш Ҷеннифер Винкел Томпсон ва наберааш Уилл Томпсон рӯзи истироҳатро дар хонаи ӯ мегузарониданд. Уилл ва Ҷеннифер дар утоқи ҳамсоя буданд, ки садои тир қалбашонро ба ларза овард.
Баъдҳо онҳо ба расонаҳо гуфтанд, ки бовар надоранд марги иҷбории падари хонадон ҳосили руҳафтодагиву парешонӣ бошад, балки як тасмими аз қабл гирифташуда бар асари бемориҳои зиёду талошҳои табобат буд, ки хост ба осонӣ ҷон супорад.
Ҳамсари Томпсон Анита ҳангоми худкушии шавҳараш дар толори варзиш буд ва бо ӯ телефонӣ суҳбат мекард. Ва ӯ низ дар ҷараёни ҳамин суҳбат садои тирро шунид…
Таҳияи Б.Шафеъ