Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 19 – уми декабр
Соли 1848 дар Хоэрт дар синни 30-солагӣ бар асари бемории сил шоир ва нависандаи англис хонум Эмили Бронте аз ҷаҳон гузашт. Романи “Баландиҳои бодгир”-и ӯ асари бисёр маъруфе мебошад. Ба назари баъзе мунтақидони адабӣ шахсияти қаҳрамони асар шабеҳи худи Эмили аст. Китоби “Баландиҳои бодгир” шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст.
Соли 1860 дар ҷазираи Закинф дар синни 43-солагӣ бар асари бемории сил публистист, шоир, мунаққиди адабӣ, таърихнигор ва забоншиноси рус Константин Аксаков аз олам рафт.
Соли 1865 шоир ва тарҷумони рус Всеволод Дмитриевич Костомаров тарки дунё кард.
Соли 1910 нависандаи Куба Хосе Лесама Лима тарки олам кард. Мегӯянд вай таъсири зиёде ба рушди адабиёти испанизабони минтақа дошт. Тарҷумони асарҳои лирикии аврупоӣ ва амрикоӣ буд. Романи фалсафии “Биҳишт” барояш шуҳрати ҷаҳонӣ овард ва онро яке аз сад романи беҳтарини садаи бист дар забони испанӣ меноманд.
Соли 1924 дар Порис нависандаи фаронсавӣ Мишел Турне ба дунё омад. Вай соли 1967 барандаи Ҷоизаи бузурги романи фарҳангистони Фаронса шуд ва соли 1970 барандаи ҷоизаи Гонкур гашт. Аз осори машҳури ӯ “Ҷумъа ё барзахи уқёнуси Ором”, “Подшоҳи аввалин”, “Шаҳобҳо”, “Насими Руҳулқудс”, “Парвози мавҷуди хандахор”, “Қатраи тиллоӣ”-ро ном мебаранд.
Соли 1936 дар Байтулмуқаддас нависандаи яҳудӣ Авраам Б. Иегошуа таваллуд шуд. Асарҳои ӯ ба 28 забони олам тарҷума ва нашр шудааст.
Соли 1941 ҳангоми ҳаракат дар қатор дар роҳи Қазон дар синни 37-солагӣ бар асари бемории паҳлудард шоир ва нависандаи кӯдакон Александр Введенский аз олам гузашт. Китобҳои “Дар рӯд”, “Ҳайвонҳои зиёд”, “Мяу”, “Китоби тобистона”, “Роҳи оҳан”,, “Дар роҳ, “Шамол”, “Коля Кочин”, “Асал” мансуб ба ӯянд ва ҳамагӣ барои бачаҳо навишта шудаанд.
Соли 1954 адиб ва рӯзноманигори тоҷик Мансури Суруш (Сайфиддинов Мансур Сайдалиевич) ба дунё омад. Вай соли 1972 мактаби миёнаи ноҳияи Вахш, соли 1977 факултети филологияи тоҷики УДТ ва соли 1988 Мактаби олии ҳизбии КМ КПСС (ш. Тошканд)-ро хатм намудааст. Дар як қатор рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ – «Тоҷикистони советӣ», «Коммунист Таджикистана», «Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Памир» фаъолият дошт. Аз соли 1993 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Солҳои 1998-2003 ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2003-2007 – сармуҳаррири рӯзномаи «Минбари халқ». Аз соли 2007 инҷониб ба ҳайси Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа фаъолият дорад.
Муаллифи асарҳои «Табъид», «Ҳалвои оштӣ», «Чала», «Нишонаи Азроил», «Гуноҳи деворбаст», «Пули заррин», «Намози бомдод», «Замон ва андеша», «Президенти мардумӣ» (дар ҳаммуаллифӣ бо С. Фаттоев), «Қиссаи бонуи соҳибқалам», «Садриддин Айнӣ ва яҳудиёни бухорӣ» мебошам.
Муаллифи сенарияи филми телевизионии «Аз Душанбе то Тел-Авив» мебошад. Асарҳои як қатор нависандагони тоҷикро, аз ҷумла баъзе аз порчаҳои китоби «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, «Рӯзбеҳ»-и Ӯрун Кӯҳзод, ҳикояҳои Абдулмалик Баҳорӣ, песаҳои «Гавҳари шабчироғ»-и С. Улуғзода, «Куруш ва Куруз»-и Низом Қосим, порчаҳо аз романи «Садама»-и Саттор Турсун, мақолаи устод Айнӣ «Конститутсияи сталинӣ ва яҳудиёни меҳнаткаш» ва ғайраро ба забони русӣ тарҷума кардааст. Ҳамчунин китоби андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи қисмати таърихии халқи тоҷик таҳти унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забони русӣ тарҷума намудааст.
Намунаи ҳикояҳояш дар маҷаллаҳои адабии «Новое время», «Огонёк» (Федератсияи Россия) ва «Русское поле» (Молдова) чоп шудаанд. Баъзе аз асарҳоям ба забонҳои ӯзбекӣ ва арманӣ тарҷума шудаанд.
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз соли 1995, барандаи ҷоизаҳои адабии ба номи Айнӣ ва Лоҳутӣ мебошад.
Соли 1975 дар Линколне, иёлати Небраска нависандаи амрикоии асарҳои тахайюлӣ Брендон Сандерсон ба дунё омад.
Таҳияи Б.Шафеъ