Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 19-уми январ
Соли 966 шоири жопонӣ, яке аз “сивушаш шоири абадзинда” Фудзивара-но Асатада тарки олам кард. Фудзивара-но Асатада аз шоирони давраи Ҳэйан буд. Давраи Ҳэйан дар таърихи Жопон фосилаи замонии солҳои 794 то 1185 милодиро дар бар мегирад. Бо ҳамин давра даврони бостонӣ барои Жопон ба охир мерасад
Соли 1547 дар шаҳри Лондон шоири англис Ҳенри Ҳовард аз олам рафт. Ҳовард яке аз поягузорони шеъри англисии замон Эҳё ба шумор меравад.
Соли 1576 дар Нюрнберг дар синни 81-солагӣ шоири олмонӣ ва намоишноманавис Ҳанс Сакс вафот кард. Ӯ беш аз 6 000 қитъа ва асар навиштааст. Аз ҷонибдорони ашадии ислоҳот буд.
Соли 1809 дар Бостон нависанда,шоир, вироишгар, мунаққиди адабиёти амрикоӣ Эдгар По ба дуён омад. Аз ӯ ба унвони яке аз поёгузорони ҷунбиши романтикӣ дар адабиёт ёд мекунанд. Достонҳои По аз он ки ҳавлангез ва тарсноканд, дар замонаш машҳур шуданд. Аввалин нависандагони достонҳои кутоҳи амрикоӣ низ Эдгар По мебошад.
По инчунин аз ҷумлаи аввалин касоне буд, ки аз жанри илмӣ-тахайюлӣ истифода кард. Ӯ инчунин аввалин аз зумраи он нависандагони амрикоист, ки қалами худро барои таъмини рӯзгораш истифода кард ва танҳо аз пули чопи асарҳояш зиндагӣ намуд.
“Гурбаи сиёҳ”, “Достонҳои шигифтангез”, “Қалби розгӯ”, “Заволи хонадони Ошур”, “Қурбоқа”, “Марди тӯда”, “Ниқоби марги сурх”, “Калоғ” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ мебошанд.
Эдгар По 7 октябри соли 1849, замоне, ки ҳамагӣ 40 сол дошт, дар Балтимор вафот кард.
Соли 1868 гдар Вена нависанда, намоишноманавис, тарҷумон ва бонкдори аҳли Австрия Густав Майринк ба дунё омад. Мегӯянд ба сеҳру ҷоду алоқаи хос дошт. Романи “Голем” аз машҳуртарин навиштаҳои ӯст, ки барояш шуҳрати ҷаҳонӣ овардааст.
Соли 1911 дар Минск нависандаи Шӯравӣ, сармуҳаррири маҷаллаи машҳури “Огонёк” (1953 – 1986) Анатолий Софронов ба дунё омад. Вай дорандаи унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, ду ҷоизаи Сталин дар адабиёт, ҷоизаи давлатии Федератсияи Русия ба номи Станиславский, се ордени Ленин буд. Ӯро аз “мудҳиштарин ҷаллодони адабии даврони сталинӣ” медонанд. Маҳз ӯ буд, ки нома зидди Солженитсин ва Сахаровро навишт ва рӯзномаи “Правда” чоп кард.
Дар ҳама маъракаҳои таъқибҳои рушанфикрон аз ҷониби КГБ иштирок карда буд.
Аз ҷумлаи яҳудибадбинон буд ва фаъолона барои зери фишор қарор додани адибони яҳудӣ даст ба кор шуда буд.
Соли 1949 дар шаҳри Москав дар синни 86 – солагӣ нависандаи Шӯравии рус Александр Серафимович аз олам рафт. Вай солҳои 1926 – 1929 сардабири маҷаллаи “Октябр” буд.
Соли 1950 дар шаҳри Панҷакент шоираи тоҷик Меҳринисо ба дунё ом адааст. Хатмакардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин. Муаллифи китобҳои «Хӯшаи Парвин» (1989), «Нафаси субҳ» (1991), «Шароби нур» (1996), «Исми шаби ишқ» (1999), «Замзамаи зебоӣ» (2001), «Тулӯи раҳоӣ» (2003), «Боли ҳумо» (2004), «Меҳроби меҳр» (2006), «Пурсадотар аз сукут» (2008), «Оини хуршед», «Дар партави ишқ» (2011), «Девони меҳр» (2011), «Гулбаргҳои ҳамдилӣ» (2012) мебошад.
Дар бораи Меҳринисо матлаби дигар дар сомона дорем.
Соли 1951 Анна Ахматова ба Иттиҳоди нависандагони Шӯравӣ барқарор шуд. Зиндагиномаи Анна Ахматова басо омӯзанда аст. Бахусус бедодгариҳои дастпарвраони Сталин ва фишору таъқиби ӯ нафратовар аст.
Соли 1967 шоир Юрий Галансков боздошт ва соле баъд ба муҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Дар зиндон ба бемориҳои шадид печид, вале аз навиштани нома барои афви гуноҳон саркашӣ кард. Чун ин нома ба маънои иқрор ба гуноҳон буд. Дар ҳоле, ки иттиҳомоти эълоншударо сохтаву бофта медонист.
4 ноябри соли 1972 баъди як амали ҷарроҳӣ дар зиндон аз олам гузашт.
Таҳияи Б.Шафеъ