Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 21 – уми сентябр
Соли 19 то милод дар Бриндизий (шаҳр ва бандари баҳрӣ дар Италия) шоири классики аҳли Ҷумҳурии Рум ва нависандаи таронаҳои рустоӣ, сурудҳои шубонӣ ва шеъри ҳамосии Рум Публий Вергилий Марон дар синни 50-солагӣ тарки олам кард. Ҳамосаҳои ӯ дар 12 ҷилд гирдоварӣ ва ҳамосаи миллии императории Рум шуд.
Аз хонаводаи кишоварзи муваффақе дар наздикии Монтио ба дунё омадааст. Дар Кремона, Милан ва Неопол таҳсил кардаву дар Рум Рум фалсафа ва суханварӣ омӯхтааст.
Асари нахустини Вергилий маҷмӯаи ашъор бо номи «Каталентон» («Хурду реза») аст, ки аз 15 шеър иборат буд. Нахустин асари бузурги ӯ «Буколика» ё «Сурудҳои шупонӣ» мураттаб аз 10 суруди чӯпонӣ буда, ҳасрату афсӯси шоирро пиромуни асри тилоии афсонаӣ, ки замоне дар он мардум дар сидқу сафо мезистанд, бозтоб мекунад.
Баъдан Вергилий достони «Георгис» («Дар боби кишоварзӣ», солҳои 38-30)-ро дар чаҳор ҷилд барои низомиёни бознишаста, ки соҳиби замин гашта буданд, навишт ва он дорои машваратҳо пиромуни боғдорӣ, чорводорӣ ва ғайра мебошад. Ба достон худи император Август таваҷҷуҳ зоҳир намуд; бо эҳтимоли зиёд андешаи таълифи шоҳкори ҳамосии Вергилий пиромуни таъсиси Рум − «Инаид» (12 ҷилд, солҳои 29-19) аз ӯ сар задааст. Вергилий сайъ кардааст, ки дар ин асар суннатҳои ахлоқии Руми Бостонро зинда созад. Ин достон нотамом монд ва пас аз марги Вергилий аъзои маҳфили Майкенос онро мунташир карданд.
Дунёи масеҳият ба Вергилий баҳои баланд додааст (барои он ки гӯё дар яке аз сурудҳои достони «Буколика», ӯ зуҳури Исои Масеҳро пешгӯӣ карда будааст).
Соли 1708 шоири танзнавис ва дипломати аҳли Русия Антиох Дмитриевич Кантемир зода шуд. Вай молдавинасаб буд ва яке аз шоирони маъруфи даврони худ ба шумор меравад.
Гуфта мешавад, ки эҷодиёти ӯ дар рушди забони адабии русӣ нақши муҳим бозидааст.
Аввалин намунаҳои ашъораш миёнаи солҳои 1720 чоп шуда ва дар қадами аввал шеърҳои ишқӣ менавишта. Гоҳе аз фаросавӣ тарҷума мекард. Маҳз дар ҳамон солҳо ба навиштани шеърҳои ҳаҷвӣ ҳам худро санҷид ва ба муваффақияти оянда дар ин жанр умед баст.
Аввалин китобаш соли 1727 чоп шудааст ва он ҳоло ҳам барои касоне, ки мехоҳанд забони славянии калисоиро омӯзанд, муфид дониста мешавад.
Антиох Дмитриевич Кантемир 11 апрели соли 1744 дар Порис аз олам гузашт.
Соли 1832 дар Эбботсфорд дар синни 61 – солагӣ нависанда, шоир, муаррих, вакили мудофеа, гироварандаи осори пешин Волтер Скот вафот кард. Ва 15 августи соли 1771 дар Эдинбург (пойтахти Шотландия таваллуд шуда буд.
Ӯро бисёриҳо падараи романҳои таърихӣ меноманд. Вай қолаберо барои ин сабк аз адабиёти достонӣ ба кор баст, ки то имрӯз аз он пайравӣ шудааст.
Моҳи январи соли 1772 ба бемории фалаҷи атфол гирифтор шуд, пойи росташ аз фаъолият монд ва дигар табобат нашуд ва умре ланг монд.
Солҳои бачагиаш дар навоҳии марзии Шоттландия гузашт ва соли 1778 ба Эдинбург баргашт ва дар мактаби он таҳсил кард. Вай аз хурдӣ зиёд мехонд, бештар адабиёти қадимро мутолиа мекард. Дар ҳамон хурдӣ забони олмонӣ ҳам омӯхт.
Роҳи эҷодии ӯ аз навиштани шеър оғоз шудааст. Соли 1796 тарҷумаи ду балладаи шири олмонӣ Г.Бюргер “Ленора” ва “Шикорчии ваҳшӣ” чоп шуд, соли 1799 бошад тарҷумаи драмаи Ҳуте “Гетс фон Берлихинген” нашр гардид.
“Паканаи сиёҳ”, “Роб Рой”, “Айвенго”, “Ривоят дар бораи Монтроз”, “Дайр”, “Роҳзан”, “Квентин Дорвард”, “Беваи кӯҳистонӣ”, “Қалъаи хатарнок”, “Граф Роберти Порисӣ”, “Саргузаштҳои Найджел”, “Аббат” аз ҷумлаи асарҳои насрии ӯ мебошанд.
Соли 1860 файласуфи олмонӣ Артур Шопенгауэр фавтид. Ӯро пурнуфузтарин файласуфони Аврупо дар ҳавзаи ахлоқ, ҳунар, адабиёти муосир ва равоншиносии ҷадид меноманд.
Соли 1918 нависанда мексикоӣ Хуан Зосе Арреола ба дунё омад. Ӯро классики адабиёти Аргентина ва нахустин нависандаи навовар дар жанри достонҳои кӯтоҳ меноманд. Аввалин нависандаи ҳавзаи давлатҳои Амрикои Лотин аст, ки ба сабки реализм навиштааст.
Хуан Хосе Арреола аз соли 1937 дар Мехико мезист. Барандаи чандин ҷоизаи ададбии Мексика, аз ҷумла Ҷоизаи Хуан Рулфо мебошад.
Хуан Зосе Арреола 3 декабри соли 2001 дар синни 83-солагӣ вафот кард.
Соли 1947 дар Портленд (ИМА) нависандаи тахайюлнависи амрикоӣ Стивен Кинг зода шуд. Ӯ нависандаи беш аз 200 асар дар гунаҳои ваҳшат, хаёлпардозӣ, ҷиноӣ, илмӣ-таҳлилӣ ва романҳои фантастикӣ мебошад.
Китобҳои ӯ ба ҳадде миёни хонандагон шуҳрат ёфт ва мавриди истиқболи гарм қарор гирифт, ки ба синамо ҳам роҳ ёфт. Машҳуртарин коргардонҳо ба асарҳои ӯ таваҷҷуҳ кардаву филмҳо офариданд.
Осори маъруфи ӯ: “Он”, “Ҳар он чӣ дӯст дорӣ, аз даст хоҳӣ дод”, “Дар қатлгоҳ”, “Марги Чак Ҳамилтун”, “Эҳсосе, ки фақат ба забони Фаронса қабили баён аст”, “Масири сабз”, “Телефони ҳамроҳ”, “Қабристони ҳайвоноти хонагӣ”, “Оташафрӯз”, “Бегона”, “Дурахшиш”, “Тилисм”, “Оқои мударрис”, “Эҳё”, “Ҷонишин”, “Дар миёни чаманзори баланд”, “Маҳ” ва ғайра.
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ