Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 23-уми май

Як-рузи-таърих-23-05-2023Соли 1703 романнависи машҳури англис Даниэл Дефо барои фелетони “Наздиктарин роҳи қасоси диссентерҳо” боздошт ва дар зиндони Нотингем ҳабс шуд.  Даниэл Дефоро аз поягузорони жанри роман дар ватанаш медонанд ва ҳатто ба ӯ лақаби “падари романи англисӣ” додаанд. Вай ҳамчунин тоҷир, маъмури иттилоотӣ ва рӯзноманигор низ буд.

Сол ва рӯзи таваллуди Дефо маълум нест ва мегӯянд ҳудуди соли 1660 дар Лондан ба дунё омад. Хонаводаи онҳо аз ҷумлаи мухолифони калисои  расмии англис буданд. Дар синни 14-солагӣ дар академияи мансуб мухолифон забонҳои фаронсавӣ, испаниёӣ ва ҳамчунин таърихро омӯхт ва дар омӯзиши ҷуғрофия муваффақ шуд. Баъдан ба касби тиҷорати хориҷӣ рӯ овард ва ҳамин боис шуд, ки ба хотири ривоҷи тиҷорати худ бисёр сафар мекард.

Дефо борҳо барои навиштаҳояш зидди ашроф ва калисо зиндонӣ ҳам шуда буд. Боре ӯро ба иттиҳоми “таҳрики афкори умумӣ” занҷирбанд ҳам карданд.

Дефо ҳамеша хоҳони ислоҳоти тиҷоратӣ ва мазҳабӣ буд ва ҳатто рисолаҳои танзомезе ҳам дар ин бора навиштааст.

Дар поёни зиндагии худ ба навиштани достонҳои хаёлӣ рӯ овард. Аз он ки ҷуғрофиро хуб медонист, аз табиатшиносӣ огоҳии комил дошт, романҳояш ҷолибу хонданӣ ва воқеъӣ ба назар мерасиданд. Алоқаи бисёри ӯ ба моҷароҷӯӣ ва мусофиратҳои дурдаст, сайру саёҳатҳо ба хотири ривоҷу равнақи тиҷорати хусусиаш дар китоби “Таърихчаи ҳақиқӣ”, “Дуздони дарёӣ”-и ӯ бо омехтани тахайюлот бо воқеъияти таърихӣ инъикос ёфтааст.

Денаэл-ДефоСоли 1719 вай романи “Робинзон Крузо”-ро навишт. Охирин романаш бо номи “Роксоно” – ро соли 1724 навишт.  Дигар то охирин рӯзҳои ҳаёташ, 24 апрели соли 1731 китоби наве аз ӯ мунташир нашуд.

Ғайр аз ду асари номбурда, Дефо боз муаллифӣ асарҳое чун “Ёддоштҳои соли тоун”, “Марди англиси асил”, “Таърихи сиёсии шайтон”, “Тоҷири комили англисӣ” низ  мебошад,

Соли 1842 шоири испонии замони романтизм Хосе де Эспронседа-и-Делгадо тарки олам кард. Вай 25-уми марти соли 1808 ба дунё омада буд. Ӯро бузургтарин пайравони Байрон дар Испания меноманд.

Соли 1876 дар синни 54-солагӣ бар асари бемории арақа шоири словакӣ Янко Крал вафот кард. Вай аз шинохтатрин намояндагони романтизм дар Аврупо буд. Рӯзномаву ёддоштҳои шоир ҳифз нашуда ва хотироти муосиронаш низ каманду боварибахш ҳам нестанд.

Пер-ЛагерквистСоли 1891 шаҳри шведии Векшё нависандаи швед Пер  Лагерквист таваллуд шуд. Вай барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт  дар соли 1951 буд. Асарҳои Лагерквист алматҳои равияҳои фалсафӣ ва эстетикии кубизм (ҳаҷмгароӣ), экспрессионизм (ҳаяҷоннамоӣ,баёнгароӣ) ва эсзистенсиализм (вуҷудгароӣ)-ро дар бар мегиранд, вале онҳоро ба куллӣ наметавон бастаи ин ё он ҷараён донист.

Хусусиятҳои вижа ва фарқкунандаи услуби адабии нависанда устура, намодгароӣ мебошад.

Муҳимтарин асари адиб “Пакана” ном дорад.

Лагерквист  ба далели наздикӣ ва сукут дар пӯшиши ояндаҳои халлоқонааш қобили таваҷҷуҳ буд. Ин навишта аз ӯст: “Ман ба эҷодиёти худ дахолат намекунам”.

Соли 1897 дар Радилово дар синни 34-солагӣ нависанда, шоир, рӯзноманигор ва ходими ҷамъиятии булғор Алеко Константинов аз тири туфанг ба ҳалокат расид.

Константинов тасодуфӣ, ҳангоми сӯиқасд ба ҷони ҳамҳизби ӯ Михаил Такев кушта шуд.

Henrik_Ibsen_by_Gustav_BorgenСоли 1906 дар Кристиания дар синни 78-солагӣ шоир, публистист ва намоишноманависи норвежӣ Ҳенрик Ибсен аз олам рафт. Ӯро поягузори “драмаи нав” дар Аврупо меноманд.

Машҳуртарин намошиномаи ӯ “Хонаи арӯсак” ном дорад, ки соли 1879 эҷод шудааст.

ЧАНД ВИЖАГӢ АЗ ҲАЁТИ ИБСЕН:

  • Писараш Сигурд Ибсен фаъоли сиёсӣ ва рӯзноманигори машҳур ва наберааш Танкред Ибсен коргардон буд.
  • Як танӯраи вулқонӣ дар Уторид ба номи Ибсен гузошта шудааст.
  • Аз соли 1986 дар Норвегия Ҷоизаи милли Ибсен барои ҳиссаи сазовор дар рушди драматургия эъто мешавад, аз соли 2008 Ҷоизаи байналмилалии Ибсен.
  • Ҳенрик Ибсен хеле одами камгап буд. Вай дар аксар маврид даъватҳо ба меҳмониро рад мекард ва мегуфт: Дар меҳмонӣ ман тақрибан ҳарф намезанам. Меҳмонони дигар ҳам чун ба ман менигаранд, лаб фурӯ мебанданд. Ин чӣ лозим? Дар ҳоле ки то замоне ман ба меҳмонхона ворид мешавам, ҷамъияти он мавзӯи хубу шавқоваре барои гуфтугӯ ва муколама доранд.
  • Духтури муолиҷи Ибсен нақл кардааст, ки дар остонаи марги адиб аҳли оила сари болини ӯ ҷамъ омада буданд. Шояд барои хотирҷамъии гирдомадагон буд, ки баногаҳ онҳо ҳисс карданд, ки вазъи саломатии бемор хеле беҳтар аз қабл аст. Баъди ин Ибсен андаке нимхез шуд ва хеле фаҳмову буррову возеҳ садо баровард: “Баръакс!” ва ҷон дод.

Соли 1908 дар шаҳри Порис дар синни 66-солагӣ шоир, намоишноманавис ва нависанда Франсуа Коппе вафот кард. Номи пурраи ӯ Франсуа Эдуард Жоашен Коппе буд.

Коппе дар замони худ аз пурхонандатарин адибон ба шумор мерафт.

Соли 1921 дар Ист-Ориндҷ, иёлати Ню-Джерси нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ Ҷеймс Блиш тавалуд шуд. Вай барандаи ҷоизаи адабии “Ҳюго” буд.

Майя-Лидия-КоссаковскаяСоли 2022 дар манзили истиқоматии худ нависандаи асарҳои тахайюлии лаҳистонӣ, рӯзноманигор, бостоншинос хонум Майя Коссаковская бар асари сӯхтор ба ҳалокат расид. Ӯ ҳамагӣ 50 сол дошт. Ӯро аввалин бонуи нависандае меноманд, ки дар Лаҳистон асарҳои тахайюлӣ навишт ва муваффақ шуд.

Ҳамсараш Ярослав Гжендович низ нависандаи тахайюлнавис буд. Ҳарчанд шавҳарашро аввалин хонандаи асарҳои худ медонад ва ҳарду низ пойбанди як жанри адабианд, вале ҳеч асаре надоранд, ки бо ҳам навишта бошанд. Роҳи эҷодии ҳар кадом аз ҳам ҷудост.

Бо ҳикояи “Пашша” вориди адабиёт шудааст ва баъдҳо бар пояи он як пйесаи якпардагӣ низ таҳия шуд.

“Ҳимоягарони салтанатӣ”, “Қонуни охирзамон”, “Бурҷи хун”, “Галаи зард”, “Санги осиёби осмонӣ” аз ҷумлаи китобҳои ӯ мебошанд,ки солҳои гуногун чоп шудаанд.

Таҳияи Б.Шафеъ