Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 24-юми ноябр
Соли 62 Авл Персий Флакк шоири румӣ дар мулки худ дар милаи ҳаштуми шоҳроҳи Аппиён дар синни 27-солагӣ аз бемории меъда даргузашт. Ў муаллифи асарҳои ҳаҷвӣ буд. Як зиндагиномаи куҳан ва китоби “Танзнома” аз шинохташудатарин навиштаҳои Персий Флакк мебошад,ки то замони мо расидааст.
Соли 1826 Коллоди Карло – нависанда ва журналисти итолиёвӣ дар Флоренсия таваллуд шудааст. Коллоди бо афсонаи кӯдаконаи худ “Саргузашти Пиноккио: Таърихи лухтаки чӯбин” маъруф аст. 26-уми октябри соли 1890 дар синни 63 солагӣ дар Флоренсия вафот кардааст.
Соли 1903 нависанда ва шоири рус Грин Александр Степанович барои таблиғи ғояҳои инқилобӣ боздошт ва дар зиндони Севастопол зиндонӣ шуд. Грин нависандаи маъруфе буд, ки бо асарҳояш “Бодбонҳои сурх”, “Ҷаҳони нуронӣ”, “Занҷири тиллоӣ”, “Хиромидан бар амвоҷ”, “Роҳе ба ҳеч куҷо” машҳур аст.
Соли 1903 нависандаи шӯравии рус, шоир, омӯзгор, барандаи ҷоизаи Сталин Степан Злобин дар Маскав таваллуд шудааст. Аввалин романи таърихии ў «Салават Юлаев» ба ў муваффақият овард. Соли 1940 бо иштироки ҳамсараш Галина Спевак филмеро бо номи «Салават Юлаев» ба навор гирифтанд. Дигар асарҳои машҳури Злобин «Оғоз ин ҷост” ва «Степан Разин» буд. 15-уми сентябри соли 1965 дар Маскав дар синни 61 солагӣаз олам гузаштаст.
Соли 1937 Николай Олейников нависандаи шӯравии рус, шоир, филмноманавис, муҳаррири маҷаллаҳои «Ёж» ва «Чиж» дар синни 39-солагӣ дар Ленинград паронда шуд. Ӯро 3 июли соли 1937 боздошт карда буданд ва ба фаъолиятҳои зиддиинқилобӣ муттаҳам мешуд. Ба ҳамсараш Лариса Олейникова бардурӯғ иттилоъ доданд, ки шавҳараш чун “душмани халқ” 10 сол ҳабс шудааст ва ӯро иҷборан аз Ленинград берун карда буданд. 2 октябри соли 1956 хабарномаи марги ӯро ба ҳамсараш расонданд, ки гӯё соли 1942 бар асари домана аз олам гузаштаст. 13 сентябри соли 1957 сафед шуд.
Соли 1948 нависандаи асарҳои илмӣ-таҳайюлии амрикоӣ Спайдер-Робинсон дар Ню Йорк таваллуд шудааст. Робинсон барандаи ҷоизаҳои Хюго ва Локус мебошад. Аввалини китоби ў “Телемпат” соли 1976 нашр шуд. Машҳуртарин асараш «Рақси ситора» аст, ки онро соли 1977 бо ҳамсараш Джинн Робинсон навишта буд.
Соли 2004 Артур Хейли нависандаи канадиёӣ дар синни 84-солагӣ аз бемории мағзи сар дар хонааш даргузашт. Дар давоми умраш Ҳейли 11 китоб навиштааст. Машҳуртарин китобҳои ў «Меҳмонхона», «Дар дами фалокат» ва «Фурӯдгоҳ”, “Чархҳо”, “Хабарҳои шабона”… мебошад.
Соли 2020 нависандаи асарҳои илмӣ-таҳайюлии рус, подполковники милитсия Сергей Николаевич Синякин дар синни 67-солагӣ дар Волгоград, пас аз бемории бисёррӯза дар беморхона даргузашт. Сергей Синякин низ яке аз қурбониёни КОВИД-19 буд. Ӯ барандаи ҷоизаи адабӣ ба номи А. ва Б. Стругатскийҳо дар соҳаи асарҳои илмӣ-таҳайюлӣ барои соли 1999 буд.
Аввалин хикояву романҳои ў «Минтақаи ихтисосӣ” ва «Қадаме ба мулоқот” солҳои ҳаштодум дар рӯзномаи «Ленинчии ҷавон» чоп шуда буданд.
Таҳияи Мадина Ҳамидова