Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 24 – уми июн
Соли 1796 шоири лаҳистонӣ Ян Чечот ба дунё омадааст. Ян Чечот дар Лепел – Белорусия зиндагӣ кардааст ва маҷмӯаи сурудҳои халқиро, ки аз ҷониби ношир ва китобфурӯши маъруф Иозеф Завадский (1837, 1839, 1840) ба чоп омода кардааст. Бо дастгирии дўстону рафиқон 957 сурудро гирд оварда, ба нашр расонд. Матни сурудҳояшро бастакор Станислав Монюско дар як силсила маҷмӯаи сурудҳои “Сарояндаи оилавӣ” (“Śpiewnik domowy”, 1843-1859) истифода кардааст.
Як сол пеш аз марги Чечот ягона маҷмуаи асарҳояш зери унвони «Сурудҳои деҳқон» бе номи муаллиф, бо ангезаҳои ватандўстӣ нашр шуд. Маҷмуаи «Сурудҳо дар бораи литвониёни қадим то соли 1434», ки дар бораи таърихи Гертсогии Бузурги Литва аз ҷониби шоир қофиябандӣ шудааст, дар зиндагиаш рўйи чопро надид.
Соли 1842 дар Майгс Каунти, иёлати Огайо ҳаҷвнигори амрикоӣ, рӯзноманигор ва нависандаи ҳикояҳои кӯтоҳ Амброуз Бирс таваллуд шудааст. Амброуз баъди аз хидмати шоистаи ҳарбӣ дар солҳои Ҷанги шаҳрвандӣ ба фаъолияти рӯзноманигориаш баргашт. Ў ба зудӣ ҳамчун як ҳаҷвнигори ҳозирҷавоб обрӯ пайдо кард.
Дар Лондон (1872-1875) барои як маҷаллаи ҳаҷвӣ се китоб навиштааст, китоби «Тор аз косахонаи холии сар» (1874) аз ҷумлаи онҳост.
Маҷмӯаи истеҳзоомези Берс «Луғати беор», баъдтар номи «Луғати Иблис»-ро гирифт (1911). Аксар ин маҷмуа бо рангҳои тираву торик, ваҳму тарси хурофотӣ ва хеле даҳшатнок тасвир ёфтааст.
Дар китобҳои «Ҳикояҳо дар бораи низомиён ва ғайринизомиён» (1891) ва «Оё ин имкон дорад?» (1893) ҳикояҳои кӯтоҳи ӯ бо як тобиши озод гирд оварда шудаанд. Вай инчунин баъди нашри «Роҳиб ва духтари ҷаллод» (1892), ки аз тарҷумаи таърихи Олмон мутобиқ карда шудааст, шуҳрат пайдо кардааст.
Фавқуллодагии Бирс дар моҳияти ҳаҷв, равонии забон ва ҳикояҳои воқеан даҳшатовару ваҳмангезаш таҷассум ёфтааст.
Эҷодиёти Бирсро нависандагони маъруф ба монанди Эрнест Хемингуэй, Хорхе Луис Борхес ва Варлам Шаламов эътироф кардаанд.
Соли 1883 рўзноманигор, намоишноманавис ва адабиётшиноси боистеъдоди рус Валентин Федорович Корш аз дунё гузашт.
Ў факултаҳои таъриху филологияи донишгоҳи Маскав ва ҳуқуқшиносии донишгоҳи Санкт-Петербургро хатм кардааст. Валентин Федорович дар маҷаллаҳо ва рўзномаҳо аз қабили «Современник», «Московские ведомости», «Ведомости Петербург», «Вестник Европы», «Северный вестник» кору фаъолият карда, аз соли 1881 маҷаллаи «Заграничный вестник»-ро таъсис дод, ки то апрели соли 1883 онро роҳбарӣ мекард. Корш як рўзноманигоре буд, ки ба ҳама чизи хуб ҷавобгар ва ба кори худ фидоиву содиқ.
Пас аз маргаш барҷастатарин мақолаҳои дар матбуоти даврӣ чопшудаи ў ҷамъ оварда шуданд ва соли 1885 дар Петербург ҳамчун китоби алоҳида таҳти унвони «Рисолаҳои В. Ф. Корш» (бо тарҷумаи ҳоли муаллиф) ба табъ расидаанд.
Соли 1899 нависандаи ҳолландӣ Маделон Секели-Лулофс чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Нависанда, мутарҷим ва рӯзноманигори ҳолландӣ Маделон Секели-Лулофс, бо романҳои “мустамликаӣ”, ки аксаран ҳаёти пурмашаққату тоқатфарсои боғкорон заминдорон ва камбизоаттарин табақаҳои аҳолии мустамликаро тасвир мекунад, бештар маъруф аст.
Дар соли 1931 аввалин романи ў бо номи “Каучук” ба табъ расид, ки он бо сабаби зери интиқоди шадид қарор гирифтанаш, ба бестселлер табдил ёфт. Роман ба понздаҳ забон, аз ҷумла англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, шведӣ, даниёӣ, финландӣ, чехӣ, венгерӣ, малайӣ ва испанӣ тарҷума шудааст. Аз рўйи матни ин роман соли 1936 филм ба навор гирифта шудааст. Ин ва романҳои минбаъдаи Секели-Лулофс манзараи ҳақиқии ҳаёти вазнини деҳқонон ва кулиҳоро (кули – меҳнаткашони баъзе мамлакатҳои Шарқи Дур) тасвир мекунанд.
Соли 1909 дар Бервики Ҷанубӣ, Мэн, нависандаи амрикоӣ Сара Ҷуит дар синни 59-солагӣ аз сактаи мағзӣ даргузашт.
Сара Орн Ҷуит дар оилаи табиб таваллуд шуда, ба воя расидааст. Аввалин достони ў «Ҷаноби Брюс» соли 1869 дар маҷаллаи «Атлантик» чоп шудааст. Очерку ҳикояҳои солҳои 1870 эҷодкардаи ў табиат, ҳаёт ва урфу одатҳои зодгоҳаш Мэнро, ки аз хурдӣ барояш ошно буд, тасвир мекунанд.
Ҷуит се роман эҷод кардааст: “Духтури деҳотӣ” (1884) – дар бораи духтаре аз Англияи Нав, ки ба хотири табиб шудан аз издивоҷ даст кашидааст; “Ҷазираи серботлоқ” (1885) – дар бораи ишқи як заминдори сарватманд ба духтари хоҷагидори Англияи Нав; “Дўсти тори” (1901) романи таърихӣ аз давраи Инқилоби Амрико.
Ҷуит инчунин асарҳои назмие дорад, ки пас аз маргаш дар маҷмӯаи “Шеърҳо” (1916) нашр шудаанд. Вай барои кӯдакон се китоб навиштааст. Қисмати муҳими осори Ҷуит аз ҳикояҳо ва очеркҳо иборат аст, ки дар китобҳои «Лаклаки сафед» (1886), «Подшоҳи ҷазираи ҷиннӣ» (1888), «Зодаи Винби» (1893), «Зиндагии Нэнси» (1895) ва ғайра ҷамъ оварда шудаанд.
Китоби беҳтарини Ҷуит «Кишвари арчаҳои сутундор» (1896) ба шумор меравад, ки В. Кэтер онро ба қатори асарҳои ҷовидонаи адабиёт дохил кардааст. Дар ин ҷо Ҷуит ҳамчун устоди ҳикояи кӯтоҳ, нависандаи ҳаёти ҳаррӯза ва равоншиносе баромад мекунад, ки хислатҳои гузашта ва нави воқеияти Амрико, табиати ҳақиқии инсониро тасвир менамояд.
Тасвири боистеъдоди дунёи ботинии инсон, услуби возеҳ, ҳақиқатнигорӣ, баёни нозукиҳои урфу одатҳои маҳаллӣ ба Ҷуит имкон дод, ки дар таърихи адабиёти Амрико дар қатори нависандагони мактаби маҳаллӣ ба монанди Бичер Стоу, М. В. Фриман, Э. Эгглстон, Ҷ. В. Кабел, С. Э. Крэддок пазируфта шавад.
Соли 1950 дар Порис нависандаи рус Иван Сергеевич Шмелев вафот кард. Вай 3 октябри соли 1873 дар Маскав дар оилаи диндори патриарх таваллуд шудааст. Падараш пудратчии номдор буд ва аз тамоми гўшаю канори Русия сохтмончиён ба хонаи Шмелевҳо меомаданд. Нависандаи оянда аввал гимназия, баъд факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Маскавро хатм кардааст (1898).
Аввалин повести Шмелев «Дар назди осиёб» соли 1895 дар маҷаллаи «Русский обзор» чоп шуда буд. Соли 1897 дар Маскав китоби очеркҳои ӯ “Дар сахраҳои Валаам” ба табъ расид, ки таҳти сензураи зиёд қарор гирифт ва муваффақ нашуд. Насрнавис давоми даҳ сол чизе эҷод накард. Танҳо соли 1905 зери таъсири воқеаҳои инқилобӣ ба эҷодиёт баргашт. Асари барҷастаи ин давра повести «Шаҳрванд Уклейкин» (1908) мебошад. Шмелев бо повести «Одам аз тарабхона» (1911) машҳур гардид. Нависанда дар давраи Инқилоби Октябри соли 1917, ки онро қабул надошт ва ҷангро ҳамчун бемории оммавию рўҳии одамони солим маҳкум кард. Соли 1922 баъди он, ки дар Феодосия писари ягонааш — афсари собиқро бе муҳокима ба қатл расониданд, нависанда тарки ватан кард. Шмелев аввал ба Берлин ва баъдан ба Порис рафт. Ӯ тамоми умр ҳукумати навро барои марги писараш набахшид, ҳарчанд орзу дошт ба Русия баргардад, ҳатто баъд аз марг ҳам. Дар муҳоҷират асарҳое эҷод шуданд, ки ба қуллаи баланди эҷодиёти Шмелев табдил ёфтанд. Дар онҳо манзара ва табиати Русияи куҳан, таассуроти равшани замони бачагӣ, хотираҳои Москваи маҳбуб тасвир шудааст. Асарҳои «Ватан» (1931), «Зиёрат», «Тобистони ҳукмрон» (1948) асарҳоеанд, ки дар адабиёти рус то Шмелев монанди онҳо вуҷуд надошт. Ин асарҳо бо таъби баланд, нури маънавӣ, забони зебову зиндаи мардумии худ аҷибу шавқоваранд.
Соли 1963 ҳаҷвнавис, намоишноманавис ва филмноманавис Владимир Абрамович Диховичний аз олам гузашт.
Владимир дар Маскав дар оилаи яҳудӣ ба дунё омадааст. Падараш Диховичний Абрам Ионович муҳандиси сохтмон, профессори Донишкадаи кӯҳии Маскав, модараш Диховичная Анна Моисеевна дандонпизишк буд.
Соли 1931 Донишкадаи ҷустуҷўӣ-геологии Москваро хатм кардааст. Дар Донбасс, Қафқоз ва Помир муҳандис-геолог шуда кор кардааст.
Вай бо шоир Константин Симонов дўст буданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ у дар Ленингради муҳосирашуда адои хидмат кардааст. Дар Флоти Шимолӣ бо гурўҳи пешқадами Л. Б. Миров ҳамкорӣ карда, ба эҷоди саҳнаҳо барои ҳунармандони дигари эстрада шуруъ намуд.
Пас аз ҷанг вай бо шеърҳои сершумораш машҳур гардид. Дар якҷоягӣ бо Морис Слободский филмномаҳои «Домод аз дунёи дигар» (1958) ва «Иштиҳои том» (1961), филми кӯтоҳмуддати «Фаввора»-ро (1955) эҷод кардааст. Аз рўйи ҳаҷвияи ў филми “Се муҷаррад“-ро (1973) ба навор гирифтаанд.
Владимир Абрамович Диховичний соли 1943 ба Ордени «Ситораи Сурх» ва соли 1945 бо медали «Барои дифоъи Заполяри Шўравӣ» сарфароз гардонида шудааст.
Соли 1986 Анҷумани VIII нависандагони ИҶШС ифтитоҳ шуд. Ин дар таърихи Ташкилоти умумииттифоқии нависандагон охирин буд.
Соли 2004 дар синни 71-солагӣ шоир, рӯзноманигор, тарҷумони тоҷик Ҳайрат Шанбезода аз олам гузашт. Вай 4 июли соли 1933 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омада буд. Соли1956 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Муаллими мактаби миёнаи ба номи Кирови шаҳри Хоруғ (солҳои 1956-1964), ходими адабии рўзномаи «Маориф ва маданият» (солҳои 1964-1987) буд.
Шеърҳои аввалинаш солҳои 60- ум дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд. Инчунин дар ҳафтаномаи «Ҷунбиш» кор кардааст. Китобҳои «Сарез» (1965), «Ситораҳои дур (1968), «Сояи роҳ» (1985), «Ношинос» (1998) ба табъ расидаанд.
Аз соли 1987 дар нашриёти «Адиб» муҳаррири калон буд. Шеърҳои аввалинаш солҳои шастум дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд. Муаллифи маҷмўаи «Сарез» (соли 1980), « Ғазалҳо», «Ситораи дур» (соли 1989). Дар ашъори ў тасвири ҷаҳони маънавии инсон, хулқу хислати мардуми тоҷик, манзараҳои зебои Тоҷикистон, орзу ва омоли ҷавонон бештар ба назар мерасанд.
Ҳайрат Шанбезода шоири лирик буд. Вай ҳолат ва рўҳияи ҳамзамононро дар либоси зебои шеър хеле нозук ифода менамояд. Ҳайрат аз навъҳои шеър бештар ба ғазал майл дошт.
Шеърҳои шоирони рус ва дигар халқҳоро ба тоҷикӣ гардонидааст. Баъзе шеърҳои Ҳайрат ба забонҳои дигар тарҷума шудаанд.
Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагон буд. Бо грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА