Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 27-уми ноябр

Як-рузи-таърих-27Соли 8 то милод дар Руми бостон Ҳоратсий вафот кард. Ҳоратсий аз шоирони саршиноси даврони Ҷумҳурии Рум ва империяи Рум буд. Эҷодиёти ӯ ба даврони ҷангҳои шаҳрвандӣ ва даҳсолаи аввали низоми асосгузори Империяи Рум Октавиан Август рост меояд. Ҳоратсий 8 декабри соли 65 то милод дар Веноза таваллуд шудааст.

Соли 1860 адиби олмонӣ Людвиг Релшаб аз олам гузашт. Вай шоир, мунаққид, рӯзноманигор, нависанда ва навозандаи пианинои аҳли Олмон ва  фарзанди оҳангсоз Ёҳан Карл Фридриш Релшаб буд.

Соли 1895 дар Марли-ле-Руа намоишноманавис ва нависандаи аҳли Фаронса, узви Академияи Фаронса Александр Дуюма тарки олам кард. Вай писари нависандаи машҳур Александр Дюма буд. Замони фавт 71 сол дошт.

Ӯ соли 1824 дар шаҳри Порис ба дунё омад ва писари ғайриқонунии Александр Дюма ба шумор мерафт. Соли 1831 Дюмаи падар вайро чун писари қонунӣ қабул кард.

Ӯ соли 1845 аввалин китоби худро бо номи “Рeches de Jeunesse” (Гуноҳони давраи ҷавонӣ”) нашр кард. Аз намоишномаҳои вай метавон аз “Масъалаи пул” ва “Фарзанди номашруъ” ном бурд.

Соли 1899 шоир ва адабиётшиноси фламандӣ Гвидо Гезелле аз олам рафт.

Соли 1916 шоир, намоишноманавис, мунаққиди аҳли Белгия  Эмил Верхарн ба таври фоҷеавӣ  вафот кард. Аз асарҳои ӯ метавон “Шомгаҳон”, “Кашиш”, “Шикастҳо”, “Сапедадам”, “Филиппи дуввум”,  “Соатҳои баъд аз зуҳр”, “Болҳои хунини ҷанг”, “Ба ҳангоми бадбахтӣ”-ро ном бурд.

Егише-ЧаренсСоли 1937 дар шаҳри Ереван дар синни 40-солагӣ дар бемористони зиндон шоир, нависанда ва тарҷумони арман Егише Чаренс аз олам рафт. Аз ӯ ба унвони классики адабиёти арман ном мебаранд.

Чаренс аз ҷумлаи озодандешон буд ва соли 1936 НКВД аввал ӯро ҳабси хонагӣ фармуд. Ӯро зиддиинқилобӣ ва, пайрави Тротский меномиданд, ба миллигароӣ ва терроризм айбдор карда буданд.  27-уми июли соли 1937 ба ҳабс гирифта шуд. Дар натиҷаи хушунату зӯроварӣ ва ҳамлаҳои равонӣ гирифтори беморӣ шуд. Ӯро ба беморхонаи маҳбас интиқол доданд ва дар ҳамон бемористон фавтид. Қабраш номаълум. Чун қурбонии низоми сталинӣ соли 1955 сафед карда шуд.

Соли 1944 шоир ва журналисти лаҳистонӣ Теодор Буйнитский фавтид.

Соли 1953 дар Бостон намоишноманависи амрикоӣ  Юҷин О’Нил  вафот кард. Ӯ 65 сол дошт. Юҷин аз ҷумлаи барҷастатарин намоишноманависони Амрико эътироф шудааст. Соли 1936 ба дарёфти ҷоизаи Нобел дар адабиёт мушарраф шуда буд.

Таҳияи Б.Шафеъ