Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 28 – уми декабр

tarihСоли 1706 дар Роттердам нависанда ва файласуфи фаронсавӣ Пер Байл  (фр.Pierre Bayle) дар синни 59-солагӣ даргузашт. Ў яке аз бонуфузтарин мутафаккирони фаронсавӣ ва мунаққиди фалсафиву теологӣ ба шумор мерафт.

Соли 1914 дар шаҳри Самарқанд шоир Болтақул Диёрӣ 6 апрели соли 1914 ба ҷаҳон омадааст. Ӯ соли 1941 факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм кардааст.

Аз соли 1932 муаллими мактаб, муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон, хабарнигори рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дар Самарқанд будааст.

Асосан барои кӯдакону наврасон эҷод мекард, ки дар китобҳои «Баҳори меҳнат» (1933), «Гулҳои ҳаёт» (1934), «Қалами мо» (1935), «Дар меҳмонии пионерон» (1936), «Барги сабз» (1948), «Кӯли булӯрин» (1954), «Баҳори орзу» (1960) ва ғ. фароҳам омадаанд.

Аз соли 1948 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

28 декабри соли 2004 аз олам даргузашт.

esenin

Соли 1925 дар Ленинград шоири рус, яке аз бузургтарин шахсиятҳои асри нуқра, Сергей Есенин дар синни 30-солагӣ вафот кард.

Сергей Есенин соли 1916 баъди нашри аввалин маҷмуааш бо номи «Радунитса», ҳамчун шоири асилу тасвиргаро шинохта шуд. Худи ӯ навишта буд: «Шеърҳои ман ба мардум таассуроти калон бахшиданд. Маҷаллаҳои беҳтарини он замон эҷодиёти маро нашр карданд ва тирамоҳ китоби аввалини ман «Радунитса» пайдо шуд, дар бораи вай бисёр навишта шудааст. Ҳама якдилона гуфтанд, ки ман боистеъдод ҳастам. Ман инро аз дигарон беҳтар дарк мекардам.”

Шеърҳои Сергей Есенин хеле зиёд ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Як маҷмуа бо номи “Гулафшон” низ аз бо тарҷумаи хеле хуби устодони шеър Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир таҳия ва чоп шуда буд.

sajdaliСоли 1944 Шоири халқии Тоҷикистон Сайидалӣ Маъмур дида ба олам кушод. Ӯ муаллифи китобҳое чун  «Заврақи умед» (соли 1967),  «Савганд» (1972), «Ҳамсолон» (1974), «Рози дарё» (1977), «Меҳвар» (1980), «Толеъ» (1981), «Рўҳи баланд» (1983), «Офтоби дил» (1986), «Решапайванд» (1989), «Чашми ситора» (ба хатти ниёгон, 1990), «Солгиреҳ» (1994), «Гарди Офтоб» (1994), «Шохаи шикаста» (1998), «Овои мурғи шабовез» (2000), «Оташи меросӣ» (2002), «Назаргоҳи дил» (2003), «Чорзарб» (2003), «Офтобгардон» (2007), «Пойизи сабз» (2011), «Ситорашукуф» (2011), «Давлати дидор» (2014) ва «Борони сабз» (2017) буд.

Саидалӣ Маъмур барои кўдакон низ шеърҳо гуфт ва онҳоро дар маҷмўаҳои «Сўзанак», «Навоҳои Гулдара», «Карчи харбуза», «Анўшаҷони ҷони мо» ва ғайраҳо фароҳам овард.

Як бахши равшани фаъолияти эҷодии марҳумро тарҷума ташкил медиҳад. Ў ашъори шоирон Т. Зумақулова, А. Орифов, А. Оғобоев, Р. Бородулин, Л. Шипахина, А. Атабоев, Г. Лорка, И. Анненский, Я. Полонский ва дигаронро бо чирадастӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, дар шакли китобҳои алоҳида ба хонандагон пешкаш кардааст. Шеърҳои худи шоир низ ба забонҳои гуногуни хориҷӣ тарҷума шуда, адабиёти тоҷикро муаррифӣ намудаанд.

Ба ашъори зиёди хубу диловези шоир бастакорону ҳофизони маъруф оҳанг бастаанд, ки дар ганҷинаи санъати тоҷик мақоми хоса доранд. Зиндаёд Саидалӣ Маъмур барои эҷоди осори арзишманд ва хидматҳояш дар рушди маънавиёти миллати тоҷик ба дарёфти Ҷоизаи созмони ҷавонони Тоҷикистон (1978), Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ (1996) ва унвони Шоири халқии Тоҷикистон (2003) шарафёб гардидааст. Соли 1972 ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул шуда буд.

Эҷодиёти доманадору пурарзиши ин шоири равоншод ва шахсияти тобнокаш, ки дар навиштаҳояш таҷассум ёфтааст, номи ўро зинда хоҳанд дошт.

24 июли соли 2021 аз олам даргузашт.

Соли 1945 дар Ҳолливуд нависанда ва рӯзноманигори амрикоӣ Теодор Драйзер  дар синни 74-солагӣ даргузашт.

Намояндаи намоёни ҷараёни амрикоии натурализм (равияест дар санъат ва адабиёти нимаи дуюми асри 19 Аврупо ва Амрико, ки ҷраёни ҳаётро дар заминаи зуҳуроти дақиқи биологию физиологӣ ба қалам медиҳад) ва ҳақиқатнигории интиқодӣ ба шумор меравад. Эҷодиёти Драйзер ба фарҳанги Амрикои асри ХХ таъсири бузург расонда, пайдоиши ҳар як романи ӯ дар танқиди адабии Амрико вокуниши шадид ба бор меовард.

Машҳуртарин асарҳои Теодор Драйзер: «Хоҳар Карри» (1900), силсилароманҳои «Сегонаи орзу» «Сармоядор» (1912), «Титан» (1914),   «Фоҷиаи Амрико», (1925), “Нобиға” (1916), “Такягоҳ” (1946) ба шумор мераванд.

Соли 1968 дар деҳаи Вербоветси ноҳияи Косовои вилояти Ивано-Франковск шоири украинӣ, нависандаи кӯдакон, насрнавис, очеркнавис, тарҷумон Иван Андрусяк таваллуд шудааст.

Ў барандаи ҷоизаҳои «Смолоскип» (1995), «Благовист» (1996), ба номи  Борис Нечерд (2002), маҷаллаи «Курер Кривбас» (2007), ҷоизаи аввалини озмуни асарҳои кӯдакона «Лаклаки тиллоӣ» (2008), ҷоизаи байналмилалии «Corona Carpatica» (2010) ба шумор меравад.  Повести «Ҳашт рӯзи ҳаёти санҷоб» дар феҳристи солонаи китобҳои беҳтарини  кӯдаконаи дунё  «White Ravens 2013»  дохил гардидааст.

Соли 2002 дар Ереван журналисти арман Тигран ҳангоми баромадан аз хонаи волидонаш ба зарби ҳафт тир кушта шуд. Рӯзноманигорро дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд, ки дар натиҷа он ҷо ба ҳалокат расид.

sjuzonСоли 2004 нависандаи амрикоӣ, мунаққиди адабиёт, санъат, театр ва синамо, файласуф, филмноманавис, коргардони театр ва синамо, барандаи ҷоизаҳои миллӣ ва байналмилалӣ Сюзон Сонтаг (Susan Sontag) дар синни 71-солагӣ аз дунё гузашт. Аз  машҳуртарин навиштаҳои ӯ  “Алайҳи  тафсир” аст.

Сонтаг бештар аз ҳар чизи дигар дӯст медошт, ки дар бораи маҳалҳои даргир нависад ва ҳатто ба он ҷойҳо сафар кунад. Вай дар ҷанги Амрико дар Ветнам ва буҳрони Сербистон фаъол буд.

Таҳияи Сафаргул Ҳусайнова.