Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 28-уми ноябр

Як-рузи-адабиёт-28-11-2024Соли 1694 дар Осак шоири ҷопонӣ Матсуо Бошу вафот кард. Ў дар ташаккули жанри ҳойку нақши бузург дорад. Шеър ва сабки Бошу ба адабиёти он замони  Ҷопон таъсири калон расонд, «сабки Бошу» инкишофи назми Ҷопонро дар давоми кариб 200 сол муайян кардааст. Пеш аз Бошу кори ҳойкусароён бозӣ бо калимот буд ва ҳамин амр Бошуро бар он дошт ба такмили ҳойку талош кунад. Ва ҳойкуро як сабки пуровоза сохт ва имрӯз ҳам ҳойку бо номи Бошу гиреҳ хӯрдааст.

Соли 1757 дар Лондон шоир ва рассоми англис  Вилям Блейк ба дунё омад. Шеър ва насри Вилям Блейк, ба ақидаи иддае аз коршиносон, берун аз қоидаҳои филологияи инглисӣ мебошанд. Вале бо вуҷуди ин, ду аср аст, ки ҳаводорони романтизм асарҳои ўро  мутолиа карда, ба иқтибосҳо ҷудо мекунанд ва махсусан сатрҳои бофасоҳаташ ба ҳикмат табдил ёфтаанд:

«Макр – қудрати буздилон аст», «Ҳар суол ҷавобе дорад».

Гуфтан мумкин аст, ки Вилям дар дарки табиати инсон аз замони худ пеш гузаштааст, илова бар ин, муҳаққиқони осори Блейки шоир хусусиятҳои равонковӣ ва ё равонтаҳлилгариро зикр кардаанд, ки он пас аз сад сол вусъат ёфтааст.

Соли 1859 нависанда, сафарноманавис, зиндагиноманавис ва холиқи достонҳои кутоҳи амрикоӣ Вашингтон Ирвинг аз дунё гузашт.  Ўро  аксар вақт “падари адабиёти амрикоӣ” ном мебурданд. Беҳтарин асарҳои Ирвинг «Таърихи Ню–Йорк ба нақл аз Дидрих Никербокер» («Humorous history of New York, by Diedrich Knickerbocker»)  ва «Рип Ван Винкл» – афсона дар бораи марде, ки 20 сол хобид, ба шумор мераванд.

Александр БлокСоли 1880 дар Санкт-Петербург шоири асри нуқра, классикаи адабиёти рус дар асри ХХ, нависанда, мақоланавис, намоишноманавис, тарҷумон, адабиётшинос, яке аз бузургтарин намояндагони машҳури адабиёти рус Александр Блок ба дунё омадааст.

Ў аввалин шеърҳои худро пеш аз гимназия навишта буд. Блок дар синни 14-солагӣ маҷаллаи дастнависи “Вестник”-ро нашр кард, дар 17-солагӣ бошад, дар саҳнаи театри хонагӣ песаҳояшро ба саҳна гузошта, дар онҳо нақш мебозид, дар 22-солагӣ шеърҳояшро дар маҷмўаи Валерий Брюсов Гулҳои шимол” нашр кардааст.

Шеърҳои Блок ба қалами шоирони маъруфи тоҷик Қутбӣ Киром, Ғаффор Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Баҳром Фирӯз, Ҳикмат Раҳмат, Фарзона ва дигарон ба тоҷикӣ баргардон ва дар чандин маҷмуаҳо нашр шудаанд.  Ин амр, махсусан, соли 1980-соли ҷашни 100-солагии Блок ки дар Тоҷикистон ҳам баргузор шуд, ба таври густарда сурат гирифт.

Стефан СтвейгСоли 1881 дар Вена нависанда, рўзноманигор ва мунаққиди австралиягӣ Стефан Ствейг таваллуд шуд.  Ҳикояҳои Ствейг – «Омук» (Der Amokläufer, 1922), «Ошуфтагии эҳсосот» (Verwirrung der Gefühle, 1927), «Мендел – китобнавис» (1929),  «Достони Шатранҷ” (Schachnovelle, 1941), инчунин силсилаи повестҳои таърихии «Вақти беҳтарини башарият» (Sternstunden der Menschheit, 1927) номи нависандаро дар тамоми ҷаҳон машҳур гардонданд. Таъсирнокии роману ҳикояҳои ў ҳайратоваранд, сужаҳои ғайриодӣ касро мафтун сохта, ба он водор мекунанд, ки дар бораи сарнавишти инсон андеша ронад. Асарҳои Ствейг ба он бавар мекунонад, ки дили инсон то чӣ андоза нозуку бепаноҳ аст ва баъзан ҳирсу рағбат одамро ба чӣ гуна корнамоиҳо ва ҳатто ба ҷиноят даст задан мебарад.

Аз машҳуртарин осори ӯ инҳоро метавон ном бурд: “Номае аз зане ношинос”, “Бисту чаҳор соат аз зиндагии як зан”, “Виҷдони бедор”, “Тарс”, “Шаби руъёӣ”, “Пайкор бо шайтон”, “Моҷарои ҷавонии як устод”, “Тақдир”…

Соли 1894 нависандаи лаҳистонӣ Аркадий Фидлер таваллуд шудааст. Бисту ҳафт китоби Аркадий Фидлер ба бисту ду забони халқҳои ҷаҳон бо миқдори умумии беш аз нӯҳ миллион нусха нашр шудааст. Машҳуртарини онҳо: «Дар Амазон», «Моҳиён дар Укаяли месароянд», «Рио–де–Оро», «Бизони хурдакак», «Деҳаи гарми Амбинанитело», «Канадае, ки бўи қатрон мекунад», «Ҷазираи Робинзон», «Ориноко», «Юзи сафед» ва ғайраҳо мебошанд.

Соли 1900 дар Парахино шоир, нависанда ва тарҷумони шўравии рус  Николай Леополдович Браун ба дунё омадааст.

Константин Симонов
Соли 1915 дар Петроград нависанда, мақоланавис, намоишноманавис, ходими ҷамъиятӣ, рўзноманигор ва шоири шўравии рус  Константин Симонов  таваллуд шудааст. Ў қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974), барандаи ҷоизаҳои Ленинӣ (1974) ва шаш ҷоизаи Сталинӣ (1942, 1943, 1946, 1947, 1949, 1950), иштирокчии муҳорибахои назди Халхин Гол (1939) ва Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба шумор меравад. Муовини Раиси Иттифоқи нависандагони СССР буд.

Аввалин романи ӯ бо номи «Рафиқони ҷанговар» соли 1952 ва баъд аз он китоби бузурги ӯ «Зиндаҳо ва мурдаҳо» (1959) нашр шуданд. Соли 1961 театри «Современник» пйесаи «Чорум»-и Симоновро ба саҳна гузошт. Симонов дар солҳои 1963-1964 романи «Мардум сарбоз ба дунё намеояндва солҳои 1970-1971 «Тобистони охирон»-ро навишт.

Аз рўи намоишномаҳои Симонов филмҳои «Ҷавоне аз шаҳри мо» (1942), «Маро мунтазир бош» (1943), «Шабу рўзҳо» (1943-1944), «Гарнизони ҷовидон» (1956), «Нормандия-Неман» (1960), «Зиндаҳо ва мурдаҳо» (1964), «Интиқом» (1967), «Бист рӯзи бидуни ҷанг» (1976) ба навор гирифта шудаанд.

Чандин асари Константин Симонов ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Соли 1954 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё олим, фолклоршинос, нависанда, пажӯҳишгар, профессор Равшан Раҳмонӣ ба дунё омад. Соли 1972 мактаби миёнаи №5-и деҳаро ба поён расонда, ҳамон сол донишҷўи факултаи филологияи тоҷики Университети ба номи В.И. Ленин шудааст. Пас аз хатми донишгоҳ (1977) дар Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ (1977-1978), сипас дар ДМТ ба ҳайси мудири кабинети методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик (1978-1981) кор кардааст.

Равшан РаҳмонӣАз 16 марти соли 1981 то 27 августи соли 1985 дар Донишгоҳи Кобул кор кард. Дар фурсатҳои муносиб аз байни тоҷикони Афғонистон ва ҳамзабонони қавмҳои дигар маводи зиёди фолклорӣ гирд овард. Зимни вазифаи аслии хеш, ки тарҷумаи дарсҳо буд, шабҳо пас аз кор бо ҳамкории таърихшинос, профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуровро аз алифбои кирилӣ ба алифбои форсӣ баргардон кард, ки барои худшиносӣ ва ваҳдати миллии ҳамзабонон нақши муҳиме бозидааст. Равшан Раҳмонӣ аз байни ҳамзабонони афғонистонӣ бо ёрии донишҷўён қариб 20 ҳазор саҳифа ва бештар аз сад кассет маводи фолклорӣ гирд оварда, намунаҳои онро дар се ҷилд китоб зери унвони «Намунаҳои фолклори дарӣ» (Кобул, 1984) ба нашр расонид.

Пас аз баргаштан ба Тоҷикистон боз ба фаъолияти омўзгорӣ ва илмӣ шурўъ намуд. Омўзгори ДДТ (1985-1986), аспиранти Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов (1986-1989), корманди пешбари илмии Лабороторияи бостоншиносӣ, этнография ва фолклори ДМТ (1990), муаллими калони Кафедраи умумидонишгоҳии забон ва адабиёти тоҷики ДМТ (1991-1993), дотсент (1993), докторант (1993-1997) буд. Аз соли 1997 аввал ҳамчун дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форси тоҷикӣ ДМТ (1997-2001) ва профессори ҳамин кафедра (аз 2000 – то имрўз) кор мекунад. Аз соли 2006 ҳамзамон сардабири маҷаллаи «Пайванд»-и созмони байналмилалии «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд» аст.

enid-blajtonСоли 1968 нависандаи бачагонаи англис  Энид Мэри Блайтон аз дунё гузашт.  Вай яке аз муваффақтарин нависандагон барои наврасон дар асри ХХ буд.

Китобҳои хонум Энид Мэри Блайтон барояш шуҳрати ҷаҳонӣ овардаанд ва тибқи як арзёбӣ ӯ панҷумин муаллифи маъруфтарин адабиёти тарҷумашудаи ҷаҳон аст. Тибқи нишондоди бахши тарҷумонии ЮНЕСКО (Index Translationum), то соли 2007 беш аз 3400 нашри тарҷумаи китобҳои ӯ ба қайд гирифта шуд, ки ин дар муқоиса бо Шекспир камтар, вале назар ба Ленин зиёдтар аст. Асарҳои нависанда ба зиёда аз 90 забон, аз ҷумла чинӣ, ҳолландӣ, финландӣ, франсавӣ, олмонӣ, иврӣ ва ғайра баргардон шудаанд.

Аз муваффақтарин осори ӯ инҳоро метавон ном бурд: Панҷ ҷустуҷӯгар”, “Маҷмуаи панҷ машҳур”, “Маҷмуаи моҷаро”, “Маҷмуаи ҳафт роздор”, “Маҷмуаи дарахти ҷодуии хеле дур”, “Маҷмуаи асрори боронӣ”, “Маҷмуаи моҷароҷӯёни ҷавон”, “Китоби достони қирмиз”, “Китоби достони сабз”, “Китоби достони обӣ”, “Достонҳои вақти хоб ва ғайра.

Соли 1983 дар Рига шоири халқии ҶШС Латвия Ояр Ватсиетис дар синни 50-солагӣ вафот кард. Ў барандаи ҷоизаи давлатии Латвияи Шўравӣ барои маҷмўаи «Нафас» (1967)  мебошад.

Таҳияи Бобоҷон Шафеъ