Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 29 – уми декабр
Соли 1894 дар Лондон шоири англис Кристина Россетти дар синни 64-солагӣ аз бемории саратон даргузашт. Кристина Россетти соли 1830 дар Лондон дар оилаи Габриэл Россетти, шоири итолиёвӣ таваллуд шуда буд. Вай ду бародар ва як хоҳар дошт, Кристина, ки хурдтарин дар оила буд, аввалин қиссаҳояшро ба модараш қироат мекард.
Ўро дар хона асарҳои динӣ, классикӣ, афсона ва романҳоро аз волидайн меомӯзад. Асарҳои Китс, Скотт, Энн Рэдклифф ва Мэттю Люисро қадр мекард. Ба эҷодиёти ояндаи Россетти низ Данте Алигери ва Петрарка таъсир расонданд.
Дар солҳои 1840, оилаи Россетти аз сабаби бад шудани ҳолати ҷисмонӣ ва рӯҳии падараш бо мушкилоти молиявӣ рӯбарӯ шуд. Дар соли 1843 гирифтори илтиҳоби музмин, эҳтимолан сил гардид ва хавфи нобиноӣ ўро таҳдид мекард. Бинобар ин вазифаи омӯзгории худро дар Коллеҷи Кинг тарк кард ва ҳарчанд 11 соли дигар зиндагӣ кард, дар тӯли ин солҳо аз рўҳафтодагӣ азоб мекашиду ҳеч гоҳ саломатии хуб надошт. Модари Россетти ба таълими кӯдакон оғоз кард. Кристина дар хона торафт бештар танҳоӣ мекашид.
Вақте ки вай 14-сола буд, асабҳояш хеле хароб шуданд, бинбар ин мактабро тарк кард. Пас аз он, ба рўҳафтодагӣ ва бемориҳои марбут мубтало гардид. Дар ин давра, Кристина, модар ва хоҳараш дини католикиро, ки дар калисои Англия рушд мекард, хеле ҷиддӣ меомўхтанд. Диндорӣ дар ҳаёти ӯ нақши муҳим бозид.
Аз соли 1842, Россетти ба навиштан ва санагузории шеърҳои худ шурӯъ кард. Дар аксари шеърҳояш ба эҷодиёти шоирони дӯстдоштааш пайравӣ мекард. Аз соли 19847 ӯ шуруъба шеър гуфтан дар қолабҳое монанд ғазал, сурудҳо в атаронаҳои мазҳабӣ бештар ба шакли ривоят аз китобҳои муқаддас, қиссаҳои омиёна кард. Асарҳои аввалини ӯ аксар вақт андешаҳо дар бораи марг ва талафот мебошанд, ки дар анъанаи романтикӣ навишта шудаанд. Ду маҷмуаи шеъри худро соли 1848, замоне, ки 18 сол дошт, бо номҳои “Тарси марг дар миён”, “Тарси қалб дар миён” дар маҷаллаи “Анҷумани ададбии Лондон” нашр кард.
Маҷмӯаи шеърҳои дигари Россетти бо номи «Бозори Гоблинҳо ва дигар шеърҳо» соли 1862, вақте ки ӯ 31-сола буд, нашр шуд. Танқиди адабӣ аз шеърҳои ин маҷмуа истиқболи хуш кард ва мунаққидон ӯро шоири пешқадами замони худ номиданд.
Россетти то охири умр ба навиштан ва нашр кардани осораш идома дод ва як теъдоди зиёди асарҳояш барои бачаҳо эҷод шуданд. Дар соли 1892 вай китоби насри динии «Чеҳраи варта»-ро навишт.
Дар даҳсолаҳои охири ҳаёти худ, Россетти аз як намуди гипертиреоз – бемории Грейвс, ки соли 1872 ташхис шуд, азият мекашид. Соли 1893 вай ба саратони сина гирифтор шуд.
Россетти дар тӯли умри худ ба маъруфияти ҳамзамонаш Элизабет Баррет Браунинг наздик нашуд, аммо шўҳрати ӯ пас аз маргаш боло рафт. Олимоне, ки дар солҳои 70-ум эҷодиёти ўро омухтаанд, дар баробари шеърҳои ширину равонаш, маҳорати волои назмашро дарк карданд. Ҳомиёни ҳуқуқи бонувон ӯро рамзи нобиғаи зан ва шоири пештози асри 19 медонистанд. Асарҳои Кристина Россетти ба нависандагон Форд Мадокс Форд, Вирҷиния Вулф, Жерард Манли Хопкинс, Элизабет Ҷеннингс ва Филип Ларкин таъсири сахт расониданд.
Соли 1915 дар Колорадо-Сити иёлати Техас нависандаи асарҳои жанри тахайюлии амрикоӣ Чарлз Леонард Ҳарнесс, таваллуд шуд.
Чарлз Леонард Ҳарнесс дар Донишгоҳи масеҳии Техас таҳсил карда, соли 1946 дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон касби ҳуқуқшиносро гирифт.
Вай аввалин асари илмӣ-тахайюлиашро бо номи «Доми вақт» дар шумораи августи соли 1948 дар маҷаллаи «Astounding Science Fiction» нашр кард. Аввалин романаш «Парвоз ба дирӯз» дар соли 1953 нашр шуд. Машҳуртарин достони ӯ “Гулбарг” аст, ки дар маҷмӯааш бо ҳамин ном соли 1966 чоп шуд.
Аз охири солҳои 1960 то аввали солҳои 1990-ум романҳои «The Ring of Ritornel» (1968), «Wolfhead» (1978), «The Catalyst» (1980), «Firebird» (1981), «The Venetian Court» (1982), «Redworld» (1986), «Krono» (1988), «Lurid Dreams» (1990) и «Lunar Justice» (1991) нашр кард. Беҳтарин насри кӯтоҳи муаллиф дар маҷмуаи «An Ornament to His Profession» (1998) гирд оварда шудааст.
Вай инчунин бо тахаллуси «Леонард Локхардт» (баъзеи онҳо бо хаммуаллифи Теодор Л. Томас) як қатор ҳикояҳо навиштааст.
Асарҳои Чарлз Л. Харнесс борҳо ба ҷоизаҳои «Ҳуго» ва «Небула» пешбарӣ шуда буданд, аммо ӯ ҳеҷ гоҳ онҳоро нагирифтааст. Соли 2004 аз ҷониби Анҷумани нависандагони фантастикаи илмии Амрико ӯ ба унвони “Нависандаи шоиста” сарфароз гардид.
Вай 20 сентябри соли 2005 дар Маркази тиббии Кидрон-Бетел дар Нютони Шимолӣ, Канзас даргузашт.
Соли 1924 дар Лютсерн шоири швейтсарӣ Карл Шпиттелер, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт (1919) дар синни 79-солагӣ вафот кард.
Карл Шпиттелер бо тахаллуси Карл-Феликс Тандем маъруф аст, ў 24 апрели соли 1845 дар Лиестали наздикии Базел ба дунё омад. Вақте ки падараш, як мансабдори давлатӣ, дар соли 1849 хазинадори Конфедератсияи Швейтсария таъин шуд, оила ба Берн кӯчид. Карл бошад, бо холааш дар Базел монд ва ба гимназияи маҳаллӣ дохил шуд. Шпиттлер, ки аз хурдӣ ба мусиқӣ ва расмкашӣ майл дошт ва орзуи рассом шуданро дошт, аммо дар мактаби миёна ба шеъри эпикӣ, бахусус ба эҷодиёти Людовико Ариосто, шоири итолиёвии давраи Таҷаддуд таваҷҷуҳ пайдо кард. Дере нагузашта Карл ба навиштани шеър шурӯъ мекунад. Соли 1863 ба хоҳиши падараш, ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Сюрих дохил шуд. Соли 1871 Шпиттлер дар оилаи генерали рус омўзгори оилавӣ шуд ва ҳашт сол дар Петербург зиндагӣ карда, гоҳ-гоҳ ба Финландия сафар мекард. Дар ин муддат ӯ аввалин достони эпикии муҳими худ «Прометей ва Эпиметей»-ро, ки ҳанӯз дар замони донишҷӯӣ дар Ҳейделберг дар пайи эҷоди он буд, ба анҷом расонд. Дар соли 1879 ба Швейтсария баргашта, ин шеърро аз ҳисоби худ бо тахаллуси Карл Феликс Тандем нашр кард. Аммо нашри «Прометей» бетаъсир мемонад ва Спиттлер ба хулосае меояд, ки бо эҷодиёт рўзи худро пеш бурда наметавонад.
Соли 1881 дар Нойвевил омўзгор шуд ва дар он ҷо баъди ду сол ба шогирди худ Мари дер Хофф хонадор шуд. Дар баробари ин Шпиттлер дар рӯзномаҳои Базел (аз 1885 то 1886) ва Тсюрих (аз 1890 то 1892) ба ҳайси рӯзноманигор кор карда, навиштанро идома медод. Бо қалами ӯ маҷмӯаҳои шеъру наср пайдо мешуданд. Дар соли 1892 завҷаи Шпиттлер соҳиби мероси падару модараш шуд ва ӯ худро комилан ба адабиёт бахшид. Оила ба Лютсерн кӯчид. Шпиттлери хаёлпараст дар он замон ба шўҳрати васеъ умед баста наметавонист. Бо вуҷуди ин, соли 1887 файласуфи олмонӣ Фридрих Нитсше ӯро ба вазифаи муҳаррири маҷаллаи Мюнхен Kunstwart (Art Review) тавсия дод. Аҷиб ин аст, ки вақте Шпиттлер пас аз даҳ сол боз «Прометей ва Эпиметей»-ро бо номи худаш нашр кард, ӯро муттаҳам карданд, ки мавзӯи шеърашро аз Нитсше, аз «Гуфтори Зардушт» гирифтааст. Азбаски достон пеш аз китоби Нитсше нашр шуда буд, Шпиттлер маҷбур шуд, ки худро аз иттиҳомоти асардуздӣ ҳимоя кунад, ки он дар «Муносибати ман бо Нитсше» (1908) инъикос ёфтааст. Шпиттлер пас аз нашри достони «Баҳори олимп» шӯҳрати калон пайдо кард. Достон аз соли 1900 то соли 1905 қисм-қисм чоп шуда, соли 1910 ба пуррагӣ нашр гардид. Ин достон аз панҷ китоб иборат буда, зиёда аз 600 саҳифаро дарбар мегирад. «Баҳори олимп» ҳамчун шоҳасари адабиёти олмон эътироф гардид. Шпиттлер ба мисли пешин дар танҳоӣ зиндагӣ карда, аз изҳорот дар мавзӯъҳои сиёсӣ ва динӣ худдорӣ мекунад.
11 ноябри соли 1920 Карл Фридрих Георг Шпиттлери 75-сола барои достони беҳамтои «Баҳори олимп» сазовори мукофоти Нобел дар соҳаи адабиёт гардид. Худи Шпиттлер бемор буд ва дар маросими ҷоизасупорӣ иштирок карда натавонист. Шоир матни суханронӣ дар маросими эътои ҷоизаро ҳам пешниҳод накардааст. Карл Шпиттлер баъди чор сол, 28 декабри соли 1924 дар Лютсерн вафот кард.
Далели обрўи баланди эҷодии нависанда таъзияномаи Ромен Роллан мебошад, ки дар он Шпиттлерро «Гомери мо, бузургтарин шоири олмонизабон пас аз Ҳуте, ягона устоди жанри эпикӣ пас аз марги Милтон, шахсияте, ки дар санъати муосир фарқ мекунад” номида буд.
Соли 1926 дар осоишгоҳи Валмонт, дар наздикии Монтре, дар синни 51-солагӣ шоири австриягӣ Райнер Мария Рилке, яке аз бонуфузтарин шоирони модернисти асри ХХ бар асари бемории саратони хун даргузашт.
Райнер Мария Рилке, устоди модернизм дар шеър, (модернизм – номи умумии чанд равияҳои санъат ва адабиёти буржуазии охири асри 19 ва аввали асри 20-кубизм, дадаизм, футуризм ва ғ., ки зуҳуроти таназзули санъати буржуазӣ мебошанд) 4-уми декабри соли 1875 дар Прага, ба дунё омадааст. Пас аз нӯҳ сол волидон аз ҳам ҷудо шуданд ва Райнер бо падараш монд. Падар мехост писари ягонааш дар оянда корманди ҳарбӣ шавад, бинобар ин ўро ба омўзишгоҳи ҳарбӣ ва соли 1891 ба техникум фиристод. Бинобар бад будани саломатӣ, Райнер тавонист аз хидмати ҳарбӣ канорагирӣ кунад.
Вай дар синни шонздаҳсолагӣ ба нашр шурӯъ кард, маҷмӯаи аввал тақлид буд ва ба худи муаллиф писанд наомад, аммо китоби дуюм «Қурбонии Ларам», ки ҳамчун хайрбоди шоирона бо Прага таҳия шудааст, истеъдоди импрессионистии Рилкеро ошкор кард.
Соли 1897 аввал ба Италия, баъд ба Олмон сафар карда, дар Донишгоҳи Берлин таҳсил мекунад ва қобилияти суханронии худро инкишоф медиҳад.
Соли 1899 ду маротиба ба Русия сафар кард ва мафтуни он шуд, дар бораи русҳои боистеъдод ва самимӣ бо шавқ суханронӣ мекард, бо Пастернакҳо дӯст шуд, бо Светаева солҳои зиёд мукотиба дошт. Адабиёти русро тарҷума карда, маҷмӯаи “Китоби соатҳо“-ро эҷод кард
Соли 1902 вай ба Порис кўчида, котиби Роден шуда кор мекард, оид ба таърихи санъат китобҳо нашр кард, наср менавишт. Вай дар атрофи Аврупо сафарҳои кутоҳмуддат мекунад, соли 1907 дар Капри бо Максим Горкий вомехўрад, соли 1910 ба Венетсия ва Африкаи Шимолӣ сафар карда, маҷмуаи ашъори «Муноҷоти Дуин»-ро меофарад.
Райнери бемор барои муолиҷа ба Швейтсария меравад, аммо тибби он замон дар кўмакаш оҷиз буданд ва дар натиҷа Райнер Мария Рилке аз бемории саратони хун дар клиникаи Вал-Мон вафот кард.
Соли 1935 дар Ленинград шоири шӯравӣ, насрнавис ва филмноманавис маъруфи рус Евгений Рейн ба дунё омад.
Падараш меъмор Борис Григоревич Рейн, аслан аз Харков, модараш муаллими забон ва адабиёти олмонӣ Мария Айзиковна (Исааковна) Зисканд, аслан аз Екатеринослав буд. Соли 1944 падараш дар назди Нарва дар фронт ҳалок шуд. Дар соли 1943, Евгений ва модараш аз Аша ба Маскав, ки хешовандони падараш он ҷо зиндагӣ мекарданд, омаданд ва сипас ба Ленинград баргаштанд. Соли 1953 ба Донишкадаи технологии Ленинград ба номи Ленсовет дохил шуд, вале аз курси чорум хориҷ карда шуд, муддате дар дастаҳои геологии Шарқи Дур кор кард.
Курсҳои олии филмноманависро хатм кардааст. Муаллифи беш аз 20 филми ҳуҷҷатӣ аз ҷумла, “Чукоккала” мебошад. Китоби аввалинаш «Номи пулҳо» дар соли 1984 нашр шудааст. Ашъори шоирони халқҳои ИҶШС, англис, ҳинд ва арабиро тарҷума кардааст. Соли 1987 ба узвияти Иттифоқи нависандагони ИҶШС пазируфта шуд.
Дар Иттиҳоди Шӯравӣ шеърҳои Евгений Рейн зиёд нашр нашудаанд. Аммо дар ин давра дар маҷаллаҳои Ғарб пайваста чоп мешуданд. Аз оғози бозсозӣ маҷмӯаи ашъор, инчунин ёддоштҳояш пайваста нашр мешаванд. Китобҳои Евгений Рейн бо унвонҳои зерин ба табъ расидаанд: «Тирагии оинаҳо», «Бигзор тамоми ҷаҳон ҳодисаи даҳшатноки Петяро донад», «Рӯзи ислоҳнашаванда», «Назокат», «Пешгӯӣ», «Мўза», « Бе Довлатов дилгир шудам», «Полкона», «Равоқ дар болои об», «Ёддоштҳои даванд», «Гузаргоҳ», «Баъди замони мо», «Суроғаи беҳтарини ман», «Хотираи сафар», « Лабиринт».
Соли 1935 дар биёбони Либия ҳавопаймои нависанда, шоир, эссенавис ва халабони фаронсавӣ Антуан де Сент-Экзюпери ҳангоми парвоз аз Порис ба Сайгон суқут кард.
Дар охири соли 1935 Антуан де Сент-Экзюпери барои дарёфти мукофот дар ҳаҷми 150 000 франк дар пойгаи ҳавоии Порис-Сайгон-Порис дар мусобиқа иштирок мекард. Рӯзи 29 декабр ҳавопаймо дар биёбони Либия суқут кард. Халабон ва механики ў Андре Превост ба муъҷизаи илоҳӣ зинда монданд. Дар рӯзи чоруми будубоши худ дар биёбон, ки аз беобӣ қариб аз ақл бегона шуда буданд, аз ҷониби як бодиягард наҷот ёфтанд.
Антуан Мари Жан-Батист Роҷер де Сент-Экзюпери нависанда, шоир ва халабони касбии фаронсавӣ буд. Вай 29 июни соли 1900 дар шаҳри Лиони Фаронса дар оилаи як ашрофзодаи музофотӣ ба дунё омадааст. Дар синни чорсолагӣ аз падар маҳрум шуд. Модараш Антуани хурдсолро ба воя расонд. Экзюпери мактаби иезуитҳои Ле-Манро хатм карда, дар интернати католикии Швейтсария таҳсил кард ва дар соли 1917 ба факултаи меъмории мактаби санъати тасвирии Порис дохил шуд.
Соли 1921 ўро ба хизмати ҳарбӣ даъват карданд ва он ҷо ба курси халабонӣ дохил шуд. Пас аз як сол, Экзюпери шаҳодатномаи ҳавонавардӣ гирифт ва ба Порис рафта ба эҷодиёт машғул гардид. Вале дар аввал вай дар ин соҳа ягон муваффақият ба даст наовард ва ба корҳои гуногун машғул шуд. Танҳо дар соли 1925 Экзюпери шуғли худро ёфт – вай халабони ширкати «Aeropostal» шуд, ки дар он ҷо почтаро ба соҳили шимолии Африқо интиқол медод. Пас аз ду сол вайро сардори фурудгоҳи «Cap Jubi», дар канори Сахара таъин карданд ва дар он ҷо ниҳоят оромии ботиниро пайдо кард, ки дар натиҷа китобҳои деринтизорашро навишт.
Соли 1931 ба Аврупо баргашт ва боз бо хатҳои почта парвоз кард. Аз миёнаҳои солҳои 30-юм ў ҳамчун рўзноманигор ҳам баромад карда, аз ҷумла, соли 1935 ҳамчун мухбир ба Москва сафар карда, ин ёддоштҳояшро дар панҷ очерки шавқангез ба қалам додааст. Дар оғози Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, Сент-Экзюпери якчанд супориши махсуси ҷангиро анҷом дод ва ба ҷоизаи Салиби Ҳарбӣ пешбарӣ карда шуд. Замони дар Ню Йорк зиндагӣ карданаш машҳуртарин китоби худ “Шоҳзодаи хурдакак“-ро навиштааст. Соли 1943 вай ба Неруҳои ҳавоии Фаронса баргашт.
Соли 1947 дар ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом шоири тоҷик Юсуфҷон Аҳмадзода ба дунё омад. Нахустин маҷмӯаи ашъораш «Туҳфаҳо» соли 1978 чоп шудааст.
Баъдан шеъру достон ва қиссаву афсонаҳои ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои «Мурғобӣ, чӣ мекобӣ?!» (1981), «Хурсандӣ» (1982), «Ҳулбӯ» (1987), «Садсола шав-е, дурроҷ!» (1989), «Панҷоҳ барг» (1996), «Марзи баланд» (1997), «Оинаи дидор» (1999), «Мӯрчае дона ёфт…» (2003), «Абри сафед» (2003), «Хумори ишқ» (2004), «Наҷвои хӯшаҳо» (2007), «Дар хаймаи Хайём» (2011), «Хурӯсаки тоҷбасар», «Офтоби сарам», «Ситорачаҳои барфӣ» (2013) мунташир гардидаанд.
Соли 2001 қисми якуми романи таърихии ӯ «Ҳафт рӯъё», соли 2010 романи «Ишқи духтари кулаҳпӯш»-аш ба нашр расидааст.
Баробари таълифи асарҳои манзуму мансур, дар тарҷумаи осори адибони маъруфи ҷаҳон – Бародарон Гримм, И.Бунин, Ҳ.К.Андерсен, В.Ҳауфф, К.Чуковский, С.Маршак, П.Мӯъмин, А.Барто, В.Бубнис, А.Валтон, Л.Тудев ва дигарон саҳм гирифтааст.
Хидматҳои ӯ дар соҳаи матбуот ва адабиёт бо ордени «Шараф» (2002), нишони фахрии Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (1999) ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011) такдир шудааст.
Аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 2000 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.
31 июли соли 1944 Антуан де Сент-Экзюпери аз аэродроми Боргои ҷазираи Корсика порвози ҷосусӣ анҷом дод ва аз он дигар барнагашт.
Соли 1980 нависандаи рус Надежда Яковлевна Манделштам, завҷаи шоир Осип Манделштам аз олам гузашт. Надежда Яковлевна Манделштам (номи аслиаш Хазина) 30 октябри соли 1899 дар Саратов дар оилаи сарватманди яҳудӣ ба дунё омада буд.
Дар кӯдакӣ Надежда бо волидонаш чандин маротиба ба кишварҳои Аврупои Ғарбӣ – Олмон, Фаронса ва Швейтсария сафар кардааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Санкт Владимири Киев дохил шуд, аммо мактабро тарк кард. Дар солҳои инқилоб дар устохонаи рассоми машҳур А.А. Экстер дарс мегирифт.
Ёддоштҳои Н.Я.Манделштам на танҳо ҳамчун сарчашмаи асосӣ дар омӯзиши осори ҳамсараш О.Э. Манделштам мебошанд, балки аз даврони шўравӣ ва махсусан замони Сталин шаҳодат медиҳанд. Ба эҷодиёти ў аз ҷониби адабиётшиносон ва нависандагон Андрей Битов, Белла Ахмадулина, Сергей Аверинтсев ва дигарон, баҳои баланд дода шудааст. Бродский ду ҷилди ёддоштҳои ўро бо «Қиёмат дар рўи замин барои асри худ ва адабиёти асри худ» баробар кардааст.
Китобҳои Надежда Яковлевна Манделштам бо унвонҳои зерин ба табъ расидаанд: «Ёддоштҳо» (1970), «Китоби дуюм» (1972), «Дар бораи Ахматова» (1976) ва «Китоби сеюм» (1978).
Дар Ғарб «Ёддоштҳо»-и Манделштам ҳамоиши васеъ пайдо карданд. Ҳам «Ёддоштҳо» ва ҳам китоби дуюм дар бисёр кишварҳо нашр шуданд ва худи ин асарҳо ҳамчун сарчашмаи муҳими даврони ҳукмронии Сталин дониста мешаванд.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА