Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 3-юми январ

asosiСоли 1903 дар шаҳри Саратов нависанда ва рӯзноманигори ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Бек ба дунё омад. Машҳуртарин асари ӯ “Шоҳроҳи Волоколамск” мебошанд, ки солҳои 1942-1944 навишта шудааст. Ин повест бори аввал соли 1943 бо номи “Панфиловчиён дар сафи пеш” дар маҷаллаи “Знамя” чоп шуд. Достонест аз корномаҳои ҷангии сарбозону афсарони Шӯравӣ дар солҳои ҷанг бо фашистони Олмон.

sitsepronСоли 1923 дар Липнитс дар синни 39-солагӣ нависанда, ва танзпардози чех Ярослав Гашек тарки олам кард. Ӯро бештар барои романи “Сарбози хуб Швейк” мешиносанд, ҳарчанд вай муаллифи беш аз 1500 ҳикояву достонҳои хурд ва повесту романҳост. Аммо романи “Сарбози хуб Швейк”  барояш шуҳрати ҷаҳонӣ овард.

Асар дар адабиёти чех аз пуртарҷуматарин асарҳо ба шумор меравад ва ба форсӣ низ баргардон шудаву бо номҳои гуногун борҳо нашр шудааст. Ин асарро ба осори классики адабиёти ҷаҳон ворид кардаанд. Асар дар жанри ҳаҷв навишта шудааст. Вижагии асосии роман дар  устураофаринии муаллифи он Гашек мебошад. Сарбози хуб номидани Швейк мафҳуми кинояомез аст.

Соли 106 то солшумории мо дар Арпинум файласуф, хатиб, сиёсатмадор ва суханвари маъруфи Ҷумҳурии Рум Систерон ба дунё омад. Ӯ дар тӯли буҳронҳои сиёсӣ, ки сабабгори таъсиси Империяи Рум шуд, талош мекард усули мардумсолорӣ нигоҳ дошта шавад. Навиштаҳои зиёди вай шомили рисолаҳое дар бораи балоғат, фалсафа ва сиёсат аст ва ӯро яке аз наздиктарин суханварон ва сабкнависони насри Рум медонанд.

Соли 1501 дар шаҳри Ҳирот асосгузори адабиёти классикии турк, шоир, мутафаккир, ходими давлатӣ Алишери Навоӣ дида аз олам барбаст. Ӯ ҳамагӣ 59 сол дошт.

alisheri-navoiАлишери Навоӣ рӯзи 9 феврали соли 1441 дар шаҳри Ҳирот таваллуд шуда буд. Дар ашъори ба ӯзбекӣ сароида худро Навоӣ лақаб ниҳодаву дар шеърҳои тоҷикиаш “Фонӣ” –ро тахаллус карда буд.

Ӯ соли 1476 аз хидмати давлатӣ даст кашид ва соли 1477 Абдурраҳмони Ҷомиро пир баргузида, вориди фирқаи нақшбандия гардид. Вале соли 1479 ӯро маҷбуран ҳокими Ҳирот таъйин карданд. Навоӣ бо тарзи давлатдории Ҳусайни Бойқаро, ки аксар вақти худро ба айшу нуш сарф мекард, розӣ набуд ва пеши онро гирифтанӣ мешуд. Аз ин рӯ, султон бо мақсади аз пойтахт дур кардан ӯро зимистони соли 1487 ҳокими яке аз вилоятҳои дурдаст – Астаробод таъйин кард. Навоӣ соли 1489 ба Ҳирот баргашта ва робитаашро аз дарбор канда, то охири умр ба таълифу тасниф машҳур шуд.

Алишер Навоӣ 3 январи 1501 дар Ҳирот ба хок супорида шудааст.

Соли 1744 дар губернияи Киев шоир, тарҷумон ва хидматчии давлатии рус Ипполит Богданович ба дунё омад.

Соли 1892 дар Блумфонтейн навсандаи асарҳои тахайюлии англис, луғатшинос ва адабитшинос Ҷон Толкин таваллуд шуд. Вай муаллифи бештар аз 200 повесту ҳикояҳо мебошад, ки дар 37 китоб чоп шудааст. Даҳҳо мақолаву асарҳои адабиии нотамом аз ӯ боқӣ мондааст. Аммо бештар ба ӯ асарҳои тахайюлии вай шуҳрат оварданд ва ба даҳҳо забон тарҷума шуданд. “Арбоби ҳалқаҳо”, “Ҳобит, ё онҷо ва бозгашти дубора”, “Силмориллион” аз ҷумлаи достонҳои ҳамосӣ-тахайюлии Ҷон Толкин мебошанд, ки барояш шурати ҷаҳонӣ овардаанд.      

Соли 1900 нависанда ва санъатшинос Дмитрий Василевич Григорович аз олам гузашт.

zamirСоли 1948 дар деҳаи Румони ноҳияи Хуҷанд адиби тоҷик Равшан Замир (Валиев Мирзоғанӣ) ба дунё омад. Ҳикояву таронаҳои Равшан Замир дар китобҳои «Ашки осмон», «Сирре, ки ба хок мебаранд ҳар ду», «Мағзи ҷон» ва «Чашми бад» интишор ёфтаанд.

Қиссаи «Парӣ дар киштичаи гул» дар байни наврасону ҷавонон хонандаи бисёр пайдо кардааст.

«Аз Хуҷанд то Макка», «Фарзанди хок ту, фарзанди хок ман» ва «Нур аз дур» китобҳоеанд, ки баъди сафарҳояш ба Арабистони Саъудӣ навишта шудаанд.

Китобҳои «Ҳамнаво бо субҳ», «Чархи гардон», «Ситораи сапедадам», «Сафои субҳи умед», «Офтоби дили падар», «Нақш дар оинаи дил», «Роҳ ба водии рӯшан», «Уқобони парвозӣ», «Машъал дар зулмоти рӯз», «Поктар аз домони субҳ» ва «Коргоҳи шуҳратёр» (ҳамроҳи М.Хоҷазод) аз офаридаҳои дигари ӯстанд.

Соли 1964 дар ноҳяи Айнии вилояти Суғд шоираи тоҷик Субҳия Зоҳидова ба дунё омад. Баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории ш.Душанбе (1985), соле дар маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» («Фирӯза»), дар шуъбаи мактубҳо, кор кардааст. Аз соли 1987 ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст.

Ашъораш дар рӯномаву маҷаллаҳои даврӣ ва маъмӯаҳои «Даргоҳи падар» (1996), «Афсонаи шаб» (2004), «Раққоса» ба табъ расидаанд.

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 2007 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Соли 1994 дар шаҳри Москав дар синни 86-солагӣ нависандаи асарҳои тахайюлӣ Владимир Немсов аз олам рафт. “Ҳафт ранги рангинкамон”, “Ситораи хушбахтӣ”, “Вақте дурҳо наздик меоянд”, “Қаъри тиллоӣ”, “Соя дар зери замин” аз ҷумлаи асарҳои ӯянд.

Таҳияи Б.ШАФЕЪ