Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 3 –уми май
Соли 1469 дар Флоренсия мутафаккир, сиёсатмадор, файласуф ва нависандаи итолиёвӣ Никколо Макиавелли ба дунё омад. Вай дар оилаи камбизоати Тускан дар деҳаи Сан Кассиано дар наздикии Флоренсия ба воя расидааст.
Ба шарофати қобилияти фавқулода ва тафаккури олӣ ӯ яке аз шахсони донотарини замони худ шуд. Пас аз соҳибмаълумот шудан, бо асарҳои классикони Руми Бостон ва Юнони Қадим шинос шуд, ки таъсири онҳоро дар асарҳои минбаъдаи ӯ мушоҳида кардан мумкин аст.
Соли 1498 ба хидмати давлатӣ даромад, ки дар он маош хеле ночиз буд. Вай то соли 1512 тамоми вақти худро ба хидмат ба манфиати Флоренсия бахшид.
Асари машҳуртарини Никколо «Шаҳриёр” ба шумор меравад. Нависанда қисми зиёди ин рисоларо дар соли 1513 навиштааст, ки он пас аз 19 сол, баъди марги муаллиф нашр шуд.
Инчунин Макиавелли асарҳои таърихии «Муҳокимаи даҳ соли аввали Тит Ливи», «Санъати ҷанг» ва «Таърихи Флоренсия», песаҳои «Мандраке» ва «Клития», повести «Белфагор» достони «Хари тиллоӣ» ва шеърҳои гуногунро эҷод кардааст.
Макиавелли 21 июни соли 1527 дар Флоренсия вафот кард.
Аз Макиавели ҳеч асаре ба забони тоҷикӣ баргардон нашудааст. Вале дар Телеграмканали мо шакли электронии машҳуртарин асари ӯ “Шаҳриёр”-ро ба забони русӣ метавонед хонд. Он ин ҷост: “ГОСУДАРЬ»
Соли 1852 дар Лондон, дар синни 49-солагӣ, шоири инглис Сара Колридж, аз саратони ғадуди сина даргузашт.
Колридж дар иҳотаи дӯстони падараш, шоирони барҷаста Роберт Саутӣ (ки бо хоҳари модараш издивоҷ карда буд) ва Вилям Вордсворт ба воя расидааст. Вай забонҳои лотинӣ, юнонӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, итолиёвӣ ва испаниро хуб медонист.
Дар соли 1834 Колридж шеърҳои кӯдаконаи «Дарсҳои шавқовари назмӣ барои кӯдакони хуб…»-ро, ки барои духтари худаш навишта буд, нашр кард ва дар байни мардум машҳур гашт. Дар соли 1837 яке аз калонтарин асарҳои Колеридж – афсонаи «Фантазмион» нашр шуд, ки аз ҷиҳати зебоии сужа ва забони бойи шоирона аз ҷониби мунаққидони англис хеле хуб пазируфта шуд. Пас аз марги шавҳараш Ҳенри Колридж (ӯ амакбачааш буд) Сара Колридж нашри осори падарашро, ки сар карда буд, идома дода, аз ҷумла худаш «Очерк оид ба ратсионализм», «Очеркҳо дар бораи замони худ» ва «Тарҷумаи ҳоли Литерария»-ро барои ин нашрия навишт. Тарҷумаи ҳолро, ки падараш дар солҳои охири ҳаёташ оғоз кардааст, духтараш анҷом дода, онро соли 1874 нашр кард.
Соли 1901 дар деҳаи Фойиқи ноҳияи Шофиркоми вилояти Бухоро адиб, тарҷумон, луғатнавис ва донишманди маъруфи тоҷик Муҳаммадҷон Раҳимӣ дида ба олам кушод.
Аввалин шеърҳояш аз соли 1924 ба табъ расидаанд. Нахустин маҷмӯааш «Шеърҳои интихобкардашуда» соли 1940 чоп шудааст. Баъдан маҷмӯаҳои «Достони санъат» (1945), «Марг ба марг, хун ба хун» (1943), «Ба душман бераҳм бош!» (1944), «Фирӯзӣ» (1947), «Кишвари заррин» (1948), «Дилафрӯз» (1950), «Роҳи равшан» (1952), «Тиллои сафед» (1958), «Машъали меҳр» (1960), «Сабоҳи сухан» (1963), «Рубоиёт ва дубайтиҳо» (1965), «Афсонаи Симурғ» (1967), «Оташи ҷовид» (1967), сеҷилдаи «Осор» (1978-1982) ва «Таронаҳо» (1991)-яш ба табъ расидаанд.
Соли 1942 дар асоси навиштаи ӯ филми ҳунарии «Писари Тоҷикистон» ба навор гирифта шудааст.
Дар таҳия ва нашри осори Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Шоҳин, Бобо Тоҳир, матни «Шашмақом» ва сеҷилдаи «Таронаҳои халқии тоҷикӣ» ширкат варзидааст.
Таҳия ва таҳрири «Луғати тоҷикӣ-русӣ» (1954) ба ӯ тааллуқ дорад.
Маҷмӯаи ашъори ба русӣ тарҷуманамудаи ӯ «К вершинам счастья» соли (1964) чоп шуда, шеърҳои алоҳидааш ба забони дигар халқҳо ҳам тарҷума ва нашр ёфтаанд.
Асарҳои ҷудогонаи А.С. Пушкин, Н.А. Некрасов, М.А. Крилов, Т.Г. Шевченко, М. Горкий, В. Маяковский, П. Тичина, С. Вурғун ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Осорхонаи ӯ дар Душанбе зиёратгоҳи пиру барност.
Бо нишону ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.
Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
23 августи соли 1968 аз олам даргузашт.
Соли 1924 дар Вюртсбург шоир ва тарҷумони исроилӣ Яҳудо Омиҳой, барандаи Ҷоизаи Исроил дар соли 1982 чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Соли 1936 бо падару модараш дар Фаластин маскан гирифт. Соли 1945 дар ҳайати гурўҳи яҳудиёни артиши Британия дар ҷанги дуйуми ҷаҳон (дар Италия) иштирок намуд. Солҳои 1948-1949 дар артиши Исроил дар ҷанги истиқлолияти Исроил меҷангид. Пас аз анҷоми амалиёти ҷангӣ, ӯ ба Донишгоҳи Ибриён дар Байтулмуқаддас дохил шуда, дар он ҷо адабиёти яҳудӣ ва Китоби Муқаддасро омӯхтааст.
Аввалин китоби ашъори худро соли 1955 нашр кард. Шӯҳрати ҷаҳонии Омиҳой дар соли 1965 бо муаррифии бо шавқу завқ аз ҷониби Тед Хюз оғоз ёфт. Дар Британияи Кабир ашъори Омиҳой бо тарҷумаи Ася Вевилл, зани дуюми Хюз нашр гардид.
Яҳудо Омиҳой асарҳои нависандагони зиддифашистии олмониро ба забони ибрӣ тарҷума кардааст. Аз соли 1991 узви Академияи санъат ва илмҳои Амрико ва соли 1993 узви Академияи забон ва шеъри Олмон буд.
Соли 1951 нависанда ва адабиётшиноси рус Татяна Никитична Толстая ба олам омад. Вай дар Ленинград дар оилаи профессори физика Никита Алексеевич Толстой ба воя расидааст, ки дорои анъанаҳои ғании адабӣ буд.
Татяна набераи нависанда Алексей Толстой ва шоира Наталя Крандиевская мебошад. Пас аз хатми мактаб Толстая ба Донишгоҳи Ленинград, ба шӯъбаи филологияи классикӣ дохил шуда, соли 1974 онро хатм кардааст. Худи ҳамон сол оиладор шуда, бо шавҳараш ба Маскав рафт ва дар «Сарредаксияи адабиёти Шарқ»-и нашриёти «Наука» ба ҳайси мусаҳҳеҳ ба кор даромад.
Татяна Толстая то соли 1983 дар ин нашриёт кор карда, худи ҳамон сол аввалин асарҳои адабии худро ба табъ расонд ва бо мақолаи «Бо ширеш ва қайчӣ…» ҳамчун адабиётшинос бори аввал шинохта шуд.
Соли 1983 нахустин ҳикояи худро бо номи «Дар айвони тиллоӣ нишастаанд…» навишт, ки ҳамон сол дар маҷаллаи «Аврора» нашр шуд. Ҳикоя аз ҷониби ҷомеа ва мунаққидон ҳамчун яке аз беҳтарин баромади адабии солҳои 80 эътироф гардид. Минбаъд Толстая дар матбуоти даврӣ қариб бист ҳикояи дигар чоп кард. Дар соли 1987 нахустин маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда бо унвони достони аввалинаш – «Дар айвони тиллоӣ нишастаанд…» нашр шуд. Ба маҷмуа асарҳои пешина ва нав: «Шураи азиз», «Факир», «Доира» ҷамъоварӣ шуданд. Баъди нашри маҷмуа Татяна Толстая ба аъзогии Иттифоқи нависандагони ИҶШС қабул гардид.
Аз соли 1989 узви доимии Маркази ПЕН-и Русия мебошад. Соли 1991 фаъолияти рӯзноманигориашро оғоз кардааст. Дар баробари фаъолияти рӯзноманигорӣ вай нашри китобҳоро идома медиҳад.
Соли 2000 нависанда аввалин романи худ «Кис»-ро нашр кард. Татяна Толстая соли 2002 роҳбарии ҳайати таҳририяи рӯзномаи Консерваторро ба ӯҳда дошт. Соли 2010 дар ҳамкорӣ бо ҷиянаш Олга Прохорова аввалин китоби кӯдаконаи худро нашр кард.
Соли 1965 дар Вротслав нависандаи асарҳои жанри тахайюлии лаҳистонӣ Ярослав Гржендович, яке аз намояндагони барҷастаи асарҳои жанри илмӣ-тахайюлии Лаҳистон дар «насли солҳои 80-ум» таваллуд шуд.
Нависанда барвақт ба навиштан шавқу рағбат дошт ва дар синни 17-солагӣ ба нашр шурӯъ кард. Соли 1983 «Қалъаи се чоҳ» рўи чоп омад, ки бисёриҳо онро аввалин достони тахайюлии лаҳистонӣ медонанд. Баъди ҳафт сол Ярослав ҳамроҳи Рафал Земкевич, Кшиштоф Соколовский ва дигар ҳамкасбон маҷаллаи «Феникс»-ро таъсис дод ва дере нагузашта вазифаи сармуҳаррири онро ба зимма гирифт. Дар саҳифахои ин нашрия бисёр нависандагони шавқовари илмии Лаҳистон асарҳои аввалини худро чоп кардаанд.
Соли 2003 маҷмӯаи ҳикояҳои «Księga jesiennych demonów»-ро нашр кард, ки хонандагон ва мунаққидонро шод гардонд. Маҳз аз ҳамин вақт фаъолияти нависандагии касбии Ярослав оғоз ёфт.
Ярослав Гжендович яке аз маъруфтарин нависандагони асарҳои жанри тахайюлии Лаҳистон маҳсуб мешавад. Силсилаи романҳои «Ҳокими боғи яхин», ки қисмҳои «Ҳокими боғи яхин. Охири роҳ», «Ҳокими боғи яхин. Мусофири шабгард», «Ҳокими боғи яхин. Барандаи тақдир», «Ҳокими боғи яхин. Дар дили зулмот» маҳсули қалами ӯст.
Соли 1967 дар шаҳри Душанбе пажӯҳишгари шинохта Замира Ғаффорова таваллуд ёфтааст. Баъди мактаби миёна дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин таҳсил карда, соли 1989 бо дипломи аъло хатмаш намудааст.
Солҳои 1987-1988 дар Ҳиндустон, дар факултаи забоншиносии Донишгоҳи Ҷавоҳирлаъл Неҳру (Деҳлӣ) таҳсил кардааст.
Ходими хурди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ (1990), ҳамзамон, муаллими забон ва адабиёти ҳиндии кафедраи филологияи ҳиндуи факултаи забонҳои Шарқи донишгоҳи номбурда, аспиранти Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ (1991-1993), ходими калони илмии Маркази илмии Хуҷанди АИ ҶТ (1994-2001) будааст.
Соли 1993 дар мавзӯи «Тазкираи «Каламот-уш-шуаро»-и Муҳаммадафзали Сархуш ва «Сафинаи Хушгӯ»-и Биндробан Доси Хушгӯ – сарчашмаи муҳимми адабиёти форсизабони Ҳиндустон дар асрҳои ХVII-ХVIII» рисолаи номзадӣ, соли 2002 дар мавзӯи «Ташаккул ва инкишофи адабиёти форсизабони Ҳиндустон дар асрҳои ХVI-ХVII (ҳавзаи адабии Кашмир)» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст.
Муаллифи чандин рисола ва беш аз 100 мақолаи илмист.
Барои рисолаи «Ташаккул ва инкишофи адабиёти форсизабони Кашмир дар асрҳои ХVI-ХVII» соҳиби ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (2002) шудааст.
Барои асари илмии «Тазкираҳои Сархуш ва Хушгӯ – сарчашмаҳои нақду сухансанҷӣ» сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (2002) гардидааст.
Ширкатвари конфаронсу ҳамоишҳои байналмилалӣ дар Деҳлӣ, Муршидобод, Ҳайдаробод, Банорас, Алигарҳ, Ашқобод, Душанбе ва Хуҷанд мебошад.
Муовини раиси Анҷумани Тоҷикистону Ҳиндустон (Деҳлӣ) ва узви Бунёди байналмилалии Бедил (Деҳлӣ) мебошад.
Аз соли 2011 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 2010 дар Брайтон нависанда ва филмноманависи англис Питер О’Доннелл вафот кард.
Питер 11 апрели соли 1920 дар Лондон ба олам омадааст. Ӯ дар синни 16-солагӣ ба ҳайси рӯзноманигор дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун ба кор шурӯъ кардааст. Якчанд қаҳрамон-комиксҳоро офаридааст – Тигер Тим, Чипс ва Капитан Мунлигт.
Дар соли 1965 Питер аввалин романи худ «Модести Блез»-ро нашр кард. Китоб муваффақияти бузурге ба даст овард, ки дар натиҷа О’Доннелл силсиларо идома дода, тақрибан 30 сол байни романҳо ва комиксҳоро иваз кард. Пас аз марги ногаҳонии Ҷим Ҳолдауэй дар соли 1970, П.О’Доннелл корашро бо рассоми испанӣ Энрике Бадия Ромеро идома дод. Дар силсилаи Модести Блез Питер О’Доннелл 11 роман ва ду маҷмӯаи ҳикояҳои кӯтоҳро нашр кардааст.
Комиксҳои рӯзномаи ӯ гоҳ-гоҳ дар маҷмӯаҳои алоҳида дар кишварҳои гуногун нашр мешаванд. Илова бар ин, О’Доннелл песаҳое навишт, ки дар театрҳои Британия дар солҳои 80-ум ба таври васеъ намоиш дода мешуданд, масалан «Куштори ҷаноби Фотергилл».
Аз соли 1971 бо тахаллуси занона Мадлен Брент романҳои таърихии ишқию саргузаштӣ нашр мекунад. Қаҳрамонони асосӣ занони боирода ва ташаббускор мебошанд, ки тақдир онҳоро ба бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мебарад.
Муаллифии О’Донелл хеле вақт пинҳон монд, танҳо пас аз нашри романи охирин «Golden urchin» (1986) ба ҳамагон маълум шуд, ки ин романҳо ба қалами О’Доннел тааллуқ доранд.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА