Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 30 –уми апрел
Соли 1839 дар Клондрохид нависандаи ирландӣ ва коҳини католик Пядар О‘Лери, яке аз асосгузорони адабиёти муосири ирландӣ ба дунё омад.
Пядар О’Лири аслан коҳин буд, вале дар баробари ин яке аз тағйирдиҳандагони забони ирландии муосир гардид. Вақте ки забони ирландӣ эҳё шуд, ҳанӯз ҳам анъанаи адабӣ арзи ҳастӣ дошт, ки он забон аз ирландии қадимӣ хеле кам фарқ мекард. Он замон, як забони зиндаи ирландӣ вуҷуд дошт, ки одамони гирду атроф бо он ҳарф мезананд. Ва ҳангоме ки дар охири асри XIX «Эҳёи Гэлӣ» барои эҳёи адабиёти ирландӣ кӯшиш ба харҷ медод, саволе ба миён омад: бо кадом забон бояд навишт?
Пядар на танҳо ба забони деҳаи зодгоҳаш навиштанро тарғиб мекард, балки худаш ибрат нишон медод. Дар асл, асари ў «Шенна» аввалин асари бадеӣ ба забони ирландӣ ба шумор меравад. Ин асар то ҳол яке аз асарҳои классикии забони ирландӣ маҳсуб мешавад ва ба 10 асари беҳтарини адабиёти ирландӣ шомил шудааст.
Соли 1883 дар Прага ҳаҷвнигори чех Ярослав Гашек чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Ярослав дар оилаи омўзгор ба воя расида, мактаби тиҷоратиро хатм кардааст. Вай дар ибтидои асри ХХ ба нашр шурӯъ карда, очеркҳои сайёҳӣ ва ҳаҷвияҳои ҳаёти рӯзмарра менавишт. Дар давоми Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ, соли 1915 Гашек ба артиш даъват шуд, дар фронти Русияву Олмон меҷангид, аммо дарҳол ба русҳо таслим шуд (Чехия он вақт як қисми Австрия–Венгрия буд ва немисҳоро чехҳо ҳамчун истилогарон қабул мекарданд). Дар соли 1916 Гашек ба ҳайати ҳарбии Чехословакия, ки дар Русия аз ҳисоби асирони ҳарбӣ ташкил шуда буд, дохил шуд. Вай бо рўзномаи Киев «Чехословак» ҳамкорӣ карда, ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва фелетонҳои пурҷушу хурўш менавишт.
Дар Ҷумҳурии Чех ва дар тамоми ҷаҳон Ярослав Гашекро ҳамчун муаллифи романи гротескии «Саргузашти сарбози шуҷоъ Швейк замони ҷанги ҷаҳонӣ» (1921-1923) мешиносанд ва дӯст медоранд. Роман борҳо ба бисёр забонҳо нашр, ба намоиш гузошта ва ба навор гирифта шудааст. Нависанда 3 январи соли 1923 дар шаҳри Липнитс (Чехия) даргузашт.
Соли 1917 дар Портленд, Мэн шоир, нависанда ва филмноманависи амрикоӣ Ҳэрри Браун ба олам омад.
Соли 1936 дар Кембриҷ шоири англис Алфред Эдвард Хаусман, яке аз маъруфтарин шоирони Эдвардия дар синни 77-солагӣ даргузашт.
Алфред Эдвард Хаусман (1859-1936) яке аз маҳбубтарин ва маъруфтарин шоирони Бритониёст. Шеърҳои ӯ дар тазкираҳои бонуфузи англисӣ ба табъ расидаанд ва ҳоло ҳам нашр мешаванд. Осори ӯ борҳо мавриди таҳқиқоти интиқодӣ ва биографӣ ва садҳо мақола қарор гирифтааст.
Маҷмуаи шеърҳои «Ҷавони шропширӣ» зери таъсири воқеаҳои фоҷиавии ҳаёти нависанда эҷод шудааст. Мавзӯъҳои маҷмӯа мурдан ва марг, қисмату сарнавишт ва мубориза алайҳи тақдир мебошанд. Шеърҳояш маъюсона ва ҳамзамон ҳаҷвӣ, шаклан анъанавӣ, нерумандона ва замонавӣ мебошанд. Ашъори Хаусман бо вуҷуди он, ки ороиш ва мисраъҳои онҳо нотакрор ва дилчасп аст, бо содагии фавқулодда ва зебоии оҳангҳо ҳайратоваранд. Ҳар як шеър аллакай суруди тайёр аст.
Ашъори Алфред Эдвард Хаусманро Б.Слутский, С.Маршак ва дигар шоирон ба забони русӣ тарҷума кардаанд. Дар бораи ӯ мақолаҳо ва тадқиқотҳо зиёд навиштаанд. Ба ақидаи М.Л. Гаспаров ў «охирин шоири классики Англияи марказӣ» мебошад, ки аз бисёр ҷиҳат барои мо пўшида мемонад.
Соли 1938 дар Лос-Анҷелеси Калифорния нависандаи асарҳои жанри тахайюлии амрикоӣ Ларри Нивен, барандаи ҷоизаҳои «Nebula», «Hugo» ва «Locus» ба дунё омад.
Ларри Нивен соли 1962 дар Топека иёлати Канзас Донишгоҳи Уошбернро бо дараҷаи бакалаври илмҳои риёзӣ хатм кардааст. Аз он вақт инҷониб, ӯ дар канори Лос-Анҷелес, аз ҷумла Чатсворт ва Тарзана зиндагӣ карда, нависандаи касбӣ шуд. Вай аз бобои худ Эдвард Л. маблағи калони пулиро ба мерос гирифт. Нивен муаллифи бисёр роман ва ҳикояҳои илмӣ-тахайюлӣ мебошад, ки аз достони “Ҷойи сардтарин“ сар карда, соли 1964 барандаи панҷкаратаи ҷоизаи «Ҳуго» гардид. Ҷоизаҳои дигари ӯ мукофотҳои «Nebula»,» Ditmar» ва «Locus Magazine» мебошанд. Дар соли 1967 Нивен ҷоизаи «Ҳуго»-ро барои беҳтарин ҳикояи кӯтоҳ «Ситораи нейтронӣ» ба даст овард. Вай дар соли 1972 барои «Моҳи ноустувор» ва 1975 «Одам – сӯрохии сиёҳ» ҳамин ҷоизаро ба даст овардааст. Соли 1976 ҳикояи «Хати сарҳади Офтоб»-и ў барандаи ҷоизаи «Ҳуго» барои беҳтарин роман шуд. Дар солҳои охир аксар вақт дар ҳаммуаллифӣ бо Ҷерри Поурнелл ва ё Стив Барнс навиштааст. Қисми зиёди романҳо ва ҳикояҳои Нивен як қисми силсилаи маълуми кайҳон мебошанд. Дар байни дигар ҳикояҳо метавон силсилаҳои «Светтс», «Доираи Леший», «Таверна «Дар макони аждаҳо», «Сеҳр», инчунин достони «Ҷилои издиҳом»-ро (1973) махсусан қайд кардан лозим аст. Нивен таҳти унвони умумии «Муборизаи одамон ва Кзин» як силсила повест ва ҳикояҳо эҷод кардааст, ки ин китобҳо аз рўи дастурҳои муаллифии Нивен ва бо тартиби хронологӣ навишта шудаанд. Онҳо умуман ба қонунҳои маълуми кайҳонӣ дохил мешаванд. То имрўз 11 ҷилди он нашр шудааст.
Соли 1973 дар Ню Йорк нависандаи асарҳои жанри тахайюлӣ Наоми Новик, барандаи ҷоизаҳои Ҷон В.Кэмпбелл ва Локус ба олам омад.
Наоми Янина Новик дар жанрҳои алтернативии таърих ва тахайюлоти низомӣ кор мекунад. Вай пеш аз ҳама ҳамчун созандаи силсилакитобҳои «Teмерер» маъруф аст, ки он аз нӯҳ китоб иборат аст. Наоми дар Розлин Ҳайтс ба воя расидааст. Новик насли дуюми амрикоист, падари ӯ Самуэл Новик аз авлоди яҳудӣ ва модараш Моника Новик аз авлоди лаҳистонист, ҳар ду пеш аз таваллуд аз Аврупои Шарқӣ муҳоҷират карда буданд (падараш аз ИҶШС, модараш аз Ҷумҳурии Халқии Лаҳистон).
Наоми аз хурдӣ ба хондан шавқу рағбат зоҳир мекард, дар синни шашсолагӣ китоби «Ҳокими ҳалқаҳо» ва дар ҳафтсолагӣ китобҳои Ҷейн Остинро хондааст. Дар Донишгоҳи Браун адабиёти англисиро омӯхтааст. Наоми дараҷаи магистри худро дар соҳаи илмҳои компютерӣ дар Донишгоҳи Колумбия гирифтааст. Пеш аз идомаи касби пурраи нависандагӣ, Новик дар тарҳрезӣ ва таҳияи бозии видеоии Neverwinter Nights: Shadows of Undrentide кӯмак мекард. Аввалин романи Наомӣ, «Аълоҳазрат Аждаҳо» дар соли 2006 нашр шуд ва аллакай ба бисту се забон тарҷума шудааст. Наоми ҷоизаи Ҷон Кэмпбеллро барои «беҳтарин нависандаи ҷавону умедбахши сол», ҷоизаи Комптон Крукро барои «беҳтарин нависандаи нав» ва ҷоизаи «Локус»-ро барои «романи аввали беҳтарин» соҳиб шудааст. Ҷилди чаҳоруми силсилаи «Темерер» бо номи «Empire of Ivory» дар моҳи сентябри соли 2007 нашр шуд ва ба рӯйхати бестселлерҳои New York Times дохил гардид.
Соли 1981 дар Штауфен им Брейсгау шоир ва муҳаррири олмонӣ Петер Ҳухел дар синни 78-солагӣ даргузашт.
Петер Ҳухел (олм. Peter Huchel, номи аслиаш Гелмут) аз соли 1923 то соли 1926 дар Берлин, Фрайбург ва Вена фалсафа омўхтааст. Аз соли 1924 ба нашр шуруъ кардааст. Солҳои 1927-1930 дар Аврупо ва Шарқи Наздик сафар кардааст. Дар соли 1930 вай номи Петрро гирифт. Вай бо Эрнст Блох, Фритс Стернберг ва Гюнтер Эйч дўст буд. Шеър нашр мекард ва барои радио песаҳо менавишт. Петер дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ҳамчун сарбози қаторӣ ҷангида, соли 1945 ба асорати Шӯравӣ афтод. Пас аз озод шуданаш дар радиои Олмони Шарқӣ кор мекард (1945-1948) ва аз соли 1949 маҷаллаи адабии «Sinn und Form» (Маъно ва шакл)-ро, ки асосгузораш Йоханнес Бехер буд, нашр мекунад. Баъди соли 1961 вай ҳадафи танқиди шадиди ғоявии мақомоти ҶДГ гардид ва онро дар ҶФГ нашр мекард. Вай то соли 1971 амалан дар ҳабси хонагӣ ва назорати доимии Вазорати бехатарии давлатии ҶДГ қарор дошт. Петер соли 1971 иҷозати тарки кишварро гирифт ва дар Рум зиндагӣ кард, сипас ба Олмон кӯчид ва дар он ҷо вафот кард.
Соли 1981 дар Тюсон нависандаи асарҳои жанри тахайюлӣ, геолог ва бостоншинос Франсис Карсак дар синни 61-солагӣ даргузашт.
Франсис Карсак соли 1919 дар департаменти Фаронса Лот-эт-Гаронна ба дунё омадааст. Нависанда бо тахаллуси Франсуа Бордес, яке аз маъруфтарин нависандагони асарҳои жанри тахайюлии Фаронса аст. Бордес дар Донишгоҳи Тулуза таҳсил мекард ва ба сабаби ҷанг, машғулияташ қатъ мешавад. Баъди ҷанг маълумоти олиро соҳиб шуда, профессори палеоантропологияи Донишгоҳи Бордо шуд. Дар баробари омӯзгорӣ ба навиштан машғул буд. Вай ҳамчун нависандаи асарҳои жанри тахайюлӣ берун аз Фаронса, аз ҷумла дар ИҶШС ва ИМА маълуму машҳур буд. Франсис бисёр нависандагони асарҳои жанри тахайюлии амрикоиро медонист ва бо Пол Андерсон мукотиба дошт. Дар охири солҳои 60-ум аз эҷод даст кашид. Вай соли 1981 дар ИМА даргузашт, ки солҳои охири умри худро дар он ҷо гузаронидааст. Аввалин таҷрибаҳои эҷодии Карсак дар солҳои ҷанг ба вуқӯъ пайваст, аммо романе, ки ӯ дар ҷангалҳои Дордон дар бораи сафар ба Миррих навиштааст, бо номи «Дар сайёраи безарар» муддати тӯлонӣ нашр нашуд ва танҳо дар охири солҳои 90-ум онро нашр карданд. Нахустин нашри он ба соли 1954 рост меояд.
Тамоми романҳо ва қариб ҳамаи ҳикояҳо ба маҷмуаи пурраи асарҳои Ф.Карсак дар ду ҷилд, ки онро нашриёти Лефранк аз чоп баровард, дохил карда шудаанд. Қариб тамоми асарҳои асосии Карсак, зоҳиран, ба истиснои романҳои «Ватани мо кайҳон аст» ва «Дар сайёраи безарар» ба забони русӣ тарҷума ва борҳо нашр шудаанд. Бояд гуфт, ки «Шерҳои Элдорадо» ва «Парвози Замин» барин асарҳо дар шакли ихтисор чоп шудаанд. Хонандаи русзабон бо достони «Кӯҳҳои тақдир» ва достони «Империяи аввал» низ ошно аст.
Соли 1992 дар Санкт-Петербург шоир ва рассоми рус Олег Григорев, дар синни 48-солагӣ бар асари захми сӯрох даргузашт.
Олег Евгеневич 6 декабри соли 1943 дар вилояти Вологда ба дунё омадааст. Баъди аз фронт баргаштан падар майзада шуд ва модар бо ду фарзанд ба Ленинград кўчид. Дар кӯдаки ӯ дар марказ, дар наздикии майдони Қаср ва баъдтар дар ҷазираи Василевский, дар наздикии қабристони Смоленское зиндагӣ мекард.
Соли 1961 вай рубоии «Аз корманди барқ Петров пурсидам»-ро эҷод кард, ки шеъри машҳури «халқии бачагона» гардид. Соли 1971 нахустин китоби шеъру достонҳои бачагонаашро бо номи «Содалавҳон» рўйи чоп омад, ки маъруфият пайдо кард. Якчанд асарҳои ў «Меҳмоннавозӣ», «Афлесун» барои таҳияи шумораҳои маҷаллаи «Ералаш» истифода шудаанд. Бисёр шеърҳои ў ба фолклори шаҳри Петербург дохил шудаанд.
Соли 1981 китоби дуюми кӯдаконаи ӯ бо номи «Витамини инкишоф» дар Маскав нашр шуд. Шеърҳо боиси норозигии бархе аз намояндагони доираҳои расмии адабӣ, бахусус Сергей Михалков ва Григорев ба узвияти Иттиҳоди нависандагони ИҶШС пазируфта нашуд. Моҳи июни ҳамон сол дар рўзномаи «Комсомольская правда» таҳти унвони «Гунҷишкҳо чӣ гуноҳ карданд?» мақолае чоп карда буд, ки Григоревро дар баробари ду шоири дигар зери танқиди шадид қарор дод. Китоби навбатии Григорев бо номи «Зоғҳои сухангў» дар замони бозсозӣ, соли 1989 нашр шуд. Шаш моҳ пеш аз маргаш Олег Евгеневич ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуд.
Соли 1997 дар Маскав нависандаи шӯравӣ Лев Овалов, сардабири маҷаллаи «Вокруг Света» дар синни 91-солагӣ даргузашт.
Лев Овалов дар Маскав дар оилаи ашроф ба дунё омадааст. Падараш дар Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ ҳалок шудааст. Соли 1918 модар бо писаронаш ба деҳаи Успенскоеи губернияи Орёл кўчиданд.
Соли 1923 Лев Овалов ба факултети тиббии Донишгоҳи давлатии Маскав дохил шуд. Ў дар давраи таҳсил илмҳои ҷамъиятшиносиро ҳам омўхта, китобдор шуда кор мекард. Ҳамзамон дар маҳфили адабии «Антенна» ба дарсҳо мерафт ва очеркҳояш бо тахаллуси Лев Овалов дар «Рабочая Москва» ва «Крестьянская газета» чоп мешуданд. Соли 1928 сармуҳаррири маҷаллаи «Селькор» таъин шуд. Худи ҳамон сол аввалин ҳикояи ў «Чаттер» нашр шуд. Дар солҳои 30-юм Лев Овалов дар идораи рӯзномаи «Комсомольская правда» кор карда, ба идораҳои маҷаллаҳои «Вокруг света» ва «Молодая гвардия» роҳбарӣ мекард. Аввалин ҳикоя дар бораи майор Пронин «Шамшерҳои кабуд» соли 1939 чоп шуда буд, ки баъд аз он шаш ҳикоя дар бораи ин қаҳрамон солҳои 1939-1940 дар маҷаллаҳои «Вокруг света» ва «Знамя» чоп шуд. Нашри алоҳидаи он дар силсилаи «Китобхонаи аскари сурх» ва соли 1941 ба маҷмуаи «Саргузашти майор Пронин» дохил карда шуданд. Худи ҳамон сол дар маҷаллаи «Огонёк» романи «Фариштаи кабуд» чоп шуд, ки силсиларо дар бораи майор Пронин давом медиҳад. 5 июли соли 1941 Лев Овалов бо иттиҳоми ифшои маълумоти махфӣ боздошт ва маҳкум шуд ва пас аз он 15 соли умрашро дар лагерҳои меҳнатӣ ва бадарға гузаронд. Дар он ҷо нависанда аз рўи ихтисоси асосии худ – духтур кор карда, бо ҳамшираи шафқат Валентина Клюкина оила бунёд кард. Ҳамзамон дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ бародари хурдиаш Дмитрий асир шуд ва тақрибан то охири ҷанг дар лагери консентратсионии немисҳо буд ва аз онҷо аз ҷониби иттифоқчиён озод карда шуд, вале дигар ба ИҶШС барнагашт. Дар соли 1956 Лев Овалов сафед карда шуд ва ба Маскав баргашт. Аз соли 1957 аз силсилаи майор Пронин боз се романи дигар навишта, нашр кардааст, ки охирини он романи «Силоҳи махфӣ» буд. Баъдтар Овалов асарҳояшро дар мавзуъҳои ҷамъиятӣ, истеҳсолӣ ва таърихӣ навиштааст.
Соли 2024 дар Ню Йорк нависанда ва филмноманависи амрикоӣ Пол Остер дар синни 77-солагӣ аз саратони шуш даргузашт.
Пол Бенҷамин Остер 3 феврали соли 1947 дар Нюарки ИМА ба дунё омадааст. Волидайни нависандаи оянда Самуэл ва Квини Остер издивоҷи хушбахтона надоштанд. Оила дар канори Нюарк дар ҷануби Оранҷ ва Мэплвуд зиндагӣ мекард, ки Пол дар он ҷо ба мактаб мерафт. Дар соли 1959, Остерҳо ба як хонаи боҳашамат дар маркази шаҳр кӯчиданд.
Пол Бенҷамин бо ташаббуси амакаш ба нависандагӣ майл пайдо кард. Вай ба адабиёт шавқу рағбат дошт ва боре ҳангоми сафар ба Аврупо дар хонаи онҳо чанд қуттии китоб монда буд. Пол ҳамаи онҳоро хонда, баъдтар худаш ба навиштани шеъру ҳикояҳо шурӯъ кард. Аввалин мунаққид ва муаллими ў амакаш буд.
Соле, ки Пол мактаби миёнаро хатм кард, волидонаш ҷудо шуданд. Пас аз супурдани имтиҳонҳои ниҳоӣ Остер ба Аврупо сафар кард. Вай дар Италия, Фаронса ва Испания монд ва инчунин Ирландияро дидан кард: Пол мехост, ки аз Дублин, ки Ҷеймс Ҷойс дар романи худ тасвир кардааст дидан кунад. Дар он сафар ӯ кӯшиш кард, ки роман нависад.
Пас аз бозгашт ба Иёлоти Муттаҳида, Остер ба Донишгоҳи Колумбия, бо ихтисоси «адабиётшиносии муқоисавӣ» дохил шуд. Дар солҳои донишҷўӣ ба назми фаронсавӣ шавқу ҳавас пайдо кард. Дар соли 1970 Пол ба Фаронса кӯчида, он ҷо се сол зиндагӣ кард: дар тамоми ин муддат Остер ба тарҷумаи муаллифони фаронсавӣ машғул буд.
Соли 1974 нависанда ба Ню-Йорк баргашт. То авоили солҳои ҳаштодум асосан шеъру очеркҳо ба табъ мерасонд, ки ба ў шуҳрати зиёд наовард. Остер баъдтар ба эҷоди насри бузург шурӯъ кард: дар соли 1982 бо тахаллуси Пол Бенҷамин, ӯ аввалин романи корогоҳӣ ва қисман таҷумаиҳолии худ «Сqueeze Play»-ро нашр кард.
Асарҳои навбатии Остер романҳои «Шаҳри шишагӣ», «Арвоҳҳо» ва «Ҳуҷраи маҳкам» мебошанд, ки қисми силсилаи «Сегонаи Ню–Йорк» мебошанд.
Хусусияти фарккунандаи асарҳои Пол Остер ин унсурҳои тарҷумаиҳолист: дар баъзе китобҳо шумораи онҳо кам аст, дар баъзе китобҳо тамоми нақл бо ҳаёти нависанда вобаста аст. Масалан, дар соли 1982 дар китоби «The Invention of Solitude» Пол дар бораи эҷодиёти нависанда андеша мекунад ва марги падарашро ба ёд меорад. Намунаҳои дигари асарҳои тарҷумаиҳолӣ инҳоянд: «The Red Notebook» ва «Hand To Mouth».
Пол инчунин маҷмӯаҳои шеърҳо ва эссеҳоро нашр мекунад. Ӯ ҳамчунин тазкира ва филмномаҳо менависад ва ба тарҷумаи шеър аз фаронсавӣ ба англисӣ идома медиҳад. Аз соли 1986 то 1990, Остер дар Донишгоҳи Принстон аз санъати эҷодӣ таълим медод. Ӯ ду филм таҳия кардааст: «Ту куҷоӣ, Лулу?» соли 1998 ва «Ҳаёти ботинии Мартин Фрост» дар соли 2007.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА