Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 30-уми май

асосСоли 1593 шоир, тарҷумон ва намоишноманависи англиси замони Елизавета Кристофер Марло кушта шуд. Вай ҳамагӣ 29 сол дошт. Марло яке аз бузургтарин намояндаи ҳамзамонони Шекспир ба шумор меравад. Маҳз тавассути ӯ дар Англияи замони Елизавета шеъри сафед рушд кард ва маъмулӣ шуд.

Марло дар як сол (1567) бо Шекспир ба дунё омад. Дар донишгоҳи Кембриҷ таҳсил кардааст.

Кристофер-МарлоСоли 1592 дар Ҷумҳурии Ҳоланд ба иттиҳоми сохтани пулҳои қалбакӣ боздошт шуд. Ӯро ба Англия фиристоданд, то тибқи қонун ҷазо гирад. Вале ба эҳтимоли он ки дар хориҷ аз Англия ба нафъи ин кишвар ҷосусӣ мекард ва маълумоти сиррии зиёд ҷамъоварӣ карда буд, ҷазо дода нашуд.

Бо истифода аз иртиботҳояш бо шахсияҳои машҳур ба Лондон рафт ва муқими ин шаҳр шуд. Маҳз аз ҳамин солҳо баъди ошноӣ бо зумрае аз адибону драмнависон ҷиддан даст ба кори эҷодӣ зад.

Марло яке аз ҳафт донишманди англис аст, ки намоишноманависро дар садаи шонздаҳум дар ин кишвар бунёд ниҳоданд. Ӯ дар муддати 29 соли зиндагии худ чандин намоишнома навишт, ки муҳимтарини онҳо “Эдуарди дуюм”, “Куштори Порис”, “Доктор Фауст”, “Темирланг”, “Яҳудии Малта” мебошанд.

Аз зинагии Кристофер Марло иттилои чандон зиёде дар даст нест. Вале гуфта мешавад, ки соли 1593 дар майкадае ба зарби корд кушта шуд. Дар замони ҳаёташ Марло яке аз маъмурони иттилоотии Созмони иттилооти махфии Британиё буд, ки ҳатто яке аз назарияҳои марги зудҳангоми ӯ марбут ба ҳамин маврид аст.

Alexander_PopeСоли 1744 дар Твикенхэм дар синни 56 –солагӣ шоири англис, яке аз бузургтарин намояндагони равияи класситсизми Британия Александр Поуп аз олам гузашт. Шуҳрати ӯ бештар ба хотири осори танзаш ва тарҷумаи асари Ҳомер ва низ ба хотири дубайтиҳояш аст, ки мазмуни қаҳрамонӣ доранд.

Александ Поуп пас аз Шекспир дуюмин нависандае аст, ки  фарҳанги гуфтовардҳои Оксфорд аз ӯ нақли қавл кардааст.

Поуп нахустин асари худро дар синни 12-солагӣ навиштааст. Аммо аввалин асари муваффақи вай “Ҷусторе дар нақд” мебошад, ки соли 1711 чоп шуд. Он вақт ӯ 33 сол дошт. Ин асар дар замонаш мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ҷумлаи “Андак дониш омӯхтан чизи хатарноке аст” аз ӯст, ки бори аввал дар ҳамин асараш истифода шудааст.

 

Соли 1778 дар Порис дар синни 83-солагӣ нависанда, таърихнигор ва файласуфи фаронсавӣ Волтер (Франсуа Мари Аруэ) аз дунё гузашт.  Вай 21-уми ноябри соли 1694 дар Порис таваллуд шуда буд.

Волтер муаллифи асарҳои таърихии «Таърихи Карли XII» (1732), «Асри Людвики XIV» (1751), «Дар бораи одобу русум ва маънавиёти мардум» бо муқаддимаи «Фалсафаи таърих» (1756), «Таърихи империяи Русия дар аҳди Пётри Кабир», «Таърихи парламенти Порис» (1769) мебошад.

ВолтерВолтер аз намоишноманависони шинохташудаи кишвараш буд. Вале ба осори фалсафии ӯ таваҷҷуҳи бештар мешавад. Ӯ дар замонҳои гуногун аз ҷониби ҳокимон барои ақидаҳои сиёсиаш таъқиб ҳам шудаасту табъид ҳам.

Волтер монанди дигар равшанфикрони замони маорифпарварии Аврупо худобовар буд, эътиқодоти сахту мустаҳкаме ба Офаридгораш дошт. Аммо ҳодиса заминларза ва сунамӣ дар соли 1755 Лисабонро хароб ва беш аз 20 ҳазор нафарро кушт, ларзише дар эътиқоди ӯ ба вуҷуд овард. Ӯ гуфтардагии ин дарду ранҷро дарк намекард.  Чаро Худои одил бояд гузорад чунин фоҷеа рух диҳад? Инро ҳам дарк намекард, ки чаро Лисабон бояд ҳадафи чунин ҳодиса бошад. Чаро он ҷо ва на ҷои дигар? Ин андешаҳо пояҳои имони ӯро сустар аз пеш кард.

 

Соли 1862  дар шаҳри Санкт-Петербург шоири романтики рус Константин Фофанов таваллуд шуд. Ба ягон мактаб ё равияи адабии замонаш мансуб набуд, вале аз идомадиҳандагони муваффақи равияи романтикӣ дар шеъри рус ба шумор меравад.

Соли 1876 дар шаҳраки Постира, воқеъ дар ҷазираи Брач нависанда, шоир, тарҷумони хорват Владимир Назор ба дунё омад. Аз ширкаткунандагони ҷунбишҳои партизании Югославия ба шумор меравад.

Китобҳояш бо номҳои “Устураҳои славянӣ, “Шоҳони хорват””, “Таронаҳои нав”, достони “Хирс Доник” дар замони худ ӯро маъруф кардаанд. Асарҳои насрии хотиравии “Ҳикояҳо аз замони бачагӣ”, “Ҳикоёти ҷазира, шаҳрҳо ва кӯҳҳо” аз ӯ мебошанд.

Асарҳои Данте “Мазҳакаи илоҳӣ”, Ҳуте, Ҳуго, Шекспир ва дигаронро тарҷума кардааст.

19-уми июни соли 1949, замоне, ки 73 сол дошт, аз дунё гузашт.

Сол 1876 подшоҳи рус  Александр II ба фармоне имзо гузошт,ки истифодаи забони украиниро дар подшоҳии Русия маҳдуд мекард.

Соли 1922 дар Сомервилл, иёлати Массачусетс нависандаи тахайюлнависи амрикоӣ Ҳол Клемент таваллуд шуд. Вай нависандаи достонҳои илмӣ-тахайюлии амрикоӣ ва аз пешгомони зергунаи илмӣ-тахайюлии сахт буд.

Сӯзан”, “Дӯзахи яхӣ”, “Силсилаи оташ”, “Дар қаъри уқёнус”, “Аз гӯшаи сӯзан” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Ҳол Клемент субҳи 29-уми октябри соли 2003 аз хоб бедор нашуда аз олам гузашт. Вай 81 сол дошт.

Барандаи ҷоизаҳои “Небюла” ва “Ҳюго” буд.

 

Соли 1935 дар Шонҳой нависандаи тахайюлнависи чинӣ Ни Куан таваллуд шуд.   Вай муаллифи беш аз 300 романи тахайюлӣ аст, ки ба забони чиноӣ навиштааст. Ҳамчунин беш аз 400 филмнома навиштааст.

3 июли соли 2022 дар Ҳонконг аз олам рафт.

Boris_Pasternak Соли 1960 дар Переделкино дар синни 70-солагӣ аз саратони ҷигар шоир ва нависандаи маъруфи рус, барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1958 Борис Пастернак аз олам гузашт. Вай 10-уми феврали соли 1890  дар шаҳри Маскав ба дунё омада буд. Ў яке аз бузургтарин шоирони рус дар асри ХХ ба шумор меравад.

Аввалин ашъорашро дар синни 23-солагӣ нашр кардааст. Соли 1955 романи «Доктор Живаго»-ро ба итмом расонд, ки барои он пас аз се сол барандаи ҷоизаи Нобел дар адабиёт гардид. Вале баъд аз он, ки аз ҷониби ҳукумати Шӯравӣ ва як қатор ҳамкасбонаш мавриди таъқиб қарор гирифт, дар натиҷа маҷбур шуд, ки аз ҷоиза даст кашад.

 

·         БОРИС ПАСТЕРНАК: ҶОИЗАДОРИ НОБЕЛ, КИ НА ҶОИЗАРО ДИД, НА ДИПЛОМ ВА НА МЕДАЛИ ОНРО

https://kmt.tj/boris-pasternak-joizadori-nobel-ki-na-joizaro-did-na-diplom-va-na-medali-onro/  

Муҳиддин-ФарҳатСоли 1984 шоир ва тарҷумони тоҷик Муҳиддин Фарҳат (Ҳасанов Муҳиддин) аз олам гузашт. Вай 7 августи соли 1924 дар деҳаи Хоҷанайсавори ноҳияи Хуҷанд ба ҷаҳон омада буд. Муаллифи китоби ашъори «Гулҳои шодӣ» (1948), «Дӯст медорам» (1950), «Назми озодӣ» (1955), «Тирамоҳи муҳаббат» (1962), «Рӯди кӯҳӣ», «Гелоси сафед» (1981) ва ғайра мебошад

Чанд достон ҳам эҷод кардааст, ки «Чор минбар», «Салом, Пушкин», «Иқлими баҳор» аз он ҷумлаанд. Достонҳои «Евгений Онегин», «Руслан ва Людмила»-и А.Пушкин, «Бородино» ва «Вопасин писар»-и М. Лермонтов, «Россия»-и А. Прокофйев, «Рӯзи охирин» ва «Хонае дар Шушенск»-и С.Шипачёв, китоби ашъори шоирони белорус Я.Колас, Я.Купала, украин Тычина, ӯзбек Ҳамза, Ғ.Ғулом, Ҳ.Олимҷон, қазоқ Г.Ҷароқов, Г. Ормонов ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Ҳамчунин, тарҷумаи романи Э.Казакевич «Баҳор дар Одер» ва фоҷиаҳои В.Шекспир «Ду веронӣ», «Ричарди III» ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Шеърҳои алоҳидаи ӯ ба забонҳои русӣ, украинӣ, белорусӣ, озарӣ, туркманӣ, қирғизӣ, литвонӣ ва ғ. тарҷума шудаанд. Бисёр шеърҳояшро ҳофизон оҳанг баставу мехонанд.

  Ёде аз зиндаёд Муҳиддин Фарҳат

http://old.kmt.tj/yode-az-zindayod-mukhiddin-farkhat

Бо ордени «Шараф», се медали ҷангӣ, медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва Ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.

Аз соли 1947 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

 

 Соли 1994 дар шаҳри Мадрид дар синни 84-солагӣ нависандаи уругвайӣ Хуан Карлос Онетти тарки олам кард.

Солҳои 1930—1955 дар Буэнос-Айрес мезист ва баъдан ба Монтевидео кӯчид. Соли 1974 боздошт ва ҳабс гардид, аммо бо фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ аз зиндон ба зудӣ озод шуд. Соли 1975 ба Мадрид омад ва то охири умр дар ҳамин шаҳр зист. Панҷ соли охири ҳаёташ бемор буд ва аз бистар наметавонист бархезад.

Барандаи ҷоизаи адабии Уругвай (1962), Ҷоизаи «Мигел де Сервантес» (1980). Соли 1980 номзад ба дарёфти ҷоизаи Нобели адабиёт буд.  Соли 1985 бузургтарин ҷоизаи адабии Уругвайро соҳиб шуд, вале боз ҳам ба ватан барнагашт.

Соли 2010 дар синни 62-солагӣ аз бемории саратони заҳрадон нависандаи канадиёӣ Ҷинн Робинсон вафот кард. Вай барандаи ҷоизаҳои “Небюлла” ва “Ҳюго” ва ҳамсари Спайдер Робинсон – нависандаи тахайлюнависи амрикоиву канадиёӣ буд.

Таҳияи Б.Шафеъ