Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 31-уми октябр

океан во снеСОЛИ 1620дар Уоттон нависанда, хотиранавис, боғкор, коллексионер Ҷон Ивлин, ки аз асосгузорони ҷамъияти подшоҳии Лондон буд, таваллуд шуд. Китоби ёддоштҳои вай, ки ҳамзамон бо хотираҳои Сэмюэл Пипс навишта шудааст, пурарзиштарин асари таърихӣ дониста мешавад. Дар китоби хотироташ ҷузъиёти бештареро дар бораи рӯйдодҳои замонаш медиҳад. Вай шоҳиди марги Карли 1 ва Оливер Кромвел будааст, шоҳиди солҳои Тоуни бузург будаву ҳамчунин сӯхтори бузурги Лондон дар соли 1666-ро ҳам дидааст.

Джон Китс / John KeatsСоли 1795  – дар Лондон шоири инглис Ҷон Китс ба дунё омад, ки ҳамагӣ 26 сол умр дид. Вай яке аз чеҳраҳои шинохтаи мактаби романтизм ба шумор меравад. Ҷон Китс ҳамагӣ чор сол навиштааст, яъне замоне оғоз ба навиштан кард, ки ба марги нобаҳангомаш ҳамагӣ чор сол монда будааст. Дар тӯли зиндагии кӯтоҳаш, агарчӣ мунаққидон таваҷҷуҳи чандоне ба осораш накарданд, вале шуҳрати ӯ пас аз маргаш вусъат гирифт. То охири қарни нуздаҳум ба яке аз маҳбубтарин шоирони англис мубаддал шуд. Охирин дафтари шеърҳояш ҳамагӣ чанд муддат пештар аз маргаш ба дасти хонанда расид, вале шуҳрати ин китоби охирини худро надид, чун 23-уми феврали соли 1821 аз бемории сил дар Руми Италия, ки шояд соле пештар рафта буд, ҷон бохт. Зимнан, модари ӯ низ аз ҳамин беморӣ фавтида буд.

Соли 1835 – дар Струтел адиб, фолклоршинос, яке аз маъруфтрин ҷамъоварандагони эҷодиёти даҳонии мардуми латиш Кришянис Барон қадам ба олами ҳастӣ ниҳод. Соли 1923 (8 март) дар синни 87 солагӣ дар шаҳри Рига аз олам гузаштааст.

Соли 1892 – нависандаи англис Артур Конан Дойл китоби машҳури худ “Саргузашти Шерлок Холмс”-ро чоп кард. Шерлок Холмс як шахсияти достонии хаёлӣ аст, ки тавассути Конан Дойл офарида шуд. Ҳарчанд бо ин ном муфаттише дар таърихи Англия набудааст, вале онро прототипи Ҷозеф Бэлл (англ. Joseph Bell) – профессори донишгоҳи Эденбург, ҷарроҳи машҳур медонанд.

Тибқи навиштаҳо Ҷозеф Бэлл дар оилаи табиби Шотландия Белл таваллуд шудааст. Аз кӯдакӣ вай як тифли ҳушманде будааст. Таҳлилгарон мегӯянд Ҷозеф Бэлл аз он машҳур шуд, ки сарнавишти ӯро Конан Дойл дар образи Шерлок Холмс ба ҳам овард ва абадӣ кард.

Соли 1900 дар Порис нависандаи фаронсавӣ Шарл Антуан Жидел, директори литсеи Людовики Бузурги Порис тарки олам кард. Ӯ 73 сол дошт.

Соли 1948  дар Ҳелсинки адиби финӣ Матти Йоэнсу, ки як детектинависи муваффақ мебошад,  таваллуд шуд. Асарҳои ӯ ба 20 забони олам тарҷума шудаанд. 4-уми декабри соли 2011 дар синни 63-солагӣ аз олам гузашт.

Соли 1959 – дар Форт-Мид нависандаи фантазиянависи амрикоӣ Нил Стивенсон ба дунё омад. Вай соҳибҷоизаи Ҳугу ва Локус мебошад. Локус як ҷоизаи адабӣ барои асарҳои илмӣ-тахайюлии илмӣ мебошад, ки аз соли 1971 баинҷониб тибқи овоздиҳии хонандагони маҷаллаи “Локус” эъто мешавад.

Ҷоизаи Ҳугу (анг.  Hugo Award) қадимитарин ва яке аз муътабартарин ҷоиза дар заминаи достоннависии илмӣ-тахайюлӣ ва хаёлпардозӣ ба ифтихори Ҳугу Гернсбек – ихтирогар, соҳибкор, адиб, муҳаррир ва ношири амрикоӣ, бунёдгузори нахустин маҷаллаи илмӣ-таҳлилӣ, ки таҳти номи “Дотсонҳои шигифтангез” ба чоп мерасид, номгузорӣ шудааст. Ин ҷоиза аз сӯи маҷмааи ҷаҳонии илмӣ-таҳлилии Ворлдкон (англ. The World Science Fiction Convention, Worldcon) эъто мешавад.

Таҳияи Б.Шафеъ