Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 4 – уми ноябр
Соли 1891 дар шаҳри Лиссабон (Португалия) дар синни 64-солагӣ шоир ва нависандаи аҳҳли Португалия Франсишку Гомеш де Аморим аз олам гузашт. Вай 13 августи соли 1827 дар шаҳраки Повуа-ди-Варзин дар оилаи як марди фақир дида ба олам кушода буд.
15 сол дошт, ки баногаҳ ва хеле тасодуфӣ достони Жуан Батишта да Силва Лейтан ди Алмейда Гаррет “Камоэнс” ба дасташ уфтод ва мутолиаи ашъори ин китоб роҳи ӯро дар зиндагӣ муайян кард. Вай аз шавқу шодӣ як нома ба номи Гаррет навишт ва шоир дар посух ӯро ба пойтахти Португалия даъват кард.
Гаррет бо ҳаяҷону хурсандӣ аз Гомеш пазироӣ кард, вале ин хислати модарзодаии ҷавон буд, ки намехост аз бегонае кумак хоҳад.
Дар Лиссабон касби кулоҳдӯзиро азхуд кард ва то замоне, ки ба хидмати давлатӣ кор ёфт, аз ҳамин ҳунар рӯз мегузаронд.
Аввалин муамуаи шеърии ӯ, ки фарогири ашъори ошиқона буд, бо номи «Cantos matutinos» (“Таронаҳои субҳгоҳӣ”) ва «Ephemeros» (“Ефемерҳо”) чоп шуд.
Гомеш муаллифи намоишномаҳои зиёдест, ки дар театрҳои замони адиб ба саҳна гузошта шуда буднд.
Соли 1904 дар шаҳри Санкт-Петербург дар синни 66 – солагӣ ношир ва омӯзгори рус Адолф Фёдрович Маркс вафот кард. Вай аз ҷумлаи ашрофзодагони ирсӣ буд.
Соли 1919 дар Ясная Поляна ҳамсар ва ёвари нависандаи машҳури рус Лев Николаевич Толстой Софя Андреевна Толстая дар синни 75-солагӣ тарки олам кард. Вай 3 сентябри соли 1844 таваллуд шуда буд.
Достони зиндагии Лев Толстой ва Софя Андреевна худ як китоби пурмуаммоест, ки адиби маъруф онро нанавишт. Вай дар пиронсолӣ, ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз маргаш, хонавода ва ҳамсарашро тарк кард. Дар посухи номае ба Софя Андреевна, ки мегуфт, баргард, Толстой навишт:
“Мулоқоти мо ва хусусан бозгашти ман акнун комилан ғайримумкин аст. Барои ту ҳамон тур, ки ҳама мегӯянд, зиёновар аст, аммо барои ман ваҳшатнок аст, зеро акнун вазъияти ман дар натиҷаи ҳаяҷон, таҳрик ва ҳолати дардноки ту дар сурати имкон ҳатто бадтар мешуд. Ман ҳоло ба ту тавсия медиҳам, ки ба иттифоқоти рухдода муросо кун, дар мавқеъи ҷадид худро омодаи зиндагӣ намо ва аз ҳама муҳимтар худро муолиҷа кун. Ин ҷо сухан на аз иҷрои кадом хоҳиш ё талаби ман меравад, балки танҳо дар бораи мувозинати рӯҳӣ, оромиш ва муносибати оқилонаи ту бо ҳаёт аст. То замоне, ки ин иттифоқ науфтад, зиндагӣ бо ту барои ман ғайри қобили тасаввур аст”.
Рафтани Лев Толстой ва марги нобаҳангоми ӯ Софя Анлреевнаро барои тамоми умр гирифтори ғами нав кард. 29 ноябри соли 1910 дар “Рӯзнома”-аш навишт: “Ғамгинии тоқатфарсо, пушаймонӣ аз он чи ки гузашт, тараҳҳум дар ҳадди ранҷ барои шавҳари маҳрумам..Дигар наметавонам зиндагӣ кунам…”
Соли 1954 дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшони ВМКБ рӯзноманигор ва шоири тоҷик Сардори Раҳдор (Дилбоваров Сардор Раҳдорович) ба дунё омад.
Соли 1971, баъди хатми мактаби таҳсилоти умумии ҳамагонии деҳааш, соле дар Заводи таъмирӣ-таҷрибавии техникаи Кӯлоб челонгарӣ кардааст. Солҳои 1972-1977 дар факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил дошта, баъди хатмаш (ду сол) дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҳамагонии деҳоти Шуҷанд ва Емси ноҳияи Рӯшон муаллимӣ кардааст. Баъдан, солҳои 1979-1981, корманди масъули радиои маҳаллӣ, мухбири рӯзномаи «Овози дӯстӣ»-и ноҳия будааст. Солҳои 1981-1984 ҳамчун афсари кӯшунҳои сарҳадии шӯравӣ дар Тошканду Кобул адои хизмат кардааст. Солҳои 1984-1986 мухбири рӯзномаи ноҳиявӣ, солҳои 1986-1988 тарҷумони ҳизбӣ дар Кобул, солҳои 1989-2010 хабарнигори рӯзномаи «Пайғоми Рӯшон», сипас мудири шуъбаи идеологияи ҳукумати ноҳияи Рӯшон, корманди Хазинаи Оғохон дар Хоруғу Душанбе будааст. Аз соли 2010 муҳаррири калони ҳафтавори «Нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ мебошад.
Аз овони ҷавонӣ машқи шеър кардааст. Шеърҳояш дар маҷмӯаҳои «Номус» (1991), «Ҷӯёи нур» (2011), «Талаби дидор» (2009) ва «Мод зив» (2011) интишор ёфтаанд.
Бо медалҳои Иттиҳоди Шӯравию Афғонистон, Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии СССР ва Тоҷикистон қадр карда шудааст.
Аз соли 1989 узви Итифоқи журналистон, аз соли 1991 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. 5-уми апрлели соли 2020 дар шаҳри душанбе аз олам гузашт.
Соли 1969 созмони нависандагони Рязан Нависандаи маъруф Александр Солженитсинро аз узвияти Иттиҳоди нависандагони Шӯравӣ маҳрум кард. Нависанда, публистист ва шоири рус Александр Солженитсин 11 декабри соли 1918 ба дунё омада ва 3 августи соли 2008 дар синни 89-солагӣ фавтид.
Александр Солженитсин аз бузургтарин намояндагони адабиёти руси охири қарни бистум ба шумор мерафт. Яке аз машҳуртарин асарҳои ӯ “Маҷмааҷазираҳои ГУЛАГ” аст, ки аслан маҷмуаи таҳқиқоти ҳунарӣ-таърихии адиб дар бораи режими саркӯбкунандаи Шӯравӣ дар солҳои 1918- 1956 мебошад.
Соли 1977 дар Индепенденс, иёлати Миссури дар синни 42-солагӣ бар асари сактаи қалбӣ нависандаи тахайюлнаивиси амрикоӣ Том Рими аз олам гузашт. Вай барандаи ҷоизаи адабии “Небюлла” буд.
Соли 1988 Додгоҳи олии Қазоқистон шоир, нависанда, тарҷумон ва адабийтшиноси қазоқ Аҳмад Бойтурсуновро баъд аз маргаш сафед кард. Аҳмад Бойтурсунов соли 1937дар синни 64-солагӣ бо ҳукми сегонаи Комиссариати халқии корҳои дохилӣ (НКВД) адабиётшинос, туркшинос, шоир ва тарҷумони қазоқ ҳамчун «душмани халқ» ба қатл расида буд.
Байтурсинов нависандаи барҷаста, омўзгор ва забоншинос буд. Вай хатти қазоқиро дар асоси хати арабӣ ислоҳ карда имкон дод, ки аз он миллионҳо қазоқи хориҷи кишвар истифода барад. Дар соли 1912 Ахмет Байтурсинов тамоми ҳарфҳои сирф арабиро, ки дар забони қазоқӣ истифода намешуданд, хориҷ карда, ҳарфҳои хоси забони қазоқиро илова кард. Аз алифбои нав, ки “Жана эмле” ном дорад, то ҳол қазоқҳои муқими Чин, Афғонистон ва Эрон истифода мекунанд.
Аҳмад Бойтурсунов асосҳои забоншиносии қазоқ, истилоҳоти илмии таърифи грамматикаи қазоқро кор карда баромад.
Дар Энсиклопедияи Бузурги Шӯравӣ аз ӯ ҳамчун идеологи динӣ-миллатгароӣ ёд шудааст. Моҳи октябри соли 1937 Ахмет Байтурсинов боз ба ҳабс гирифта шуд ва пас аз ду моҳ, 8 декабр, ҳамчун «душмани халқ» дар зиндонҳои НКВД парронда шуд.
Аҳмад Бойтурсунов ба Маркази илмии ҷумҳурӣ роҳбарӣ мекард, дар таърихи халқи қазоқ аввалин донишгоҳи давлатӣ профессори филология буд. Бойтурсунов оид ба забони модарии худ дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ барои соҳаи маориф ва алифбои расмдор офаридааст, ки дар солҳои 1920 якчанд бор нашр шудаанд.
Маълум аст, ки хати арабӣ дар сурати бидуни садонок истифода шудан, воқеан барои забонҳои туркӣ нороҳатиҳои муайяне эҷод мекунад. Аҳмад Байтурсинов лоиҳаи аслии ислоҳоти алифбои арабиро пешниҳод кард.
Аҳмад Бойтурсунов дар рушди адабиёт ва алифбои қазоқ саҳми бузург гузоштааст. Масалҳои машҳури ў маҷмуаҳои «Чил афсона» ва «Маса», ки мутаносибан солҳои 1909 ва 1911 нашр шудаанд, ба шумор мераванд. Байтурсинов дар бобати гирд овардан ва нашр кардани намунаҳои эҷодиёти даҳанакии халқи қазоқ бисёр кор кардааст. Ў ба достони «Эр Саин», ки соли 1923 ба табъ расид, мақолаи муқаддима ва тафсирҳо навиштааст, китобҳои «23 марсия» (1926) ва «Адабиётшиносӣ» (1926) ба табъ расонидааст, ки охиринаш пажўҳишҳои аввалини илмӣ оид ба таърихи адабиёти қазоқ ба ҳисоб меравад. Соли 1926 Аҳмад Бойтурсунов рисолаи «Оид ба истилоҳот дар забонҳои туркӣ»-ро навиштааст. Аҳмад Бойтурсунов барои таълими забони модарии бачагони қазоқ як қатор китобҳои дарсӣ таълиф кардааст. Аз ҷумла: «Китоби дарсӣ» (1912), «Роҳнамои забон» (1914), «Алифбо»(1924), «Алифбои нав» (1926-1928), дастури методии «Баяншӣ» (1926).
Таҳияи Бобоҷон Шафеъ