Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 5-уми декабр
Соли 1803 дар Овстуги уезди Брянски губернияи Орлов шоири барҷаста,публистист ва дипломати рус Фёдор Тютчев ба дунё омад.
Соли 1814 шоири фаронсавӣ Эварист Парни тарки олам кард. Ӯ узви Академияи Фаронса ва дӯсти наздики Антуан Бертен (шоир ва сарояндаи аҳли Фаронса) буд. “Ҷанги худоён”, “Таронаҳои Мадегасс” аз асарҳои машҳури ӯянд.
Соли 1820 шоири рус ва олмонӣ, тарҷумон Афанасий Фет дида ба олам кушод. Ӯ аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои Петербург буд. Фет барҷастатарин адибони рус аст, ки осораш ба забонҳои зиёди олам, аз ҷумла ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Некрасов гуфта буд, ки Фет ягон шоирест, ки метавонад дар шеър бо Пушкин рақобат кунад.
Соли 1828 журналист, публистист ва муаррихи адабиёти рус Валентин Фёдрович Корш таваллуд шуд.
Соли 1835 шоир ва намоишноманависи оламонӣ Август Платен аз олам рафт. Вай соли 1796 ба дунё омада буд. Ҳуте Платенро эҳтиром мекард, ба ашъораш баҳои баланд медод, вале ӯро ба хотири сардӣ ва вижагиҳои аҷибу ғариби ошиқонааш сарзаниш мекард. Гейне ба содагӣ истеъдоди ӯро напазируфт.
Соли 1870 нависанда, романнависи машҳури Фаронса Александр Дюма тарки олам кард. Вай 68 сол дошт. Ба Дюма замоне, ки зинда буд, унвони “Султони Порис”-ро дода буданд ва эҳтиромаш дар кишвараш ба ҳадди
ногуфтанӣ боло буд. Вай ба хотири романҳои моҷароҷӯёнаи фаровонаш яке аз машҳуртарин нависандагони Фаронса ба шумор меравад.Бисёре аз романҳои ӯ, аз қабили “Се туфангдор”, “Малика Морго”, “Граф Монте-Кристо” романҳои дунболадор ва серёлӣ ҳастанд. Ӯ илова бар романнависӣ мақоланавис, намоишноманавис ва хабарнигор буд.
Беҳтарин романҳо ва достонҳои ӯ ғайр аз се романе, ки болотар аз онҳо ёд кардем: “Табъидшудагон”, “Капитан Паул”, “Устоди шамшерзанӣ”, “Ҷанги занон”, “Бонуи рангпарида”, “Раҳбари гургҳо”, “Робин Гуд. Шоҳзодаи дуздон” ва ғайра мебошанд.
Соли 1909 дар дарёчаи Сиёҳ дуэли ду шоири рус: Максимилиан Волошин ва Николай Гумилёв барпо шуд. ДУЭЛ (фаронсавии duel) набарди рӯбарӯи ду танест, ки яке дигареро барои тавҳин ва иснод овардан ба номаш даъват мекунад ва дар аксар мавридҳо яке ҳатман кушта мешавад. Машҳуритарини ин дуэлҳо дар таърихи адабиёти рус набард миёни Пушкин ва Дантес буд, ки ба ҳалокати шоири маъруф ба поён расид. Аммо дуэл миёни Максимилиан Волошин ва Николай Гумилёв фоҷеабор набуд. Туфангчаи Волошин ду бор ҳам тир наандохт, Гумилёв бошад тираш хато рафт ва ё қасдан ҳарифро ба нишон нагирифт. Сабаби дуэл Гумилев буд, ки Волошин ӯро барои лафзи қабеҳаш нисбат ба шоира Елизаветта Дмитреева силӣ зада буд.
Соли 1925 дар шаҳри Варшава нависандаи лаҳистонӣ Владислав Реймонт дар синни 58-солагӣ аз олам гузашт. Вай барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1924 буд. Беҳтарин ва шинохтатарин асари ӯ романи чорҷилдаи “Деҳқонон” буд. Ин роман, ки воқеъаи ғамангез дар зиндагии як хонаводаи деҳқонро ба тасвир мекашад, шоҳкори Реймонт ба ҳисоб меояд ва то кунун бо аксари замбонҳои зиндаи дунё тарҷум а шудааст. Маҳз ҳамин роман ӯро ба ҷоизаи Нобел расонд.
Соли 1934 адиб, филмноманавис, романнавис, рӯзноманигори амрикоӣ Ҷуан Дидион ба дунё омад. Романҳо ва мақолаҳои вай ба баррасии заволи ахлоқи амрикоӣ ва харҷу марҷи фарҳангӣ мепардозад ва мавзӯи аслии ӯ фардиву иҷтимоист. Ин асарҳо аз ӯянд: “Китоби дуоҳои умумӣ”, “Демократия”, “Охирин чизе, ки мехост”, “Бидав, дарё”.
Соли 1946 дар шаҳри Ленинграде хона-осорхонаи Николай Некрасов боз шуд. Некрасов шоир, нависанда, публистисти маъруф ва яке аз шинохтатрин чеҳраҳои адабии рус мебошад, ки солҳои 1821-1878 зистааст.
Таҳияи Б.ШАФЕЪ