Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 7 – уми июн
Соли 1794 дар Маскав файласуфи дин, нависанда, ходими ҷамъиятӣ, мақоланавис Пётр Чаадаев чашм ба олами ҳастӣ кушод. Петр Яковлевич Чаадаев дар Москва дар оилаи ашрофзодагони аҷдодӣ таваллуд шудааст. Волидайнаш дар ҷавонӣ аз дунё гузаштанд. Ў ва бародари калониаш Михаилро холааш ба парасторӣ гирифт. Пётр дар хона маълумоти сазовор гирифта, соли 1808 ба Донишгоҳи Маскав дохил шуд. Ҷавони қобилиятноку андешаманд зуд ба илтифоти устодонаш соҳиб шуд ва шогирди дустдоштаи файласуфи машҳур И.Т.Буле гардид.
Пётр Яковлевич ҳануз дар солҳои донишҷўйӣ олуфтаву озода буд: либосҳои навтарин мепўшид, сўҳбаторо буд ва бо рақсҳои моҳиронааш ҳамаро мафтун мекард. Чаадаев диққати бонувонро ба худ мекашид ва касе ҷуръат намекард, ки ба бартарии ақлу хиради ў шубҳа кунад.
Пас аз бозгашт ба Русия Петр Яковлевич дар наздикии Маскав маскан гирифт ва он ҷо бо ҳамсояаш Екатерина Панова мукотиба оғоз кард. Бо мақсади ба саволҳои бешумори Панова оид ба дину фалсафа ҷавоби муносиб додан, асари асосии худ – «Мактубҳои фалсафӣ»-ро солҳои 1829-1831 навишт. Нашри ин китоб дар ҷомеа сару садоҳои зиёде ба бор овард. Чаадаев ҷуръат кард, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини подшоҳӣ – дину оини православиро танқид кунад. Ӯ боварӣ дошт, ки ин дин мардумро аз ғуломӣ озод намекунад, балки бар хилофи масеҳияти ғарбӣ онҳоро боз ҳам бештар ғулому гирифтор кардааст. Фикру мулоҳизаҳои начандон беҳамтои муаллифро ҳатто баъд аз мутолиаи тамоми «Мактубҳои фалсафӣ»-и чопнашуда дарк кардан душвор буд.
Дар натиҷа Чаадаевро девона эълон карда, ба беморхонаи касалиҳои рўҳӣ фиристоданд ва ў таҳти назорати табибон қарор гирифт. Маҷаллаи «Телескоп»-ро, ки дар он асари «куфр» бори аввал соли 1836 чоп шуда буд, бастанд ва муҳаррири он бадарға шуд. Назорат аз болои Чаадаев бо шарти дигар чизе нанавиштан бардошта шуд, аммо Пётр Яковлевич худи ҳамон сол «Узрпурсии девона»-ро, ки дар он сабабҳои қафомонии халқи русро шарҳ додааст навишта, шартро вайрон кард.
Сарфи назар аз он, ки бонувони зиёде мафтуни Чаадаев буданд, аммо дар ҳаёт ӯ бадбахт буд. Вай боре ҳам оиладор нашуда, фарзанд ҳам надошт.
Петр Яковлевич 14 апрели соли 1856 дар Москва аз бемории илтиҳоби шуш вафот кард.
Соли 1831 дар Лондон нависанда ва мисршинос Амелия Эдвардс ба дунё омад.
Амелия Эдвардс дар оилаи афсари бритониёӣ ба воя расидааст. Дар хурдсолӣ ӯ истеъдоди назарраси адабӣ ва санъат нишон дод. Эҷодиёти Эдвардс дар рӯзнома ва маҷаллаҳои гуногун нашр мешуданд. Ў ҳашт роман навишт, ки муваффақтаринашон «Савганди Дебенхэм» (1870) ва «Лорд Бракенбери» (1880) буданд. Дар зимистони солҳои 1873-1874 вай ба Миср сафар кард ва аз имкониятҳои нави тадқиқоти бостоншиносӣ ба ҳайрат афтод. Эдвардс иероглифҳоро омӯхт ва коллексияи назарраси қадимии Мисрро ҷамъ овард. Соли 1877 вай китоби «Ҳазор мил дар дарёи Нил»-ро бо наққошии шуд нашр кард. Солҳои 1889–1890 Эдвардс дар Иёлоти Муттаҳида лексияҳо мехонд, ки онҳоро дар соли 1891 ҳамчун китоби «Фиръавнҳо, фаллоҳҳо ва тадқиқотчиён» нашр кард. Амелия Эдвардс 15 апрели соли 1892 дар Уэстон-сюпер-Мэре вафот кард. Вай коллексияи қадимии Мисрро ба Коллеҷи Донишгоҳи Лондон васият кард ва инчунин таъсиси кафедраи мисршиносиро маблағгузорӣ намуд.
Соли 1848 дар Санкт-Петербург нависанда, адабиётшинос, файласуфи рус Виссарион Белинский дар синни 36-солагӣ даргузашт.
Виссарион Белинский 30 май соли 1811 дар оилаи табиб таваллуд шудааст. Виссарион кўдаки ором ва ботамкин буд ва аз овони бачагӣ ба адабиёт шавқу ҳавас дошт. Вақте ки оилаи Белинский аз Финландия ба Русия кӯчид, ӯ дар мактаб таҳсилро оғоз кард ва сипас ба гимназия дохил шуд. Аз соли 1829 Белинский, сарфи назар аз он ки ҳанўз гимназияро хатм накарда буд, аллакай ба шуъбаи адабиёти Донишгоҳи Маскав дохил шуд.
Дар соли 1830 Белинский драмаи «Дмитрий Калинин»-ро навишт, ки он ба деҳқонон ва мушкилоти онҳо бахшида шуда буд. Кумитаи сензураи донишгоҳ кори ин ҷавонро хеле манфӣ арзёбӣ кард: ба нашри драма иҷоза намедоданд ва ӯро бо кори сангин ва бадарға таҳдид карданд. Аз ин сабаб нависанда хеле мутаассир гашт ва дар натиҷа бемору ранҷур дар беморхона бистарӣ шуд. Соли 1832 аз Донишгоҳ хориҷ гардид. Дар ин вақт ҷавон бо тарҷумаи матнҳо ва таълими донишҷӯёни дигар маблағи ночиз ба даст меовард.
Дар соли 1834 Белинский дар нашри маҷаллаи «Телескоп» кор мекард. Дар ҳамон сол мақолаи аввалини худро навишт ва фаъолияташро ҳамчун мунаққидон оғоз кард, ки ин муҳимтарин кори ҳаёти ӯ гардид. Аммо пас аз 2 сол маҷалла ба далели чопи асари Чаадаев баста шуд. Ин ба Белинский низ таъсир расонд.
Дар соли 1838 Белинский дар маҷаллаи «Московский обзор» кор карда, дар он фаъолияти муҳаррир ва адабиётшиносиро ба ҳам пайвастааст.
Соли 1839 Белинский ба Петербург рафта, мудири шуъбаи танқидии нашриёти «Отечественные записки» шуд. Далели ҷолиб он аст, ки ӯ ин корро кардан намехост, аммо бо сабаби нодорӣ ночор розӣ шуд. Вале маҳз ҳамин давра дар ҳаёти ў муҳимтарин ва пурмаҳсултарин гардид, чунки истеъдоди ў ба авҷи қуллаи худ расид. Қайд кардан зарур аст, ки Белинский дар ин нашрия тақризҳо дар бораи асарҳои нав, қайдҳо ва мақолаҳо дар бораи театр, инчунин мақолаҳоеро, ки ба эҷодиёти Пушкин, Державин, Лермонтов барин адибони барҷаста бахшида шудаанд, чоп кардааст.
Виссарион Белинский беҳтарин мақоланависи замони худ маҳсуб мешуд, ки онҳо дар нашрияҳои «Телескоп», «Отечественные записки», «Современник» ба табъ расидаанд. Мақолаҳои ӯ то ҳол намунаи адабиёти интиқодӣ маҳсуб мешаванд ва худи Белинский дар асри XIX асосгузори афкори интиқодии рус гардид.
Соли 1914 дар Панипат нависанда, филмсоз, филмноманавис, коргардони синамо ва рӯзноманигор Хоҷа Аҳмад Аббос, яке аз пешравони синамои параллелӣ ё неореалистии Ҳиндустон ба дунё омад.
Хоҷа Аҳмад Аббос офарандаи филмҳои машҳури ҳиндӣ, монанди «Соати ҳиндустонӣ» ва «Шехар Аур Сапна» ба шумор меравад. Асарҳои худро бо забонҳои урду ва англисӣ навишта, дар ҳаракати миллии озодихоҳии Ҳиндустон иштирок кардааст. Соли 1969 сазвори мукофоти «Падма Шри» гардид. Вай ҳамчун нависанда бо романҳои «Инқилоб» (1954) ва «Дунё – деҳаи ман» (1973) шўҳрат пайдо кардааст. Филмҳои «Оворагард» (1951) ва «Ҷаноби 420» (1956) аз рӯи филмномаҳои Аббос сохта шудаанд. Якҷо бо коргардони шӯравӣ В.М.Пронин филми «Сайругашти се баҳр»-ро (1958) ба навор гирифтааст.
Соли 1917 дар Топека иёлати Канзас барандаи ҷоизаи Пулитсер шоири амрикоӣ Гвендолин Брукс ба олам омад.
Замоне, ки Гвендолин ҳамагӣ шашҳафтаина буд, оилааш ба Чикаго кӯчид. Духтар тамоми давраи кӯдакии худро дар маҳалҳои фақирнишини Чикаго гузарондааст. Гвендолин 13-сола буд, ки шеърҳояш бори аввал нашр шуданд ва дар 16-солагӣ, аллакай 75 шеъраш чоп шуда буд. Соли 1936, пас аз хатми коллеҷ, Брукс ба таълими адабиёт шурӯъ кард.
Нахустин маҷмӯаи ашъори Гвендолин Брукс бо номи “Кӯча дар Бронзвилл” соли 1945 рўйи чоп омад ва аз ҷониби мунаққидон хуб пазироӣ шуд. Дар соли 1953, Брукс романи хурди тарҷумаиҳолиро бо номи «Мод Марта» нашр кард, ки зиндагии духтари сиёҳпӯсти Чикагоро тасвир мекунад. Солҳои 1960 ва 1963 боз ду маҷмӯаи ашъори шоира – «Лӯбиёхурон» ва «Шеърҳои мунтахаб» ба табъ расидаанд.
Гвендолин Брукс Барои китоби дуюмаш, достони «Энни Аллен» (1949) ҷоизаи Пулитсерро сазовор шуд.
Соли 1938 шоир, оҳангсоз, мутриб Александр Долский ба дунё омад.
Александр дар оилаи ҳунармандон ба дунё омадааст. Падараш Александр Викторович Долский сароянда (тенори драмавӣ), модараш Елизавета Александровна, балерина. Вақте ки Александр ҳанӯз хурд буд, падар оиларо тарк кард, бинобар ин модар Александри кўчакро танҳо ба воя расонд.
Ӯ ҳанӯз дар мактабхонӣ (аз соли 1949) ба навиштани сурудҳои ашъори худ шурӯъ кардааст. Барои филмҳои «Писари калонӣ» (1975) ва «Майхона дар Пятнитская» (1978) сурудҳо эҷод кард. Инчунин дар филмҳои бадеии киностудияи «Ленфилм», аз қабили «Вақте ки поксириштон бо низом қадам мезананд» (1990) ва «Шаҳризодаи нав» (1990) ва инчунин дар филми «Бозӣ бо номаълум» нақш бозидааст.
Соли 1952 дар Истамбул Орхан Памук нависандаи турк, чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Памук 7 июли соли 1952 дар Истамбул дар оилаи сарватманд ба дунё омадааст. Ӯ дар коллеҷи амрикоии «Robert College» воқеъ дар Истамбул таҳсил кардааст. Пас аз хатми коллеҷ бо исрори хонаводааш ба Донишгоҳи техникии Истанбул дохил шуд (волидонаш мехостанд, ки ӯ муҳандиси сохтмон шавад), аммо пас аз се сол ин донишгоҳро тарк кард, то ки нависандаи касбӣ шавад. Соли 1977 Памук Донишкадаи рӯзноманигории Донишгоҳи Истамбулро хатм карда, солҳои 1985-1988 дар ИМА ба сар бурд, вале баъдан ба Туркия баргашт. Аз соли 1982 то 2001 бо муаррих Айлин Туреген издивоҷ карда, соҳиби духтаре бо номи Рӯъё гардид. То соли 2007 дар Истамбул зиндагӣ мекард, вале баъди куштори Грант Динк (журналисти турку арман, яке аз пешвоёни арманиҳои Туркия, ки 19 январи соли 2007 кушта шуд) ба далели таҳдидҳои миллатгароён дубора ба Ню-Йорк муҳоҷират кард.
Маълумоти бештар дар бораи Орхан Помук инҷост:
· ОРҲОН ПОМУК: АДИБЕ, КИ ТУРКИЯРО БА НАҚЗИ ҲУҚУҚИ КУРДҲО ВА ГЕНОТСИДИ АРМАНИҲО ГУНАҲГОР МЕКУНАД https://kmt.tj/orhon-pomuk-adibe-ki-turkiyaro-ba-na-zi-hu-u-i-kurdho-va-genotsidi-armaniho-gunahgor-mekunad/
Соли 1952 дар Маскав нависандаи рус Даря Донтсова ба олам омад.
Падари Даря Донтсова насрнависи шӯравӣ Аркадий Николаевич Василев, муаллифи романи машҳури «Соати яки рӯз, Ҷаноби Олӣ» мебошад. Модари нависанда Тамара Степановна Новатская ба ҳайси саррежиссёри Москонсерт кор мекард. Даря давраи кӯдакии худро дар муҳити адабӣ гузаронидааст.
Донтсова баъди хатми мактаби миёна ба факултаи рўзноманигории Донишгоҳи давлатии ба номи М.В.Ломоносови Москав дохил шуда, онро соли 1974 бомуваффақият хатм кард. Пас аз хатми донишгоҳ дар чанд рӯзномаву маҷаллаҳо мухбир шуда кор мекунад. Дар ин давра Даря аввалин асари адабии худ – повест дар бораи пулодгудозонро эҷод кард, ки дар он ҳаёти ҳаррўзаи меҳнатии одамони шўравӣ тасвир ёфтааст. Аммо асарро ба чоп қабул накарданд ва муаллиф аз идораи маҷаллаи машҳури «Ҷавонон» ихроҷ карда шуд. Баъди ин Даря Донтсова чанд сол ба ҳайси омӯзгори забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ кор мекунад.
Даря Аркадевна дар давраи хеле душвори ҳаёт ба навиштани асарҳои корогоҳии ҳазломез шуруъ намуд. Дар соли 1998 ў ба бемории саратони шадид гирифтор шуд. Бо вуҷуди пешгӯии номусоиди беморӣ, вай худро аз даст надода, бо кўмаки табибон бо ин беморӣ мубориза мебарад. Замони бемористон буданаш дар марҳилаи навбатии муолиҷаи тӯлонӣ, аввалин достони корогоҳии худ «Ворисони қудратманд»-ро менависад. Китоб хеле зуд – ҳамагӣ дар панҷ рўз навишта шудааст. Аввалин хонандагони достони корогоҳӣ ҳамшираҳои тиббии шуъбае буданд, ки дар он ҷо Даря табобат мегирифт. Баҳои боваҷди онҳо ба нависанда боварибахш буд ва ў романро давом дод. Ҳангоми табобат дар беморхона Даря Донтсова панҷ романи аввалини корогоҳии худро навишт. Нависанда бо хушбинӣ, эътимод ба оянда ва ишқи зиндагӣ тавонист бемории вазнинро мағлуб кунад.
Повестҳои корогоҳии ҳазломези нависанда хеле машҳуранд. Ба Даря Аркадевна барои навиштани романи алоҳида ҳамагӣ як моҳ лозим аст. Чунин маҳсулнокии баланди муаллиф ба қобилиятноктии баланди ў вобаста аст. Нависанда ҳар рўз камаш бист саҳифа барои китоби наваш иншо мекунад. Дар рӯзҳои истироҳат ё ид кор дар романи навбатӣ қатъ намешавад. Дар баробари ин, Даря тамоми асарҳояшро дастӣ менависад ва идораи маҷаллаву нашриёт худ он ҳамаро ҳуруфчинии компутерӣ мекунанд. Нависанда сужаи ҳикояҳояшро аз зиндагии рӯзмарра пайдо мекунад.
Даря Аркадевна Донтсова борҳо беҳтарин нависандаи сол эътироф шудааст. Нависанда ба таблиғоти пешгирии бемории саратон, вохўрӣ бо беморон дар марказҳои саратоншиносӣ диққати калон медиҳад. Дар он бо некбинӣ ва таҷрибаи шахсии худ ба одамон дар мубориза ба муқобили бемориҳои вазнин ёрӣ мерасонад. Шиори асосии зиндагиаш чунин аст: «Ҳеҷ гоҳ рўҳафтодаву таслим нашавед ва ҳамеша некбин бошед».
Соли 1953 шоир, оҳангсоз, муаллиф ва сарояндаи чех Яромир Ногавитса таваллуд шуд.
Соли 1959 шоир ва намоишноманависи Литва Петрас Вайчюнас, маҳбуси Гулаг, аз олам даргузашт.
Петрас дар Вилкомир, Ковно ва Петроград таҳсил кардааст. Дар Петроград барои студияи театрии Юозас Вайчкус, аввалин песаҳои худ «Pražydo nuvytusios gėlės» (1916) ва «Aukos» (1917)-ро навишт.
Соли 1920 ба Литваи мустақил баргашта, маъмур ва хазинадори театри Каунас шуд. Вай аз забонҳои немисӣ, лаҳистонӣ, русӣ ва франсавӣ асарҳои драмавии Кнут Ҳамсун, Гауптман, Генрик Ибсен, Морис Метерлинк, Пшибишевский, Юлиуш Словатски, Оскар Уайлд, Фридрих Шиллер ва зиёда аз сӣ песаро тарҷума кардааст.
Соли 1924 аввалин песаи аслии ў дар саҳнаи Театри давлатӣ гузошта шуд. Баъди ин қариб ҳар сол песа менавишт. Петрас Вайчюнас ҳамагӣ бист песа навиштааст, ки 16-тоаш ба саҳна гузошта шудаанд.
Бисёре аз драмаҳои Вайчюнас, ҳеҷ гоҳ нашр нашудаанд. Вайчюнас инчунин бузургтарин тарҷумони осори адабии ғарбӣ ба забони лаҳистонӣ буд. Драмаҳои ӯ ба забонҳои идишӣ, латишӣ, лаҳистонӣ, русӣ, чехӣ, эсперанто ва эстонӣ тарҷума шудаанд.
Соли 1966 шоир, рассом, график ва ҳайкалтарош Жан Арп даргузашт.
Соли 1967 дар Обнинск шоири шӯравии рус Сергей Городетский дар синни 83-солагӣ даргузашт.
Сергей Митрофанович 17 январи соли 1884 дар Санкт-Петербург таваллуд шудааст. Оилаи ӯ бо анъанаҳои фарҳангӣ фарқ мекард: модараш бо Тургенев ошно буд, падараш рассомӣ мекард ва дар бораи фолклору бостоншиносӣ асарҳо менавишт, ки ин дар фарзандашон муҳаббати пурқуввати шеърро тавлид мекард. Сергей хурдакак дар утоқи кории падару модараш бо нависандагону рассомони намоён зуд-зуд вомехўрд, ки ҳатто Н. Лесков ба ў китоби «Чапдаст»-ро бо имзояш тақдим карда буд.
Городетский гимназияи 6-и Петербургро бо медали тилло хатм карда, соли 1902 ба факултаи таъриху филологияи донишгоҳи Петербург дохил мешавад. Дар он ҷо бо Блок, ки ашъори ў ба эҷодиёти ояндаи донишҷўи боистеъдод таъсири калон расонд, дўстӣ пайдо кард. То соли 1912 дар донишгоҳ таҳсил карда, онро хатм накардааст. Городетский соли 1907 китоби аввалини худ «Яр»-ро нашр кард, ки бо он муваффақияти аввалини худро ба даст овард.
Ба шоир аз падараш Митрофан Иванович шавқу ҳавас ба фолклори бачагона мерос мондааст, ки ин дар ташаккули услуби худи шоир нақши калон бозид. Дар солҳои 1910-1920 якчанд китоб навишта шуд: «Ау», «Федкаи аблаҳ», «Соҳибхонаи танбал» ва ғайра. Дар давоми солҳои 20-ум Городетский мавқеи худро дар адабиёт ҷустуҷў мекард, аксар вақт асарҳои нав менавишт. Дар солҳои 30-юм Сергей Митрофанович дар болои либреттоҳои опера бисёр кор мекард. Соли 1958 Сергей Городетский очерки тарҷумаиҳолии «Роҳи ман»-ро нашр кард. Дар солҳои 60-ум у бахшида ба корнамоиҳои кайҳоннавардон шеърҳо эҷод кардааст. Солҳои охири умраш дар Донишкадаи адабии ба номи М. Горкий дарс медод.
Соли 1970 дар Ковентри нависанда, адабиётшинос ва филмноманавис Эдвард Морган Форстер дар синни 91-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.
Эдвард Морган Форстер 1 январи соли 1879 дар Лондон таваллуд шудааст. Вай хонандаи мактаб-интернати «Tunbridge School» буд. Ба шарофати меросе, ки аз холаи бузургаш Мариан боқӣ мондааст, Торнтон (ки тарҷумаи ҳолашро соли 1956 нашр кардааст) тавонист на танҳо дар Коллеҷи Кинг, Донишгоҳи Кембриҷ таҳсил кунад, балки дар солҳои 1901–1902 ба Юнон ва Италия сафар кунад. Дар Итолиё будубоши ӯ дар романҳои ӯ «Ҷое, ки фариштагон аз қадамзанӣ метарсанд» (1905) ва «Ҳуҷраи манзарадор» (1908) инъикос ёфтааст. Романи «Хауардз-Энд» бошад соли 1910 нашр шудааст.
Дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳон Форстер дар отряди тиббӣ дар Миср хизмат мекард. Таассуроти Миср дар дастури ӯ ба Искандария (Искандрия, 1922) ва китоби очеркҳои «Фарос ва Фарилон» (1923) тасвир ёфтааст. Эдвард ду маротиба – солҳои 1912-1913 ва 1921 ба Ҳиндустон сафар карда буд. Романи «Сафар ба Ҳиндустон» (1924), ки хеле пеш аз сафари дуюмаш оғоз ёфта буд, пас аз бозгашт ба Англия анҷом ёфт.
Форстер аз Кембриҷ канда нашуд: кори интиқодӣ «Ҷанбаҳои роман» (1927) як силсила лексияҳоест, ки ӯ онҳоро дар Донишгоҳи Кембриҷ мехонд. Дар соли 1946 Форстер ба ҳайати шӯрои Коллеҷи Кинг дохил шуд. Аз он вақт то маргаш ӯ дар Кембриҷ зиндагӣ мекард. Романи ӯ «Морис» дар соли 1971 баъд аз маргаш ба табъ расид. Форстер онро дар солҳои 1913-1914 эҷод карда буд, вале аз бими он ки муносибати ҳамдардӣ ба ҳамҷинсгароӣ боиси хашми мардум мешавад, аз интишори он худдорӣ кард.
Соли 1980 дар Лос-Анҷелес нависанда ва рассоми амрикоӣ Генри Миллер дар синни 88-солагӣ аз нуқсони бемории гардиши хун даргузашт.
Генри Валентин Миллер 26 декабри соли 1891 дар Ню Йорк дар оилаи муҳоҷири олмонии сарватманд таваллуд шудааст.
Пас аз чанд моҳи ба донишгоҳ дохил шуданаш, ӯро хориҷ карданд: Миллер ба усулҳои таълимии муаллимон муқобилат кард. Вай дар Коллеҷи шаҳри Ню-Йорк курси таърихи санъатро гирифтааст.
Нависандаи оянда касбу кори зиёдеро иваз карда, дар Ню-Йорк ба лексияҳо оид ба адабиёти рус шурӯъ кард. Генри, мисли зани аввалаш Беатрис, бо омўхтани дарсҳои фортепиано зиндагӣ мекард. Онҳо соли 1917 издивоҷ карданд ва пас аз чор сол аз якдигар ҷудо шуданд. Нависанда ба зудӣ бо Ҷон Эдит Смит, зане издивоҷ кард, ки қаҳрамони панҷ китоби ӯ шудааст.
Маҳз Ҷон истеъдодро дар Миллер дид. Сараввал романҳояшро бо услуби Теодор Драйзер менавишт, аммо пас аз вохӯрӣ бо ӯ услуби худро иваз кард. Генри ва Ҷон он қадар даромади хуб надоштанд, аксар вақт аз ҳисоби дӯстон зиндагӣ мекарданд. Ҳаёти шахсии онҳо низ душвор буд: баъдтар дар романи «Сексус» нависанда баъзе воқеаҳои он замонро тасвир мекунад. Миллер даҳҳо китоб нашр кардааст, аз ҷумла асарҳои: «Мадори саратон», «Баҳори сиёҳ», «Мадори Ҷадӣ», «Нексус», «Сексус», «Плексус», «Зери бомҳои Порис», «Биг-Сур ва афлесунҳои Иероним Босх», «Ҳикмати дил».
Вай машҳуртарин романҳои худ – «Мадори саратон», «Баҳори сиёҳ» ва «Мадори Ҷадӣ»-ро дар Порис эҷод кардааст. Романҳои Миллер бо сабаби бениҳоят эротикӣ будан, муддати тӯлонӣ дар тамоми кишварҳои инглисизабон мамнӯъ буданд.
Солҳои шастум манъи нашри романҳои Миллер бекор карда шуд ва дар як муддати кӯтоҳ ӯ миллионер шуд. Нависанда ҳатто ба ҷоизаи Нобел дар адабиёт пешбарӣ шуда буд.
Пас аз маргаш, китоби «Брендаи азиз» дар бораи мукотибаи ӯ бо модел ва ҳунарманд Бренда Венус рўйи чоп омад.
Соли 1994 филмноманавис Деннис Поттер даргузашт.
Деннис Кристофер Ҷорҷ Поттер 17 майи соли 1935 ба дунё омадааст. Вай бо силсилафилмҳои телевизионии Би-би-сӣ «Пенни аз само» (1978) ва «Корогоҳи сурудхон» (1986) шўҳратманд шуд. Илова бар ин, миёни асарҳои барҷастаи Поттер «Теппаҳои осмонии хотирмон» (1979) ва «Сулфур ва шира» (1976) хеле машҳуранд. Драмаҳои ӯ аксар вақт тахайюлот ва воқеиятро омехта карда, ба мавзӯъҳои мураккаб, аз қабили муносибат, ҷинсият, сиёсат ва дин дохил мешаванд. Бинобар ин, Поттер яке аз бонуфузтарин ихтироъкори намоишноманависони телевизионии асри ХХ ҳисобида мешуд.
Соли 1998 дар Порис нависанда ва филмноманависи фаронсавӣ Тома Нарсежак даргузашт.
Тома Нарсежак (номи аслиаш Пол Эро) 3 июли соли 1908 дар Рошфор-сюр-Мер таваллуд шудааст. Вай аз фанни фалсафа дарс медод ва муаллифи як қатор асарҳои фалсафӣ буд. Нарсежак аллакай дар соли 1948, ки қадамҳои аввалини худро дар адабиёт гузошта буд, ҷоизаи «беҳтарин романи корогоҳӣ»-и солро сазовор шуд. Аз ибтидои солҳои 1950 Пер Бауло ва Тома Нарсежак бо тахаллуси Бауло-Нарсежак дар жанри корогоҳӣ ҳамкорӣ мекунанд. Аввалин бор соли 1966 ҳаммуаллифон китоби «Романи полис»-ро нашр карданд. Бо мурури замон дар якҷоягӣ онҳо зиёда аз 50 роман ва ҳикояҳои корогоҳиро эҷод кардаанд – «Оне, ки фавтид» (1952), «Чеҳраҳо дар соя» (1953), «Модагургон» (1955), «Сеҳргарон» (1957), « Муҳандис рақамҳоро аз ҳад зиёд дӯст медошт» (1958), «Қурбониён» (1964), «Комилан ман инсонам» (1966), «Ҷунуни мастӣ» (1969), «Ман арвоҳ будам» (1989) ва ғайра.
Соли 2009 шоири тоҷик Озод Аминзода аз олам гузашт. Вай 1 октябри соли 1933 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонадони шоир ва тарҷумони моҳир Муҳиддин Аминзода, чашм ба олами ҳастӣ кушода буд.
Фаъолияти эҷодияш аз солҳои донишҷӯйӣ (1957) оғоз ёфта, дар тӯли умраш чандин маҷмӯаи шеърашро пешкаши хонандагон гардондааст.
Мавзӯи эҷоди шоира набзу рӯҳи замона буда, армонҳои наҷиби давлатдорӣ, рисолати пешвоёни замона ва характери мардуми одиро моҳирона баён кардааст.
Муаллифи китобҳо «Сатрҳои нахустин», «Бо ёди ту», «Чашми бедор», «Дилбари саҳро», «Пайроҳаи сабз», «Сипос», «Ёди ширин», «Неспящие глаза» ва «Зелёная тропинка» (Маскав) мебошад.
Соли 2003, ба муносибати 70-солагии зодрӯзи шоир, китоби ашъори ӯ «Дунёи дил» интишор ёфтааст, ки нуқли офаридаҳояшро дар бар дорад.
Соли 1982 сазовори Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон, соли 1996 шарафёби Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гардонда шудааст. Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи медали «Барои меҳнати шоён» ва Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА