Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 9-уми август
Соли 1593 дар Стаффорд нависандаи маъруфи англис, муаллифи рисолаи моҳидорӣ «The Compleat Angler» («Моҳигири моҳир”), асосгузори жанри тарҷумаи ҳол дар адабиёти англисӣ Исаак Уолтон ба дунё омад.
Вай муаллифи тарҷумаи ҳоли шахсиятҳои маъруфи асри XVII, аз ҷумла шоир Ҷон Донн ва дигарон буд. Уолтон тасмим гирифт, ки дар рўзи 90-солагии зодрўзаш васиятномаи худро нависад. Аммо ба ў муяссар нагардид.
Фаъолияти адабии Уолтон дар соли 1619 бо навиштани шеъри «Муҳаббати Амос ва Лаура» оғоз ёфт. Машҳуртарин осори Исаак Уолтон тарҷумаи ҳоли афроди маъруфи асри XVII ва китоби “Ангари ҳунарӣ ё фароғати мутафаккир” буданд.
Исаак Уолтон 15 декабри соли 1683 дар синни 90-солагӣ тарки дунё кард.
Соли 1883 дар деҳаи Толстиковои губернияи Кострома нависанда ва шоири рус Юлия Валериановна Жадовская вафот кард. Вай 59 сол дошт. Хоҳари нависанда Павел Жадовский буд.
Жадовская аз ҷумлаи ҳамон бонувони босаводи замони худ буд, ки миёни мардум ангуштнамо гашт. Фарқияти ӯ аз бонувони дигари босавод муҳаббаташ ба адабиёт ва истеъдоди навиштани шеъру достон буд ва хуб ҳам менавишт, ки имрӯз аз ӯ чун як бонуи ҳунарманд ва соҳибистеъдод ёд мекунанд.
Қаҳрамони лирикии шеърҳояш худи ӯянд. Мавзӯи шеърҳояш гиря барои ҳамон ишқест, ки дар айни шукуфоӣ мурдааст, ёдҳо ва хотираҳо аз шахсе, ки як замон дӯст медошт, итоат ба сарнавишт, умед ба ҳадяи хушбахтӣ аз Худованд ва шиква аз ҳаёте, ки якрангу якнавохт аст…
Жадовская наср ҳам навиштааст, ҳарчанд мунаққидон мегӯянд насри ӯ ба сони назмаш пуробуранг нест. Аввалин повести ӯ “Ҳодисаи одӣ” номида шуда аз ишқи як дворяниндухтар ба хидмтгори хонаи онҳо нақл мекунад.
Дар романи ӯ “Каноратар аз олами бузург” низ ҳамин мавзӯъ пайгирӣ шудааст. Боз ҳам сарватманддухтаре ба муаллими ҷавону фақир дил мебандад, вале онҳо ба мурод намерасанд.
Ду асари насрии дигари ӯ бо номҳои “Хушбахтии занона” ва “Ақибмонда” ҳеч комёбие надоштанд, хуш қабул нашуданд ва ин Жадовскаяро дилгир кард ва ӯ дигар аз навиштан даст кашид.
Соли 1899 дар шаҳри Мэриборои Австралия нависандаи англис Памела Трэверс зода шуд. Бештари умри худро дар Англия гузаронидааст, аз ин рӯ ӯро нависандаи австралиятабори Британия низ меноманд. Вай бештар барои як силсила китобҳои бачагонааш дар бораи Мэри Поппинс машҳур шудааст.
Замоне, ки синнаш ба 17 расид, ба шаҳри Сидней (Австралия) омад, то ҳунарманд шавад. Ва тахаллуси худ “П.Л.Трэверс”-ро ҳам аз ҳамон сол интихоб кардааст.
Памела дар театр дар намоишномаҳои Шекспир нақшҳо офарид, вале комёбии чандоне надошт. Ва ба рӯзноманигорӣ рӯ овард. Ду сол дар як нашрияи чопи Сидней пайваста мақолаҳо чоп мекард. Ва дар ҳамин солҳо шеърҳояш ҳам маъруф шуданд. Мавзуъи аслии ашъори ин солҳои Памелла ишқу муҳаббате буд, ба ҳадди шаҳвонӣ ошкор суруда шуда буданд. Ниҳоят майлаш ба адабиёт афзуд ва пурра ба кори адабӣ гузашт.
Романе, ки барояш шуҳрат овард “Мэри Поплинс” буд ва ҳарчанд дар оғоз нависанда мехост ин ҳамагӣ як роман бошад, вале баъдтар бо номиҳои “Мэри Поплинс бармегардад”, “Мэри Поплинс дарро боз мекунад”, “Мэри Поплинс аз А то Я” идомаи онро навишт.
Аз рӯи ин силсилароманҳо дар Амрико ва Иттиҳоди Шӯравӣ филмҳо бардошта буданд.
Памела Трэверс 23 апрели соли 1996 дар синни 96-солагӣ аз олам рафт.
Соли 1914 дар Ҳелсинкӣ нависанда, наққош ва ороишдиҳандаи маҷаллаҳо Туве Марика Янссон ба дунё омад. Вай бештар барои китобҳояш дар бораи муминҳо (шведии Mumintroll) машҳур шуд. Бештар бо забони шведӣ менавишт.
Янссон нахустин китоб аз маҷмуаи нуҳҷилдаи муминҳоро дар соли 1935 мунташир кард. Ин китобҳо дар саросари ҷаҳон маҳбубияти зиёд касб карданд ва ба беш аз 30 забони олам тарҷума шуданд. Соли 1966 барои фаъолиятҳои густарда ва муассираш дар рушди адабиёти кӯдак ба дарёфти ҷоизаи адабии Ҳанс Кристин Андерсен мушарраф шуд.
Романҳои “Муминҳо ва сели бузург”,,Ситораи дунболадор дар сарзамини мумин”, “Моҷарои бобомумин”, “Хоби зимистонии муминҳо”, “Бобомумин дар дарё”, “Китоби тобистон”, повестҳои “Духтари ҳайкалтарош”, “Шаҳри Хуршед”, “Хона-бозича”, “Майдони сангӣ”, “Номаҳои Клара”, “Навиштае аз ҷазира” аз ӯ мебошанд.
Туве Марика Янссон 27 июни соли 2001 дар синни 86-солагӣ вафот кард.
Соли 1922 дар Ковентри шоир, нависанда ва мунаққид Филип Ларкин зода шуд. Ӯро бузургтарин шоири садаи бистуми Британияи Кабир меноманд. Барандаи ордени Шараф ва Империяи Британия мебошад.
Нахустин китоби ӯ бо номи “Киштии шимол” соли 1945 чоп шуд. Вай аз бунёдгузорони мактаб ё ҷунбиши шеъри нав дар Британия ба ҳисоб меравад. Дар аксари шеърҳояш талош барои ошкор кардани ҷанбаҳои мухталифе аз зиндагӣ дар дунёи нав ва саноатӣ дорад, ки метавон ба шикасти рӯҳияи заъиф ва пурғам ишора кард. Мунаққидон дар ашъори ӯ паёмҳое аз қабили тарс аз оянда, ноумедӣ, узлат, марг, тарс аз пирӣ, фитрат, мазҳабгурезӣ, адами адои вазифа нисбат ба хонавода ва ҷомеаро дидаанд.
Филип Ларкин 2 декабри соли 1985 дар синни 63-солагӣ даргузашт.
Соли 1927 дар Бруклин, иёлати Ню-Йорки ИМА нависандаи армикоӣ, барандаи ҷоизаҳои “Ҳюго” ва “Небюлло” Дэниел Киз таваллуд шуд. Вай таҳсилоти худро дар ҳамин шаҳр гирифт.
Пас аз поёни таҳсилот дар созмони ноширии Magazine Management ба кор оғоз кард ва бо гузашти замон сардабири маҷаллаи Marvel Science Stories шуд.
Аввалин ҳикояаш соли 1952 чоп шуд. Аммо барояш ҳикояи “Гулҳо барои Элджернон” шуҳрат овард. Адиб бар пояи он бо ҳамин номи соли 1966 романи худро навишт.
15 июни соли 2014 дар манзили худ дар Бока-Ратон дар синни 86-солагӣ вафот кард.
Соли 1962 дар Монтанолаи Швейтсария дар синни 85-солагӣ нависанда ва наққоши олмонӣ Ҳерман Ҳессе аз олам гузашт. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1946 буд. Вай 2 июли соли 1877 дар оилаи мубаллиғони олмонӣ ба дунё омада буд.
Аз овони бачагӣ дар рӯҳияи зуҳдбоварӣ (анг. Pietism), ки аз ҷумлаи ҷунбишҳои пурнуфузи мазҳабӣ ба шумор мерафт, тарбиё ёфт.
Дар эҷоди адабӣ пайрави равияи романтизм буд. Дар асарҳои аввалинаш таъсири адибони машҳури олмонӣ, чун Ҳуте, Шиллер, Новалис бараъло ҳисс мешавад.
Дар эҷодиёти Ҳессе ягонагии фаҳмиши Ғарб ва Шарқ бештар ҳисс мешавад ва ин аслан як бахши сарнавишти худи адиби маъруф аст. Ӯ дар хонаводае ба камол расида буд, ки аз анъанаҳои масеҳият ҷиддан пайравӣ мекард ва ҳамзамон худро бахше аз тамаддуни Ҳинд меномид. Дар рафи китобҳои Ҳессе ҳамеша китобҳои Нитше ва Лао – сзи пайдо буд.
Ҳессе дар асарҳояш ба мавзуи санъат бештар диққат додааст. Масалан дар романи “Гурги даштӣ” Ҳессе дар бораи поён рафтани сатҳи дарки мусиқӣ миёни омма нақл мекунад ва инро самараи бефарҳангии инсоният медонад. Вай аз он ки ба ҷойи Мотсарт Пабло барин касон ба саҳна омаданд, ки одамонро натавонистанд бо фарҳанги асл ва мусиқии асл ошно созанд, изҳори таассуф мекунад.
Адибро дар замони зиндагиаш ба он муттаҳам карданд, ки нисбат ба таърихи башар, бахусус ҷангҳои ҷаҳонӣ бетараф аст ва садояш дар маҳкум кардани таҷовузи Олмон шунида намешавад. Аммо ин ҳам монеъ нашуд, ки Ҳессе дар солҳои 60-70 асри гузашта чун яке аз маъруфтарин адибони Аврупо шинохт ашавад.
Романҳои “Зери чарх”, “Гурги даштӣ”, “Гертруд”, “Демиан”, “Сидҳартҳа”, “Нарсис ва Златоуст”, “Зиёрати кишварҳои Шарқ”, “Бозии муҳраи шишаӣ” аз навиштаҳои ӯ мебошанд.
Таҳияи Б.Шафеъ