Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 9-уми ноябр

Як рӯзи адабиёт дар таърихи башарСоли 1656  пизишк, нависанда, равондармонгар ва равоншиноси баноми Австрия Паул Алер дар Санкт-Фейт (Sankt Vith)-и Люксембург ба дунё омадааст. Ӯ бунёдгузори мактаби равоншиносии фардӣ аст. Аз навиштаҳои мухталифи ӯ дар бораи теология, фалсафа, забоншиносӣ ва назм, машҳуртаринаш “Таҷруба ва назарияи равоншиносии фардӣ” (Gradus ad Parnassum) аст, ки зуд-зуд бознашр ва то ҳол дар бисёре аз гимназияҳо онро истифода мебаранд. Вай 28-уми майи соли 1937 аз олам гузашт.

Томасина КристинаСоли 1773 нависандаи даниягӣ Томасина Кристина Гиллембург-Эренсверд дар Копенгаген таваллуд шудааст. Ў муаллифи асарҳои «Оилаи Полония», «Калиди сеҳру ҷоду”, “Таърихи рӯзмарра”, “Достонҳои куҳнаву нав” ва ғайра мебошад.

Иван ТургеневСоли 1818   шоир, публитсист, драматург, насрнавис ва тарҷумон рус Иван Сергеевич Тургенев дар Орели Империяи Русия дар хонаводаи ашрофзодагон ба дунё омадааст.

Эҷодиёти И. Тургенев роман, повестҳо, мақолаҳо, песа ва шеърҳоро дарбар мегирад. Асарҳои машҳури ӯ “Муму” ва “Падарон ва фарзандон”, “Ошёнаи дворянинӣ”, “Рудин”, “Селоби баҳорӣ”, “Замини дастнахӯрда”мебошанд.

Тугренев аз ҷумлаи намоишноманависони машҳури рус ба шумор меравад. Тӯли умр чандин песаҳои вай дар маҷаллаҳо интишор ёфтаву дар саҳнаҳои театр гузошта шуданд. Бахусус песаҳои “Як кори шитобзада”, “Гуфтугӯ дар бузургроҳ”, “Обилаи сарнавишт”, “Як моҳ дар русто” барояш шуҳрат оварданд.

Иван Тургенев 3-уми сентябри соли 1883 дар синни 65-солагӣ дар Фаронса аз олам гузашт. Тибқи васияташ 27 –уми сентябри ҷасади ӯро ба Петербург оварданд ва дар қабристони Волковский ба хок супурданд.

Соли 1832 дар Сожон, нависандаи фаронсавӣ, яке аз асосгузорони жанри детектив Эмил Габорио таваллуд шудааст. Асарҳои ў ба монанди «Ҷиноят дар Орсивал”, “Ленок, гумоштаи пулис” ва ғайра миёни дӯстдорони жанри детектив шуҳрат пайдо кард.

Соли 1869 нависандаи шӯравии рус С.Г. Скиталетс ба дунё омадааст.

Соли 1885 дар Малодербетов шоир, нависанда ва намоишноманависи рус Велимир Хлебников таваллуд шудааст. Вай як узви фаъоли Ҷунбиши оянданигари Русия буд. Роман Якобсон-забоншинос ва назарияпардози адабӣ, ки Хлебниковро хуб мешинохт, дар борааш баҳо дода буд: “бузургтарин шоири ҷаҳон дар қарни бистум”.

Соли 1914 дар София нависанда ва драматурги булғор Павел Вежинов, чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Вежинов яке аз муваффақтарин адибон дар сабки илмӣ-тахайюлӣ мебошад ва осораш дар мактабҳои Булғористон омӯхта мешавда.

Соли 1918 дар Порис шоир, рўзноманигор,  адабиётшинос ва санъатшиноси фаронсавӣ Гийом Аполлинер, яке аз шахсиятҳои бонуфуз ва пешсафи аввали асри ХХ-и Аврупо, дар синни 38-солагӣ фавтид.

Асарҳои ў ба монанди «Ҳаёте, ки ба ишқ бахшида шуд”, “Пули Мирабо”, “Майзадагон” миёни хонандагон машҳуранд.

Соли 1929 дар Будапешт нависандаи маҷорӣ барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 2002, Имре Кертес таваллуд шудааст. Маъруфтарин асари ӯ романи «Бесарнавишт» аст. Кертес соли 1990 баро романи “Дуои Кадиш барои кӯдаке, ки  таваллуд нашуд” ба зинаи шуҳрат расид.

Соли 1941 шоира Анна Ахматова бо қатор ба шаҳри Тошканд омад.

Соли 1962 шаҳри Станислав ба шарафи нависандаи украин Иван Франко Ивано-Франковск номгузорӣ карда шуд.

Соли 1989, нависандаи амрикоии жанри тахайюлӣ, барандаи ҷоизаи Хюго, Аликс Хэрроу ба дунё омадааст.

Таҳияи Сафаргул Ҳусейнова,
сармутахассиси Шуъбаи
илмӣ-тадқиқотӣ.