(Видео) Як рӯзи хотирмон дар зодгоҳи устод Турсунзода

устод Турсунзода Рӯзи хуше буд он рӯз, ки бо гузашти бештар аз даҳ рӯз ҳам аз ёду хотири ширкаткунандагони зиёрати манзили Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода намеравад. Чӣ эҳсоси волое: гӯиё дар ин як рӯз ҳамагон меҳмони манзили устод Турсунзода буданд ва бо шавқ дар қадамгоҳи шоири озода қадам мезаданд.

Устод Турсунзода фахри ин миллат, Ходими маъруфи давлатию ҷамъиятӣ, вакили мардумӣ дар порлумони ҷумҳурӣ ва шуравӣ, раиси Кумитаи ҳамдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқо, узви Кумитаи шуравии сулҳ ва садорату котиботи Иттифоқи нависандагони шуравӣ, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, Кумитаи Мукофоти Ленинӣ ва раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буд.

Ин шахсияти нотакрор бо чор ордени Ленин, ордену медалҳои «Инқилоби Октябр», «Байрақи сурхи меҳнат», «Нишони фахрӣ», «Кирилл ва Мефодий», «Ҷамол Абдулносир» ва Медали тиллои Кумитаи шӯравии муҳофизати сулҳ мукофотонида шудааст. Барандаи Ҷоизаи байналхалқии Ҷавоҳирлаъл Неҳру буд. Соли 1961 нахустини сазовори унвони ифтихории Шоири халқии Тоҷикистон гардидааст.

Барои хидматҳои шоиставу бузургаш дар адабиёту фарҳанг соли 1967 сазовори унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ гашт. Ин ҳамаро ба назар гирифта, соли 2001 ба унвони пуршарафи Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор дониста шуд.

Дар бораи устод Мирзо Турсунзода соатҳо гӯему нависем, боз ҳам гӯё чизе нагуфтаеву нанавиштаем. Нақши ин фарзанди баруманди Тоҷикистон дар шинос кардани миллат ба ҷаҳониён басо бузург аст.

Як рӯзи хотирмонИн буд, ки як рӯзи истироҳатро кормандони шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар зодгоҳи шоири маъруф деҳаи Қаротоғи шаҳри Турсунзода гузаронданд.

Ҳамчуноне ба мо нақл карданд, Осорхонаи санъати амалию халқии ба номи Мирзо Турсунзода бо ташаббуси Руҳуллоҳ Ҷўрабоев аз соли 1987 то соли 1993 ба шакли ҷамъиятӣ фаъолият намудааст. Соли 1993 қитъаи замини он ба расмият дароварда шудааст, ки масоҳати он 0,18 гектарро ташкил медиҳад.

Намои Осорхона ба шакли ҷазираи секунҷа дар соҳили обдоғи рўди Қаратоғ ҷойгир аст.

Соли 1988 ҳуҷраи кории шоири зиндаёд Мирзо Турсунзода аз ҷониби шодравон Муъмин Қаноат ба мудири Осорхона Руҳуллоҳ Ҷўрабоев мерос дода шудааст. Айни замон дар Осорхона бештар аз 4,7 ҳазор ашё ва коллексияҳои осорхонавӣ маҳфуз аст.

Маврид ба зикр аст, ки дар асоси фонди захиравии Осорхонаи мазкур осорхонаҳои ноҳияи Шаҳринав, шаҳри Турсунзода ва ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) таъсис дода шудааст. Ҳамасола аз ин Осорхона аз 5000 то 7000 нафар шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ дидан менамоянд.

Як рӯзи хотирмонДар асоси маводи илмии Осорхона 30 рисолаи илмӣ ва зиёда аз 400 мақола дар рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд.

Осорхона бо донишкадаҳои мухталифи Академияи миллии илмҳо  ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Он аз таърихи 3000-солаи Дараи Қаратоғ ҳикоят менамояд ва тамоми ҳунарҳои мардуми шаҳри қадимаи Қаратоғро бозгў ва намоиш медиҳад.

Ҳамин тавр, кормандони шуъба баъд аз тамошои Осорхонаи мунодии сулҳу вассофи Ватан, шоири тавонову мураббии аҳли сухан ва яке аз муборизони фаъоли дўстии халқҳои олам Мирзо Турсунзода дар соҳили рўди Қарптоғ меҳмон шуданд. Чуноне ки худи шоир фармудааст:

Гуфта будӣ, ки ту меҳмон мешавӣ,

Дар тани ҷонпарварон ҷон мешавӣ…

Навори видеоӣ аз рафти тамошои Осорхона ин ҷост:

ЯК РӮЗИ ХОТИРМОН

Бибираъно Ҷўраева – муовини сардори
шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон