Як семинари дурӯза дар Китобхонаи миллӣ ба маъюбон мефаҳмонад, ки аз чӣ имтиёзҳое бархӯрдоранд
Аксари маъюбон аз ҳуқуқҳояшон бехабаранд, аз ин рў, дар нақлиёт ва ҳангоми муроҷиат ба табибону табобат ба душвориҳо дучор мешаванд. Мувофиқи талабот маъюбон бояд соле ду маротиба, яъне ҳар шаш моҳ пас аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Баъзе маъюбоне, ки дар ин семинар шикоят карданд, гуфтанд, ки ин гуна муоинаҳо вақти онҳоро мегираду онҳо саргардон мешаванд. Воқеият ин аст, ки ин саргардонӣ нест, муоинаи тиббӣ барои саломатии худамон манфиат дорад. Чун аксари мо тарзи ҳаёти нишаста дорем, ки боиси ғафс шудани хун метавонад гардад, дилҳоямон бемор шавад ва ба аз фарбеҳ шудан азият кашем. Дар зимн ҳама хидматрасониҳои тиббӣ барои мо маъюбон ройгон аст, аз ин рў бояд аз ин имтиёз пурра истифода барем.
Ин суханҳоро Парвиз Бобошарипов, президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон зимни семинаре дар Шуъбаи шахсони дорои имконияташон маҳдуд гуфт.
Парвиз дар идомаи суҳбаташ зикр намуд, ки аз муоинаи табибон гузаштан барои маъюбон ҳатмист. Мо дар семинари имрўз ин масъалаҳоро ба онҳо фаҳмондем. Ин семинар “Баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқӣ дар соҳаи маъюбӣ” ном дошт ва субҳи имрўз дар Китобхонаи миллӣ бо сарпарастии ташкилоти Abilis (Финландия) доир гардид. Зиёда аз бист нафар шахсони маъюб дар он ширкат намуда, аз паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ин табақаи кишвар ва ҳуқуқҳои онҳо огоҳ гаштанд.
Ситора Раҷабова, ки маъюби гурӯҳи дуюм аст, мегўяд то ҳол аз мавҷудияти имтиёз дар мавриди аз пардохти баъзе андозҳо озод будани маъюбон, инчунин Қарори 600 огоҳ набуд.
– Намедонистам, ки маъюбон аз пардохти баъзе андозҳо озоданд. Қарори 600-ро ҳам нав фаҳмидам. Аз чунин семинарҳо маъюбон медонанд, ки чӣ ҳуқуқҳо доранд ва дар куҷо онҳоро истифода баранд. Ҳар маълумотеро ки аз ин семинар фаҳмидам, ба маъюбони дигар мерасонам, гуфт Ситора.
Ба андешаи президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон, ки соли 2003 таъсиси ёфтааст ва бештар аз 700 нафар узв дорад, ҷалб намудани маъюбон ба варзиш аз дигар масъалаҳоест, ки онҳо ба баррасӣ кашиданд.
– Баланд бардоштани сатҳи маърифтанокии маъюбон, фаҳмондани ҳуқуқҳояшон, конвенсияи ҳуқуқи маъюбон, фаҳмондани барномаҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маъюбон таҳия кардаву амалӣ мешавад, аз ҳадафҳои ин семинаранд, гуфт Парвиз Бобошарипов ва илова намуд: Чунин семинарҳо ва мизҳои гирд аз тарафи ташкилотҳое, ки бо маъюбон кор мекунанд, гузаронда мешавад ва барои осон намудани зиндагии ин афрод нигаронда шуааст.
Сабоҳат Ҳакимзода, роҳбари Асотсиатсияи шахсони кўдаконашон дорои имконияти маҳдуд низ мақсади семинарро баланд бардоштани ҳуқуқҳои маъюбон унвон кард. Ба гуфтаи ў яке аз мушкилоти аслии маъюбон хидматрасонии тиббӣ мебошад, ки дар аксар маврид аз сабаби надонистани ҳуқуқҳояшон ба мушкил рӯбарӯ мешаванд.
– Маъюбон бештар оид ба хидматрасониҳои тиббӣ суол доданд. Масалан дар шаҳри Душанбе ин кор барои онҳо чандон мушкил нест. Дар ноҳияҳо бисёриҳо намедонанад, махсусан волидон. Дар ин маҳфил ба онҳо фаҳмондем, ки соле ду маротиба аз моинаи тиббӣ гузаштан зарур аст. Ин барои саломатии фарзандони онҳост.
Дар ин нишаст аз боби этикет низ суҳбат шуд. Чӣ гуна бо шахсони дорои маъюбиятдошта муносибат бояд кард, шиносоӣ бо конвенсияи ҳуқуқи маъюбон, ки соли 2018 Тоҷикистон онро имзо кардааст, аз мавзӯҳои дигари маҳфили имрўз буд.
– Мехоҳем, ки дар тўли ду рўз иштироккунандагон ҳуқуқҳояшонро донанд ва истифода баранд, ба кор қабул шаванд. Зеро аз суҳбат бо онҳо маълум шуд, ки мушкили аслии ин табақаи ҷомеа он аст, ки пас аз хатми донишкадаву донишгоҳҳо соҳиби кор намешаванд. Сабабаш он ки маъюбанд ва ташкилотҳои давлативу хусусӣ бо ҳар баҳона аз қабули онҳо ба кор худдорӣ мекунанд. Ҳоло онҳо фаҳмиданд, ки ҳуқуқ доранд бо ҷойи кор таъмин бошанд.
Ин семинари дурӯза дар толори хониши Хидматрасонӣ ба маъбон мегузарад ва қарор аст рӯзи оянда низ идома кунад.
Раҳима БОБОЕВА.