Ян Флеминг. Холиқи «Ҷеймс Бонд» – машҳуртарин образи ҷосус дар адабиёт ва синамо
28-уми майи соли 1908 дар Лондон нависандаи англис ва холиқи пурхонандатарин достонҳо аз ҳаёти Ҷеймс Бонд Ян Флеминг ба дунё омад. Ҳаёти ӯ мисли ҳама қаҳрамонони достонҳои пуршӯраш аз ҳаводиси ҳайратангез лабрез аст. Ян Флеминг, муаллифи романҳои корогоҳӣ дар бораи Ҷеймс Бонд, машҳуртарин образи ҷосус дар адабиёт ва синамо машҳур шуд. Силсилаи Бонд ба муаллиф шӯҳрати ҷаҳонӣ овард ва барои даҳҳо филми машҳур замина гузошт. Нақши ҷосуси 007 шараф ҳисобида мешавад, зеро фатонат ва дилрабоии қаҳрамони моҷароҷӯ ҳамеша диққатҷалбкунанда буда, муҳаббати миллионҳо тамошобинро ба даст меорад.
Ян Флеминг образи қаҳрамонеро офаридааст, ки зиндагии боҳашамат дорад ва танҳо ашёи боҳашаматро истифода мебарад, ӯ медонист, ки дар бораи чӣ менависад. Хонаводаи нависанда ба табақаи болоии ҷомеаи Бритониё тааллуқ дошт ва метавонист дар як вақт дар пойтахт чанд манзил дошта бошад.
Ашрофзани хушандом Эвелин – як зани дилчаспу фаъол буд ва шавҳараш Валентайн, вакили порлумони Бритониё тавонист ҳамсарашро бо зиндагии бароҳат таъмин кунад. Онҳо чаҳор писар доштанд ва нависандаи оянда Ян Ланкастер Флеминг, фарзанди дуюм буд. Бародари калонии Питер низ ба фаъолияти адабӣ машғул буд, аммо бародарони хурдӣ Ричард ва Майкл сармоядор шуданд.
Падари оила дар давоми Ҷанги якуми ҷаҳонӣ вафот кард: майор Флеминг дар разведкаи баҳрӣ, дар Фронти Ғарбӣ зери оташ қарор гирифт.
Вай ба зани худ мероси калон гузошт. Модар ният дошт ба писаронаш беҳтарин маълумоти имконпазир диҳад, аз ин рӯ кӯдакон дар мактаби хусусии бонуфузи Дурнфорд таҳсил мекарданд, ки онҳоро барои дохилшавӣ ба Коллеҷи Итон омода мекард.
Марги падар ба фарзандон таъсири сахт расонд ва хотираи ў муқаддас нигоҳ дошта мешуд. Дар утоқи писараш акси ёддошти Валентайн бо имзои дӯсти наздикаш Уинстон Черчилл ҳамеша овезон буд.
Дар соли 1921 нависандаи оянда донишҷӯи Коллеҷи Итон шуд ва дар он ҷо ҳамчун варзишгар ва занбоз шӯҳрат пайдо кард. Аммо хониш ва интизомаш хуб набуд: чунки одат карда буд, ки қоидаву низомҳоро нодида гирад, бинобар ин ҳар коре, ки мехост, мекард. Аз сабаби рафтори мушкилиаш, модар ўро аз мактаб гирифта, ба Коллеҷи ҳарбии подшоҳӣ интиқол дод, аммо Ян ба низоми қатъӣ тоб оварданӣ набуд ва ўро боз аз мактаб ронданд.
Эвелин мехост, ки писарашро ба Вазорати корҳои хориҷӣ дохил кунад, Флемингро ба Австрия фиристод ва дар он ҷо дар мактаби хусусӣ маълумоти иктишофӣ гирифт. Ҷавон ба Аврупо сафар карда, дар курсҳои донишгоҳҳои Швейтсария ва Олмон иштирок кардааст. Аммо ин ба Ян ёрӣ нарасонд, ў аз суҳбат барои пазириш ба кор дар вазорати корҳои хориҷии Британия нагузашт.
Ян Флеминг фаъолияти худро ҳамчун рӯзноманигор оғоз кардааст. Ҷавон таҳти ҳимояи модараш бо хабаргузории «Рейтер» ҳамкорӣ карда, ба хориҷи кишвар сафарҳои корӣ мекард. Дар қатори дигар мамлакатҳо ба ИҶШС ҳам сафар кард.
Ян тасмим гирифт, ки фаъолияти худро дар бахши бонкӣ идома диҳад. Флеминг худро ҳамчун брокер ва молиядон санҷид, аммо дар ҳарду муваффақ нашуд. Баъд нависандаи оянда тасмим гирифт, ки аз пайи падараш равад ва дар разведкаи флоти ҳарбӣ ҳамроҳ шуд. Аз соли 1939 Ян ёрдамчии контр-адмирал Ҷон Годфри таъин гардид ва бо вуҷуди надоштани маълумоти ҳарбӣ ё тахассуси худ, дар ин вазифа муваффақ шуд.
Дар оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, Флеминг як шарики ҷудонашавандаи Годфри гардид, ки дар таҳияи амалиёти махфӣ ва стратегияҳои ҷосусӣ иштирок мекард. Нақша ва пешниҳодҳои ў аксаран ғайричашмдошт ва моҳирона буданд ва ҳисоботҳо дар шакли ғайриодӣ мисли романҳои ҷолиб хонда мешуданд. Флеминг тамоми ҷангро дар хидмат ва ҳамоҳангсозии амалҳо бо иттифоқчиён, ҷустуҷӯи лабораторияҳои махфӣ ва таҳияи амалиёти махсус сарф кард. Баъди ба охир расидани амалиёти низомӣ Ян ба нафақа баромад.
Қаҳрамонаш Ҷеймс Бонд дар як қаср дар Ямайка пайдо шуд, ки нависанда дар ҷустуҷӯи зиндагии осоишта ба он ҷо кӯчида буд. Аммо ғояҳои муаллиф дар бораи роман дар замони ҷанг ба сари ў омадаанд. Аввалин китобе, ки силсилаи машҳури Бондро кушод, «Casino Royale» буд, ки соли 1953 навишта шудааст.
Нашри аввал миллионҳо нусха ба фурӯш рафт, ки дар натиҷа нависанда маъруфият пайдо кард. Аҳли ҷамъият асари корогоҳии ҷосусиро бо шавқи зиёд хонданд ва муаллиф дарҳол ба навиштани идомаи он шуруъ кард. Асари дуюм дар библиографияи нависанда «Зинда бошу бигузор бимирам» буд.
Дар маҷмӯъ, афсари собиқи разведка дар бораи «Агенти 007» 14 китоб навишт, ки охирини онҳо маҷмӯаи ҳикояҳо бо номи «Ҳаштпо» ва «Алангаи чашмон», ки соли 1966 ба табъ расидаанд. То он вақт дар бораи Бонд аллакай се филм ба навор гирифта шуда буд, ки муаллифро машҳур ва аслан сарватманд кардааст.
Мисли қаҳрамони худ, Ян Флеминг ҳаёти пуршиддати шахсии худро пеш бурда, аз синни ҷавонӣ занони зеборо интихоб мекард ва бо онҳо ҳамеша аз муваффақият баҳравар мешуд. Аллакай дар солҳои мактабхонии худ, ҷавон барои муносибатҳои сершумори худ бо духтарон, танбеҳ мегирифт ва барои яке аз онҳо ҳатто аз мактаб хориҷ карда шуд.
Ян бори аввал дар синни 23-солагӣ мехост издивоҷ кунад, аммо модари нависандаи оянда ба таври қатъӣ эътироз кард ва тӯй баргузор нашуд. Соли 1952 Флеминг бо баронесса Энн О’Нил издивоҷ кард ва ҳамон сол писарашон Каспар таваллуд шуд. Оила дар қасри «GoldenEye» дар Ямайка зиндагӣ мекард, ки нависанда дар солҳои баъд аз ҷанг ба он ҷо кӯчида, “биҳишти рӯи замин”-ро пайдо кардааст.
Писари насрнавис дар синни 23-солагӣ худкушӣ кард. Бевазан аз шавҳараш ва Каспар зиёд умр дида, соли 1981 даргузашт. Ҳарду дар паҳлӯи сардори оила ба хок супурда шуданд.
Ян Флеминг ҳаёти хушнуд ва бепарвое дошт, аз тамокукашӣ ва майнушӣ даст намекашид. Аз ин рӯ, Ян барвақт мушкилоти дилу рагҳои хунгард пайдо кард. Нависанда дар синни 53-солагӣ бори аввал ба сактаи қалб дучор шуд, ки оқибаташ вазнин буд. Ба ин нигоҳ накарда «падар»-и Бонд тамокукаширо тарк накарда, рўзе як шиша ҷин менўшид.
Маблағи бузурги ҳаққи қалам аз китобҳо ва мутобиқсозии филмҳои ӯ ба муаллиф имкон дод, ки дар Британияи Кабир соҳиби моликияти бузург шавад. Яке аз онҳо дар Кентербери ҷойгир буд ва қалъаи асри 18 буд. Дар ин ҷо моҳи августи соли 1964 Флеминг ба сактаи дуюми дил гирифтор шуд, ки ин боиси маргаш гардид.
Мард дар роҳ ба сўи беморхона хушҳол ва бо кормандони тиб, мисли қаҳрамони худ шўхӣ мекард. Вале ўро наҷот додан номумкин буд, нависандаи 56-сола вафот кард.
Теъдоди нусхаҳои китобҳои Флеминг дар замони зиндагиаш ба 30 миллион расид ва пас аз маргаш ҳамагӣ дар 2 сол ду баробар бештар ба фурӯш рафт. Ян дар феҳристи беҳтарин нависандагони бритониёии «The Times» аз соли 1945 дар ҷои 14-ум қарор гирифт. Ширкати синамои «EON Productions», ки аз рӯи китобҳои нависанда филм таҳия мекунад, дар тӯли фаъолияти худ дар саросари ҷаҳон ҳудуди 6,2 миллиард доллар даромад ба даст овардааст.
Сафаргул Ҳусайнова