Забон-пойгоҳи эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ!
Рӯзи Забон, ки ҳамасола 5 октябар ҷашн гирифта мешавад, яке аз воқеаҳои муҳим дар ҳаёти маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Он танҳо як расмият набуда, балки рамзи ягонагии миллӣ, эҳёи фарҳангӣ ва василае барои бознамоии арзишҳои милии халқи тоҷик мебошад. Забони тоҷикӣ, ки шохае аз оилаи бузурги забонҳои эронӣ аст, тули асрҳо василаи асосии ифодаи андеша, эҳсос ва фарҳанги халқи тоҷик будааст. Ин забон вориси шеъру адабиёти бузурге мебошад, ки аз замони Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ то Бедил ва Айнӣ ба мо расидааст. Ҳар калима ва ибораи он оинаи таърихи миллати тоҷик аст.
Ин рӯз фурсате барои ба ёд овардани ҳамин мероси бузурги фарҳангӣ ва таъкиди нақши он дар ҳифзи ҳодисаҳои таърихӣ ва шахсиятҳои бонуфузи миллӣ ба даст медиҳад. Таҷлили осори классикони адаб барои насли ҷавон дар ин рӯз ба вуҷуд овардани пайванд байни гузаштаи босубот ва ояндаи равшан мусоидат менамояд.
Дар ҳақиқат, забони тоҷикӣ танҳо василаи алоқа нест, балки ҳамзамон аз ҷониби мардум ҳамчун ҳолати фардии онҳо ва хислати миллиашон ҳис карда мешавад. Муҳофизат ва истифодаи забон монанди ҳифзи истиқлоли миллӣ ба шумор меравад. Он барои ташвиқи ҳиссиёти баланди миллӣ ва тақвияти ватандӯстдорӣ дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавононе, ки дар замони ҷаҳонишавӣ зиндагӣ мекунанд, зарур аст. Омӯзиши босифати забони тоҷикӣ дар донишгоҳҳои олӣ пояи шахсиятёбии миллист. Ин фақат омӯзиши қоидаҳо нест, балки шинохти фарҳанг ва таърих аст. Чунин таҳсил ба эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳифзи ҳувийят мусоидат менамояд. Пас, эҳтиром гузоштан ба забони модарӣ ба маънои эҳтиром ба хеш, таърих ва фарҳанги хеш мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша риояи забони давлатӣ, таълифи китобҳо ва рушди забонро таъкид намуда, пешниҳод менамояд, ки ҷавонон бештар ба забон ва забономӯзӣ таваҷҷуҳ намоянд, зеро он дар ҳаёти рӯзмарраи онҳо нақши хеле муҳимро мебозад. Пешвои миллат мудом ба аҳли ҷомеа даъват менамояд, ки забонро эҳтиром намоянд ва барои маҳфуз нигоҳ доштани он заҳмат кашанд.
Якчанд иқтибос аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба арзиши бебаҳо ва аҳамияти забони тоҷикӣ:
٭ Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст.
٭ Забони тоҷикӣ ҳамчун пояи ҳувият ва пояи давлатдории миллӣ унвон мешавад. Аз ин ру, бояд барқарору такмили қонунҳо ва санадҳои марбут ба забон амалӣ гарданд, қоидаҳои имло ва истилоҳот бо стандартҳои замони муосир ҳамоҳанг шаванд.
٭ Илмомӯзӣ бояд дар забони тоҷикӣ ба дараҷае расад, ки дар илм усули таҳқиқот, корҳои илмӣ, монографияҳо ва мақолаҳо ба забони давлатӣ бештар нашр шаванд.
٭ Ворид кардани истилоҳоти бегона бояд бо диққати зиёд ва дар шакли мувофиқ ба сохтори грамматикӣ, имлоӣ ва фонетикии забони мо сурат гирад.
٭ Эҳтиром ба забони тоҷикӣ, муҳаббат ба Ватан ва аҷргузорӣ ба забони модарӣ ҳамчун арзиши муқаддас мебошад.
٭ Забон воситаи асосии иртиботи байни мардум буда, рушди забону фарҳанг барои рушди ҷомеа муҳим мебошад.
٭ Донистани забонҳои миллатҳои гуногун муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии байни миллатҳоро мустаҳкам мекунад.
Дар асри ҷаҳонишавӣ ва ҳукмронии технологияҳои муосир, забони миллӣ ба монанди пушту паноҳи фарҳанг дар баробари таъсири забонҳои хориҷӣ арзиши бебаҳо дорад. Рӯзи Забон меъёри муҳимме, ки тавассути баргузории семинарҳо, конфронсҳо, фестивалҳо ва дигар нишастҳо барои ташвиқи истифодаи забони тоҷикӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳо, расонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ гузошта мешавад. Таъкиди истифодаи забони муқаррарӣ дар корҳои расмӣ, таҳияи луғатҳо ва дастурҳои имлоӣ, инчунин тарғиби хондани китоб ба забони тоҷикӣ аз вазифаҳои асосӣ ба шумор мераванд. Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, озмунҳои хаттотӣ, шеърхонӣ ва маҳорати нутқ дар байни наврасон ва ҷавонон низ ба рушди саводнокии забонӣ ва эҳёи унсурҳои анъанавии фарҳанг мусоидат менамояд, ки яке аз ин озмунҳо озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!” ба шумор меравад.
Бо дарназардошти ҷаҳонишавии равандҳо дар соҳаи илм, технология ва фарҳанг, забон на танҳо воситаи муошират, балки омили калидӣ барои рушди ҳамгироии илмӣ ва фарҳангӣ гардидааст. Гуногунзабонӣ дар ҷомеа на танҳо ҳамчун арзиши фарҳангӣ, балки ҳамчун захираи стратегӣ дар низоми илму маориф ва равобити байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дорои таъриху фарҳанги ғанӣ мебошад, омӯзиш ва таҳқиқи забонҳо ҳамеша мавқеи хоси худро дорад. Забони тоҷикӣ ҳамчун пояи асосии ҳувияти миллӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва ниҳодҳои илмӣ қарор дорад. Ҳамзамон, бо дарназардошти ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ – ба хусус русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ ва ғайраҳо як унсури муҳими сиёсати илмии соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои кишвар ба ҳисоб меравад.
Таҳқиқоти лингвистикӣ, таҳияи луғатҳо, грамматикаҳо, барномарезиҳои таълимӣ ва омӯзиши фарҳангҳои марбут ба забонҳо яке аз самтҳои муҳим дар муассисаҳои илмӣ ба шумор меравад. Ин раванд ба таҳкими робитаҳои илмӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва саҳми бештар гузоштани олимони тоҷик дар муҳокимаҳои илмии байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Бо таваҷҷуҳ ба он, ки дар қаламрави Аврупо беш аз 200 забони миллӣ ва минтақавӣ истифода мешавад, рӯзи забон, ки дар кишварҳои Аврупо низ ҷашн гирифта мешавад, имкони муаррифии бойигарии забонӣ ва фарҳангии кишварҳоро фароҳам меорад. Ин сана ҷомеаҳоро даъват мекунад, ки ба таълим ва ҳифзи забонҳои ақаллиятҳо аҳамият дода, таҳаммулпазириро тақвият бахшанд ва ҳамзистии осоиштаи фарҳангҳоро тарғиб намоянд. Ҳадафи ин рӯз ба гуногунзабонӣ, омӯзиши пайвастаи забонҳои хориҷӣ ва таҳкими муколамаи байнифарҳангӣ аҳамияти сазовор дода шавад.
Муассисаҳои илмии кишвар бо такя ба дастовардҳои илмии пажӯҳишгоҳҳои забоншиносӣ ва марказҳои омӯзиши забонҳо, метавонад дар таҳияи стратегияи омӯзиши забонҳо дар кишвар нақши муассир бозад. Бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ ва ҳамкориҳои илмӣ, метавон ба рушди муҳити бисёрзабонаи илмӣ ва таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кард.
Ҳамин тавр, баргузорӣ ва ҷашн гирифтани ин рӯзи муборак дар Тоҷикистон як зарурати стратегӣ барои ҳифз ва инкишофи минбаъдаи фарҳанги миллӣ мебошад. Ин ҷашн на танҳо ба хотираи гузаштагони бузург, балки барои тарбияи насли оянда, ки арзиши забони модарии худро ҳис карда, андеша намуда, эҷод намоянд, бахшида шудааст. Муҳофизат ва тарғиби забони тоҷикӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Бояд, ки дар тули сол, на танҳо дар ин рӯзи муайян, балки дар ҳама рӯзҳо ба арзиши бузурги ин хазинаи миллӣ диққат дода, барои паҳн ва ривоҷи он саъй карда шавад. Ин фурсате аст барои тақвияти уҳдадории миллии мо ва гузориши кори анҷомдода дар ин роҳ, то ин ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони зинда, инкишофёбанда ва фарҳангсоз дар оинаи ҷаҳон дурахшон боқӣ монад.
Ҷашни гирифтани Рӯзи забон-ин ҳушдорест барои ҷомеаи илмӣ, ки забон ҳамеша омили асосии рушд, ҳамкории байналмилалӣ ва рушди тафаккури илмӣ боқӣ мемонад. Ин рӯз ҳамчун як рӯзи махсуси фарҳанги миллӣ эҳтиром мешавад ва барои рушди забонҳо ва фарҳангҳо заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамкории муассир миёни ниҳодҳои илмӣ, муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои давлатӣ метавонад ба таҳкими мавқеи забони тоҷикӣ ва густариши омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар кишвар мусоидат намояд.
Рӯзи Забон муборак ҳамватанони азиз!
Муҳаммад Сафаров,
мутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и
Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и
Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон.