“Забон-рукни асосии миллат ва давлат”. Мизи гирд дар Китобхонаи миллӣ
Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Забон-рукни асосии миллат ва давлат” баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарияти Китобхона, олимону донишмандон, муҳаққиқон ва намояндагони Васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Дар оғози кори ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ Муҳаммадиқбол Атозода, муовини директори Китобхонаи миллӣ суханронӣ карда, ҳамагонро ба Рӯзи забони давлатӣ шодбош гуфт. Қайд гардид, ки забон аз муҳимтарин рукнҳои давлат маҳсуб ёфта, эҳтиром ба он аз муқаддастарин вазифаҳоест, ки мо дар назди худ дорем.
“Нахустин қадамҳои пойдории забон бо осори бузургоне, чун Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров гузошта шуданд. Онҳо таъриху адабиёти миллати тоҷикро ҳамчун сарвати гаронбаҳо ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд. Ва имрӯз ин рисолатро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулият ва меҳри хосса идома медиҳанд. Бо талошҳои пайваста ва пуштибонии Пешвои миллат забони тоҷикӣ на танҳо ҳифз ва рушд ёфт, балки аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид бо лаҳни равону самимӣ садо дод. Ин дастоварди таърихист, ки мақому манзалати забони миллиро дар миқёси ҷаҳон баланд мебардорад”- илова кард, Муҳаммадиқбол Атозода- муовини директори Китобхонаи миллӣ.
Сипас, Азиз Мирбобоев, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, сарходими Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Сайри таърихии забони тоҷикӣ” маърузаи пурмуҳтавоеро манзур намуд.
“Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои қадимтарини дунё буда, дар гузашта бо номҳои форсӣ, форсии дарӣ маълум буд. Маҳз бо ишора ба мақоми таърихии забони тоҷикӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад»”- гуфт дар маърузаи худ Азиз Мирбобоев.
Дар идомаи кори мизи гирд суханронии Низомӣ Санавбар Фахрӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар мавзуи – “Густариши забони тоҷикӣ то замони Истиқлол” шунида шуд,ки маълумотҳои ҷолиб ва таърихиро дар иртибот ба марҳилаҳои рушди забони тоҷикӣ дар бар мегирад.
Истиқлол беҳтарин неъмат аст, зеро волотарин, арзишмандтарин ва пурқиматтарин дастоварди миллати тоҷик дар садсолаи охир ба ҳисоб меравад. Тамои соҳаҳои муҳими ҷамъияти дар замони соҳибистиқлолӣ дубора рушд карда, ба марҳилаҳои нави инкишоф расидан аз ҷумла муқаддастарин ва арзишмандтарин дастоварди давлатдории мо забон низ дар ин давра пешрафт ва ғанӣ гардонида шуд.
Дар робита ба ин мавзуъ Рустам Шодиев, доктори илмҳои филологӣ, профессори факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маърузаи худро зери унвони “Рушди забони тоҷикӣ дар замони Истиқлол” пешкаши ҳозирин кард.
Профессор Рустам Шодиев бо ишора ба дақиқтарин паҳлуҳои забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ карда гуфт, ки маҳз бо шарофати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 05 октябри соли 2009 қабул шудааст, забони миллии мо бо пуштибонии ҳуқуқии давлату ҷомеа аз ҳама сарчашмаҳои имконпазир дар рушду такомули хеш ба хотири иҷрои вазифаву масъулиятҳои забони давлатӣ бархурдор аст. Аз ин лиҳоз, ҳар як соҳибзабонро зарур аст, ки ин омили бунёдиро чун дастоварди соҳибихтиёрии давлату миллат ва маҳсули сиёсати хирадмандонаву босуботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нодида нагирад. Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба инкишофу такмили низоми сохториву вожагонии забони давлатӣ мусоидат кардан ва тавоноии забони тоҷикиро бо корбурди сарвати мавҷудаи хаттиву забонӣ такмил додан қарз ва вазифаи шаҳрвандии соҳибзабонону мутахассисони соҳа мебошад.
Дар қисмати ҷамъбастии нишаст иштирокдорон миёни ҳам вобаста ба истифодаи забони тоҷикӣ дар забони гуфтугӯ ва нигоҳ доштани эҳтироми он табодули афкор намуданд.
Нишаст бо таҳлил андешаҳои донишмандон хотима ёфт.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа