Зафар  Сайидзода. “Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ”

Зафар СайидзодаНашри дуюми ин китоби таҳлилӣ бо иловаҳои тоза соли 2020 чоп шудааст. Тавре аз номаш ҳам пайдост, он ба масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ – гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ, таъмини рушди устувору босуботи кишвар ва ба ин хотир фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ бахшида шудааст.

Муаллиф асари худро барои олимон, омўзгорон, сиёсатмадорон, хизматчиёни давлатӣ ва умуман, доираи васеи хонандагон навиштааст.

Донишманди тоҷик Зафар Сайидзода дар пешгуфтори китобаш ҳадафи таълифи онро ин гуна овардааст:

То ба имрўз дар бораи хидматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон, ки дар фоҷиабортарин давроне аз таърихи муосири миллати тоҷик бо ҷасорати инсонӣ ва хиради сиёсӣ тавонистааст, якҷо бо ҳамсафони содиқаш, халқи хешро аз коми оташ ҷанг бираҳонад ва мамлакатро аз вартаи нобудӣ берун кашад, китобу мақолаҳои ростгўёна ва бериёи зиёде навишта шудаанд. Ин осор, ба ҷуз аҳамияти бузургаш, дар баёни ҳақиқати таърихӣ аз лиҳози тарбия ва парвариши меҳандўстона дорои арзиши зиёде  ҳаст. Зеро корнамоӣ ва пайкори қаҳрамононаи шахсиятҳои бузург дар бедор кардани ҳисси ифтихор аз халқи хеш дар зеҳни миллат ба сифати намунаи ибрат хидмат мекунанд ва арзишҳои воло, чун муқаддас донистани Ватан, густариши анъанаву одоби миллӣ ва гиромӣ доштани хотираи ниёгон, маъно ва моҳияти воқеӣ пайдо менамоянд.

Дарки ҷаҳони беинтиҳои шахсияти Эмомалӣ Раҳмон аз қудрати як ё ду муаллиф берун аст ва мо дар чунин андешаем, ки ин китоб дар пайвастагӣ бо китобҳои дигар, ки эҷод шудаанд ва дар оянда низ навишта хоҳанд шуд, барои таҷассум намудани азамати шахсияти ин сиёсатмадори тавоною  муваффақ хидмат кард.

Он рўзҳо, ки Эмомалӣ Раҳмон бо тадбири хирадмандонааш хиштҳои иморати муҳташами давлатдории навини тоҷиконро рўйиҳам мегузошт, ба осорхонаи таърих раҳсипор шудаанд. Кайҳост, Тоҷикистон номи як кишвари ҷангзадаро аз худ афшонида, ба сарзамини сулҳу салоҳ ва майдони меҳнати созанда табдил гаштааст. То имрўз Тоҷикистон маротибаҳои зиёд бо оғўши кушоди тоҷикона минбари бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ паёми сулҳҷўёна ва пешниҳодҳои созандаи халқи хешро ба аҳли башар расонидааст. Кишвари мо чеҳраи хоси як давлати комили мустақилро бо дастгоҳҳои муназзами сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба даст овардааст ва дар роҳи боз ҳам таҳким бахшидан ба пояҳои давлатдории миллии хеш қадам мезанад.

Аммо таҳлилу баррасии он ҳама рўйдодҳо, ки оғози соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон то ба имрўз рух намудаанд, ҳамвора дар мадди назари рўзноманигорон ва таҳлилгарони сиёссӣ қарор доранд, ки, мутаасифона, бархе аз ин таҳлилҳо бо ҳақиқат наздикие надоранд.

Мо дар саҳифаҳои ин китоб ҳеҷ моил нестем, ки бо чунин муаллифон ба мунозира пардозем, вале нодуруст хоҳад буд, агар бар пояи воқеияти таърихӣ таъкид нашавад, ки яке аз самтҳое, ки ба амнияти ҷомеа халал ворид меоварад, ҳамин туҳмату буҳтон аст ва он таҳлилгарони ғаразманд аз ифротгароён хатари камтаре надоранд. Барои ин ҳам, мо дар саҳифаҳои ин китоб аз дастовардҳои Тоҷикистон, ки имрўз хеле пешрафт кардааст, нақши бузурги пешвои миллат, инсони дорои ақли табии истисноӣ ва наҷобат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сахтарин замон дар раъси ҷумҳурӣ истода ва онро ба субботу назму қонун овардааст ва ҳамаи ин пешрафтҳо аз бисёр ҷиҳат натиҷаи фаъолияти шабонарўзӣ ва хастанопазири ўст, мехоҳем сухан гўем.

На танҳо вазифа, балки қарзи ҳар фарди калонсол роҳнамоии насли ҷавон ба ишқи Ватан, бедор кардани алоқа ба гузаштаи бошукўҳ  ва шахсиятҳои ҷонисории миллат ва ба сифати намунаи ибрат нишон додани онҳоест, ки барои саодати миллати хеш аз худ фидокорӣ ва қаҳрамонӣ зоҳир намудаанд.

Хеле муҳим аст шахсиятҳое, ки зиндагии худро ба хотири ормонҳои баланд ва асили миллӣ бахшидаанд ва хидматҳои фидокорона барои қавму миллати хеш кардаанд, сарчашмаи илҳом  ва неруи маънавӣ бошанд. Насли ҷавон бояд итминон ҳосил  кунад, ки инсони ҳақиқӣ мондан, ҳисси баланди ифтихори миллӣ доштан, садоқати ҳамешагӣ ба халқи худ хоси ҳар фард буда метавонад.

Неруи тарбиявии омўзаҳои сиёсӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ ҳамон вақт пуртаъсир мегарданд, ки худи ҷавонон имкони мушоҳидаи бевоситаи равандҳои таърихиро пайдо мекунанд ва ба сифати муҳаққиқи таърихи миллати хеш  ба омўзиш мепардозанд. Ва чунин имконро ба онҳо китобҳое медиҳанд, ки мавзўоти корнамоии ҷовидонаи абармардони миллат, ки лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ барои сарнавишти халқи хеш нақши муҳим ифо намудаанд ва аз худ намунаҳои барҷастаи қаҳрамонӣ нишон додаанд, бахшида шудаанд.

Аз ин лиҳоз фаъолияти сиёсии Эмомали Раҳмон аз ҳар ҷиҳат омўзанда аст. Мо кўшиш мекунем, ки аз сутури ин саҳифаҳо пеши дидагони хонанда ҳама он мураккабии авзои замони ба сари кор омадани Эмомали Раҳмон ва чеҳраи Пешвои миллат, ки адолат, ҳақиқат ва садоқат ба халқи хешро сармашқи фаъолияти худ намуда, дар роҳи расидан ба ин ормонҳои муқаддас пайваста талош меварзад, падидор намоем. Ва низ аз сифати хоси Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки тўли ин ҳама солҳои сарварӣ ба ҷумҳурӣ, ба ҷуз роҳбари сиёсӣ будан, ба мураббӣ ва роҳнамои маънавии ҷомеа табдил гаштааст, сухан гўем.

Агар ин китоб ба насли ҷавон дар дарки бештари ин ҳақиқати бебаҳс, ки тоҷикистониён ба шарофати хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон муваффақ ба эҳёи давлатдории миллии хеш шуданд ва бо идома додани роҳе, ки ў башоратгари он аст, ба дастовардҳои беш аз ҳоло муваффақ хоҳанд шуд, кумак расонад, мо худро баҳадафрасида ҳисоб мекунем.

Нашри дуюми китоби Зафар Сайидзода “Тоҷикистон муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ”-ро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунед.

Таҳияи Дилафрузи Ҳабибулло,
мутахассиси шуъбаи абонементи
байникитобхонавӣ ва
таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ.