Занони разманда, амазонзанон дар “Шоҳнома”
Дар адабиёти асотирии юнонӣ оид ба сарзамине гуфта шудааст, ки бошандагонаш ҳама занони шамшерзани разманда-“амамзонзанон” (амазонки) буда, мардон ба он ҷо роҳ надошта будаанд. Амазонзанон бо мардоне, ки дар ҷанг аз онҳо шикаст хӯрдаанд, омезиш пайдо карда, танҳо фарзанди духтарро дар шаҳри худ нигоҳ медоштанд, аммо фарзандони писарро аз шаҳрашон берун мекарданд. Ба падаронашон месупориданд, ё аз байн мебурданд. Ҳамчунин онҳо синаи рости духтаронро низ дар кўдакӣ мебуридаанд. То ки битавонанд моҳирона тирандозӣ кунанд.
Дар бораи шаҳри занон ривоятҳои гуногун вуҷуд дорад, ки дар осори хаттӣ, аз ҷумла дар хамосаи Ҳомер “Одиссея” (Odyssia), асарҳои сураткаши бостон Микон ва тандисҳои пайкартарошон Фидий ва Поликлет бозтоб шудааст, дувум дар китобҳои таърихи Херодот, Эврипид, Плутарх ва севум бозтоби амазонзанон дар “Шоҳнома”- и Ҳаким Фирдавсӣ мебошанд.
Масъалаи заминаи воқеъӣ доштани достони амазонзанон то ҳанўз ҳам дақиқ нашудааст, аммо аз ин ки занони силоҳшўру разманда, бошандагони кишвар, ё шаҳри бемард, дар сарчашмаҳои асотирӣ ва таърихӣ ба таври фаровон бозгў шудаанд, гузаштаи таърихӣ доштани фарзияи ёдшударо наметавон ба пуррагӣ инкор кард. Ба вижа, ҳангоме ки падари таърихнигории ҷаҳон- Ҳеродот он занони ҷанговарро (бо унвони antancrai) дар китоби худ ёдовар шудааст. Ба пиндори бархе пажӯҳишгарони таърихи бостон, қавме вуҷуд доштааст бо номи сарматҳо, ки дар он ҷо занон ҳукуматрон буда, лашкариёну, рўҳониёнашон занон будаанд. Ҳамин аст, ки онҳо амазонзанонро бозмондагони сарматҳо донистаанд. Равшан аст, ки сарматҳо туронӣ буда, дар шимоли шарқи баҳри Хазар, дар соҳилҳои рўди Волга зиндагӣ доштанд. Ҳеродот низ таъйид кардааст, ки сарматҳо аз насли амазонҳо ва скитҳо (сакоиҳо) мебошанд. Ба ривояти дигаре, ҳангоми дар Суғд будани Искандари Мақдунӣ, фармондори Хоразм мақдуниҳоро ташвиқ мекунад, ки сарзамини занони ҷангандаи амазонро, ки дар ҳамсоягии суғдиҳо зиндагӣ мекунанд, ишғол кунанд. Ин нуқтаро низ набояд фаромўш кард, ки чуноне борҳо дар навишторҳои худ ёдовар шудаем, мутаасифона, бо навишторҳои зиёдии донишпажўҳони кишвари Озарбойҷон (ва Ўзбекистон низ) ҳамвора дучор меоем, ки дар навиштаҳои илмигунаашон барои ҳувияттарошии миллати худ ҳеҷ марзеро напазируфта, аз бунёдгузорони нахустини созҳои мусиқии тор, то бозии ҷавон ва ватани офариниши китоби “Авасто”-ро мехоҳанд дар марзҳои имрўзаи Озорбойҷон бубинанд. Ҳамон гуна ки Гейбуллаев, Гияседдин Аскер огли мепиндорад, “Амазонзанон ҳамоне буданд, ки малика Томирис роҳбарии саксиёни туркро низ дар даст дошта, Куруши бузургро гирифтор кард ва кушт”. Ба ҳамин маънӣ дар ҷойи дигар мехонем, ки “Малика Томирис, ки ба ривояте духтари Афросиёб ва ба ривояте аз наберагони ў буд, дар раъси як артиши бузурги сакоӣ- амазонӣ ба муқобилаи Куруши Кабир шитофт ва тайи чанге махуф сипоҳиёни Курушро торумор ва худи ўро асир кард. Ба дастури малика сари Курушро дар таште бурида ва онро дар миёни ташти хун андохтанд…”
Албатта, ин ҳамон достони бофтаи дурўғини туркзодагон дар пиромуни ба осонӣ куштани шоҳаншоҳ Куруши Бузург аст, ки бо вуҷуди амазононро ба он пайвастан, аҳли таҳлил онро ҳарзахонӣ донистааст. Чун мавзўи тахмин задани хиҷойгоҳи аслии амазонзанон ҷустори алоҳидаеро мехоҳад, дар ин ҷо ба ҷузъиёти он рў наоварда, ба решаи пайдоиши вожаи “амазон” нигоҳи гузаро менамоем.
Бисёре аз тахрихшиносони русу аврупоӣ решаи вожаи “амазон”-ро форсӣ дарёфтаанд. (Шояд Мазон, ба маънии на зан бошад, Ба ёдмеоварем ин сатрҳоро: “агар нек будӣ зану қавли зан, Занонро мезан ном будна зан.) Дар шабакаи интернетии “Википедия” низ ин вожаро форсӣ арзиёбӣ намудаанд: “Название “амазонки” происходит от иранского слова “hamazan”- женщина-воин. Ешё один вариат-от слова “а masso”-нетрикосновенные (для мужчин).” (Яъне номи “амазонка” баргирифта аз вожаи эрони “na-mazzan”-зан- размовар мебошад. Гунаи дигари пайдоиши он чунин аст, ки аз калимаи “a mazzo” баргирифта шудааст, ба маънии ба мардон дастнорас.) Бархеи дигар ба он гумонанд, ки ин вожа аз забони юнонӣ amazoi баргирифта шуда, ба маънии “бепистон”, ишора ба афсонаест, ки онҳо пистони самти рости духтарро аз ҷавониашон мебуриданд, то ба камонкашиашон халал наоварад.
Ҷонибдорони воқеъият доштани достони амазонзанон бар онанд, ки ёдоварии охирин дар бораи он занони силаҳшўр, ба замони Искандари Мақдунӣ рост меояд. Ва дар ривоятҳои таърихӣ ёдкарде вуҷуд дорад, ки охирин каси ба он сарзамин расида, Искандари Мақдунӣ будааст. Аз рўйи он достонҳо шоҳбонуи амазонзанон, Искандари Мақдуниро даъват мекунад,ки ба сарзамини онҳо омада, ўро бо ҳамсарӣ бипазирад. Гарчи сарчашмаҳои таърихии аврупоиён аз шоҳкори адабиёти форс-тоҷик “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ ёдовар нашаванд ҳам, ки устура дар сатрҳои заррини он бо шакли дигар, вале хеле зебову заминӣ бозгў шудааст. Дар Номаи Бостон паёмбари аслу насаби порсӣ аз шаҳри занони ҷанговаре ёдовар шудааст, ки он Ҳарум ном дошта, Искандар пас аз чирамандӣ бар кишварҳо, аз пайи тасхири он мегардад.
Ҳаме рафт бо номдорони Рум
Бад-он шорсоне, ки хонӣ Ҳарум.
Ки ин шаҳр яксар занон доштанд,
Касе бар дари шаҳр нагзоштанд.
Искандар ба шаҳри занон наздик шуда, чун дар бораи далериву хирадмандии занони он бохабар шуда буд, ҷуръати ворид шудан ба шаҳр накарда, эҳтиёт пеша мекунанд ва бо дасти файласуфе пайғом мефиристанд, бар маънии азми ҷанг надоштану танҳо орзуи дидани шаҳри онҳоро доштан:
Бифармуд то файласуфе зи Рум
Барад нома наздики шаҳри Ҳарум,
Чу доно ба наздики эшон расид,
Ҳама шаҳр зан диду марде надид.
Чу он нома бархонд донои шаҳр
Зи райъи дили шоҳ бардошт баҳр
Нишастанду посух навиштанд боз,
Ки доим бизӣ шоду гарданфароз.
***
Чу бо ростӣ бошиву мардумӣ,
Набинӣ ҷуз аз хубиву хурраммӣ
Ва гар ҷуз бар ин бошӣ,эй шаҳриёр,
Бипечӣ зи мо дар сафи корзор,
Ба пеши ту орем чандон сипаҳ,
Ки тира шавад рўйи Хуршеду Маҳ.
Зани номбардор нома бидод,
Паёми далерон ҳаме кард ёд.
Номаи шоҳбонуи Ҳарум ба Искандар мерасад ва ў донишу хирад ва растагориву далерии ононро таҳсин мекунад, ва пайи номаи дигар дубора манзури худро, ки фақат дидани шаҳри занон аст, бозгў мекунад ва бо арҷгузориву эҳтиёт аз онҳо мехоҳад, ки ўро ба шаҳрашон роҳ диҳанд. Шаҳрбонуи шаҳри занон ба ростии гуфтаи Искандар бовар мекунад ва ба ў иҷоза медиҳад, ки шаҳрро бо чашми худ бубинад ва пас аз фаҳмидани рози занони силаҳшўр ва дидани ободии марзу буми Ҳарум, ба назди лашкариёни худ бармегардад. Низомии Ғанҷавӣ дар достони “Искандарнома” ин шаҳрро Бардаъ (вожаи арабӣ) ва шаҳрдорашро Нушоба хондааст. Ба назар мерасад, ки Ҳакими Тўс дар ин қисмати достони бахшида ба Искандари силаҳшўру ҷаҳонгир, хостааст бифаҳонад, ки кореро мебояд мардон барои дифоъи марзу бум ва зану фарзанди худ анҷом диҳанд, на ҳама вақт онро уҳда карда тавонистанд, аммо занон аз роҳи бунёди кишвари вижаи бидуни мард, барои аз теғи хуношоми Искандари кишваркушо наҷот додани мардум, тавонои хешро нишон додаанд. Гузашта аз ин Искандари худкома, чун иттиҳод ва неруи ватанпарварии занонро эҳсос мекунад, ҷуръату тавон намеёбад, то ба шаҳри занони ҷанговар, Ҳарум бо зўру слоҳ ворид шавад.
Бад-ин тартиб яке аз ангезаҳои асосии нигориши “Шоҳнома” масъалаи ҳувияти ориёӣ (тоҷикиву эронӣ) будааст, ки ҳакими бузургвор хостааст то озодзодагон гузаштаи таърихи худро чунин бояд бубинанд. Дар он замони дури фаротаърихӣ, ки қавмҳои дигар, чун тозиён занро узви ҷомеа надониста, ба маҳрумиятҳо гирифтораш карда буданд, ин мардум бо фарҳанги волои худ ҳуқуқи занонро баробар бо мардон дониста буданд. Дар достону устураҳои худ ва боварҳои динии фаротаърихии худ гиромидошти худобонувонеро чун Чисто, Ҳастиё, Аноҳито дар миён доштанд. Боястӣ донист Ҳаким Фирдавсӣ “Шоҳнома”-и бемарги худро дар замоне сурудааст, ки фарҳанги биёбонгардони тозӣ ҷойи фарҳанги шашҳазорсолаи ориёиро гирифта буд ва ишғолгарон бо баҳонаи дингустарӣ, мақому мартабаи занро дар ҷомеа фуруд оварда буданд. Дар пиромуни шигифтангез будани саргузашти амазонзанон ба назар мерасад, ки ин достон бигзор воқеъияти таърихӣ ҳам надошта бошад, аммо ба гунаи худ ишора ба муборизаи занон аз нобаробарии занону мардон ҳанўз дар замони бостон дорад. Яъне дар достони “Дидани Сикандар шигифтиҳо ба шаҳри Ҳарум”, худованди “Шоҳнома” ишора бар он доштааст, ки мардҳо натавонистанд кишвари худро аз ҳамлаи бегонагон, куштори садҳазорон занону кўдакони бепаноҳ нигоҳбонӣ намоянд, вале Искандари Мақдунӣ дар назди хирадмандиву диловарӣ, суханварӣ, ки аз камҳавасалагии мардон шаҳри ҷудогона бунёд кардаанд, худро нотавон дида, даст аз ҳамла ба зистгоҳи онҳо бармедорад.
Ва дар рўзгори мо, яъне садсолаи кайҳоншиносӣ, кашфи сайёраҳои навин танҳо мардумони кишварҳое комёбу комраво хоҳанд буд, ки ҷойгоҳи занонро бо мардҳо дар як радиф дида, онҳоро сарчашмаи фарҳанг дар зиндагии имрўзу фардояшон медонанд.
Аз китоби Зафар Мирзоён “Офаридгори сухан”, Душанбе, 2018.
Ин китоби хуби хонданиро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ
Ойҷонгул Давронова.