“Зеҳни сунъӣ ва омилҳои таъсирасон ба маърифати насли наврас”
Зери унвони “Зеҳни сунъӣ ва омилҳои таъсирасон ба маърифати насли наврас” Китобхонаи миллӣ мизи гирд баргузор кард. Ин нишаст дар доираи эълони солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” доир карда шуд, ки дар он мутахасисони соҳа ва роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ширкат ва суханронӣ карданд.
Дар оғози ҳамоиш Муҳаммадиқбол Атозода, муовини директори Китобхонаи миллӣ вобаста ба мавзуи баррасишаванда дар нишасти имрӯза зикр намуд, ки зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар ҷаҳони имрӯз ба яке аз мавзуҳои мубрам табдил ёфтааст ва омилҳои мусбат ва манфии онро бо иштироки мутахассисон ин ҷо таҳлил хоҳем кард.
“Чи тавре ки мо медонем, зеҳни сунъӣ имрӯз ба як падидаи ҷадид ва бисёр муҳими илми муосир табдил ёфтааст ва тамоми соҳаҳои ҳаётии мо ба он васл гардидаистодаанд. Аз ҳамин лиҳоз мо дар асри XXI ва ҷаҳони нав наметавонем ин падидаи техникиро наомӯзем. Омилҳо, зуҳурот ва вижагиҳои ин раванди технологиро сарфи назар кунем.” – гуфт ӯ.
Меҳроҷиддин Бобозода – сардори Раёсати мониторинг ва таҳлили натиҷаҳои фаъолияти интеллектуалӣ зеҳни сунъиро омили асосии таъсиррасон дар замони имрӯз номид. Ӯ иброз дошт ки суръати баланди рушди илму техника дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ боиси ба вуҷуд омадани чунин равандҳои нав ба монанди зеҳнӣ сунъӣ гардид. Зеҳни сунъӣ ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо нақши худро гузошта истодааст ва он ҳамчун муҳаррики маҳсулотнокии соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ истифода мегардад.
Бо дарназардошти рушди бемайлони илму техника кишварҳои ҷаҳон барои амалигардонии низоми рақамиии фаъолияти соҳҳаҳо талош варзида ҷиҳати осон намудани кор ва сарфаи вақт, инчунин самаранок кардани соҳаҳо аз технологияҳои нав ба монанди зеҳнӣ сунъӣ истифода мебаранд.
“Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ то соли 2030 Маҷмуи маҳсулоти ҷаҳонӣ аз ҳисоби ҷорисозии технологияи зеҳни сунъӣ 14% яъне 15,7 трлн доллари амрикоӣ афзоиш меёбад. Ин афзоиш асосан аз ҳисоби баланд гардидани ҳосилнокии меҳнат, зиёд шудани талабони истеъмолӣ ва мукамалгардонии раванди истеҳсоли таъмин мегардад”- гуфт Бобозода.
Дар иртибот ба хатарҳои истифодаи зеҳни сунъӣ мутахасисн андешаҳои гуногунро мавриди бараси қарор доданд. Абдулназар Ғуломсафаров номзади илмҳои техникӣ устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон зимни баромадаш чандин хатарҳои истифода аз зеҳни сунъиро пешниҳод кард.
Бо вуҷуди фоидаҳои зиёд истифода аз зеҳни сунъӣ метавонад боиси як қатор мушкилот ва хатарҳо гардад. Абдулназар Ғуломсафаров ин хатарҳоро ба таври зайл мавриди таҳлил қарор дод:
- Хатарҳои ахлоқӣ ва фикрронӣ;
- равонӣ ва маърифатӣ;
- иҷтимоӣ;
- амниятӣ ва махфият;
- педагогӣ;
- қонуни ва ҳуқуқӣ;
- маълумоти нодуруст ва манипулятсия.
Дар идома намояндаи Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозанин Қосимова маърузаи худро дар мавзуи “Искусственный интелект в образовании: от адаптивного обучения до национальной стратегии” пешниҳоди ҳозирин гардониданд.
Дар робита ба мавзуи мизи гирд Қосимова иброз дошт, ки Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои мавҷуда нақша дорад дар солҳои наздик донишҷӯён ва таълимгирандагонро дар факултаҳои зеҳни сунъи зиёд гардодад то мо тавонем дар оянда на танҳо истифодабарандаи техникаҳои навтарин, балки ҳамчун созандагони онҳо дар фазои илми муосир баромад кунем.
Дар қисмати ҷамъбастии ҳамоиш Тоҳир Холиқзода, директори Китобхонаи “Маркази миллии патенту иттилоот” андешаҳои худро доир ба мавзуи марбута изҳор дошт. “Воқеан, бо вуҷуди омилҳои таъсиррасонии мусбат зеҳни сунъӣ ба ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангиву маърифатии инсон таъсири манфӣ низ дошта метавонад ва таҳлилҳо нишон медиҳанд ки бояд ин техникаи навтаринро омӯхт ва аз он метавон ба таври васеъ истифода кард”- гуфт Холиқзода.
Дигар иштирокдорони ҳамоиш низ вобаста ба зеҳни сунъӣ ақидаҳои худро пешниҳод карда аз мутахасисон ба суолҳои худ посух гирифтанд.
Бояд гуфт зеҳни сунъӣ илмест, ки ҳадафи асосии он эҷоди системаҳо ва барномаҳоест, ки қобилияти фикрронӣ, фаҳмидан, ёд гирифтан ва татбиқи донишро доранд. Мақсади асосии он-тақлид кардани фаъолияти зеҳнии инсон мебошад. Масалан, барномаҳои тарҷумони автоматӣ, шинохти чеҳра ё овоз, ё ҳамсуҳбатҳои рақамӣ (мисли Chat GPT) -ҳама намунаҳои зеҳни сунъии маҳдуданд. Чи гунае, ки дар боло қайд кардем, дар ҷаҳони нав наметавонем ин падидаи техникиро наомӯзем ва омилҳо, зуҳурот ва вижагиҳои ин раванди технологиро сарфи назар кунем.
Баргузории чунин ҳамоишу конфронсҳо барои омӯзиш ва таҳлили амиқи чунин равандҳои илмӣ метавонад таъсири худро гузорад. Ҳадафи ҳамоиши имрӯза, ки бо ташаббуси шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқи Китобхонаи миллӣ баргузор карда шуд, маҳз равшанӣ андохтан ба равандҳои нав дар соҳаҳои илму техника ба омӯзиши омилҳои он бо иштироки мутахасисони соҳа мебошад.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа