Журналистикаи байналхалқӣ. XI. (Маҷмуаи мақолаҳо)

ЖурналистикаКитоб бо маблағи муаллифони мақолаҳои дар он нашршуда рӯи чоп омадааст. Муҳаррир: Б. Қутбуддинов, номзади илмҳои  филологӣ, дотсент, мураттиб Б. Зоириён, ассисенти кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Гуфта шудааст, ки дар маҷмӯаи мазкур мақолаҳои дар соли 2020 ва оғози соли 2021 навиштаи устодон, аспирантон ва магистрантону донишҷӯёни кафедраи журналистикаи байналхалқӣ ва факултети журналистикаи байналхалқӣ ва факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон оид ба масоили гуногуни журналистика гирд оварда шудаанд.

Мақолаҳо мавзӯъҳои гуногуни журналистикаи байналхалқӣ васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ва публитсистикаро фаро мегиранд.

Китоби мазкур барои донишҷуёни шуъба ва факултатҳои журналистика, журналистон, муҳақиқони журналистика ва барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Маҷммӯаи мазкур ба маблағи муаллифон чоп шудааст.

Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Лундишоева Гулистон
сармутахассиси  шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.