Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор…
Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд.
Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад.
Иттилооте, ки аз гузаштагон дар бораи ин ҷашн расида ба ихтисор чунин аст: ҷашни Садаро дар даҳумин рӯз аз моҳи Баҳман, ба ҳангоми шаб баргузор мекарданд. Дар тавҷеҳи ин ҷашн афсонаҳои гуногуне падид омадааст:
– Рӯзе Ҳушанг бо яксад тан аз ёрон ба кӯҳ рафт. Море азим ба сӯи ӯ ва ёронаш фароз омад. Ҳушанг санге ба сӯи мор партоб кард. Санг бар санг омад ва аз он бархурди ду санг оташ падидор гашт ва мор бисӯхт. Падид омадани оташро ҷашн гирифтанд ва онро Сада номиданд.
– Чун Каюмарсро яксад фарзанд омад ва эшон ба ҳадди рушд расиданд, ҷашне барпо шуд ва онро ҷашни Сада номиданд. Баъзе ин достонро ба Одам абу-л-башар нисбат медиҳанд.
– Чун ҷамъи Машӣ ва Машиёна ва фарзандон ба сад расид, он воқеаро ҷашн гирифтанд ва онро Сада ном ниҳоданд.
– Армоил-вазири Заҳҳок ҳар рӯз яке аз ду танеро, ки мебоист кушт ва аз мағзашон морони дӯшҳои Заҳҳокро ғизо дод, аз марг мераҳонид. Чун Фаридун бар Заҳҳок пирӯз шуд, теъдоди ин озодшудагон ба яксад тан баромада буд.
– Онро ёдбуди пирӯзии Зави Таҳмосп бар Африсиёб медонанд.
– Чун бо гузашти яксад рӯз аз зимистони бузург сармо ба поёнии авҷи худ мерасад ва аз он пас сустӣ мегирад, ба шодии ин сустӣ ва завол ниёгони мо ҷашни Садаро барпо медоштанд.
– Аз ҷашни Сада то Наврӯз панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб дар пеш аст, ки маҷмуан сад шабу рӯз мешавад. Ба сабаби ин амр ҷашни Садаро панҷоҳ рӯз ба Наврӯз монда ҷашн мегирифтанд.
– Аз ин рӯ то рӯзи гирдоварии ғалла дар навоҳии ҷанубии Эрон яксад рӯз фосила аст ва бад-ин сабаб, ин ҷашнро Сада номиданд.
Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи бузургдошти Митра (Меҳр) омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буд, ки ба мардум муждаи нахусти баҳор меовард ва деҳқононро барои кишту кори саҳро омода менамуд. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли Нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд.
Аз ин рӯ, Садаро куҳантарин ҷашни мардуми ориёитабор ва ба иборате, куҳантарин ҷашни ҷаҳон медонанд. Вожаи Сада ҳамон адади 100 буда, ба маънои 100 шабу рӯз то оғози Наврӯз аст.
Дар манобеи асотирӣ дар бораи пайдоиши ҷашни Сада омадааст, ки Ҳушангшоҳ барои шикор бо ҳамроҳони хеш ба кӯҳистон рафт, ки нигоҳаш ба мори сиёҳи калоне бархӯрд. Санге ба сӯи мор раҳо кард, санг ба мор нарасид ва ба санги дигаре бархӯрд ва чарақае аз ин бархӯрд падид омад ва буттаи хушки канори санг аз он чарақа оташ гирифт ва ба ҳамин тартиб оташ падид омад, то шаҳрнишинӣ шакл гирад, зеро пайдоиши ҳар санъате ва густариши ҳар маданияте, пеш аз ҳама, бо мадади оташ муяссар мешавад. Фирдавсии бузургвор ин ҳодисаро дар «Шоҳнома» ин гуна тасвир кардааст:
Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯи кӯҳ,
Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.
Падид омад аз дур чизи дароз,
Сияҳрангу тиратану тезтоз.
Ду чашм аз бари сар чу чашма хун,
Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.
Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу санг,
Гирифташ яке сангу шуд пешҷанг.
Ба зӯри каёнӣ биёзид даст,
Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯ биҷаст.
Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст хурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳарду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Нашуд мор кушта, валекин зи роз,
Падид омад оташ аз он санг боз.
Ҳар он кас, ки бар санг оҳан задӣ,
Аз ӯ равшаноӣ падид омадӣ.
Ҷаҳондор пеши Ҷаҳонофарин,
Ниёиш ҳамекарду хонд офарин.
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.
Бигуфто: «Фурӯғест ин эзадӣ,
Парастид бояд, агар бихрадӣ».
Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х (в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Таҳияи Шаҳло Шикорбекова
Муовини сардори шуъбаи матбуоти даврӣ.