Зикри аввалин натиҷаҳои “Бистсолаи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар Паём
Бори аввал дар умри худ имсол шарафи ширкати мустақиму рӯ ба рӯ дар маросими ирсоли Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии кишварро дарёфт кардам. Ҳамасола мо Паёмро мустақим аз тариқи оинаи нилгун, бо ҷамъе аз ҳамкорон тамошо мекардему мешунидем. Аммо имсол бароям ин шарафи бузург даст дод, ки қатори садҳо нафари дигар рӯ ба рӯ бо Пешвои миллат биншинам ва ин Паёми сарнавиштсозро аз забони худи Сарвари азиз бишнавам. Ростӣ ин як ҳолате буд, ки ба қалам наметавонам тасвираш кунам.
Нукоти зиёдеро метавонам аз бардоштҳои худ аз ин Паём зикр кунам. Вале хостам ин навиштаро танҳо ба зикри бахшҳое маҳдуд созам, ки бевосита ба фаъолияти имрӯзаи кории худам иртибот дорад.
Ҳамчуноне медонем, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шудааст. Ҳадаф аз он ҷалби бештари сокинон ба омӯзиши ин илмҳост, ки бидуни шак як роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди кишвар ба шумор меравад.
Дар Паёми худ Сарвари давлат таъкид намуданд, ки рушди фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ омили асосии пешрафти иқтисоди миллӣ, саноаткунонӣ ва татбиқи технологияҳои муосир мебошад. Бе рушди илмҳои риёзӣ, физика, химия, биология ва информатика пешрафти ҷомеа ғайриимкон аст.
Дар мавриди таваҷҷуҳи хосса ба омӯзиши илм ва технология Пешвои муаззами миллат фармуданд: “Асри 21 – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад. Мо дида истодаем, ки давлатҳои мутамаддину тараққикардаи дунё ба чӣ дастовардҳо ноил шуда истодаанд. Имрӯз онҳо аз офтоб барқ истеҳсол мекунанд.
Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Мо бояд талош намоем, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ, яъне ҳаёти мустақилонаашон азият накашанд.
Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад”.
Шаш сол аз ин бистсолаи эълоншуда сипарӣ мешавад ва барномаҳои таҳияшуда дар доираи ин иқдом натиҷаҳои аввалини худро медиҳанд. Барномаҳои таълимӣ такмил ёфта, шароити таълим беҳтар гардид, таваҷҷуҳ ба омӯзиши фанҳои дақиқ дар муассисаҳои таҳсилотӣ бештар шудааст. Ҳамчунин, барои баланд бардоштани сатҳи дониши омӯзгорон ва ҷалби хонандагон ба озмунҳои илмӣ чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ зикр карданд, ки ба сифати таҳсил ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол низ дар Паёми худ ба нақши ҷавонон дар рушди илм аҳамияти махсус доданд ва фармуданд, ки “ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем. Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд. Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд”.
Дар маҷмӯъ, Бистсолаи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ташаббуси муҳим ва стратегӣ буда, барои ташаккули ҷомеаи донишбунёд, рушди илму техника ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам меорад.
Бистсолаи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Ҳар як шаҳрванд ва махсусан ҷавонон бояд саҳми худро дар рушди илм ва ҳифзи захираҳои табиӣ гузоранд.
Ин ташаббус нишон медиҳад, ки Тоҷикистон барои рушди илм ва таълими фанҳои дақиқ аҳамияти махсус медиҳад ва саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле муҳим аст.
Маҳина РАҲМОНОВА,
сардори шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ,
техникӣ ва илмҳои дақиқи Муассисаи
давлатии «Китобхонаи миллӣ”-и
Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон.