Зиёда аз сад математики муваффақ

Ин китоб ба таври мухтасар аз ҳайёту фаъолияти илмии ашхоси алоҳида, ки дар соҳаҳои мухталифи илми математика муваффақ гаштаанд, маълумот медиҳад. Ҳангоми интихоби олимон замони шуравӣ мо ҳамон нафарони соҳибмактаберо интихоб кардем, ки бевосита дар омода сохтани кадрҳои миллии тоҷик ё умуман дар инкишофи илми математикаи мо саҳм гузоштаанд. Рӯйхати корҳои илмӣ ва мақолаҳои онҳоро мо ба он мақсад овардаем, ки ҷавонони тоҷик дар баробари бо ин шахсиятҳо ошно шудан, ба онҳо пайравӣ карда, ба кадом шохаи илми математика машғул шуданро худашон интихоб намоянд.

Муаллифони китоб Асадулло Шарифзода ва Алишер Раҳимзода дар сарсухан навиштаанд, ки илми математикаро на миллати алоҳида, балки миллатҳо ва халқиятҳои гуногуни олам пойдор кардаанд. Бо гумон аст, ки касе нахустин олими соҳаҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла математикаро номбар карда тавонад. Ҳар яке ба ин илм “хӯша”-ё зам карда, математикаро пойдору устувор гардонидаанд. Ин илм аз тақозои ҳаёт ба миён омада, ҳамқадами ҳаёт инкишоф меёбаду пеш меравад. Кашфиёт ва таҳқиқотҳои математикие, ки ҳоло дар ҷаҳон анҷом дода мешаванд, аз ҳаёти имрӯза зиёда аз 200 сол пеш рафтаанд. Аз ин хотир мо дар ҳаёт аслан он дастовардҳои илми математикаро татбиқ мекунем ва истифода мебарем, ки ҳанӯз дар асрҳои XVI-XIX маълум буданд. Бешубҳа, ҳоло шахси маданӣ ва бофарҳанг касеро ҳисоб кардан мумкин аст, ки ӯ аз донишҳои замона бархурдор буда, онҳоро дар ҳаёти рӯзмарра истифода барад. Тавре қайд кардем, дастовардҳо ва кашфиётҳои илмҳои табитшиносӣ ва математика на яку якбора, балки пай дар пай дар шароитҳои сангини таърих ба майдон омадаанд. Баъзе аз кашфиётҳои илми математика, ҳатто аз ин ҳам пештар бо шарофати заҳмати олимони зиндаёди қадимаи Бобилистон, Миср, Юнон, Хитой, Ҳиндустон, Форс ва Осиёи Миёна ба миён омада, сипас дар Аврупо паҳн гардидаанд ва мардуми манотиқи дигари оламро низ соҳибфарҳанг гардонидаанд. Аз таърихи илм медонем, ки на ҳар фард ҷуръат карда ин ё он ақидаро пешниҳод мекард ва баҳри амалӣ гаштанаш талош меварзад.

Ақидаи дар маркази олам ҷойгир будани Офтоб ҳанӯз асрҳои IV-V барои олимони Чину Ҳинд, аз ҷумла Браҳмагупта ва Ариябҳата маълум буд. Онро аломаи Шарқ-Абурайҳони Берунӣ, ки зиёда аз се сол дар Ҳиндустон умр ба сар бурда, бо таърихи илм дар ин сарзамин ошно гашт, тарафдор буд. Вале панҷсад сол баъдтар фарзанди сарзамини Полша Николай Коперник, ба таъқиби шадиди диндорон нигоҳ накарда, ин ақидаро тақвият дод ва ба кашфи назарияи “Гелиомарказ”- и олам ноил гашт ва бо ин амал дар тафаккури инсоният табаддулоти азим ба вучуд овард.

Дастовардҳо ва татбиқи илмҳои табиӣ, аз ҷумла математикаро ҳоло дар инкишофи бемислу монанди воситаҳои ҳисоббарор ва маълумотдиҳанда, аз ҷумла технологияи иттилоотӣ, компютерҳои ҳозиразамон, телефонҳои мобилӣ дарк кардан мумкин аст, ки ба ҳаёти ҳар яки мо ворид гардида, онро аҷоибу шавқовар гардонидаанд.

Аз бозе, ки Б. Паскал ва Г. Лейбнитс барои иҷрои амалҳои ҳисоб дастгоҳи худкор (арифмометр) ихтироъ карда буданд андаке беш аз се аср сипарӣ шудааст. Дар ин солҳо амалҳо дастӣ ва бо мушкилоти зиёд иҷро карда мешуданд. Мошинаҳои электронии ҳисоббарор (МЭҲ) –и замони мо қодиранд, ки дар ҳар сония ва бе дахолати инсон аз рӯи барномаи пешакӣ тарҳрезишуда садҳо миллион амалҳои арифметикӣ ва ғайриарифметикиро иҷро намоянд. Ихтирои МЭҲ -ро дастоварди бузурги асри XX номидан мумкин аст. Онҳо дар кори математикӣ кунонидани илмҳо, дар корҳои амалӣ татбиқ гардидани математика нақши хеле арзанда доранд. Методҳои математикие, ки пештар асосан дар астраномия, физика ва баъзе соҳаҳои кори муҳандисӣ татбиқ меёфтанд, акнун дар соҳаҳои гуногуни дониш ва амалияи ҳаррӯза татбиқ карда мешаванд.

Пеш аз дар истифода қарор гирифтани таҷҳизоти техникӣ, онро бюрои конструкторӣ бо ёрии ҳисобҳои дақиқ таҳлил мекунад ва пурдошт будан ё набудани онро месанҷад. Ҳангоми омӯзиши ҳодисаҳои биологӣ, аз ҷумла дар тиб ва хоҷагии қишлоқ, моделҳои математикӣ ва мошинаҳои электронии ҳисоббарор васеъ истифода бурда мешаванд. Дар МЭҲ модели равандҳои табиӣ, ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла паҳн гаштани эпидемияҳои грипп, пешгӯии масъалаҳои демографӣ, ташхиси пешакии тиббӣ, афзоиши аҳолии минтақа, тағйирёбии иқлим ва ғ. тарҳрезӣ шуда, оқибатҳои онҳо омӯхта ва пешгӯӣ карда мешаванд. Ҷойи бебаҳс аст, ки баъзеҳо илми математикаро аз ҳар илм болотар ҷой медиҳанд, зеро он забони муоширати байни илмҳо мебошанд. Ба ҳамагон рӯз аз рӯз равшантар мегардад, ки бе математикаи муосир, ки дорои дастгоҳи пуриқтидори мантиқӣ ва ҳисобкунӣ мебошад ва бе рамзгузории он прогресси муосири физика, космонавтика, авиатсия, бодуҳавосанҷӣ, радиотехника, баҳрнавардӣ ва ғайра ғайриимкон аст. Бешубҳа ҳанӯз 400 сол муқадам, табиатшиноси маъруф Галилео Галилей дар бораи нақши математика дар ҳаёт суханони хеле арзанда иброз намуда буд: Мувофиқи ақидаи ӯ: “Тасаввуроти мо дар борои олам дар китоби ниҳоят бузург бо номи Табиат навишта шудаанд, ки барои ҳама ва ҳар як фарди алоҳида кушода аст. Вале ин китобро он нафаре хонда ва фаҳмида метавонад, ки забони ӯ ва рамзҳояшро фаҳмида тавонад. Вай бо забони математика навишта шуда, рамзҳояш формулаҳои математикӣ мебошанд”.

Бисёре аз дастовардҳои илму текника, иқтисод, ташкили истеҳсолотро бе истифодаи васеи математика ва моделҳои математикӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Хулоса, математика забонеро мемонад, ки тамоми илмҳои дигар байни ҳам бо он муошират мекунанд, якдигарро мефаҳманд ва проблемаҳои мушкилро ҳал мекунанд.

Китоби мазкур ба таври мухтасар аз ҳаёту фаъолияти илмии ашхоси алоҳида–офарандагони муваффақи математикаи ҷаҳон маълумот медиҳад.

Бахшҳое аз ин китобро аз аввали соли нав дар сомонаи мо хоҳед хонд.

Зимнан, китоби “Зиёда аз сад математики муваффақ” ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт аст.

Таҳияи Қурбонбӣ Абдураҳимова,
мутахассиси шуъбаи адабиёти
табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ.