Зиёда аз сад математики муваффақ. Герони Искандарӣ

Дар натиҷаи ҷангҳои харобиовар ва дуру дароз дар асрҳои дуюм ва якуми пеш аз солшумории милодӣ ҷаҳони қадим дар зери ҳукумронии Рум қарор гирифт. Дараҷаи моддӣ ва мадании аҳолии мамлакатҳои аз ҷониби румиҳо забтшуда дар натиҷаи аз ҳад зиёд ситонидани ҳар гуна андоз, боҷу хироҷ, аз ҷониби саркардагони румӣ ғорат кардан, мунтазам паст шуд.

Марказҳои калони илмии он замон дар Искандария, Пергам, Антиохия ва дар Родос якҷоя бо илми математикаи замони қадим рўй ба таназул ниҳоданд. Ғоратгарони румӣ нисбат ба илми математика бетарафӣ зоҳир карданд ва дар он замон аз сафҳои хеш ягон нафар аз олимонро ҷудо накарданд ва ягон зарра дастгирӣ накарданд.

Таназули математикаро, инчунин, вобаста ба хислат ва анъанаи мактаби математикии юнониҳо маънидод кардан мумкин аст. Гап дар он аст, ки математикаи юнонӣ характери геометрӣ дошт ва дар он ҳисобҳои алгебравӣ вуҷуд надоштанд. Ин ғайриимкон гардидани ҳалли масъалаҳои навро ба миён гузошт, чунки масъалаҳои кўҳна дар доираи методҳои мавҷуда алакай ҳалли худро пайдо карда буданд. Бинобар ин, ҳамин ки математикҳои давраи румӣ аз чорчўбаи одии маънидод кардани матнҳои қадимӣ берун шуданд, онҳо бо усулҳо ва методҳои нави бо анъанаи юнонӣ-афлотунӣ бегона, вале мансуб ба тачрибаҳои Бобилистони Қадим ва Мисри Қадим рў ба рў шуданд.

Герони Искандарӣ яке аз чунин намояндагони барҷастаи замони нав буд. Замони аниқи тавлиди ў номаълум боқӣ мондааст. Баъзе олимон бар чунин ақидаанд, ки Герони Искандарӣ, ки бо лақаби Герони Механик маъруф гаштааст, дар асри якуми пеш аз милод умр дидааст. Гурўҳи дигар тасдиқ мекунанд, ки ў зодаи асри сеюми солшумории милодӣ аст. Бояд онро қайд кард, ки олимон дар муайян кардани вақти тавлиди асарҳои Герон, ки он 400 солро дарбар гирифтааст, андешаҳои мухталиф доранд. Ин аз шах шудану ба таназзул дучор гардидани идеяҳои математикии он замона далолат медиҳад. Муҳақиқи муосири бузургӣ таърихи математикаи қадим Отто Нейгебауэр китоби “Доир ба диоптр”- и Геронро омўхта, шарҳи гирифтани Моҳро, ба соли 62- и то милод мансуб донистааст ва тахмин кардааст, ки бояд Герон худаш ин ҳодисаро мушоҳида карда бошад.

Дар асоси маҷмуаи таърифҳои математикӣ ба хулоса омадан мумкин аст ки Герон омўзгор будааст. Ў корҳои классикони математикаи юнониро медонист, зуд-зуд онҳоро иқтибос меовард, вале ҷаҳони тасаввуроти абстрактӣ барояш бегона монд. Ў барои он ба классикон муроҷиат мекард, ки аз корҳои онҳо дар мақсадҳои соф амалӣ истифода намояд. Корҳои илмии ў барои муҳандисону фаъолияти амалӣ равона гардида буданд.

Асари асосии Герон “Метрика” аз се китоб таркиб ёфтааст. Китоби якум қоидаи ҳисоб кардани масоҳатҳоро дарбар мегирифт. Маҳз дар он формулаи машҳури Герон доир ба ёфтани масоҳати секунҷа аз рўи се тарафаш бо исботи хеле одӣ ва хеле боварибахш оварда шудааст. Дар ин ҷо боз мисолҳои сершумори рақамӣ оварда шудааанд, ки малакаи баровардини решаи квадратӣ аз адади ратсионалиро ҳосил мекунанд. Герон ин амалро бо истифодаи татбиқи методҳои тақрибии бобилиҳо анҷом додааст.

Китоби якуми ў бо муҳокима доир ба тақрибан муайян кардани масоҳатҳои фигураҳои ҳамвори бо хатҳои каҷ маҳдудшуда ва масоҳатҳои “фигураҳои нодуруст” хотима ефтааст.

Китоби дуюм методҳои муайян кардани фигураҳои геометриро дарбар гирифта, бо он ахбор анҷом меебад, ки Архимед ҳаҷми фигураи нодурустро аз рўи миқдори моеи танг карда баровардашуда чен кардааст. Дар китоби дуюм, инчунин масъалаи  ҷудо кардани фигураи ҳамвор ва ҷисмҳои дар муносибатҳои миқдории муайяни байни онҳо омўхта шудаанд. Муаллиф дар ин асар корҳои илмии Евклид, Аполлоний ва Архимедро истифода карда бошад ҳам, тарзи тақрибии баровардани решаи дараҷаи ду ва решаи дараҷаи серо баён кардааст.

Герон ҳамчунин муаллифи асари “Геометрия” мебошад, ки аз ҷиҳати мазмунаш ба “Метрика” шабеҳ аст ва хеле содаю одӣ навишта шудааст. Дар “Геометрия”-и ў ягон тарзи баровардани формулаҳо вуҷуд надорад, далелҳо бо воситаи мисолҳои сершумор фаҳмонида ва маънидод карда шудаанд. Шакли ин кори ў аз бисёр ҷиҳат ба корҳои олимони Юнонӣ қадим ва Бобилистони қадим мувофиқат дорад. Интихоби проблема ва масъалаҳо, расмҳо ва фразеология, мувофиқи ақидаи баъзе аз таърихнависон, папируси Ахмесро ба хотир меорад, ки тақрибан ба ҳазораи дуюми пеш аз милод таалуқ дорад. Корҳои анҷомдодаи Герон доир ба механикаи амалӣ ва оптика номи ўро дар сафи муаллимони барҷастаи ин фанҳо ҷой додаанд ва дар таърихи илмҳои табиатшиносӣ аҳамияти хеле бузург доранд. Дар корҳои боқимонда доир ба пневматика як қатор ”ҳиллаҳои афсунгарӣ”-и овардаи ў қобили таваҷҷуҳ мебошанд.

Герон ихтироъкунандаи механизме будааст, ки вай дар вақти даргиронидани оташи муқаддас, дар қурбонгоҳ (меҳробгоҳ) қобилияти ба таври автоматӣ кушодани дарвозаи қасрро доштааст.

Корҳои илмии Герон дар соҳаи геодезия низ машҳури олам гаштаанд. Масалан, тавсифи шарҳи теодолит ва тавсифи мошонаи сангпарто дар соҳаи ҳарбӣ.

Дар илми математика Герон ҳамчун созандаи идеяҳои нав машҳур нагаштааст, вале ў дар инкишофи илмҳои замонааш саҳми арзанда гузоштааст. Хидмати бузурги Герон аз он иборат аст, ки ў математикаро аз қуллаи идеяҳои осмонии афлотунӣ ба замин овард ва дар хидмати инсоният қарор дод.

Манбаъ: Асадулло Шарифзода, Алишер Раҳимзода: “Зиёда аз сад математики муваффақ”. Душанбе, соли 2025.

Ин китобу хубу шавқоварро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, мутахассиси пешбари шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ.