Зодрӯзи Пушкин. “Духтари капитан”

kap-dochИн китобро нашриёти “Адабиёти бачагона” соли 2013 бознашр кардааст.  Тарҷумаи Сайидризо Ализода ва метавон гуфт яке аз куҳнатарин тарҷумаҳои осори Александр Сергеевич Пушкин мебошад.

Нахустин бор ин асар дар соли 1836 дар маҷаллаи адабии “Современник” бидуни зикри номи муаллиф мунташир шуд. Роман дар қолаби хотироти як афсар, ашрофзодаи Императории Русия бо номи Пётр Андреевич навишта шудааст.  Дар овони пирӣ Пётр Андреевич Гринёв аз солҳои пурҷӯшу хурӯши ҷавонии худ ёд мекунад.

“Духтари капитан” охирин асари насрии Пушкин аст. Як сол баъди он дар синни 38-солагӣ дар як дуел ҷон бохт. Ҷолиб он аст, ки Пётр Андреевич – қаҳрамони қиссаи “Духтари капитан” низ бо ҳарифи ишқаш дар дуел кушта мешавад.

Имрӯз, ки зодрӯзи нобиғаи адабиёти рус Александр Пушкин аст, шакли электронии “Духтари капитан”-ро ин ҷо мегузорем, то хоҳишмандон онро мутолеа намоянд.

“ДУХТАРИ КАПИТАН”