Зодрӯзи Шоираи халқии Тоҷикистон ҲАДИСА

hadisaИмрӯз зодрӯзи Шоираи халқии Тоҷикистон, намоишноманавис, тарҷумон Ҳадиса аст. Муаллифи беҳтарин достонҳо ва ашъори баландмазмун. Шахсе, ки аввали солҳои 70-и асри гузашта вориди майдони адабиёт шуд ва имрӯз ҳам аз фаъолони майдони эҷод аст. Дар муаррифии Иттифоқи нависандагон мехонем:

ҲАДИСА  (Ҳадиса Қурбонова) 17 феврали соли 1940 дар деҳаи Шӯркаҳаки ноҳияи Сарихосори вилояти Хатлон мутаввалид шудааст. Вай дар хонаҳои ятимони Сарихосор, Балҷувон, Хуҷанд, Душанбе ва Шаҳринав тарбият ва камол ёфтааст. Хатмкардаи мактаб-интернати занонаи №10 шаҳри Душанбе, факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1963) ва Донишкадаи полиграфии Маскав (ғоибона, 1965) мебошад. Ихтисосаш рӯзноманигор буда, солиёне дар муассисаҳои нашаротии «Ирфон»-у «Адиб», рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», Кумитаи давлатии назди Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба табъу нашр, полиграфия ва савдои китоб фаъолият доштааст. Аз овони мактабхонӣ ба шеъргӯйӣ пардохта, муаллифи китобҳои шеърии «Паймон» (1972), «Шукрона» (1980), «Нури Октябр» (1981), «Сомон» (1984), «Даргоҳи Офтоб» (1986), «Дунёи ҷавонӣ» (1987), «Эҳсон» (2000), «Лоиқ намеояд дигар» (2001), «Мадина» (2003), «Чакомаи Душанбе» (2003), «Сояи миҷгон» (2006), «Ҳилолӣ» (2008), «Хатлон» (2008), «Меҳвари ишқ» (2008), «Соҳати дил» (2010), «Тӯфон» (2010), «Хаймаи Хайём (2012), «Саддом Ҳусейн» (2014), «Шоҳин» (2014), «Сарир», (2014), «Девон» (дар ду ҷилд, 2014), «Шоҳин» (2015) ва ғайра мебошад.

Силсилаи очеркҳояш дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои «Аз пайроҳа то шоҳроҳ» (1976), «Боғҳои шаҳдрез» (1983), «Теғи одамкуш» (Маскав, 2008), «Мазҳари Хуршед» (дар ду ҷилд, 2013) ба табъ расидаанд.

Дар соҳаи драматургия низ қувва озмуда, соли 1973 намоишномаи «Мӯниса»-ро навиштааст, ки аз ҳаёти кӯдакони ятимхонаи Балҷувон ҳикоят мекунад ва дар Театри драмавии вилояти Хатлон ба саҳна гузошта шудааст. Намоишномаи «Машъали ҷовид» аз корномаи Талбак Лолаев, ки баҳри ҳифзи ғаллазор ҷон нисор карда буд, ҳикоя мекунад. Драмаҳои «Дуроҳа» (дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ), «Зиндагӣ» ва «Савти нотамом» маҳсули қалами ӯстанд.

Ҳамчунин, ба тарҷумаи бадеӣ сарукор дошта, навиштаҷоти А. Белевич «Дарду ғами Хатин», китоби шеърҳои С. Мавлонов «Арчаи сурх», шеърҳои алоҳидаи Махдумқулӣ, С. Капутикян, шоираҳои ӯзбек Зулфия ва Гулчеҳра, ҳикояҳо дар бораи Сухэ-Батор ва шеърҳои алоҳидаи шоирони ҷумҳуриҳои собиқи шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст.

Шеърҳои алоҳидаи ӯ ба забонҳои русӣ, белорусӣ, инчунин дар Афғонистон, Эрон, Чехославакия, Арабистон ва ғ. тарҷума ва чоп шудаанд.

Соли 1994 сазовори унвони фахрии «Корманди шоистаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардидааст. Соли 2003 барои китоби «Лоиқ намеояд дигар» ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода мушарраф шудааст.

Дорандаи нишони фахрии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва Нишони «Сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Шоираи халқии Тоҷикистон.

Аз соли 1969 узви Иттифоқи рӯзноманигорон, аз соли 1978 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.