Зоя Османова. Горкий дар Эрон

“Ту боварӣ дорӣ, ки дар сафҳаи китоби зиндагӣ ба ҷуз доғҳои сиёҳе, ки аз қабоҳату разолат, асириву нотавонӣ ва яккаву танҳо будани одамӣ дарак медиҳад, чизи дигаре нест?

*****     ******     ******

Вақте ки порина ҳамроҳи дастае аз сайёҳон маро сафари Эрон муяссар гардид, дилам хост таассуроти хешро аз мулоқот ба аҳли адаб ва маданият ва тамошои пойтахт ва шаҳру деҳоти ин сарзамини хушманзари бостонӣ, ҳарчанд ки чандон амиқ нестанд, бо он чи, ки аз таърихи робитаи адабӣ ва мадании байни Эрон ва Иттифоқи Советӣ хабар дорам, муқоиса намоям ва, алалхусус, бифаҳмам, ки асарҳои Горкий барои адибону ноширони равшанфикри эронӣ чӣ қимате доранд…

Дар яке аз мағозаҳои бузургтарин муассисаи нашри китоб «Амири кабир», ки дар хиёбони марказии Теҳрон ҷой гирифтааст, чашмам ба муқоваи базеби китобе афтод, ки номи он дарҳол яке аз ҳикоятҳои «Қиссаҳои Италия»-и Горкийро ба хотир овард. Ин китоб «Модар, туро ситоиш мекунам» ном дошт.

Китоби номбурда мунтахаби модарномаҳоест, ки шоирону нависандагони тамоми дунё навиштаанд. Дар он асарҳои муаллифони гузашта ва муосир, аз ҷумла Саъдӣ, Робиндранат Такур, Ромен Роллан, Алберто Моравиа, Виктор Гюго, Александр Дюма, Габриелла Мистрал, Иван Тургенев, Лев Толстой, Андерсен, Ламартин, Михаил Эминеску, Алфред де Мюссе, Садриддин Айнӣ ва бисёр касони дигар гирд омадаанд. Афсонаи машҳури Горкий низ дар ин китоби боғоят рангин мақоми сазовори худро ёфтааст. Афсонаи мазкурро, ки сарчашмаи он фаҳлавиёти маруми Шарқ мебошад ва аз ҳамаи асарҳои Горкий бештар ба адабиёти Эрон қаробат дорад, хонандагони эронӣ дерест дўст медоранд. Он бори нахустин ба забони форсӣ дар соли 1948 тарҷима шуда буд. Вале зоҳиран, сабаби ин қадар маъмул гардидани он танҳо дар он нест, ки чунин суханони ба қалби эрониён наздике дорад: «Таъзим мекунем ба вай, ки пай дар пай ба мо бузургонро мезояд! Арасту фарзанди ўст, ҳам Фирдавсӣ, ҳам Саъдии забонаш чун асал ширин, ҳам Умари Хайём, ки каломаш таъми шароби заҳромехта дорад, ҳам Искандар ва Ҳомери нобино- ҳама бачагони ваянд. Ҳама шир аз пистони вай хўрдаанд ва гоҳе ки қади онҳо аз лола баландтар набуд, вай дасти ҳар кадомро гирифта ба олам овардааст, тамоми ифтихори олам- аз Модарон аст

Мунтахаби  мазкур  на  танҳо афсонаи Горкийро дар бар мегирад, балки саропо рўҳияи онро дорад. Суханони аввалини он «Ба зан- ба модар ситоиш мегўем» ваҷҳи сарлавҳаи ин китоб гардидаанд ва муратиби маҷмўа Ҷаъфарӣ дар сарсухан такроран овардааст.

Магар дар бадали се сол – 1963, 1964 ва 1965 се маротиба нашр гардидани ин китобе, ки 195 риёл, яъне ҳашт сўм қимат дорад, гувоҳи он нест, ки ҳанўз ҳам он харидорони зиёде дорад.

«Аз адибони Ғарб кассе мисли Максим Горкий ба меҳру муҳаббати беандозаи эрониёни сазовор нагардида буд», зикр мекунад яке аз мутарҷимони асарҳои нависанда, олими номӣ ва ҳодими ҷамъиятии Эрон марҳум Саид Нафасӣ дар таълифоти худ, ки ба эҷодиёти Горкий махсус мебошад. Дар ҳақиқат ҳамин тавр аст. Аммо қисмати тарҷимаи асарҳои Горкий дар Эрон якранг нест. Нашри онҳо тартиби муайяне надорад. Нахустин бор «Соат» ном ҳикояи муаллиф дар соли 1911 тарҷима шуда буд. Баъд боз чанд ҳикоёти хурди ў дар саҳифаҳои матбуоти соҳои  бистўм ба табъ расид. Сипас, дар замони ҳукумронии Ризошоҳ нашри асарҳои Горкий дар Эрон қатъ мегардад ва танҳо ҳангоми вафоти нависанда баъзе навиштаҳои вай ба табъ мерасанд. Ва ниҳоят, дар солҳои чиҳилум, яъне солҳое, ки дар мамлакат ҳаракати миллӣ ва озодихоҳӣ авҷ гирифта, табаддулоти иҷтимоию иқтисодӣ ва маданӣ ба вуқуъ омад, шавқу ҳаваси мардум ба эҷодиёти Горкий хеле зиёд шуд. Дар зарфи ягон даҳ-дувоздаҳ сол зиёда аз панҷоҳ асари нависанда тарҷима шуд. Романи «Модар», асари сегонаи тарҷимаи ҳолӣ, «Кори Артамоновҳо», «Фома Гардеев», чанд маҷмўаи ҳикоёт, очерк ва мақола, «В.И.Ленин», песаҳои «Дар қаър», «Мешанҳо» ва «Душманон» аз ҳамон қабилаанд.

Баъд аз табаддулоти соли 1953 ва зафар ёфтани қувваҳои  иртиҷоъпараст қариб даҳ сол аз Горкий ҳатто дар саҳифаҳои матбуоти ҷорӣ ном намебурданд ва асарҳои ў аз рафи дўконҳои китобфурўшӣ гум шудаанд. Танҳо дар оғози солҳои шастўм баробари беҳтар ва барқарор гардидани робитаҳои фарҳангии Иттифоқи Советӣ ва Эрон ва вазъияти дохилии он мамлакат аз сари нав тарҷимаҳои тоза ва пешнаи осори нависандаи бузурги пролетарӣ нашр мешаванд. Дар саҳифаҳои рўзнома ва маҷаллаҳои пойтахт «Сафеду сиёҳ», «Духтарон ва писарон», «Теҳрони мусаввар» ва ғайра дар бораи эҷодиёти Горкий таҳти унвони «Бо бузургони илму адаби олам шинос шавед», «Адибе, ки вориси Толстой шуд» ва ҳоказо силсилаи мақолаҳо ба табъ мерасад. Дар маҷаллаи «Кайҳони ҳафта» (№36, 1963) дар тарҷумаи Моҳ Малик Баҳор ҳикояи Горкий «Хонанда» чоп мешавад.

Адибони эронӣ ба нуқтаи назар ва калому образҳои Горкий вақте рўй овардаанд, ки худашон бо ин ва ё он сабаб наметавонистанд дар бораи воқеоти зиндагии сарзамини хеш ҳарф зананд. Данко, Мурғи тўфон, Уқоб, Павел Власов ва Нил қаҳрамононе буданд, ки зебоию далерӣ ва муборизаро мепарастанд ва дар адабиёти форс тимсол надоштанд. Ба фикри ман, суханони зерин аз монологи хонанда, инсоне, ки Горкий барои ў дар дил рози ногуфтае надошт, бисёр нависандагони эрониро ба роҳи ҷустуҷўи эҷодӣ ҳидоят кард: «Фақат гап дар бораи одамони сияҳбахту андешаҳои мавҳум ва ҳодисоти саргарм мераваду халос, охир кай дар хусуси рўҳи ошуфта ва зарурияти эҳёи он сухан хоҳанд кард? Куҷо шуд он ҳама даъват, ки ба зиндагӣ ҳидоят мекунад, ку дарси мардонагӣ, ку он суханоне, ки ба дил қувват мебахшанд…» Ва ё фирқаи дигаре аз ҳамин ҳикоя: «…Ту боварӣ дорӣ, ки дар сафҳаи китоби зиндагӣ ба ҷуз доғҳои сиёҳе, ки аз қабоҳату разолат, асириву нотавонӣ ва яккаву танҳо будани одамӣ дарак медиҳад, чизи дигаре нест?

Агар мо ба роҳи эҷодии Содиқ Ҳидоят ва Содиқ Чубек барин насрнависони Эрон назар андозем, мебинем, ки онҳо дар асарҳои худ, аз қабили «Мурда ба гўр», «Буфи кўр», «Фардо» ва «Доши Акул», «Қафас» ва «Тангсир» ба зиндагӣ бо назари нек менигаранд ва бебокона ба муқобили сахтиву беадолатиҳои эътироз баён мекунанд ва бархилофи оҳанги яъсу ноумедие, ки пеш аз ин дар адабиёт ҳукмрон буд, ба музаффарияти зебоии инсон ва зарурияти мубориза барои он боварӣ доранд. Ин як ҳолати табиист ва бино ба гуфтаи худи ходимони маданияти Эрон таъсири Горкий дар адабиёти он хурд нест. Асарҳои ў, ҳарчанд ки нашрашон дар ин сарзамин нисбат ба дигар мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ ва Шарқ зиёд нест, камии рўҳӣ, ахлоқӣ ва эстетики мардуми эрониро, ки зодаи воқеаҳои муайяни таърихӣ ва анъанаҳои иҷтимоӣ ва сиёсии ҳаёти он кишвар мебошад, пур мекунад.

Вале аз ин ба чунин хулосае омадан дуруст нест, ки имрўз дар Эрон, дар вазъияте, ки нисбат ба адабиёти рус ва махсусан осори саромадони он ҳусни таваҷҷўҳи мардум беандоза аст (танҳо дар байни солҳои 1965-67 тарҷимаи тозаи романҳои Лермонтов, Достоевскиий, Тургенев, Толстой ва Шолохов ба табъ расид), хонандаи эронӣ барои бо эҷодиёти Горкиий бемалол шиносо шудан имконияти зиёд дорад ва ё бармаҳал аст. Барои мисол, мо асарҳои Горкийро на ба русӣ ва на бо форсӣ дар рафҳои кутубхонаҳои факултаи филологии се дорулфунуни калонтарини мамлакат – Теҳрон, Исфаҳон ва Шероз вонахўрдем. Дар мағозаҳо ҳам аз онҳо нишоне нест. Ба фурўш рафтаанд? Шояд.

Аммо сарфи назар аз он душворӣ ва монеаҳо, ки санъати пешқадам дар Эрон сари роҳи худ дорад, таъсири образҳои Горкий бағоят бузург мебошад. Махсусан образи Мурғи тўфони ҷасур симои Мурғи тўфони ҷасур  симои маҳбуби онҳост. Ҳоло метавон силсилаи тўфонномаҳои адибони эрониро бо ифтихор ба забон овард. Ин силсиларо шоирони гуногунсабк ва ҳатто гуногунақида эҷод кардаанд: шоирон Эҳсон Табарӣ, Жола, Фаридун Салоҳӣ, Ризо Раҳмонӣ, Фаридун Муширӣ, Аҳмади Шомлу (Бомдод) аз ҷумлаи бунёдгузарони ин навъи шеър мебошанд. Яке аз намояндагони соҳибистеъдоди назми муосири Эрон Сиёвуши Касроӣ кори онҳоро идома додаст. Беҳтарин достони Сиёвуши Касроӣ «Мўрғи тўфон» ном дорад ва дар маҷмўаи шоир «Хуни Сиёвуш», ки дар Теҳрон соли 1963/64 ба миқдори ҳазор нусха нашр гардидааст, мавҷуд аст. Достони номбурда ба ёди бузургтарин марди инқилобгари эронӣ Хусрави Рўзбеҳ навишта шудааст. Ин достон бисёр муассир ва пур аз андўҳу дард буда, аз боварӣ ба ғалабаи коре, Хусрави Рўзбеҳ ва ҳаммаслаконаш барои он ҷон бохтаанд, саршор мебошад:

Ёд бод он саҳмгин парвозҳо,

Ёд бод он нағмаву оҳангҳо.

Мавҷ, тўфон, бим, ишқу зиндагӣ

Ёд бод он пардаҳову рангҳо.

Гарчи тўфон дар диёри мо бихуфт,

Ҳамдами ин обу ин дарё манам.

То барангезам ғубор аз рўи баҳр,

Дар сукуташ болҳое мезанам.

 

Манбаъ: “Садои Шарқ” соли 1968, №9.

Таҳияи Фараҳноз Асрориён,
мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ.