Тибби қадим. Гилдавоӣ

 Гилдавоӣ, гилпизишкӣ, гилшифоӣ, яке аз усулҳои муолиҷа аст. Гилдавоӣ дар гузашта бисёр маъмул буд. Аввалин маълумоти  хаттӣ  оид ба гилдавоӣ дар Авесто аст. Мутобиқи андешаи табибони қадим, ба ҳар кадом ҷисм, мувофиқан ба чаҳор унсур (хок, оташ, об, ҳаво), чаҳор сифат (гармӣ, сардӣ, тарӣ ва хушкӣ) хос мебошад. Ибни Сино мизоҷи гилро шабеҳи мизоҷи инсон медонад.

Гузаштагони мо медонистанд, ки гил ҷисми пок аст ва имрўз низ исбот шуда, ки он бактерия надорад. Гил заҳрҳои  моеву газмонанд ва бўи  ногувори  равғанро меҷабад.

Тоҷикон аз қадим ҳангоми ҷувоз кашидан ва пухтани ширинию шарбат аз гилхока  истифода  мебурданд. Дар гузашта бо навъе аз гил шустани мўй анъана буд, зеро он сабўсакро нест карда, ба мўй қувват мебахшид. Ҳамчунин бо пораи чунин гил шустушў кардан давои амрози  пўст буда, ҷисму баданро таровату ҷило медод.

Гил барои муолиҷаи омосҳои ғайрисаратонӣ (ҷоғар, миома, мастопатия) ва саратонӣ (саратон, лейкоз ва ғайра) муфид аст.

Яке аз хусусиятҳои чунин гил вобаста ба радийи таркибаш мебошад. Аз ин буд, ки латтапораро ба гилоба тар карда, ба милки дандон мениҳоданд ва хуншорӣ қатъ мегардид, газак (илтихоб) рафъ мешуд; зардии дандонро мерабуданд; бо гилобаи соф дасту рў шуста, газаки чашмро шифо мебахшиданд.

Табибони мардумӣ бо гил бемориҳои ҷоғар, камхунӣ, фалаҷ саръ амрози асаб, илтиҳоби гўшу чашм, амрози занон, бемориҳои меъдаву рўда, газаки ҷигар, зардпарвин, дарди дил, бемории сил, исҳоли хунин, хунпартоӣ, зиқи дил, дарди  гурда ва масона, амрози пўст ва ғайраро низ табобат  мекунанд. Гилдавоӣ дар амалияи тибби бисёр кишварҳо барои муолиҷаи бемориҳои банду буғум, сутунмуҳра, мушак, асаб, оризаҳои газаки ҳароммағз, сил, зарбу лат, амрози занон, газаки музмини талхадон, қабзият ва ғайра  кор фармуда мешавад. Махсусан гилҳои гулобӣ, сурх ва осмонранг бештар хосияти шифоӣ доранд.

Гилро аз маҳалли хушобу ҳаво, назди чашмаи зулол, дуртар аз иқоматгоҳ, ки нури офтоб хуб мерасад, ҷамъ оварда, аз регу олудагиҳо тоза мекунанд. Ҳамон  гиле  беҳтар  аст,  ки аз он курс бисозанд ва баъди хушконидан накафад. Лойи  гилро бо чумчаи чўбин меомезанд.

  Курсҳои табобати гил дар зарфҳои чинӣ ё  чўбӣ дар болохона ё ҷоҳои махсуси тоза нигоҳ дошта мешаванд. Гилро пеш аз истифода андак дар офтобрўя гарм ва сипас дар оби чашма ҳал кардан лозим аст. Табибон барои муолиҷаи бемориҳои пўст хока, хамира ва марҳами гилро тавсия медиҳанд.

Муаллиф: М. Ҳоҷиматов, Д. Халифаев.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе. – 2015. – Ҷ.4. – С. 348.

Таҳияи Парвина Қаюмова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.